Манобеи исломӣ

Забон
  1. Саҳифаи асосӣ

  2. Китоб

  3. Бархе аз хутбаҳои Ҳзрати Алӣ

Бархе аз хутбаҳои Ҳзрати Алӣ

Rate this post
Шарҳу таъриф Тахассусӣ Дидгоҳ

Тарҷ умаи Хутбаи -1

Имом алайҳис-салом дар ин хутба аз офариниши осмону замин ва инсон ёд мекунад

1-Нотавонии инсон аз шинохти зоти Худованд:

Сипос Худовандеро, ки суханварон аз ситудани ў нотавонанд ва шуморандагон аз шумориши неъматҳои ў нотавон ва кўшишкунандагон аз адои ҳаққи ў дармондаанд. Худое, ки фикрҳои амиқандеш зоти ўро дарк намекунанд ва дасти ғаввосони дарёи илмҳо, ба ў нахоҳад расид. Парвардигоре, ки барои сифатҳои ў ҳадду марзе вуҷуд надорад ва таърифи комиле натавон ёфт ва барои Худо вақти муайяне наметавон таъйин кард. Махлуқотро бо қудрати худ офарид ва бо раҳмати худ бодҳоро ба ҳаракат даровард ва ба василаи кўҳҳо ларзиши заминро ба оромиш табдил кард.

2-Дин ва шинохти Худо

Сароғози дин Худошиносӣ аст ва камоли шинохти Худо, ўро бовар кардан аст ва камоли бовар доштани Худо, шаҳодат ба ягонагии ўст ва камоли шаҳодат ба ягонагии ў, ихлос аст ва камоли ихлос, Худоро аз сифатҳои махлуқоташ ҷудо кардан аст, чун ҳар сифате нишон медиҳад, ки ғайр аз мавсуф аст ва ҳар мавсуфе гувоҳӣ медиҳад, ки ғайр аз сифат аст. Пас касе, ки Худоро бо сифати махлуқоташ бишиносонад, ўро ба чизе наздик кардааст ва бо наздик кардани Худо ба чизе, ду Худо матраҳ шудааст ва бо матараҳ шудани ду Худо, баро Худои бузург аҷзое тасаввур кардааст ва бо тасаввури аҷзоъ барои Худо, ўро нашинохтааст. Ва касе, ки Худоро нашиносад ба сўи ў ишора мекунад ва ҳар ки ба сўи Худо ишора кунад, ўро маҳдуд кардааст ва ба шумориш овардааст. Ва ҳар касе бигўяд, ки Худо дар чист? Ўро дар чизи дигаре пиндоштааст ва ҳар касе, ки бипурсад Худо ба рўи чӣ чизе қарор дорад? Ҳатман ҷоеро холӣ аз ў дар назар гирифтааст, дар сурате, ки Худо ҳамеша буда ва аз чизе ба вуҷуд наомадааст. Худо бо ҳама чиз ҳаст, на ин ки ҳамнишини инҳо бошад ва бо ҳама чиз фарқ дорад, на ин ки аз онҳо ҷудо ва бегона бошад. Анҷом диҳандаи ҳамаи корҳост, бе ҳаракат ва абзор ва васила, биност ҳатто дар он ҳангом, ки чизе вуҷуд надошт, ягонаву танҳост, чун касе набуда, то бо ў унс гирад ва ё аз набуданаш ваҳшат кунад.

3-Роҳҳои Худошиносӣ

Аввал: Офариниши ҷаҳон

Осмони поинро монанди мавҷи маҳор шуда ва осмонҳои болоро монанди сақфе устувор ва баланд қарор дод, бе он ки ниёзманд ба сутуне бошанд ва ё мехҳое, ки онҳоро устувор кунад. он гоҳ фазои осмони поинро ба василаи нури ситорагони дурухшон, зинат бахшид ва дар он чароғе равшаноибахш (хуршед) ва моҳе дурахшонро ба ҳаракат даровард, ки ҳамвора дар мадори фалаки гарданда ва барқарор ва сақфи ҳаракаткунанда ва сафҳаи беқарор, ба гардиши худ идома диҳанд.

Дуввум: Шигифтии хилқати фариштагон:

Сипас осмонҳои болоро аз ҳам кушод ва аз фариштагони гуногун пур намуд. Гурўҳе аз фариштагон, доим дар саҷдаанд ва рукўъ намекунанд ва гурўҳе дар рукўъанд ва рост намеистанд ва гурўҳе дар сафҳое истодаанд, ки пароканда намешаванд ва гурўҳе доим тасбеҳ мегўянд ва монда намешаванд ва ҳеҷ гоҳ хоб ба чашмашон роҳ намеёбад ва ақлҳои онҳо дучори иштибоҳ намешавад. Баданҳои онҳо дучори сустӣ нашуда ва онҳо дучори бехабарии бархоста аз фаромўшӣ намешаванд. Баъзе аз фариштагон аминони ваҳйи илоҳӣ ва забони гўёи ваҳй барои паёмбарон мебошанд, ки доим барои расонидани фармони Худо дар рафту омаданд. Ҷамъе аз фариштагон ҳофизони бандагони Худо ва ҷамъи дигар  дарбонони биҳишти Худованданд. Баъзе аз онҳо поҳояшон дар табақаҳои поини замон қарор дошта ва гарданҳояшон аз осмон болотар ва аркони вуҷудашон аз атрофи ҷаҳон гузашта, арши илоҳӣ бар дўшҳояшон устувор аст ва баробари арши Худо чашмонашон ба зер афканда ва дар зери он болҳоро ба худ печидаанд. Миёни ин даста аз фариштагон бо онҳое, ки дар маротиби поинтаре қарор доранд, ҳиҷоби иззат ва пардаҳои қудрат, ҷудоӣ андохта аст. Ҳаргиз Худоро бо ваҳму хаёл дар шаклу сурате намепиндоранд ва сифатҳои махлуқонро бар ў раво намедоранд ва ҳаргиз Худоро дар ҷое маҳдуд намесозанд ва на бо монандовардан ба ў ишора мекунанд.

Саввум : Ши г и фтии офариниши Одам алайҳис-салом ва хусусиёти инсони комил

Сипас Худованди бузург хоке аз қисматҳои гуногуни замин, аз қисматҳои сахту нарм, шўру ширин ҷамъ кард ва об дар он афзуд то гиле холис ва омода шуд ва бо афзудани рутубат, часпнок гардид, ки аз он андоме шоиста ва узвҳое ҷудо ва ба якдигар пайваста офарид. Онро хушконид, то маҳкам шуд. Хушкониданро идома дод, то сахт шуд ва то замони муайян ва саранҷ ом мушаххасе, андоми инсон комил гардид. О нгоҳ аз рўҳе, ки офарид, дар он дамид, то ба сурати инсони з и нда даромад. Дорои нерўи андеша, ки ўро ба талошу кўшиш андозад ва дорои фикрҳое, ки ба мавҷудоти дигар тасарруф намояд. [1] Ба инсон аъзо ва ҷавориҳе бахшид, ки дар хизмати ў бошад ва абзоре дод, ки онҳоро дар зиндагӣ ба кор гирад. Қудрати фарқгузорӣ ба ў дод, то ҳаққу ботилро бишиносад ва ҳавоси чашиданиву бўиданӣ ва василаи ташхиси рангҳо ва ҷинсҳои мухталифро дар ихтиёри инсон қарор дод. Инсонро махлуте аз рангҳои гуногун ва чизҳои монанд ва созгор ва нерўҳои мутазод ва мизоҷҳои гуногуни гармӣ, хунукӣ, тарӣ ва хушкӣ қарор дод. Сипас аз фариштагон хост, то он чӣ бар ўҳда доранд, анҷом диҳанд ва аҳдеро, ки пазируфтаанд, вафо кунанд ва ба Одам саҷда карда ўро бузург бишуморанд ва фармуд: “Ба Одам саҷда кунед, пас ҳама саҷда карданд ба ғайр аз Шайтон”. Ғурур ва худ бузургбинӣ ўро фаро гирифт ва шақовату бадӣ бар ў ғалаба кард ва ба ин ки аз оташ офарида шуда ифтихор кард ва офариниши инсонро аз хок, паст шумурд. Худованд барои сазовор будани Шайтон ба хашми илоҳӣ ва барои комил шудани озмоиш ва таҳаққуқи ваъдаҳо ба ў мўҳлат дод ва фармуд: “То рўзи вақти маълум мўҳлат дода шудӣ”.

Чаҳорум: Одам алайҳис-салом ва достони биҳишт

Сипас Худованд Одамро дар хона е сукунат дод, ки зандагӣ дар он гуворо буд. Ҷойгоҳи ўро амну амон бахшид ва ўро аз Шайтон ва душмании ў тарсонд. Пас Шайтон ўро фиреб дод, ба хотир ин ки ў ба зиндагии Одам дар биҳишт ва ҳамнишинии ў бо некон ҳасад варзид. Пас Одам алайҳис-салом яқинро ба шак ва устувориро ба гуфтаҳои нопойдори Шайтон фурўхт ва шодии худро ба тарс табдил кард, ва фиреб хўрдан барои ў пушаймонӣ овард. он гоҳ Худои Мутаол дари тавбаро ба рўи Одам кушод ва калимаи раҳмат бар забони ў ҷорӣ сохт ва ба ў ваъдаи бозгашт ба биҳиштро дод. он гоҳ Одамро ба замин хонаи озмоишҳо ва мушкилот фурўд овард, то издивоҷ кунад ва фарзандоне падид оварад ва Худои Субҳон аз фарзандони ў паёмбароне баргузинад.

4-Фалсафаи беъсати паёмбарон

Худо паймони ваҳйро аз паёмбарон гирифт, то амонати рисолатро ба мардум бирасонанд. Онгоҳ, ки дар асри ҷоҳилият бисёре аз мардум паймони Худоро нодида гирифтанд ва ҳаққи Парвардигорро нашнохтанд ва баробари ў ба худоёни дурўғин рўй оварданд ва Шайтон мардумро аз шинохти Худо боз дошт ва аз парастиши ў ҷудо кард, Худованд паёмбарони худро фиристод ва ҳарчанд гоҳе, муносиб бо ниёзҳои инсонҳо паёмбарони худро пай дар пай баргузид, то вафодорӣ ба паймони фитратро бозҷўянд ва неъматҳои фаромўшшударо  ба ёд оваранд ва бо расонидани аҳкоми илоҳӣ, ҳуҷҷатро бар онҳо тамом намоянд ва тавонмандиҳои пинҳоншудаи ақлҳоро ошкор созанд ва нишонаҳои қудрати Худоро бишиносонанд, монанди: Сақфи баланди пояи осмонҳо дар болои сари инсонҳо, гаҳвораи густардаи замин дар зери пои онҳо, ва асбобу василаҳои ҳаёту зиндагӣ ва роҳҳои маргу мурдан ва мушкилоту ранҷҳои пиркунанда ва ҳодисаҳои пай дар пае, ки доим бар сари роҳи одамиён аст. Худованд ҳаргиз инсонҳоро бе паёмбар ва ё китоби осмонӣ ё бурҳони қатъӣ ё роҳи устуворе, раҳо накарда аст, паёмбароне, ки бо камии ёрон ва бисёрии мункирон, ҳаргиз дар анҷоми вазифаи худ кўтоҳӣ накарданд. Баъзе аз паёмбарон башорати зуҳури паёмбари ояндаро доданд ва баъзеи дигарро паёмбарони гузашта муаррифӣ карданд. Ба ин равиш қарнҳо падид омад ва рўзгорон сипарӣ шуд. Падарон рафтанд ва фарзандон ҷои онҳоро гирифтанд.

