Манобеи исломӣ

Забон
  1. Саҳифаи асосӣ

  2. Китоб

  3. Чиҳил ҳадиси Издивоҷ

Чиҳил ҳадиси Издивоҷ

Чиҳил ҳадиси Издивоҷ

40_Hadis_Izdivoj

  • Амонуллоҳ Бобоӣ
download
Rate this post
Шарҳу таъриф Тахассусӣ Дидгоҳ

Пешгуфтор

Ҳар духтару писаре, ки по ба даврони ҷавонӣ мегузорад, бузургтарин орзуяш издивоҷ ва ба вуҷуд овардани конуни гарму пурмеҳри хонаводааст, то ёру ҳамдаму маҳрами роз пайдо кунад ва аз неъмати зиндагии муштарак баҳраманд гардад.

Писарону духтарони ҷавон саодати худро дар сояи зиндагии муштарак ҷустуҷӯ мекунанд. Ин гуна майлу хостан ба таври табиӣ ва фитрӣ дар инсонҳо вуҷуд дорад ва наметавон аз он рӯй гардонд. Бале, бузургтарин паноҳгоҳ барои ҷавонон, конуни гарми хонаводагӣ аст, ки метавонанд ҳаяҷонҳои дарунии худро ба оромиш табдил кунанд ва ғаму ғуссаҳои худро аз ёд баранд.

Издивоҷ ва хонадорӣ, бояд дар ҷомеа барои ҳама кас осон бошад, зеро ин кор як зарурати ҳаётӣ аст, монанди обу нон, ки дар ҳар ҷомеа аз ҳар чизи дигар заруритар ва муҳимтар аст. Вале бо таассуфи бисёр мебинем, ки имрӯзҳо рӯз ба рӯз ташрифоту худнамоӣ барои исроф кардан дар байни мардум зиёд шуда ва ба мусобиқа табдил шудааст. Вале диққат дода намешавад, ки таҳаммули оқибати ин кор барои умуми мардум душвориҳо ба вуҷуд меоварад ва ҳатто баъзеҳо ба хотири нотавонии худ ё ба бемориҳои асабӣ гирифтор мешаванд ё даст  ба корҳои ношоиста мезананд ва ё ғайра, ки натиҷаи ҳамаи инҳо обрӯ ва маданияти ҷомеа ва мардумро аз байн мебарад!

Падарону модарон ҳам ба ин корҳо ҳеҷ аҳамият намедиҳанд. Балки баъзе аз волидайн бо рақобатҳои ғалат, ноогоҳона фарзандони худро, махсусан духтаронро ба сӯи бадбахтӣ равона мекунанд.

Модарон бо орзуҳои аз ҳад зиёд ва номаъқули худ сабаби табоҳ шудани зиндагии духтарону писароне мешаванд, ки ҳанӯз дар синни навҷавонӣ дар аввали роҳ қадам ба ҳаёти мустақил гузоштаанд.

Модарон ба ҷои ин ки духтарони худро ба соддазистӣ ва арзишҳои инсонӣ насиҳату роҳнамоӣ кунанд, ташрифоту зарқу барқи зоҳириро дар чашми фарзанди ҷавони худ бузург  ҷилва медиҳанд.

Бисёр ҷои таассуф аст, ки пардаҳои ғафлату нодонӣ чашму гӯшу дили баъзе аз инсонҳои зоҳирбинро чунон бастааст, ки ҳамаи арзишҳо ва саодату оқибат ва офияту роҳатии фарзандони худро дар сояи молу мақом ва хушқаду қомат будан меҷӯянд! Дар ҳоле ки инҳо роҳи шақовату бадбахтӣ мепаймоянд!

Мо беҳтарин роҳу равиши зиндагиро дар гуфтору кирдори Пайғамбари Ислом (с) ва хонадони покашон меёбем ва аҳкоми Исломро равшантарин ойинаи зиндагии босаодат мебинем, пас беҳтар аст, ки ба Ислом рӯй оварем ва равиши Пайғамбарро сармашқи зиндагии худ созем, то аз фитнаҳои рӯзгор дар амон бошем.

Китобе, ки дар пеши рӯй доред, чиҳил ҳадиси нурониву роҳкушо аз Паёмбари бузурги Ислом (с) ва имомону пешвоёни дин аст. Вазифаи  худ донистем, онро таҳти унвони чиҳил ҳадиси «издивоҷ» ба ҳамаи ҷавононе, ки дар аввали роҳи зиндагӣ ҳастанд, тақдим кунем.

Хонандагони гиромӣ! Дар ин китоб аҳамияту одоб ва асарҳои издивоҷро аз назари Ислом дар гуфтори Расули Акрам (с) ва пешвоёни дин мушоҳида мекунед. Равшан аст, ки ҳеч сухане болотар аз гуфтори ин бузургон нест ва мо ҳар роҳи дигареро бинем монанди роҳи онон равшану роҳкушо намебошад. Ва мардуми мусулмон ҳам ба ин ҳақиқат огоҳ ҳастанд ва гуфтору кирдори дигаронро аз суханону рафторҳои ин раҳбарон муқаддам намедоранд ва ба он дил намебанданд. Ва зиндагии Расули Худоро дар зиндагии худ намуна қарор медиҳанд.

Худованди мутаол мегӯяд:

وَ أَنْكِحُوا الأَيَمَي مِنْكُمْ وَالصَّلِحِيْنَ مِنْ عِبَادِكُمْ وَ إِمَائِكُمْ إِنْ يَكُونُوا فُقَرَاءَ يُغْنِهِمُ اللهُ مِنْ فَضْلِهِ وَاللهُ وَاسِعٌ عَلِيمٌ

«Мардону занони беҳамсари худро ва ҳамчунин ғуломону канизони солеҳ ва дурусткорро ҳамсар диҳед. Агар онон фақиру тангдаст бошанд, Худованд ононро аз фазли худ бениёз мекунад. Раҳмати Худованд васеъ аст ва ба аҳволи бандагони худ огоҳ аст».

  • Амонуллоҳ Бобоӣ