Манобеи исломӣ

Забон
  1. Саҳифаи асосӣ

  2. Китоб

  3. Ақидаи Мо

Ақидаи Мо

Ақидаи Мо

ЭЪТИҚОДИ МО _5

  • Макорими Широзӣ
download
Rate this post
Шарҳу таъриф Тахассусӣ Дидгоҳ

Ба номи Худованди Меҳрубон

Мақсад аз навиштани ин китоб ва рисолати он

1- Мо дар асри худ шоҳиди таҳаввули азиме ҳастем, таҳаввуле, ки аз яке аз бузургтарини адёни осмонӣ яъне “Ислом” сарчашма мегирад.

Ислом дар асри мо таваллуди навине ёфтааст, мусалмонони ҷаҳон бедор шуда ба асли хеш бозмегарданд ва ҳалли мушкилоти худро, ки дар ҷои дигар наёфтаанд, дар таълимоти Ислом ва усулу  фурўи он ҷустуҷў мекунанд.

Далели ин таҳаввул чист? Мавзўи баҳси ҷудогонае аст, муҳим ин аст, ки бидонем осори ин таҳаввули азим дар ҳамаи кишварҳои исломӣ ва ҳатто дар беруни ҷаҳони Ислом ошкор шудааст ва ба ҳамин далел бисёре аз мардуми дунё мехоҳанд бидонанд, ки Ислом чӣ мегўяд? Ва чӣ паёми тозае барои мардуми ҷаҳон дорад?

Дар чунин шароити ҳассосе вазифаи мо аст, ки Исломро он чунон, ки ҳаст бидуни ҳар гуна изофа ва бо баёни равшан ва қобили дарк барои умум шарҳ диҳем  ва ташнагии мардумеро, ки мехоҳанд ба Ислом ва мазоҳиби исломӣ огоҳии бештаре пайдо кунанд бо баёни ҳақиқат фурў нишонем ва иҷозат надиҳем, ки дигарон ба ҷои мо сухан бигўянд ва ба ҷои мо тасмим  бигиранд.

2-Қобили инкор нест, ки дар Ислом монанди динҳои дигар, мазоҳиби мухталифе вуҷуд дорад, ки ҳар яке дорои хусусиятҳое дар масоили ақидатӣ ё амалӣ мебошанд, вале ин тафовутҳо ҳаргиз дар он ҳад нест, ки монеъ аз ҳамкории наздики миёни пайравони ин оин гардад. Балки онҳо метавонанд дар сояи ҳамкорӣ ва ҳамоҳангӣ мавҷудияти худро дар баробари ҳуҷумҳое, ки аз шарқу ғарб бар зидди Ислом ва мусалмонон мешавад, ҳифз кунанд ва ба мухолифони муштарак иҷозат надиҳанд нақшаҳои худро амалӣ кунанд.

Яқинан эҷоди ин ҳамдигарфаҳмӣ, бояд бо риояти қоидаҳое бошад ва муҳимтарини он қоидаҳо ин аст, ки ҳамаи фирқаҳои исломӣ бояд ҳамдигарро шиносанд ва хусусиёти ҳар кадом барои дигарӣ равшан гардад. Зеро танҳо бо шинохти якдигар метавонанд пеши роҳи ихтилофро гиранд ва бо ҳам ҳамкорӣ намоянд.

Беҳтарин роҳ барои шинохти якдигар ин аст, ки ақоиди ҳар мазҳаберо дар бораи фурўъ ва усули Ислом, аз донишмандони маъруф ва шинохташудаи он мазҳаб бигиранд, чун агар ба суроғи ноогоҳон биравем, ё ақоиди пайравони як мазҳабро аз душманонашон бишунавем, бадбиниҳо роҳи расидан ба мақсадро мебанданд ва тафоҳум мубаддал ба дилсардӣ ва ҷудоӣ мешавад.

3- Бо таваҷҷўҳ ба ду нуктаи боло, лозим донистем, ки ақоиди исломиро дар усул ва фурўъ ҳамроҳ бо вижагиҳои мазҳаби шиа дар ин китобча мухтасар гирдоварӣ кунем ва навишторе таҳия шавад, ки дорои хусусиёти зер бошад:

1) Хулоса ва ҳамаи матолиби лозим дар он гуфта шавад ва заҳмати мутолиаи  китобҳои зиёдро аз дўши хонандагони ҷустуҷўгар бардорад.

2) Баҳсҳо равшан ва холӣ аз ҳар гуна ибҳом бошанд ва ҳатто аз ба коргирии истилоҳоте, ки танҳо муҳитҳои илмӣ ва ҳавзавӣ аз он итсифода мебаранд, парҳез шавад, вале ин кор маънои дақиқи баҳсҳоро  коҳиш надиҳад.

3) Бо ин ки ҳадаф зикри ақоид аст на баёни далелҳои он, вале дар мавридҳои ҳассос, то он ҷое, ки табиати чунин навиштаҳои хулосавор иҷозат медиҳад, баҳсҳо омехта бо далоиле аз Қуръону суннат ва далели ақлӣ бошад.

4) Аз ҳар гуна пардапўшӣ ва муҷмалӣ ва пешдоварӣ дур бошад, то битавонад воқеиятҳоро он чунон, ки ҳаст нишон диҳад.

5) Мурооти одоб дар навиштан, нисбат ба ҳамаи мазҳабҳо риоят гардад.

Китоби мавҷуд бо риояти нуктаҳои боло дар сафари Байтулҳаром, ки руҳу ҷон сафои беҳтар ва бештаре дорад таҳия шуд, сипас дар чанд маҳфил бо ҳузури ҷамъе аз донишмандон  мавриди баҳсу баррасии дақиқ қарор гирифт ва комил шуд. Умедворем бо ин кор муваффақ ба расидан ба ҳадафҳое, ки дар боло ишора кардем шуда бошем ва захирае  барои рўзи қиёмат гардад. Дар ин ҷо даст ба даргоҳи Қодири Мутаол бардошта арз медорем:

“رَبَّنا إِنَّنا سَمعْنا مُنادياً يُنادي لِلإيمان أَنْ ءَامِنُوا بِرَبِّكُمْ فَأمَنّا رَبَّنا فَغْفِرْ لَنا ذُنُوبَنا و كَفِّرْ عَنّا سَيِّئاتِنا وَ تَوَفَّنا مَعَ الاَبْرار”

“Парвардигоро, мо бо шунидани садои мунодие, ки халқро ба имон мехонд, онро иҷобат кардем ва имон овардем. Парвардигоро, аз гуноҳони мо даргузар ва зиштии кирдори моро бипўшон ва маҳв соз ва ҳангоми ҷон супоридан моро бо некон ва солеҳон маҳшур гардон”.[1].

Носир Макорими Шерозӣ.




[1] Оли Имрон 193.

  • Макорими Широзӣ