5-Фалсафаи беъсати Паёмбари Хотам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ

То ин ки Худои Субҳон барои вафо ба ваъдаи худ ва комил кардани даврони набувват, ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳиро мабъус кард. Паёмбаре, ки аз ҳамаи паёмбарон паймони пазириши набуввати ўро гирифта буд ва нишонаҳои ў шўҳрат дошт ва таваллудаш бар ҳама муборак буд. Дар рўзгоре, ки мардуми рўи замин дорои мазҳабҳои пароканда ва хостаҳои гуногун ва равишҳои мутафовит буданд: Гурўҳе Худоро ба махлуқоташ монанд карда ва гурўҳе номҳои арзишманди Худоро инкор карда ва онро ба бутҳо нисбат медоданд ва баъзеҳо ба ғайри Худо ишора мекарданд. Пас Худои Субҳон ба василаи Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ мардумро аз гумроҳӣ наҷот доду ҳидояташон кард ва аз ҷаҳолату нодонӣ раҳоӣ бахшид. Сипас дидори худро барои Паёмбар баргузид ва он чӣ назди худ дошт, барои ў писандид ва ўро бо кўч додан аз дунё гиромӣ дошт ва аз гирифториҳо ва мушкилот раҳоӣ бахшид ва каримона рўҳи ўро қабз кард.

6-Зарурати имомат пас аз паёмбарони илоҳӣ

Расули Гиромии Ислом, дар миёни шумо мардум ҷонишиноне интихоб кард, ки тамоми паёмбарони гузашта барои умматони худ интихоб карда буданд, чун онҳо ҳаргиз инсонҳоро саргардон раҳо накарданд ва бе муаррифии роҳи равшан ва нишонаҳои устувор, аз миёни мардум нарафтанд.

7-Хусусиёти Қуръон ва аҳкоми Ислом

Китоби Парвардигор миёни шумост, ки баён кунандаи ҳалолу ҳаром, воҷибу мустаҳаб, носиху мансух, мубоҳу мамнўъ, хоссу ом, пандҳо ва масалҳо, мутлақу муқайяд, маҳкаму муташобеҳ мебошад. Иборатҳои муҷмали худро тафсир ва нуктаҳои печидаи худро равшан мекунад, аз воҷиботе, ки паймони шиносоии онро гирифт ва мустаҳабботе, ки огоҳӣ аз онҳо лозим нест.

Қисмате аз аҳкоми динӣ дар Қуръон воҷиб шумурда шуд, ки носихи он дар суннат Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ омада. [2] Ва баъзеи он дар суннати Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ воҷиб шуда, ки дар китоби Худо тарки он ҷоиз будааст. Баъзе аз воҷибҳо вақти маҳдуде дошта, ки баъдҳо аз байн рафтааст. [3]

Муҳаррамоти илоҳӣ аз ҳам ҷудо мебошанд: Баъзе аз онҳо гуноҳони бузург аст, ки ваъдаи оташ дорад ва баъзе кўчак, ки ваъдаи бахшиш додааст. Ва баъзе аз амалҳо, ки камаш қабул (кофӣ) ва дар анҷоми бештари он озоданд.

8-Фалсафа ва раҳ оварди ҳаҷ

Худо ҳаҷҷи хонаи мўҳтарами худро бар шумо воҷиб кард. Ҳамон хонае, ки онро қиблагоҳи инсонҳо қарор дода, ки чунон ташнагон ба сўи он рў меоваранд ва ба монанди кабутарон ба он паноҳ мебаранд.

Худои Субҳон Каъбаро мазҳари тавозўи бандагон дар баробари азамати худ ва нишонаи эътирофи онон ба бузургӣ ва қудрати худ қарор дод ва дар миёни инсонҳо шунавандагонеро ихтиёр кард, ки даъвати ўро барои анҷоми ҳаҷ қабул кунанд ва сухани ўро тасдиқ намоянд ва пой бар ҷойгоҳи паёмбарони илоҳӣ бигзоранд. монанди фариштагоне, ки бар гирди арши илоҳӣ тавоф мекунанд ва судҳои фаровон дар ин ибодатгоҳ ва маҳалли тиҷорати зиёраткунандагон ба даст оваранд ва ба сўи ваъдагоҳи омурзиши илоҳӣ биштобанд.

Худои Субҳон Каъбаро барои Ислом нишонаи гўё ва барои паноҳандагон хонаи амну амон қарор дод. Адои ҳаққи онро воҷиб гардонид ва ҳаҷҷи он хонаро воҷиб шумурд ва бар ҳамаи шумо инсонҳо муқаррар дошт, ки ба зиёрати он биравед ва фармуд: “Он кас, ки тавони рафтан ба хонаи Худоро дорад, ҳаҷ бар ў воҷиб аст ва он касе, ки инкор кунад, Худованд аз ҳамаи ҷаҳониён бениёз аст”. Оли Имрон-97.

Тарҷ умаи Хутбаи-2

(Баъд аз баргашт аз ҷанги Сиффин дар соли 38-и ҳиҷрӣ)

1-Ситоиши Парвардигор

Ситоиш мекунам Худовандро барои такмили неъматҳои ў  ва таслим будан дар баробари бузургии ў ва эмин мондан аз нофармонии ў. Ва дар бартарафшудани ниёзҳо аз ў ёрӣ металабам, чун ҳар касеро, ки Худо ҳидоят кунад, ҳаргиз гумроҳ нашавад ва ҳар касеро, ки Худо душман бидорад, ҳаргиз наҷот наёбад ва ҳар касеро, ки Худованд бениёз гардонад, ниёзманд нахоҳад шуд. Пас , ситоиши Худованд гаронтарин чиз ва бартарин ганҷе аст, ки арзиши захира шудан ро дорад. Ва гувоҳӣ медиҳам, ки ғайр аз Худои яктои бешарик маъбуде нест, шаҳодате, ки ихлоси он озмуда ва покиву холисии онро бовар дорем ва то зиндаем бар ин бовар устуворем ва онро барои саҳнаҳои ҳавлноки рўзи қиёмат захира мекунем, чун шаҳодат ба ягонагии Худо, нишонаи устувории имон ва кушояндаи дарҳои эҳсон ва сабаби хушнудии Худои Раҳмон ва дур кунандаи шайтон аст.

2-Хусусиёти Паёмбари Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ

Ва шаҳодат медиҳам, ки Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ и ва саллам бандаи Худо ва фиристодаи ўст. Худованд ўро бо дини ошкор ва нишонаи пойдор ва Қуръони навишташуда ва устувор ва нури дурахшон ва чароғи тобон ва фармони ошкоркунанда фиристод, то шакҳоро нобуд кунад ва бо далелҳои равшан истидлол кунад. Ва бо оёти илоҳӣ мардумро бипарҳезонад ва аз кайфарҳои илоҳӣ битарсонад.

3-Шинохти асри ҷ оҳилият

Худованд Паёмбари Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам -ро замоне фиристод, ки мардум дар фитнаҳо гирифтор ва риштаҳои дин пора ва сутунҳои имон ва яқин нопойдор буд. Дар усули дин ихтилоф доштанд ва умури мардум пароканда буд, роҳи раҳоӣ душвор буд ва паноҳгоҳе вуҷуд надошт. Чароғи ҳидоят бенур ва курдилӣ ҳамаро фарогирифта буд. Худои Раҳмон нофармонӣ мешуд ва шайтон ёрӣ мегардид. Имон беёвар монда ва сутунҳои он вайрон гарди да ву нишонаҳои он инкор шуда буд ва роҳҳои он вайрон у кўҳна шуда ва фаромўш гардида буд. Мардуми ҷоҳилӣ шайтонро итоат мекарданд ва ба роҳҳои ў мерафтанд ва дар обишхури шайтон сероб мешуданд. Бо дасти мардуми ҷоҳилият нишонаҳои шайтон ошкор ва парчамаш барафрошта шуд. Фитнаҳо мардумро лагадмол карда ва бо сумҳои маҳками худ, нобудашон карда ва побарҷо истода буд.

Аммо мардуми ҳайрон ва саргардон, бехабар ва фиребхўрда дар канори беҳтарин хона (Каъба) ва бадтарин ҳамсоягон (бутпарастон) зандагӣ мекарданд. Хоби онҳо бедорӣ ва сурмаи чашмашон ашк буд, дар сарзамине, ки донишманди он лаб фурў баста ва ҷоҳили он гиромӣ дошта шуда буд.

4-Хусусиёти Аҳли Байт алайҳим салавотуллоҳ

Хонадони Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ҷойгоҳи асрори Худованд ва паноҳгоҳи фармони илоҳӣ ва махзани илми Худо ва марҷаи аҳкоми исломӣ ва нигаҳбони китобҳои осмонӣ ва кўҳҳои ҳамеша устувори дини Худо ҳастанд. Худованд ба василаи Аҳли Байт алайҳимус-салом пушти хамшудаи динро рост намуд ва ларзишу изтироби онро аз миён бардошт.

5-Чеҳраи фосидон

Фосидон тухми гуноҳро афшонданд, ва бо оби ғуруру фиреб обёрӣ карданд ва ҳосили онро, ки ғайр аз азобу бадбахтӣ чизе набуд, бардоштанд!

6-Ҷ ойгоҳи хонадони Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ и ва саллам

Касеро бо хонадони Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам намешавад муқоиса кард ва касе, ки парваридаи неъмати ҳидояти Аҳли Байти Паёмбар ҳастанд, бо Аҳли Байт баробар нахоҳанд буд. Хонадони Паёмбар асоси дин ва сутунҳои устувори яқин мебошанд. Шитобкунанда бояд ба сўи онҳо бозгардад ва ақиб монда, бояд ба онҳо бипайвандад (худро ба онҳо бирасонад), чун хусусиёти ҳаққи вилоят махсуси онҳост ва васияти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам нисбат ба хилофати мусулмонон ва мероси рисолат ба онҳо тааллуқ дорад. Ҳамакнун, (ки хилофатро ба ман супурдед) ҳақ ба аҳлаш бозгашт ва дубора аз ҷойгоҳе, ки аз он дур монда буд баргардонда шуд.

Тарҷ умаи Хутбаи-3

(Маъруф ба хутбаи Шиқшиқия, ки дарди дилҳои Имом алайҳис-салом ва достонҳои Сақифа ва ғасби хилофат, дар ин хутба матраҳ шуда аст)

1-Шиква аз Абўбакр ва ғасби хилофат [4]

Огоҳ бошед! Ба Худо савганд фалонӣ (Абўбакр) ҷомаи хилофатро бар тан кард, дар ҳоле, ки медонист ҷойгоҳи ман нисбат ба ҳукумати исломӣ ба монанди меҳвари осиёб аст ба осиёб, ки дар даври он ҳаракат мекунад. Ў медонист, ки сели илмҳо аз домани кўҳсори ман ҷорӣ аст ва мурғҳои дур парвози андешаҳо ба баландои арзиши ман натавонанд парвоз кард. Пас ман ҷомаи хилофатро раҳо карда ва доман ҷамъ намуда аз он канорагирӣ кардам ва дар ин андеша будам, ки оё бо дасти танҳо барои гирифтани ҳаққӣ худ ба по хезам? Ё дар ин муҳити хафақонзо ва торикие, ки ба вуҷуд оварданд, сабр пеша созам? Ки ин муҳит пиронро фарсуда, ҷавононро пир ва мардони бо имонро то қиёмату мулоқоти Парвардигор андўҳгин нигаҳ медорад!. Пас аз арзёбии дуруст, сабру бурдбориро оқилонатар дидам. Пас, сабр кардам дар ҳоле, ки гўё хор дар чашму устухон дар гулўи ман монда буд. В а бо дид а гони худ менигаристам, ки мерос и маро б а ғорат мебаранд!.

2-Бозии Абўбакр бо хилофат

То ин ки халифаи аввал, ба роҳи худ рафт ва хилофатро ба писари Хаттоб супурд. Сипас имом масалеро бо шеъре аз Аъшо унвон кард: Маро бо бародари Ҷобир, “Ҳаён” чӣ шабоҳате аст? ( Ман ҳамаи рўзро дар гармои сўзон кор кардам ва ў роҳат ва осуда дар хона буд. !) Шигифто! Абўбакр, ки дар ҳаёти худ аз мардум мехост узрашро бипазиранд, чӣ гуна дар ҳангоми марг, хилофатро ба ақди дигарӣ даровард? Ҳ ар ду аз шутури хилофат сахт ҷў шиданд ва аз ҳосили он баҳраманд гардиданд.

