Манобеи исломӣ

Забон
  1. Саҳифаи асосӣ

  2. Китоб

  3. Ҷилваҳое аз Ислом

Ҷилваҳое аз Ислом

Ҷилваҳое аз Ислом

Ҷилваҳое-аз-Ислом_001

  • Имом Муҳаммадҷаводи Ширрӣ
  • 2007 мелодӣ
download
Rate this post
Шарҳу таъриф Тахассусӣ Дидгоҳ

Ҷилваҳое аз  Ислом

Муқоисае байни Ислом ва Масеҳият

Китобе, ки пеши рўи шумо сарварон қарор дорад, китобест, ки аҳамияти он назди хонандагон ба исбот расидааст ва дар дилҳояшон таъсири худро гузоштааст. Баъд аз он ки дар Амрико воқеаи ёздаҳуми сентябр рўй дод ва он чӣ иттифоқ афтод, мардуми Амрико ба сўи тамоми китобҳои исломӣ рўй оварданд, ки дар миёни он китобҳо ин китоб низ ҷой дошт. Ин китоб ба забонҳои дигар чоп шуда буд ва мо инро дубора чоп кардем ва дар оянда низ чопҳои пай дар паеро низ хоҳад дошт. Ва ин чизи тааҷҷубовар ҳам нест, зеро нависанда дар ин китоб тамоми хусусиятҳоеро, ки як китоб бояд дошта бошад, ҷамъ карда ва пешкаши мардум кардааст, ки он хусусиятҳо ҳам аз ҷиҳати умумӣ будан ва ҳам аз ҷиҳати огоҳӣ додан ба вазъиятҳои гўшаву канори дунё мебошад. Дар ҳоле ки худи нависанда сокини Амрико ва раҳбари тамоми мусалмонони онҷо ва дорои мақоми илмии волое мебошад.

Нависанда дар ин китоб исбот кардааст, ки дини Ислом танҳо ёру ёвар ва ягона роҳи наҷоти мардуми ҷаҳон аст. Ва ин китобро бо забони нарму ширин ва бо далелҳои равшан ва мустаҳкаме пешкаши мардум кардааст.

Муассисаи “Имом Алӣ (а)”, ки нашри китобҳоеро, ки барои мардум фоидаовар ва судманд аст, бар ўҳда дорад, тарҷумаи ин китобро ба забони тоҷикӣ бефоида намедонад ва умедвор аст, ки хонандагони тоҷикзабон низ аз ин китоб баҳраманд гарданд. Ва қасди ин муассиса ризояти Худост.

Муассисаи “Имом Алӣ (а)

  • Имом Муҳаммадҷаводи Ширрӣ
  • 2007 мелодӣ