Манобеи исломӣ

Забон
  1. Саҳифаи асосӣ

  2. Китоб

  3. Ҳиҷоб ва посух ба шубаҳоти он

Ҳиҷоб ва посух ба шубаҳоти он

Ҳиҷоб ва посух ба шубаҳоти он

hijab jild02

  • Аббос Раҳматуллоҳи Ҳисорӣ
download
Ҳиҷоб ва посух ба шубаҳоти он
4 (80%) 2 votes
Шарҳу таъриф Тахассусӣ Дидгоҳ

Яке аз муъзалот ва мушкилоте, ки ҷомеаи инсонӣ ва исломиро ба табоҳӣ ва нобудӣ мекашонад беҳиҷобӣ ё бадҳиҷобӣ аст. Зеро ин масъала дар ҷавомеи пешрафта ва мудерн, низоми хонаводаро аз байн бурдааст ва ин фурӯпошии низоми хонавода маълули иртиботе аст, ки дар асари беҳиҷобӣ ё бадҳиҷобӣ ба вуҷуд омадааст. Эҳсоси аз худбегонагӣ ва эҳсоси пучӣ дар зиндагӣ ва дар ниҳоят, анвоъ ва ақсоми бемориҳои ҷисмӣ ва рӯҳӣ ва худкушиҳо, фазои ҷавомеи башариро олуда карда ва монеи пешрафт, тараққӣ ва рушди ҳақиқии ҷомеа шудааст. Ҳарчанд баъзе аз сиёсатмадорони ғарбӣ мардумро дар ҷиҳати фасод ва фаҳшо ташвиқ мекунанд, то дар ҳукумати худ боқӣ бимонанд, аммо дар ҳақиқат надониста теша бар решаи худ мекубанд. Дар қарни 21 инсонҳои хаста аз фасод бо шиддати тамом ба дунболи гумшудаи худ мегарданд. Гумшудае, ки бо он эҳсоси оромиш мекунанд. Маънавият гумшудае аст, ки қарни бисту якум ба он эҳсоси ниёз мекунад. Рушди ҳиҷоб дар ҷавомеи ғарбӣ далели ин матлаб аст, ки дурӣ аз фасодҳои ахлоқӣ дар қолиби пӯшиш ва ҳиҷоби исломӣ метавонад шахсият ва иззати аз дастрафтаи занро дубора ба ӯ баргардонад. Ва он вақт аст, ки каромати инсонӣ маъно пайдо карда ва зан дар гулистони ифоф ва покдоманӣ аз хушбӯии ҳиҷоб муталаззиз мешавад ва аз дасти арозил ва авбош ва касоне, ки аз шахсияти зан суиистифода мекунанд, дар амон бошанд. Ва бо ҳифзи ҳиҷоб ва покдомании зан, ҷасоратҳои беҳаду марзи мардони гургсифат ҳам аз байн хоҳад рафт ва ин орзуи деринаи паёмбарон(а), солеҳон ва озодагони ҷаҳон аст.

Ёдовар мешавем, ки ба хотири инки баҳси китоб масъалаи пӯшиш ва посух ба шубаҳот аст умедворем дар чопҳои баъдӣ шубҳаҳои бештаре матраҳ ва ҷавоб дода шавад. Аз инрӯ омодаи дарёфти назарҳо ва пешниҳодҳо ва саволҳои шумо дар ин замина ҳастем. Нишони иртибот: abbasi.hisari@mail.ru

  • Аббос Раҳматуллоҳи Ҳисорӣ