3-Шиква аз Умар ва мо ҷ арои хилофат: Саранҷом аввалӣ ҳукуматро ба роҳе дароварад ва ба дасти касе (Умар) супурд, ки маҷмўае аз хушунат, сахтгирӣ, иштибоҳ ва бахшишталабӣ буд. Ў (Умар) зимомдоре буд монанди касе, ки бар шутури саркаш савор аст, агар лиҷомро маҳкам кашад, пардаҳои бинии ҳайвон пора мешавад ва агар озодаш гузорад, дар партгоҳ суқут мекунад. Савганд ба Худо! Мардум дар ҳукумати дуввумӣ ба нороҳатӣ ва ранҷи муҳимме гирифтор шуда буданд ва дучори дурўиҳо ва эътирозҳо шуданд ва ман дар ин муддати тўлонии меҳнатзо ва азобовар чорае ҷуз шакебоӣ надоштам, то он ки рўзгори Умар ҳам сипарӣ шуд.

4-Шиква аз шўрои Умар:

Сипас Умар хилофатро дар гурўҳе қарор дод, ки пиндошт ман монанди онон мебошам! Паноҳ бар Худо аз ин шўро! Кай дар баробари шахси  аввалашон (Абўбакр) дар хилофат мавриди тардид будам, то имрўз бо аъзои шўро баробар шавам? Ки ҳамакнун маро монанди онҳо пиндоранд? Ва дар радифи онҳо қарорам диҳанд? Ночор боз ҳам кўтоҳ омадам ва бо онон ҳамоҳанг гардидам. Яке [5] аз онҳо бо кинае, ки ба ман дошт, рўй бартофт ва дигарӣ [6] домодашро бар ҳақиқат бартарӣ дод ва он ду нафари дигар, ки овардани номашон зишт аст. [7]

5-Шиква аз хилофоти Усмон: То он ки севвумӣ ба хилофат расид. Ду паҳлўяш аз пурхўрӣ бод карда ва ҳамвора байни ошпазхона ва ҳоҷатхона саргардон буд ва хешовандони падарии ў аз Бани Умайя ба по хестанд ва ҳамроҳи ў байтулмолро хўрданд ва бар бод доданд, монанди шутури гуруснае, ки ба ҷони гиёҳ бияфтад, Усмон он қадр исроф кард, ки ресмони бофтаи ў боз шуд ва аъмоли ў мардумро барангехт ва шикампарастӣ, ўро нобудаш сохт.

6-Байъати умуми и мардум бо А миралм ў ъминин Алӣ алайҳис-салом

Рўзи байъат фаровонии мардум монанди ёлҳои п а ри пушти кафтор буд, аз ҳар тараф маро иҳота карданд, то он ки наздик буд Ҳасан ва Ҳусейн лагадмол гарданд ва ридои ман аз ду тараф пора шуд. Мардум монанди галаҳои анбўҳи гўсфанд маро дар миён гирифтанд. Аммо онгоҳ, ки ба по хестам ва ҳукуматро ба даст гирифтам, ҷамъе паймон шикастанд [8] ва гурўҳе аз итоати ман саркашӣ карда аз дин хориҷ шуданд [9] ва бархе аз итоати ҳақ сар бартофтанд, [10] гўё нашунида буданд сухани Худои Субҳонро, ки мефармояд: “Сарои охиратро барои касоне баргузидам, ки хоҳони саркашӣ ва фасод дар замин набошанд ва оянда азони парҳезкорон аст”. Оре! Ба Худо онро хуб шунида ва ҳифз карда буданд, аммо дунё дар чашмони онҳо зебо намуд ва зевари он чашмҳояшонро хира кард. [11]

7-Масъулиятҳои иҷ тимо ӣ

Савганд ба Худое, ки донаро шикофт ва ҷонро офарид, агар ҳузури фаровони байъаткунандагон набуд ва ёрон ҳуҷҷатро бар ман тамом намекарданд ва агар Худованд аз олимон аҳду паймон нагирифта буд, ки дар баробари шикампарастии ситамгарон ва гуруснагии мазлумон сукут накунанд, маҳори шутури хилофатро бар кўҳони он андохта раҳояш мекардам ва охири хилофатро ба косаи аввали он сероб мекардам он гоҳ медидед, ки дунёи шумо назди ман аз оби бинии бузғолае беарзиштар аст.

Гуфтанд: Дар ин ҷо марде аз аҳолии Ироқ бархест ва номае ба дасти Имом дод ва Имом онро мутолиа мефармуд, гуфта шуд масоиле дар он буд, ки мебоист ҷавоб медод. Вақте хондани нома ба поён расид, Ибни Аббос гуфт: Ё Амиралмўъминин! Чӣ хуб буд суханро аз ҳамон ҷо, ки қатъ шуд идома медодед? Имом алайҳис-салом фармуд:

Ҳаргиз! Эй писари Аббос, шўълае аз оташи дил буд, ки забона кашид ва фурў нишаст.

Ибни Аббос мегўяд: Ба Худо савганд ба ҳеҷ гуфторе монанди қатъ шудани сухани Имом алайҳис-салом ин гуна андўҳнок нашудам, ки Имом натавонист то он ҷо ки дўст дорад ба суханаш идома диҳад.

Тарҷ умаи хутбаи-4

Гуфта шуда, ки баъд аз фатҳи Басра дар соли 36-и ҳиҷрӣ ва кушта шудани Талҳа ва Зубайр эрод фармуд

1-Хусусиёти Аҳли Байт алайҳимус-салом : Шумо мардум ба василаи мо аз торикиҳои нодонӣ наҷот ёфта ва ҳидоят шудед. Ва ба кўмаки мо ба авҷи тараққӣ расидед. Субҳи саодати шумо ба нури мо дурахшид. Кар аст гўше, ки фарёди баланди пандҳоро нашнавад. Он касеро, ки фарёди баланд, караш кунад, садои нарми ҳақиқат чӣ гуна бар ў асар хоҳад кард? Қалбе, ки аз тарси Худо ларзон аст, ҳам еша пойдор ва бо итминон бод!. Ман ҳамеша мунтазири тамом шудани ҳилагарии шумо мардуми Басра будам ва нишонаҳои фиребхўрдагиро дар шумо медидам. Зоҳирнамоӣ ба диндории шумо, пардае миёни мо кашид, вале ман бо сафои ботин даруни шуморо мехондам.

2-Хусусияти Имом Ал ӣ алайҳис-салом : Ман барои водоштани шумо ба роҳи ҳақ, ки дар миёни роҳҳои гумроҳкунанда буд, ба по хестам дар ҳоле, ки шумо саргардон будед ва роҳнамое надоштед ва ташнаком ҳар қадар заминро мекандед, қатраи обе намеёфтед (киноя аз талоши беҳўда). Имрўз забони бастаро ба сухан меоварам. Дур бод раъйи касе, ки бо ман мухолифат мекунад! Аз рўзе, ки ҳақ ба ман нишон дода шуд, ҳаргиз дар он шак накардам! Канорагирии ман, монанди амали Мўсо бо коҳинон аст, ки барои худ наметарсид, вале тарси ў барои ин буд, ки мабодо ҷоҳилон пирўз шаванд ва давлати гумроҳон ҳоким шавад.

Имрўз мо ва шумо бар сари дуроҳии ҳаққу ботил қарор дорем, он касе, ки ба вуҷуди об итминон дорад, ташна намемонад.

Тарҷ умаи Хутбаи-5

(Пас аз вафоти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва моҷарои Сақифа Аббос ва Абўсуфён, хостанд бо Имом байъат кунанд)

1-Роҳҳои парҳез аз фитна

Эй мардум , амвоҷи фитнаҳоро бо киштиҳои наҷот [12]дар ҳам бишканед ва аз роҳи ихтилоф ва парокандагӣ бипарҳезед ва тоҷҳои фахр у бартариҷўиро, бар замин бигзоред. Р астагор шуд он касе, ки бо ёрон ба по хест ё канорагирӣ намуд ва мардумро ос у да гузошт.

Ин гуна зимомдорӣ [13] монанди оби бад мазава луқмаи гулўгир аст ва он касе, ки меваро норасида бичинад, монанди кишоварзе аст, ки дар замини шахси дигаре кишт бикунад.

2-Фалсафа ва сабаби сукут

Дар шароите ҳастам, ки агар сухан бигўям мегўянд, бар ҳукумат ҳарис аст ва агар хомўш бошам мегўянд: Аз марг тарсид!! Ҳаргиз! Ману тарс аз марг баъд аз он ҳама ҷангҳо ва ҳодисаҳои ногувор! Савганд ба Худо, унс ва алоқаи фарзанди Абўтолиб ба марг дар роҳи Худо, аз алоқаи тифл ба пистони модараш бештар аст! Ин ки сукут ихтиёр кардам, ба ин хотир аст, ки аз илмҳо ва ҳодисаҳои пинҳонӣ огоҳи дорам, ки агар бигўям ба монанди лағзидани ресмон дар чоҳҳои амиқ, музтариб мешавед!.

Тарҷ умаи Хутбаи-6

(Дар соли 36-и ҳиҷрӣ дар Мадина вақте, ки аз Имом хостанд то Талҳа ва Зубайрро пайгирӣ накунад, фармуд)

Огоҳӣ ва мазл у мияти Имом алайҳис-салом

Ба Худо савганд аз огоҳии лозим бархўрдорам ва ҳаргиз ғофилгир намешавам, ки душманон ногаҳон маро муҳосира кунанд ва бо найранг дастгирам намоянд. Ман ҳамеша бо ёрии инсонҳои ҳақталаб бар сари он касе мекубам, ки аз ҳақ рўй гардон аст ва то он рўз, ки даврони зиндагонии ман ба охир расад, бо ёрии фармонбари мутеъ, нофармонии аҳли шакро дар ҳам мешиканам. Пас, савганд ба Худо ман ҳамеша аз ҳаққи худам маҳрум мондам ва аз ҳангоми вафоти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ то имрўз ҳаққи маро аз ман боздошта ва ба дигарон доданд.

Тарҷ умаи Хутбаи-7

Шинохти пайравони шайтон

Гумроҳон, шайтонро меъёри кори худ гирифтанд ва шайтон низ онҳоро доми худ қарор дод ва дар дилҳои онҳо тухм кошт ва ҷўҷаҳои худро дар доманашон парвариш дод. Б о чашмони онҳо менигарист ва бо забони онҳо сухан мегуфт. Пас, бо ёрии онҳо бар маркаби гумроҳӣ савор шуд ва корҳои зиштро дар назарашон зебо ҷилва дод, монанди рафтори касе, ки нишон медод, дар ҳукумати шайтон шарик аст ва бо забони шайтон, сухани ботил мегўяд.

Тарҷ умаи Хутбаи-8

Паймоншикании Зубайр

Зубайр мепиндорад, ки бо даст байъат кард на бо дил, пас ба байъати ман иқрор карда, вале муддаии инкори байъат бо қалб аст. Бар ў лозим аст, ки бар ин иддао далели равшане биоварад, ё ба байъати гузаштааш базгардад.

Тарҷ умаи Хутбаи-9

Шинохти Талҳа ва Зубайр (ва асҳоби Ҷ амал)

Монанди раъд, хурўшиданд ва монанди барқ, дурахшиданд, аммо коре натавонистанд анҷом диҳанд ва саранҷом суст шуданд! В але мо ин гуна нестем, то амал накунем  раъду барқе надорем ва то наборем, сел е ҷорӣ намесозем.

