Манобеи исломӣ

Забон
  1. Саҳифаи асосӣ

  2. Китоб

  3. Ҳикматномаи ҷавон

Ҳикматномаи ҷавон

Ҳикматномаи ҷавон

  • Муҳаммадии Райшаҳрӣ
download
Rate this post
Шарҳу таъриф Тахассусӣ Дидгоҳ

Ҷавонӣ, беҳтарин фурсати зиндагӣ барои худсозӣ ва созандагӣ аст ва ҷавонон арзандатарин захоир ва сармояҳои ҷавомеи инсонӣ ҳастанд. Аз ин рў рушду боландагии ҳар кишвар дар гарави омўзишу парвариши нерўи ҷавони он аст ва мавзўи ҷавонон дар таърихи башар ҳамвора мавриди таваҷҷўҳи раҳбарони фарҳангӣ, динӣ ва сиёсии ҷаҳон будааст. Яке аз нависандагони муосир менависад:

Гизинфун, ҳаким ва муаррихи юнонӣ (430-355қ.м) ду китоб роҷеъ ба Эрон навиштааст, ки яке аз он ду «Курушнома» аст. Дар ин асар шарҳе роҷеъ ба тарбияти ҷавонони Эрон дар даврони ҳахоманишӣ оварда ва аз ҷумла менависад: «Тақвою фазилат ба фарзандони худ меомўзанд, ҳамон гуна ки дигарон хондану навиштанро… Дар қавонини Эрон кўшиш мешавад, ки афрод тарбияте пайдо кунанд, ки ононро пешопеш аз даст ёзидан ба корҳои нангину шароратомез боз дорад».

Гизинфун яке аз иллатҳои иқтидори ҳахоманишиён-ро, ки дар замони худ бузургтарин кишвари ҷаҳон буданд, ҳамин таваҷҷўҳ ба тарбияти ҷавонон медонад.[1]

Дар ҷаҳони имрўз, ки асри инфиҷори иттилоот аст, аз як сў дастрасии ҷавонон ба анвои огоҳиҳо, заминаи рушди дониш ва пешрафти фанновариро фароҳам кардааст ва аз сўи дигар савдогарони байналмилалӣ ва судҷўёни сиёсӣ ва иқтисодӣ, беш аз даврони гузашта аз сармояи ҷавонон суистифода мекунанд ва ба ин лиҳоз пардохтан ба масоили ҷавонон дар ҷаҳони имрўз беш аз гузашта дорои аҳамият аст.[2]



[1] Ҳушдори рўзгор, саҳ. 187-188.

[2] Бар асоси омори Созмони Милал, дар соли 2000, теъдоди ҷавонони 15 то 24 сола, беш аз як миллиарду 59 миллиону 897 ҳазор ва ҷамъияти ҷаҳон ҳудуди шаш миллиарду 61 миллиону 502 ҳазор будааст. (Гузориши вазъияти ҷаҳонии ҷавонони 2003, саҳ. 84).

  • Муҳаммадии Райшаҳрӣ