Манобеи исломӣ

Забон
  1. Саҳифаи асосӣ

  2. Китоб

  3. Шоҳнома ҷ.4

Шоҳнома ҷ.4

Шоҳнома  ҷ.4

ШОҲНОМА-4

  • Абулқосим Фирдавсӣ
  • 2009
download
Rate this post
Шарҳу таъриф Тахассусӣ Дидгоҳ

Бино ба гуфтаи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ, «Шоҳно-

ма» дорои 60 ҳазор байт буда, 120 ҳазор мисраъро ташкил

медиҳад. Ба қавли муҳаққиқон адади нусхаҳои қаламии достон

хеле зиёд аст, вале аз ҷиҳати миқдори байт онҳо ниҳоят

гуногунанд. Баъзеи онҳо 40 ҳазор байт дошта бошанд, қисме

аз он нусхаҳо то 80 ҳазор байт, яъне 160 ҳазор мисраъро дар

бар мегиранд. Тамоман равшан аст, ки дар мавриди аввал

дар баъзе нусхаҳо агар достони «Шоҳнома» хеле кўтоҳ карда

шуда бошад, дар мавриди дувум гоҳе ба матни аслии он байтҳои

илҳоқӣ ба теъдоди то 20 ҳазор байт илова шудааст. Ин

аст он душвории асосие, ки дар зарфи солҳои зиёд дар марка-

зи диққати аҳли илми шоҳномашиносӣ истодааст.

Натиҷаи яке аз кўшишҳои шоҳномашиносӣ он аст, ки

соли 833 ҳиҷрӣ баробари 1429-30 милодӣ дар китобхонаи Бой-

санғурмирзо нусхаи нодири «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ба вуҷуд

оварда шуд, ки онро пояи баландтарини ҳунари ороиши ки-

тоб гуфтан мумкин аст. Ин нусха дар замони мо дар китобхо-

наи салтанатии собиқи Эрон ҷузъи «Нафоис ва захоир», таҳти

шумораи 4752 нигоҳдорӣ мешавад. Ин нусха барои касоне, ки

ба он дастрасӣ доранд, шоистаи таҳқиқи ҷиддии махсусест.

Дар ҳоли ҳозир ҳамин қадар бояд гуфт, ки донишмандо-

ни ибтидои асри ХV як матни ҷомеъе ба вуҷуд оварда буданд.

Формат китоб : PDF      Манбаъ:сомонаи Андеша

Барои гирифтани ин китоб аз самти рост  гузинаи ” ДАРЁФТ “-ро интихоб намоед.

  • Абулқосим Фирдавсӣ
  • 2009