Тарҷ умаи Хутбаи-10

Огоҳии Имом алайҳис-салом барои муқобила бо асҳоби Ҷ амал

Огоҳ бошед, ки шайтон ҳизби худро ҷамъ карда ва савораву пиёдаи лашкарони худро фаро хондааст. Аммо ман огоҳии лозим ба корҳоро дорам. На ҳақро пўшида доштам ва на ҳақ бар ман пўшида монд. Савганд ба Худо, гирдобе барои онон ба вуҷуд оварам, ки ғайр аз ман касе натавонад онро чора кунад ва касоне, ки дар он ғарқ шаванд, ҳаргиз натавонанд берун оянд ва онҳое, ки мегурезанд хаёли баргашт накунанд.

Тарҷ умаи Хутбаи-11

(Дар ҷанги Ҷамал соли 36-и ҳиҷрӣ рўзи панҷшанбе 15-и Ҷумодул-охир, ҳангоми додани парчам ба дасти фарзандаш Муҳаммади Ҳанафия фармуд)

Омўзиши низомӣ

Агар кўҳҳо аз ҷо канда шаванд, ту собиту устувор бош. Дандонҳоро ба ҳам бифишор, косаи саратро ба Худо амонат бидеҳ, по бар замин мехкуб кун ва ба сафҳои поёнии лашкари душман бинигар, аз фаровонии душман чашм бипўш ва бидон, ки пирўзӣ аз сўи Худои Субҳон аст.

Тарҷ умаи Хутбаи-12

(Пас аз пирўзӣ дар ҷанги Ҷамал яке аз ёрони Имом алайҳис-салом гуфт: Дўст доштам бародарам бо мо буд ва медид, ки чӣ гуна Худо туро бар душманонат пирўз кард!)

Ширкати ояндагон дар савоби гузаштагон

Имом алайҳис-салом пурсид: Оё фикр ва дили бародарат бо мо буд? Гуфт: О ре. Имом алайҳис-салом фармуд: Пас ў ҳам дар ин ҷанг бо мо буд, балки онҳое, ки ҳузур надоранд ва дар сулби падарону раҳими модарон мебошанд, вале бо мо ҳам ақидаанд ба зуддӣ мутаваллид мешаванд ва дину имон ба васила онҳо тақвият мешавад.

Тарҷ умаи Хутбаи-13

(Рўзи Ҷумъаи соли 36-и ҳиҷрӣ баъд аз поёни ҷанг дар масҷиди ҷомеи шаҳр дар сарзаниши мардуми Басра фармуд)

Сабабҳои фурўпошии ҷ омеа

Шумо сипоҳи як зан [14] ва пайравони ҳайвон (шутури Оиша) будед, то шутур садо мекард, меҷангидед ва ҳамин, ки даст ва пои он бурида шуд гурехтед.

Ахлоқи шумо паст ва паймони шумо аз ҳам пора шуда, дини шумо дурўӣ ва оби ошомидании шумо шўр ва ногувор аст. Касе ки миёни шумо зиндагӣ кунад ба кайфари гуноҳаш гирифтор мешавад ва он кас, ки аз шумо дурӣ гузинад, омўрзиши Парвардигор насибаш мегардад. Гўё масҷиди шуморо мебинам, ки монанди синаи киштӣ ғарқ шудааст, ки азоби Худо аз боло ва поён ўро иҳота мекунад ва сарнишинони он, ҳама ғарқ мешаванд.

Ва дар ривоёте аст: Савганд ба Худо, сарзамини шуморо об ғарқ мекунад, гўё масҷиди шуморо менигарам, ки монанди синаи киштӣ ё мисли шутурмурғе, ки бар сина хобида бошад, бар рўи об мондааст. Ва дар ривоёти дигар: М онанди синаи мурғ рўи оби дарё.

Ва дар ривоёти дигар омада: Хоки шаҳри шумо бадбўтарин хокҳост, аз ҳама ҷо ба об наздиктар ва аз осмон дуртар ва нўҳ даҳуми бадӣ фасод дар шаҳри шумо нуҳўфта аст. Касе, ки дар шаҳри шумо бошад гирифтори гуноҳ ва он ки бе рун равад, дар паноҳи а ф в и Худост. Г ў ё шаҳри шуморо менигарам, ки ғарқ шуда ва об онро фарогирифта аст. Чизе аз он дида намешавад, магар ҷойҳои баланди масҷид ба монанди синаи мурғ бар рўи амвоҷи оби дарё!.

Тарҷ умаи Хутбаи-14

(Қабл аз оғози ҷанги Ҷамал, дар сарзаниши шаҳри Басра ва мардуми он диёр, монанди хутбаи пешин фармуд)

Нақши таъсири муҳит дар инсон

Сарзамини шумо ба об наздик [15] ва аз осмон дур аст, ақлҳои шумо суст ва афкори шумо ҷоҳилона аст, пас шумо нишонае барои тирандоз ва луқмае барои хўранда ва сайде барои сайёд мебошед!

Тарҷ умаи Хутбаи-15

(Дар бораи амволи фаровони байтулмол, ки Усмон ба баъзе аз хешовандони худ бахшида буд. Ибни Аббос мегўяд: Рўзи дуввуми хилофат дар соли 35—и ҳиҷрӣ ин суханронро эрод фармуд).

Сиёсати иқтисодии Имом алайҳис-салом

Ба Худо савганд байтулмоли тороҷшударо ҳар куҷо, ки биёбам, ба соҳибони аслии он боз мегардонам, гарчӣ бо он издивоҷ карда ё канизоне харида бошанд, чун дар адолат кушоиш барои ҳама аст ва он касе, ки таҳаммули адолат барояш сахт бошад, таҳаммули ситам бар ў сахттар хоҳад буд.

Тарҷ умаи Хутбаи-16

(Пас аз байъати мардуми Мадина бо Имом алайҳис-салом , ин аввалин суханронии он ҳазрат дар соли 35-и ҳиҷрӣ аст)

1-Эълон и сиёсатҳои ҳукумат ӣ

Он чӣ мегўям ба ўҳда мегирам ва худ ба он пойбандам. Касе, ки ибратҳо барои ў ошкор шавад ва аз азоби он панд гирад, тақво ва худдорӣ ўро аз лағзиш дар шубҳаҳо нигаҳ медорад. Огоҳ бошед, ки тирарўзиҳо ва озмоишҳо ба монанди замони беъсати Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ, бори дигар ба шумо рўй овард.

Савганд ба Худое, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳиро бар ҳақ мабъус кард, сахт озмоиш мешавед, монанди донае, ки дар ғирбол мезананд ё хўроке, ки дар дег гузоранд ба ҳам хоҳед рехт ва зеру рў хоҳед шуд, то он ки поин ба боло ва боло ба поин равад. Онҳое, ки собиқае дар Ислом доштанд ва то кунун гўшанишин буданд бар сари кор меоянд ва онҳое, ки ба ноҳақ пешӣ гирифтанд, ақаб зада хоҳанд шуд.

2-Фазоили ахлоқии Имом алайҳис-салом

Ба Худо савганд калимае аз ҳақро напўшондам ва ҳеҷ гоҳ дурўғе нагуфтаам. Аз рўзи аввал ба ин мақоми хилофат ва чунин рўзе хабар дода шудам. Огоҳ бошед ба дурустӣ, ки гуноҳон монанди маркабҳои бадрафторанд, ки саворони худро (гунаҳгоронро) дар оташи дузах меандозанд. Аммо тақво ба монанди маркабҳои фармонбардоре ҳастанд, ки саворони худро вориди биҳишти ҷовидон мекунанд.

Ҳаққу ботил ҳамеша дар ҷангу талошанд ва барои ҳар кадом тарафдороне аст. Агар ботил пирўз шавад, ҷои тааҷҷуб нест ва аз дербоз чунин буда аст. Ва агар тарафдорони ҳақ кам ҳастанд, чӣ басо рўзе зиёд шаванд ва пирўз гарданд, аммо камтар иттифоқ меафтад, ки чизи рафта баргардад.

3-Саргардонии мардум ва зарурати тақво

Он касе, ки биҳишту дузахро пеши рўи худ дорад , дар талошу кўшиш аст. Баъзе аз мардум бо шитоб ба сўи ҳақ пеш мераванд, ки онҳо аҳли наҷотанд ва баъзе ба кундӣ мераванд ва умедворанд ва гурўҳе кўтоҳӣ мекунанд ва дар оташи ҷаҳаннам гирифторанд.

Чаппу рост гумроҳӣ ва роҳи миёна, роҳи мустақими илоҳӣ аст, ки Қуръон ва осори набувват ба он суфориш мекунад ва гузаргоҳи суннати Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аст ва саранҷом бозгашти ҳама ба он сў мебошад.

Иддао кунандаи ботил нобуд шуд ва дурўғгў зиён кард ва ҳар кас бо ҳақ даргир шуд, ҳалок гардид. Дар нодонии инсон ҳамин бас, ки қадри худро нашносад. Он чӣ бар асоси тақво поягузорӣ шавад, нобуд нагардад. К иштзоре, ки бо тақво об дода шавад, ташнагӣ надорад. Мардум! Ба хонаҳои худ рўй оваред, корҳои миёни худро ислоҳ кунед, тавба ва баргашт пас аз бадкориҳо имкон пазир аст. Ғайр аз Парвардигори худ, касеро ситоиш накунед ва ғайр аз худхоҳии худ каси дигарро сарзаниш нанамоед.

Тарҷ умаи Хутбаи-17

(Дар ин хутба муддаиёни қазоватро мешиносонад, ки ўҳдадори қазоват ҳастанд, вале шоистаи он нестанд)

1-Шинохти бадтарин инсонҳо

Душмантарини офаридаҳои Худо ду нафаранд: Марде, ки Худо ўро ба ҳоли худ гузошта ва аз роҳи рост дур афтода аст. Дили ў шифтаи бидъат аст ва мардумро гумроҳ карда ва ба фитнаангезӣ мекашонад ва роҳи растагории гузаштагонро гум карда ва тарафдорони худ ва ояндагонро гумроҳ сохтааст. Бори гуноҳи дигаронро бар дўш кашида ва гирифтори зиштиҳои худ низ мебошад.

Ва марде, ки чизҳоеро ба ҳам бофта ва дар миёни инсонҳои нодони уммат, ҷойгоҳе пайдо кардааст. Дар торикиҳои фитна фурў рафта ва аз мушоҳидаи сулҳу сафо, кўр аст. О дам намоҳо ўро олим номиданд, ки (дар воқеъ) олим нест . Чизеро бисёр ҷамъоварӣ мекунад, ки ками он беҳ аз бисёраш аст, то он ки аз оби гандида сероб шавад ва донишу огоҳиҳои беҳўда ҷамъ бикунад.

2-Равоншиносии муддаиёни дурўғини қазоват

Дар миёни мардум бо номи қозӣ ба қазоват менишинад ва ҳалли мушкилоти дигаронро бар ўҳда мегирад, пас агар мушкиле пеш ояд, бо суханҳои пуч ва холӣ ва раъю назари дурўғин, омодаи бартараф кардани он мешавад ва сипас назароти пучи худро бовар мекунад. Ба тортанаке монанд аст, ки дар шубҳаҳо ва бофтаҳои тори худ часпида, намедонад, ки дуруст ҳукм карда ё бар хатост? Агар ба савоб ҳукм карда бошад метарсад, ки хато карда ва агар ба хато ҳукм карда, умед дорад, ки раъйи ў дуруст бошад!. Нодоне аст, ки роҳи нодонӣ меҷўяд ва кўре аст, ки дар торикӣ гумшудаи худро меҷўяд. Аз рўи илму яқин сухан намегўяд, ривоётро бе огоҳӣ нақл мекунад. Монанди тундбоде, ки гиёҳони хушкро барбод медиҳад, ривоётро зеру рў мекунад, ки беҳосил аст. Б а Худо савганд на роҳи судури ҳукми мушкилотро медонад ва на барои мансаби қазоват аҳлият дорад! Он чиро, ки напазирад илм ба ҳисоб намеоварад ва ғайр аз роҳу расми худ, мазҳаберо ҳақ намедонад. А гар ҳукмеро надонад онро мепўшонад, то нодонии ў ошкор нашавад. Хуни бегуноҳон аз ҳукми золимонаи ў дар ҷўшиш аст ва фарёди мерос барбод рафтагон баланд аст. Ба Худо шикоят мекунам аз мардуме, ки дар нодонӣ зиндагӣ мекунанд ва бо гумроҳӣ мемиранд. Дар байни онҳо чизе хортар аз Қуръон нест. Агар онро он гуна, ки бояд бихонанд, матое судовартар ва гаронбаҳотар аз Қуръон нест, агар онро таҳриф кунанд, дар назди онҳо чизе зишттар аз маъруф ва некўтар аз мункар нахоҳад буд.

Тарҷ умаи Хутбаи-18

(Сарзаниш аз ихтилофи раъйи олимон дар аҳкоми қатъии Ислом)

1-Сарзаниши аҳли раъй

Даъвое нисбат ба яке аз аҳкоми иҷтимоиро пеши олиме мебаранд, ки бо раъйи худ ҳукме содир мекунад. Пас ҳамон даъворо пеши дигарӣ мебаранд, ки ў комилан бар хилофи раъйи аввалӣ ҳукм мекунад. Сипас ҳамаи қозиён ба назди раиси худ, ки онҳоро ба мансаби қазоват гузошта, ҷамъ мешаванд ва ў раъйи ҳамаро бар ҳақ мешуморад! [16]

Дар сурате, ки Худояшон яке ва Паёмбарашон яке, китобашон яке, оё Худои Субҳон онҳоро ба ихтилоф амр фармуд, ки аз ў итоат карданд? Ё онҳоро аз ихтилоф парҳез дод ва онҳо Худоро нофармонӣ карданд?

2-Роҳҳои ваҳдати уммати исломӣ

Оё Худои Субҳон дини ноқисе фиристод ва барои комил кардани он, аз онҳо кўмак хостааст? Оё онҳо шарикони Худо ҳастанд, ки ҳар чӣ мехоҳанд дар аҳкоми дин бигўянд ва Худо ризоят бидиҳад? О ё Худои Субҳон дини комиле фиристод, ва ле Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ дар расондани он кўтоҳӣ кард? Дар ҳоле, ки Худои Субҳон мефармояд: “Мо дар Қуръон чизеро фурў гузор накардем”. Ва боз фармуд: “Дар Қуръон ҳама чиз баён шудааст”.

Ва ёдовар шудем, ки баъзе Қуръон гувоҳи баъзеи дигар аст ва ҳеҷ ихтилофе дар он нест.

Пас Худои Субҳон фармуд: “Агар Қуръон аз тарафи ғайри Худованд нозил мешуд, ихтилофҳои бисёре дар он меёфтед”.

Ҳамоно Қуръон дорои зоҳире зебо ва ботине амиқ ва нопайдост ва матлабҳои шигифтангези он тамом намешавад ва асрори нуҳўфтаи он поён намепазирад ва торикиҳо бе Қуръон бар тараф нахоҳад шуд.

Тарҷ умаи Хутбаи-19

(Имом алайҳис-салом дар Кўфа дар соли 38-и ҳиҷрӣ суханронӣ мекард, Ашъас ибни Қайс ба яке аз матолиби он эътироз кард у гуфт: Ин сухан ба зиёни ту аст, на ба суди ту. Имом алайҳис-салом нигоҳи худро ба ў дўхту фармуд)

Гузаштаи таърихии сарзанишшудаи Ашъас ибни Қайс

Чӣ касе туро огаҳонид, ки чӣ чизе ба фоидаи ман ва чӣ чизе ба зиёни ман аст? Лаънати Худо ва лаънати лаънаткунандагон бар ту бод эй мутакаббири мутакаббирзода, [17] мунофиқ писари кофир! Савганд ба Худо ту як бор дар замони куфр ва бори дигар дар ҳукумати Ислом, асир шудӣ ва молу хешовандони ту дар ҳар ду мартаба натавонист ба фарёдат бирасад. Он касе, ки хешовандони худро ба дами шамшер биспорад ва маргу нобудиро ба сўи онҳо бикашонад, сазовор аст, ки хешовандони ў бар вай хашм гиранд ва бегонагон бар вай бовар надошта бошанд. (Яъне Ашъас ин корҳоро карда буд).

Тарҷ умаи Хутбаи-20

Сабабҳои пинҳон будани асрори пас аз марг

Он чиро, ки мурдагон диданд, агар шумо медидед, нош а кебо будед ва метарсидед ва мешунидед ва фармон мебурдед. Вале он чӣ онҳо мушоҳида карданд бар шумо пўшида аст ва наздик аст, ки пардаҳо фурў афтад. Гарчӣ ҳақиқатро ба шумо низ нишон додаанд, агар хуб бингаред ва нидои ҳақро ба шумо шунавонданд, агар хуб бишнавед! Ва шуморо ба роҳи рост ҳидоят карданд, агар ҳидоятро бипазиред! Рост мегўям, матолиби ибратангези панддиҳандаро ошкоро дидед ва аз ҳароми илоҳӣ манъ шудед ва пас аз фариштагони осмонӣ ҳеҷ касе ғайр аз инсон фармони Худовандро ба мардум намерасонад.

Тарҷ умаи Хутбаи-21

(Ин Хутба бахше аз хутбаи 167 аст, ки дар соли 35-и ҳиҷрӣ дар аввали хилофат эрод фармуд)

Роҳи растагорӣ

Қиёмат пеши рўи шумо ва марг дар п у шти сар, шуморо меронад. С абукбор шавед, то бирасед. Ҳамоно онҳое, ки рафтанд дар интизори расидани шумоянд.

Тарҷ умаи Хутбаи-22

(Дар соли 36-и ҳиҷрӣ пас аз бозгашти фиристодагони Имом алайҳис-салом аз назди Талҳа ва Зубайр дар сарзамини “Зи қор” ин суханрониро эрод фармуд)

Имом алайҳис-салом ва шиносондани Нокисини асҳоби Ҷ амал

Огоҳ бошед, ки шайтон ҳизбу ёронашро ҷ амъ карда ва сипоҳи худро аз ҳар тараф фароҳам овардааст, то бори дигар ситамро ба ҷои худ нишонад ва ботил ба ҷо й гоҳи худаш пойдор шавад.

Савганд ба Худо! Нокисин ҳеҷ гуноҳе аз ман суроғ надоранд ва инсофро байни ман ва худашон риоят накарданд! Онҳо ҳаққеро металабанд, ки худашон онро тарк карданд ва интиқоми хунеро мехоҳанд, ки худ онро рехтанд? Агар шарики онҳо будам, пас онҳо низ дар ин хунрезӣ саҳм доштанд ва агар танҳо худашон хуни Усмонро рехтанд, пас кайфар, махсуси онҳост ва муҳимтарин далели онҳо бар зиёни худашон аст.

Мехоҳанд аз пистони модаре шир биҷўшанд, ки хушк шуда, бидъатеро зинда мекунанд, ки муддатҳост мурда, ваҳ чӣ даъваткунандае?! [18] Ва чӣ қабул кунандагоне?! Ҳамоно ман ба китоби Худо ва фармонаш дар бораи Нокисин хушнудам. Аммо агар аз он рўй гардонанд бо шамшери тез ҷавоби онҳоро хоҳам дод, ки барои дармони ботил ва ёри кардани ҳақ кофист.

Шигифто! Аз ман хостанд, ки ман ба майдони ҷанг биёям ва дар баробари найзаҳои онҳо қарор гирам ва зарбатҳои шамшери онҳоро таҳаммул кунам! Гиря кунандагон бар онҳо бигирянд! То кунун касе маро аз ҷанг натарсонда ва аз зарбати шамшер наҳаросонда аст. М ан ба Парвардигори худ яқин дошта ва дар дини худ шакке надорам.

Тарҷ умаи Хутбаи-23

1-Муносибати неъматҳо бо тавонмандиҳои гуногун

Пас аз ситоиши Парвардигор, бидонед, ки тақдирҳои илоҳӣ монанди қатраҳои борон аз осмон ба сўи инсонҳо фурўд меояд ва баҳраи ҳар касе кам ё зиёд, ба ў мерасад. Пас агар яке аз шумо барои бародари худ бартарие аз мол ва ҳамсар ва нерўи баданӣ мушоҳида кунад, мабодо фиреб хўрад ва ҳасад барад, чун мусулмон (то вақте, ки даст ба амали пасте назада, ки аз ошкор шуданаш шарманда бошад ва мавриди сарзаниши мардуми паст қарор гирад) ба мусобиқа кунандае мемонад, ки дўст дорад дар ҳамон аввали мусобиқа пирўз шавад, то суде ба даст оварад ва зараре ба ў нарасад.

Ҳамчунин мусулмоне, ки аз хиёнат пок аст, интизор дорад яке аз ду хубӣ насиби ў шавад: Ё даъвати ҳақро лаббайк гуфта умри ў ба поён расад, “ки он чӣ назди Худост барои ў беҳтар аст” ва ё Худованд бар ў рўзии бисёр диҳад ва соҳиби ҳамсару фарзанд ва сарват шавад ва мисли гузашта дин ва шахсияти худашро нигаҳ дорад. Ҳамоно сарват ва фарзандон, ҳосили дунё ва аз байн рафтанӣ ва амали солеҳ зироати охират аст. Гарчӣ гоҳе Худованд ҳар дуи онро ба миллатҳое хоҳад бахшид. Аз Худо дар он чӣ эъ л оми хатар кардааст, битарсед! А з Худо он гуна битарсед, ки ниёзе ба узрхоҳӣ надошта бошед! Амали нек анҷом диҳед, бе он ки ба риё ва худнамоӣ гирифтор шавед, чун ҳар касе, коре барои ғайри Худо анҷом диҳад, Худо низ ўро ба ҳамон ғайри худаш вогузорад. Аз Худо дараҷоти шаҳидон ва зиндагонии саодатмандон ва ҳамнишинӣ бо паёмбаронро бихоҳед.

2-Зарурати ёрӣ ба хешовандон

Эй мардум, инсон ҳар миқдоре, ки сарватманд бошад, боз ҳам аз хешовандонаш бениёз нест, ки аз ў бо забону даст ҳимоят кунанд. Хешовандони инсон бузургтарин гурўҳе ҳастанд, ки аз ў ҳимоят мекунанд ва изтиробу нороҳатии ўро бар тараф мекунанд ва ба ҳангоми мусибатҳо нисбат ба ў меҳрабонтарини мардум ҳастанд.

Номи неке, ки Худованд аз шахсе дар миёни мардум ривоҷ диҳад, беҳтар аз меросе аст, ки дигарӣ бардорад. Огоҳ бошед, мабодо аз хешовандони фақири худ рўй гардонед ва аз онҳо чизеро дареғ бидоред, ки нигаҳ доштани моли дунё, зиёдӣ наоварад ва аз байн рафтанаш камбудӣ ба вуҷуд намеоварад. Он касе, ки дасти диҳандаи худро аз наздиконаш нигаҳ дорад, танҳо як дастро аз онҳо гирифта, вале дастҳои фаровонеро аз худ дур кардааст. В а касе, ки пару боли муҳаббатро бикушояд, дўстии хешовандонаш давом хоҳад дошт.

Тарҷ умаи Хутбаи-24

(Аз хутбаҳои Имом алайҳис-салом, ки дар шаҳри Кўфа эрод фармуд)

Зарурати омодагӣ барои ҷ иҳод

Савганд ба ҷони худам, дар мубориза бо мухолифони ҳақ ва касоне, ки дар гумроҳиву фасод ғутаваранд, як лаҳза мудоро ва сустӣ намекунам. Пас, эй бандагони Худо! Аз Худо битарсед ва аз Худо ба сўи худаш бигрезед ва аз роҳе, ки барои шумо кушода, биравед. Ва вазифоҳоеро, ки барои шумо таъйин карда ба по доред ва агар чунин бошед, Алӣ зомини пирўзии шумо дар оянда хоҳад буд, агар чӣ ҳамакнун онро ба даст наоваред.

Тарҷ умаи Хутбаи-25

(Ин хутбаро дар соли 40-и ҳиҷрӣ замоне эрод фармуд, ки хабарҳои паё-пайе аз шикисти ёрони Имом алайҳис-салом ба Кўфа мерасид ва Убайдуллоҳ ибни Аббос ва Саид ибни Намрон, фармондорони Имом дар Яман аз Буср ибни Артот шикаст хўрда ба Кўфа баргаштанд. Имом барои сарзаниши ёрон ба хотири сустӣ дар амри ҷиҳод ва мухолифат бо дастуроти раҳбарӣ, хутбаеро эрод фармуд, ки охирин суханронии он ҳазрат аст)

1-Сабабҳои шикастхўрдани миллатҳо (сабабҳои шикасти кўфиён ва пирўзии шомиён)

Акнун чизе ба ғайр аз шаҳри Кўфа дар дасти ман боқӣ намондааст, ки онро бикушоям ё бубандам. Эй Кўфа агар фақат ту барои ман бошӣ, он ҳам дар баробари он ҳама мусибатҳо ва тўфонҳо, чеҳраат зишт бод!. Онгоҳ бо шеъри шоире мисол овард: (Ба ҷони падарат эй Амр, ки саҳми каме аз зарфу паймона доштам).

Сипас идомад дод: Ба ман хабар расида, ки Бус р ибни Артот [19] ба Яман тасаллут ёфта аст . Савганд ба Худо медонистам, ки мардуми Шом ба зудӣ бар шумо ғалаба хоҳанд кард. Чун онҳо дар ёрӣ кардани ботили худ ваҳдат доранд ва шумо дар дифоъ аз ҳақ парокандаед! Шумо имоми худро дар ҳақ нофармонӣ карда ва онҳо имоми худро дар ботил фармонбадоранд!. Онҳо нисбат ба раҳбари худ амонатдор ва шумо хиёнаткоред. Онҳо дар шаҳрҳои худ ба ободонӣ машғуланд ва шумо ба фасоду харобӣ. Агар ман косаи ч ў бини обро ба яке аз шумоҳо амонат диҳам, метарсам, ки банди онро бидуздед.

2-Нафрин ба уммати хиёнаткор

Худоё ман ин мардумро бо панду ёдовариҳои бодавом монда кардам ва онҳо низ маро дармонда карданд.  Онҳо аз ман ба дод омаданд ва ман аз онон ба дод омадам у дил шикастаам. Ба ҷои онон афроди беҳтар ба ман марҳамат фармо ва ба ҷои ман бадтар аз маро бар онҳо мусаллат кун. Худоё дилҳои ононро , он чунон , ки намак дар об ҳ ал мешавад , об кун ! Ба Худо савганд, дўст доштам ба ҷои шумо кўфиён ҳазор савор аз Бани фарос ибни Ғанам [20] медоштам, ки: “Агар ононро мехондӣ савороне аз эшон назди ту меомаданд, мубориз ва тозанда монанди абри тобистонӣ”. Онгоҳ Имом аз минбар фурўд омад.

Тарҷ умаи Хутбаи-26

(Пас аз кушта шудани Муҳаммад ибни Абўбакр дар Миср дар соли-38 ҳиҷрӣ, Имом ин суханрониро дар Кўфа эрод кард, ки Саййид Разӣ қисматҳое аз онро овардааст)

1-Шинохти фарҳанги ҷ оҳилият

Худованд, Паёмбари Ислом ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва салламро ҳушдор диҳандаи ҷаҳониён мабъус фармуд, то амин ва посдори ваҳйи илоҳӣ бошад. Онгоҳ ки шумо миллати араб бадтарин динро дошта ва дар бадтарин хона зиндагӣ мекардед: Миёни ғорҳо, сангҳои хашан ва морҳои заҳрдори хатарноки ношунаво зиндагӣ мекардед ва обҳои олуда менўшидед ва ғазоҳои ногувор мехўрдед, хуни якдигарро ба ноҳақ мерехтед ва пайванди хешовандиро медаридед, бутҳо миёни шумо парастиш мешуд ва фасодҳо ва гуноҳон шуморо фаро гирифта буд.

2-Мазлумият ва танҳои и Али алайҳис-салом

Пас аз вафоти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва бевафоии ёрон ба атрофи худ нигоҳ карда, ёваре ҷуз Аҳли Байти худ надидам, ки агар маро ёри кунанд, кушта хоҳад шуд. Пас ба марги онон ризоят надодам. Чашми пур аз хор ва хошокро ночор бастам  ва бо гулуе, ки устухони шикаста дар он дармонда буд, шароби талхи ҳаводисро нўшидам ва хашми худро фурў  бурдам ва бар нўшидани ҷоми талхтар аз гиёҳи Ҳанзал, шакебоӣ намудам.

3-Муар рифии Амр и бни О с ва зарурати омодагии низом ӣ

Амр ибни Ос бо Муовия байъат накард, магар он ки шарт кард, то барои байъат баҳое (ҳукумати Мисрро) бигирад, ки дар ин муомилаи шум дасти фурўшанда ҳаргиз ба пирўзӣ нарасад ва сармояи харидор ба расвоӣ кашонда шавад. Эй мардуми Кўфа! Омодаи ҷанг шавед ва васоили ҷангро омода кунед, чун ки оташи ҷанг забона кашида ва шўълаҳои он боло гирифта аст. Сабру истиқоматро шиори худ созед, ки пирўзӣ меоварад.

Тарҷ умаи Хутбаи-27

(Вақте хабари ҳуҷуми сарбозони Муовия ба шарҳи Анбор дар соли 38-и ҳиҷрӣ ва сустии мардум ба Имом расонда шуд, фармуд)

1-Арзиши ҷ иҳод дар роҳи ҳақ

Пас аз ситоиши Парвардигор, ҷиҳод дар роҳи Худо даре аз дарҳои биҳишт аст, ки Худо онро ба рўи дўстони махсуси худ кушода аст.

Ҷ иҳод, либоси тақво ва зиреҳи маҳкам ва сипари м у тмаи н ни Худованд аст. Касе, ки ҷиҳодро нохушоянд дошта  ва тарк кунад, Худо либоси зиллату хорӣ бар ў мепўшонад ва гирифтори балову мусибат мешавад ва хурду залил мегардад, дили ў дар парда гумроҳӣ монда ва ҳақ аз ў рўй мегардонад. Ба сабаби тарки ҷиҳод ба хорӣ маҳкум ва аз адолат маҳрум аст.

2-Даъват ба мубориза ва сарзаниши нофармонии кўфиён

Огоҳ бошед! Ман шабу рўз, пинҳону ошкор шуморо ба мубориза бо шомиён даъват кардам ва гуфтам, пеш аз он ки онҳо бо шумо биҷанганд, шумо бо онҳо биҷангед. Ба Худо савганд ҳар миллате, ки даруни хонаи худ мавриди ҳамла қарор гирад, залил хоҳад шуд. Аммо шумо сустӣ кардед ва зиллату хориро пазируфтед, то он ҷо ки душман пай дар пай ба шумо ҳамла кард ва сарзаминҳои шуморо тасарруф намуд. Ва ин ки фармондеҳи Муовия (Суфён ибни Авф) ва лашкараш вориди шаҳри Анбор шуда ва фармондори ман Ҳассон ибни Ҳассони Бакриро кушта ва сарбозони шуморо аз он марз берун ронда аст.

Ба ман хабар расида, ки марде аз лашкари Шом ба хонаи зани мусулмон ва зани ғайри мусулмон, ки дар паноҳи ҳукумати исломӣ буда, ворид шуда ва дастбанду гарданбад ва гушвораҳои онҳоро ғорат карда, дар ҳоле ки ҳеҷ василае барои ҳимоят ғайр аз гиряву илтимос, надоштаанд.

Лашкариёни Шом бо ғанимати фаровон рафтанд, бе ин ки ҳатто як нафари онон захме бардорад ва ё қатраи хуне аз онҳо рехта шавад. Агар барои ин ҳодисаи талх, мусулмоне аз рўи таассуф бимирад, маломат нахоҳад шуд ва аз назари ман сазовор аст!.

Шигифто! Шигифто! Ба Худо савганд, ин воқеият қалби инсонро мемиронад  ва дучори ғаму андўҳ мекунад, ки шомиён дар ботили худ ваҳдат доранд ва шумо дар ҳаққи худ парокандаед. Зишт бод рўи шумо ва аз ғам роҳоӣ наёбед, ки омоҷи тири бало шудед!. Ба шумо ҳамла мекунанд ва шумо ҳамла намекунед?! Бо шумо меҷанганд, шумо намеҷангед?! Ин гуна Худо нофармонӣ ва маъсият мешавад ва шумо ризоят медиҳед?

Вақте дар тобистон фармони ҳаракат ба сўи душман медиҳам, мегўед: Ҳаво гарм аст, мўҳлат деҳ то сўзи гармӣ бигзарад ва он гоҳ, ки дар замистон фармони ҷанг медиҳам, мегўед: Ҳаво хеле хунук аст, бигзор хунукӣ биравад. Ҳамаи ин баҳонаҳо барои гурез аз гармиву хунукӣ буд? Вақте шумо аз гармӣ ва хунукӣ мегурезед ба Худо савганд, ки аз шамшер бештар гурезонед!.

3-Мазлумияти Имом алайҳис-салом ва сабабҳои шикасти кўфиён

Эй марднамоёни номард ! Эй кўдаксифатони бехабар, ки ақлҳои шумо ба арўсони парданишин монандӣ дорад! Чӣ қадар дўст доштам, ки шуморо ҳаргиз намедидам ва ҳаргиз намешинохтам!

Шиносоии шумо ба Худо қасам, ки ғайр аз пушаймонӣ ҳосиле надошт ва андўҳи ғамбор саранҷоми он шуд. Худо шуморо бикушад, ки дили ман аз дасти шумо пур аз хун ва синаам пур аз хашм аз шумост! Косаҳои ғаму андўҳро қатра-қатра ба ман нўшондед ва бо нофармонӣ ва зиллатпазирӣ раъю тадбири маро табоҳ кардед, то он ҷо ки қурайш дар ҳаққи ман гуфт: Бешак писари Абўтолиб марди шуҷоъ аст, вале дониши низомӣ надорад.

Худо падаронашонро музд диҳад. Оё яке аз онҳо таҷрибаҳои ҷангии сахт ва душвори маро дорад? Ё дар ҷанг тавонист аз ман пешӣ гирад? Ҳанўз бистсола набудам, ки дар майдони ҷанг ҳозир будам ҳоло, ки аз шастсол гузаштаам. А ммо дареғ, он касе, ки фармонашро иҷро накунанд, раъйе нахоҳад дошт.

Тарҷ умаи Хутбаи-28

(Ин хутбаро дар яке аз рўзҳои иди Фитр эрод фармуд)

Дунёшиносӣ

Пас аз ҳамду ситоиши илоҳӣ, ҳамоно дунё рўй гардонда ва рафтани худро эълом кардааст. О хират ба мо рўй оварда ва пешравони лашкараш намоён шуда. Огоҳ бошед! Имрўз рўзи тамрину омодагӣ ва фардо рўзи мусобиқа аст, подоши барандагон биҳишт ва кайфари ақиб мондагон оташ аст. Оё касе ҳаст, ки пеш аз марг аз хатоҳои худ тавба кунад? Оё касе ҳаст, ки пеш аз расидани рўзи душвори қиёмат, амалҳои хубе анҷом диҳад?.

Огоҳ бошед! Ҳамакнун дар рўзҳои орзуҳоед, ки маргро дар пай дорад. Пас, ҳар кас дар рўзҳои орзуҳо пеш аз расидани марг амали некў анҷом диҳад, баҳраманд хоҳад шуд ва марг ба ў зиёне намерасонад ва он касе, ки дар рўзҳои орзуҳо, пеш аз фаро расидани марг кўтоҳӣ кунад, зиёнкор ва марги ў зиёнбор аст. Ҳамон гуна, ки ба ҳангоми тарсу нороҳатӣ барои Худо амал мекунед, дар рўзгори хушӣ ва комёбӣ, низ амал кунед. Огоҳ бошед! Ҳаргиз чизе монанди биҳишт надидам, ки талабгорони он дар хоби ғафлат бошанд ва на чизе монанди оташи ҷаҳаннам, ки гурезандагони он, чунон дар хоби ғуфлат фурў рафта бошанд!. О гоҳ бошед! Он касеро, ки ҳақ фоида нарасонад, ботил ба ў зиён хоҳад расонд. Ва он касе, ки ҳидоят роҳнамои ў набошад, гумроҳӣ ўро ба ҳалокат хоҳад андохт. Огоҳ бошед! Ба рафтан фармон ёфтед ва барои ҷамъоварии тўшаи охират роҳнамоӣ шудед. Ҳ амоно ваҳшатноктарин чизе, ки бар шумо аз он метарсам, ҳавопарастӣ ва орз у ҳои дароз аст. Пас, аз ин дунё тўша бигиред , то фардо худро бо он ҳифз кунед.

Мегўяд: (Агар сухане бошад, ки мардумро ба сўи зўҳд бикашонад ва ба амали охират водор созад, ҳамин сухан аст, ки метавонад алоқаи инсонро аз орзуҳо қатъ ва ҷудо кунад ва нури бедорӣ ва танаффур аз корҳои зиштро дар қалби ў ба вуҷуд оварад ва аз  шигифтовартарин ҷумлаҳои он, ин аст, ки фармуд: Огоҳ бошед! Имрўз рўзи тамрину омодагӣ ва фардо рўзи мусобиқа аст, подоши барандагон биҳишт ва кайфари ақиб мондагон оташ аст. Чун бо ин ки дар ин сухан алфози баланд ва маъноҳои гаронқадр ва мисоли саҳеҳ ва ташбеҳи воқеӣ мебошад, сирри аҷиб ва маънои латифе дар он нуҳўфта аст ва он ҷумал “вас сабақатул ҷаннату вал ғоятун-нор” аст. Имом байни ин ду лафз «Ас-Сабақату” ва “Ал-Ғояту” ба хотири иўтилофи маъно ҷудоӣ афкандааст, нагуфта, ки “Ас-Сабақатун-нор” ва “Ас-Сабақатул ҷанна” гуфта аст, чун пешӣ гирифтан дар бораи чизи дўстдоштанӣ аст ва ин аз сифатҳои биҳишт аст ва ин маъно дар оташ, ки аз он ба Худо паноҳ мебарем, вуҷуд надорад. Имом ҷоиз надониста, ки бигўяд: Ас-Сабақатун-нор” балки фармуда аст “Ал-Ғоятун-нор”, чун маънои ғоят (поён) маънои васие аст, ки дар мавзўъҳои хурсандибахш ва ғайри хурсандибахш ба кор меравад ва дар ҳақиқат ҳам маънои “масир ва маол” аст, ки ба маънои маранҷом меояд, чунон, ки Худованд мефармояд: “Қул таматтаў фа инна масиракум иланнор” “Ба кофирон бигў, баҳра бигиред, ки саранҷоми шумо ба сўи оташ аст”. Дар ин хутба диққат кунед, ки ботини шигифтовар ва умқи зиёд дорад ва дигар суханони Имом алайҳис-салом низ чунин аст. Ва дар баъзе аз нусхаҳо ин хутба чунин омадааст: “Вас-Субқал ҷанна” (бо замми син) ва ин ба ҷоизае гуфта мешавад, ки ба барандагони мусобиқа дода мешавад, хоҳ ваҷҳи нақд бошад ё чизи дигар ва маънои ҳар ду калима ба ҳам наздик аст, чун подошро дар баробари кори нек мепардозанд на бад).

Тарҷ умаи Хутбаи-29

(Баъд аз он ки Заҳҳок ибни Қайс аз тарафи Муовия дар соли 38-и ҳиҷрӣ ба корвони ҳоҷиён ҳамла кард ва дороии онҳоро ғорат намуд, фармуд)

Сабабҳои шикасти кўфиён

Эй мардуми Кўфа! Баданҳои шумо дар паҳлўи ҳам, вале фикрҳо ва хостаҳои шумо пароканда аст. Суханони иддаоии шумо сангҳои сахтро мешиканад, вале рафтори сусти шумо душманонро умедвор мекунад. Дар хонаҳоятон, ки нишастаед иддаоҳо ва шиорҳои тунд сар медиҳед, вале дар рўзи ҷанг мегўед, эй ҷанг аз мо дур шав ва мегурезед. Он касе, ки аз шумо ёрӣ хоҳад, залилу хор аст ва қалби раҳокунандаи шумо осоиш надорад. Баҳонаҳои нобахирадона меоваред, ба монанди қарздорони мўҳлатталаб аз ман мўҳлат мехоҳед ва барои мубориза сустӣ мекунед.

Бидонед, ки ашхоси суст ва нотавон ҳаргиз наметавонанд зулму ситамро дур кунанд ва ҳақ ҷуз бо талошу кўшиш ба даст намеояд. Шумо, ки аз хонаи худ дифоъ намекунед, чӣ гуна аз хонаи дигарон дифоъ мекунед? В а бо кадом имом баъд аз ман ба мубориза хоҳед рафт?. Б а Худо савганд! Фиреб хўрда он касе аст, ки ба су х анони шумо мағрур ш авад. Касе ки ба умеди шумо ба сўи пирўзӣ равад бо кундтарин пайкор ба майдон омадааст ва касе, ки бихоҳад душманро ба василаи шумо ҳадаф қарор диҳад, бо тири шикаста, тирандозӣ кардааст!. Ба Худо савганд субҳ кардам дар ҳоле, ки гуфтори шуморо бовар надорам ва ба ёрии шумо умедвор нестам ва душманонро ба василаи шумо таҳдид намекунам. Р остӣ , ба шумо чӣ шуда? Дор у ятон чист?  Ва равиши дармонатон кадом аст? Мардуми Шом низ монанди шумо ҳастанд. Оё сазовор аст, ки шиор бидиҳеду амал накунед? Ва фаромўшкорӣ бе парҳезкорӣ дошта ва ба ғайри Худо умедвор бошед?.

Тарҷ умаи Хутбаи-30

(Баъд аз пахши шойиоти дахолати Имом алайҳис-салом дар қатли Усмон дар соли 35-и ҳиҷрӣ ин хутбаи ифшогаронаро эрод фармуд)

Ҷавоб ба шойиоти душман

Агар ба куштани ў (Усмон) дастур дода будам, кушанда будам ва агар аз куштани ў боз медоштам аз ёрони ў ба ҳисоб меомадам. Бо ин ҳама, касе, ки ўро ёрӣ кард, [21] наметавонад бигўяд, ки аз касоне, ки даст аз ёриаш бардоштанд, беҳтарам ва касоне, ки даст аз ёриаш бардоштанд, наметавонанд бигўянд: Ёваронаш аз мо беҳтаранд. Ман ҷараёни Усмонро бароятон хулоса мекунам: Усмон худкомагӣ ва бадкориро пеш гирифт ва шумо бетобӣ кардед ва аз ҳад гузарондед. Ва Худо дар худкомагӣ ва ситамкорӣ ва дар бетобиву тундравӣ ҳукме дорад, ки таҳаққуқ хоҳад ёфт [22]. (Ибни Абилҳадид мегўяд: Аз ин суханони Имом ба даст меояд, ки он ҳазрат на касеро ба куштани Усмон амр карда ва на касеро аз куштан манъ карда, пас куштани ўро аз умури мубоҳ медониста, ки на амр бар он мешавад ва на манъ мешавад). [23]

Тарҷ умаи Хутбаи-31

(Дар оғози ҷанги Ҷамал дар соли 36-и ҳиҷрӣ Ибни Аббосро бар панд додани ба назди Зубайр фиристод ва фармуд)

Равоншиносии Талҳа ва Зубайр

Бо Талҳа дидор накун, чун дар бархўрд бо Талҳа ўро монанди гови ваҳшӣ хоҳӣ ёфт, ки шохашро тобида ва омодаи ҷанг аст, савор бар маркаби саркаш мешавад ва мегўяд, ром аст. Балки бо Зубайр дидор кун, ки нармтар аст. Ба ў бигў, писари тағоят мегўяд: Дар Ҳиҷоз маро шинохтӣ ва дар Ироқ маро намешиносӣ?! Чӣ шуд, ки аз паймони худ боз гаштӣ?! (Ҷумлаи кўтоҳи “Фамо адо миммо бадо” барои аввалин бор аз Имом Алӣ алайҳис-салом шунида шуда ва пеш аз Имом аз касе нақл нашудааст).

Тарҷ умаи Хутбаи-32

(Дар соли 37-и ҳиҷрӣ дар масҷиди Кўфа дар шинохти мардум ва рўзгорони баъд аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ эрод фармуд)

1-Сайри баргашти уммати исломӣ

Эй мардум, дар рўзгори кинатўз ва пур аз носипосӣ ва куфрони неъматҳо, субҳ кардаем, ки некўкор, бадкор ҳисоб мешавад ва ситамгар бар зулму саркашии худ меафзояд. Н а аз он чӣ медонем баҳра мегирем ва на аз он чӣ намедонем. Ва на аз ҳодисаи муҳимме, то бар мо фурўд наояд метарсем!

2-Ақсоми мардум

(Равоншиносии иҷтимоии муслимин, пас аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва салам)

Дар ин рўзгорон мардум чаҳор гурўҳанд:

Гурўҳе агар даст ба фасод намезананд, барои ин аст, ки руҳашон нотавон ва шамшерашон кунд ва имконоти молӣ дар ихтиёр надоранд.

Гурўҳи дигар, онон ки шамшер кашида ва бадиҳову фасодашонро ошкор кардаанд,  лашкарҳои пиёдаву савораи худро гирд оварда ва худ омодаи куштори дигаронанд.

Динро барои ба даст овардани моли дунё табоҳ карданд, ки ё раис ва фармондеҳи гурўҳе шаванд ё ба минбаре боло рафта хутба бихонанд.

Чӣ бад тиҷорате, ки дунёро баҳои ҷон худ бидонӣ ва бо он чӣ ки дар назди Худост иваз намоӣ.

Гурўҳи дигар бо аъмоли охират, дунёро металабанд ва бо аъмоли дунё дар паи касби мақомҳои маънавии охират нестанд, худро кўчак ва мутавозеъ ҷилва медиҳанд.

Гомҳоро риёкоронаву кўтоҳ бар медоранд, домани худро ҷамъ карда, худро монанди мўъминони воқеӣ меороянд ва пўшиши илоҳиро василаи нифоқу дурўӣ ва дунё талабии худ қарор медиҳанд. Ва бархе дигар бо пасти ва зиллат ба сабаби набуди имконот аз ба даст овардани қудрат, маҳрум мондаанд, ки худро ба зевари қаноат ороста ва либоси зоҳидонро пўшидаанд. Инҳо ҳаргиз дар ҳеҷ замоне аз шабу рўз аз зоҳидони ростин набудаанд.

3-В асф и покон дар ҷ ом е аи масх шуда

Дар ин миён, гурўҳи андаке боқӣ мондаанд, ки ёди қиёмат чашмҳояшонро бар ҳамаи чиз фурў баста ва тарси растохез ашкҳояшонро ҷорӣ сохтааст, бархе аз онҳо аз ҷомеа ронда шуда ва танҳо зиндагӣ мекунанд ва бархе дигар тарсон ва саркўб шуда ё лаб фурў баста ва сукут ихтиёр кардаанд, баъзе мухлисона ҳамчунин мардумро ба сўи Худо даъват мекунанд  ва баъзеи дигар гирёну дардноканд, ки тақия ва хештандорӣ онҳоро аз чашми мардум андохтааст ва нотавонӣ вуҷудашонро фаро гирифта, ки гўё дар дарёи намак фурў рафтаанд, даҳанҳояшон маҷрўҳ аст. Он қадар насиҳат карданд, ки хаста шуданд. Аз бас саркўб шуданд, нотавонанд ва чандон, ки кушта доданд ангушт шуморанд.

4-Равиши бархўрд бо дунё

Эй мардум! Бояд дунёи ҳаром дар чашмонатон аз пари коҳи хушкида [24] ва туфолаҳои қайчӣ шудаи домдорон, беарзиштар бошад. Аз пешиниёни худ панд гиред, пеш аз он ки ояндагон аз шумо панд гиранд. Ин дунёи фосиди накўҳишшударо раҳо кунед, чун дунё муштоқони дилдодатар аз шуморо раҳо кард.

(Мегўям: Базе аз нодонон ин хутбаро ба Муовия нисбат додаанд, вале бидуни тардид ин хутба аз суханони Амирал-муъминин алайҳис-салом аст. “Тилло куҷо ва хок куҷо?! Оби гуворову ширин куҷо ва оби шўр куҷо?!” Далел бар ин матлаб  сухани “Умар ибни Баҳр, Ҷоҳиз аст, ки моҳир дар адаб ва наққоди бинои сухан мебошад. Ў ин хутбаро дар китоби “Ал-Баён ват-табйин” оварда ва гуфтааст: Онро ба Муовия нисбат додаанд. Сипас изофа карда, ки ин хутба ба сухани Имом ва ба равиши ў дар тақсими мардум монанд тар аст. Ва ўст, ки ба баёни ҳоли мардум, аз ғалаба, зиллат, тақия ва тарс воридтар аст, сипас мегўяд: “То акнун чӣ мавқеъ дидаем, ки Муовия дар яке аз суханонаш роҳи зўҳдро пеш гирад ва роҳу расми бандагони Худоро интихоб кунад?!” [25]

Тарҷ умаи Хутбаи-33

(Дар соли 36-ҳиҷрӣ  ба ҳангоми азимат ба шаҳри Басра барои ҷанг бо Нокисин дар сарзамини Зиқор фармуд) “Ибни Аббос мегўяд: Дар сарзамини “Зиқор” [26] хидмати Имом рафтам, ки дар ҳоли панба задани кафши худ буд, то маро дид фармуд: Қимати ин кафш чӣ қадар аст? Гуфтам арзише надорад. Фармуд: Ба Худо савганд ин кафши беарзиш назди ман аз ҳукумат бар шумо маҳбубтар аст, магар ин ки ҳаққеро бо он ба по дорам ё ботилеро бартараф намоям. Онгоҳ аз хайма берун омад ва барои мардум чунин хутба хонд”.

1-Осори беъсати Паёмбари Ислом

Ҳамоно Худованд, ҳангоме Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам – ро мабъус фармуд, ки ҳеҷ кас аз араб китоби осмонӣ надошт ва иддаои паёмбарӣ намекард. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам мардуми ҷоҳилиятро то ба ҷойгоҳи каромати инсонӣ пеш бурд ва ба растагорӣ расонд, ки сари найзаҳояшон кундӣ напазируфт ва пирўз шуданд ва ҷомеаи онон маҳкам шуд.

2-Вижагиҳои низомӣ ва ахлоқии Имом Ал ӣ алайҳис-салом

Ба Худо савганд! Ман аз пештозони лашкари Ислом будам, то он ҷо ки сафҳои куфр у ширк тор умор шуд. Ҳаргиз нотавон нашудам ва натарсидам, ҳамакнун низ ҳамон роҳро меравам ва пардаи ботилро мешикофам, то ҳақро аз паҳлўи он берун оварам.

3-Шиква аз фитнагирии қурайш.

Маро бо қурайш чӣ кор. Ба Худо савганд он рўз, ки кофир буданд, бо онҳо ҷангидам ва ҳамакнун, ки фиреб хўрдаанд бо онҳо мубориза мекунам. Дирўз бо онҳо зиндагӣ мекардам ва имрўз низ гирифтори онҳо мебошам. Ба Худо савганд! Қурайш аз мо интиқом намегиранд, ҷуз ба он хотир, ки Худованд моро аз миёни онон баргузид ва гиромӣ дошт. Мо ҳам ононро дар зиндагии худ пазируфтем, пас чунон будам, ки шоир гуфтааст:

“Ба ҷони худам савганд ҳар субҳ аз шири соф нўшидӣ. Ва саршир ва хурмои беҳаста хўрдӣ. Мо ин мақом ва аза м атро ба ту бахшид е м, дар ҳоле, ки баланд мартаба набудӣ. Ва дар атрофи ту бо саворони худ то субҳ нигаҳбонӣ намудем ва туро ҳифз кардем”

Тарҷ умаи Хутбаи-34

(Ин хутбаро пас аз шикаст шўришиёни Хавориҷ дар соли 38-и ҳиҷрӣ барои ҷамъ кардани мардум ба мубориза бо шомиён дар “Нухайлаи Кўфа” эрод фармуд)

1-Накўҳиш аз сустӣ ва нофармонии кўфиён

Нафрин бар шумо кўфиён! Ки аз фаровонии сарзаниши шумо монда шудам. Оё ба ҷои зиндагии ҷовидонаи қиёмат ба зиндагии зудгузари дунё ризоят додед? Ва ба ҷои иззату сарбаландӣ, бадбахтиву зиллатро интихоб кардед? Ҳар гоҳ шуморо ба ҷиҳод бо душманон даъват мекунам, ҷашмонатон аз тарс коса мегардад, гўё тарс аз марг, ақли шуморо рабуда ва монанди инсонҳои маст аз худ бегона шуда, ҳайрону саргардонед. Гўё ақлҳои худро аз даст дода ва дарк намекунед.

Ман дигар ҳеҷ гоҳ ба шумо итминон надорам ва шуморо пуштибони худ намепиндорам. Ш умо ёрони шарофатманд нестед, ки касе ба с ў и шумо даст дароз кунад. Ба шутурони бесоҳиб мемонед, ки ҳар гоҳ аз як тараф ҷамъоварӣ гардед аз сўи дигар пароканда мешавед.

2-Сабабҳои ақиб мондагии мардуми Кўфа

Ба Худо савганд, шумо бад василае барои афрухтани оташи ҷанг ҳастед, шуморо фиреб медиҳанд, аммо фиребдоданро намедонед, сарзамини шуморо паё-пай мегиранд ва шумо парво надоред. Чашми душман барои ҳамлаи шумо хоб надорад, вале шумо дар ғафлат ба сар мебаред. Ба Худо савганд, шикаст барои касоне аст, ки даст аз ёрии якдигар мекашанд. Савганд ба Худо, агар ҷанг сахт даргир шавад ва ҳарорату сўзиш, марги шуморо дар бар гирад, аз атрофи фарзанди Абўтолиб монанди ҷудо шудани сар аз тан, ҷудо ва пароканда мешавед. Ба Худо савганд! Он ки душманро бар ҷони худ мусаллат гардонад, то гўшташро бихўрад ва устухонашро бишканад ва пўсташро ҷудо созад, аҷзу нотавониаш бисёр бузург ва қалби ў бисёр кўчаку заъиф аст. Ту агар мехоҳӣ ин гуна бош, аммо ман ба Худо савганд, аз по нанишинам ва қабл аз он ки душман фурсат ёбад, бо шамшери об дида чунон зарбае бар пайкари ў ворид созам, ки резаҳои устухони сарашро пароканда кунад ва бозуҳову қадамҳояш ҷудо гардад ва аз он пас, Худо ҳар чӣ хоҳад анҷом диҳад.

3-Ҳуқуқи дутарафаи мардум ва раҳбарӣ

Эй мардум! Маро бар шумо ва шуморо бар ман ҳаққе воҷиб шудааст. Ҳаққи шумо бар ман, он ки аз хайрхоҳии шумо дареғ наварзам ва байтулмолро миёни шумо одилона тақсим кунам ва шуморо омўзиш диҳам, то бесаводу нодон набошед ва шуморо тарбият кунам, то роҳу расми зиндагиро бидонед. Ва аммо ҳаққи ман бар шумо ин аст, ки  бар байъати бо ман вафодор бошед ва ошкору пинҳон бароям хайрхоҳӣ кунед ва ҳар вақт шуморо хондам, иҷобат намоед ва агар фармон додам, итоат кунед.

Тарҷ умаи Хутбаи-35

(Пас аз хабардор шудан аз достони ҳакамият ва найранги Амр ибни Ос, ки Абўмўсоро фиреб дод ва шартҳое, ки барои ҳакамият қабул карданд, амалӣ нашуд, Имом алйҳис-салом ин хутбаро дар соли 38-и ҳиҷрӣ эрод фармуд)

1-Зарурати ситоиши Парвардигор

Худоро сипос, ҳар чанд, ки рўзгор душвориҳои фаровон ва ҳодисаҳои бузург ба вуҷуд оварад. Шаҳодат медиҳам, ки ғайр аз Худои ягона, худое нест ва ғайр аз ў маъбуде нест ва гувоҳӣ медиҳам, ки Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ банда ва фиристодаи ўст.

2-Сабабҳои шикасти кўфиён

Пас аз ҳамду ситоиши Худо, бидонед, ки нофармонӣ аз дастури насиҳаткунандаи меҳрубони доно ва бо таҷриба, сабаби ҳасрату саргардонӣ ва охираш пушаймонӣ аст. Ман назару дастури худро дар бораи ҳакамият бар шумо гуфтам ва назари холиси худро дар ихтиёри шумо гузоштам. Эй кош, ки аз Қусайр писари Саъд итоат мешуд [27], вале шумо ба монанди мухолифони ситамкор ва паймон шиканони нофармон аз қабул кардани он саркашӣ кардед, то он ҷо ки насиҳат кунанда дар панддодан ба шак афтод ва аз панд додан худдорӣ кард. Достони ман ва шумо монанди он аст, ки бародари “Ҳавозанӣ” суруда аст: “Дар сарзамини Мунъариҷ, дастури лозимро додам, аммо қабул накарданд, ки фардои он, ҷазои саркашии худро чашиданд [28].

Тарҷ умаи Хутбаи-36

(Барои ҳушдор ва Хавориҷи Наҳравон ва тазаккури иштибоҳоти онҳо, дар моҳи Сафари соли 38-и ҳиҷрӣ, фармуд)

Кўшиш дар ҳидояти душман

Шуморо аз он метарсонам! Мабодо субҳ кунед дар ҳоле, ки ҷанозаҳои шумо дар атрофи р ў д и Н аҳр а вон ва заминҳои паст у баланд и он афтода бошад, бе он ки бурҳон и равшане аз П арвардигор ва ҳуҷҷату далели қатъие дошта бошед. Аз хонаҳо овора гашта ва ба домҳои қазо гирифтор шуда бошед. Ман шуморо аз ин ҳакамият манъ кардам, вале бо сарсахтӣ мухолифат кардед, то ба дилхоҳи шумо кашонда шудам. Ш умо эй бехирадон! Эй нокасон у бепадарон, ман ки ин фоҷиаро ба бор наовардам ва ҳаргиз зарари шуморо нахостам!.

Тарҷ умаи Хутбаи-37

(Баъд аз фурў нишондани шўриши Наҳравон дар соли 38-и ҳиҷрӣ дар Кўфа эрод фармуд, ки монанди як суханронӣ аст)

1-Хусусиёт ва фазилатҳои Имом Алӣ алайҳис-салом

Онгоҳ ки ҳама аз тарс суст шуда худро канор кашиданд, ман ба по хестам ва он ҳангом, ки ҳама худро пинҳон карданд, ман ошкоро ба майдон омадам ва он замон, ки ҳама лаб фурў бастанд, ман сухан гуфтам ва он вақте, ки ҳама боз истоданд ман бо роҳнамоии нури Худо ба роҳ афтодам. Дар мақоми сухану шиор, садоям аз ҳама оҳистатар буд, аммо дар амал бартар ва пештоз будам. Зимоми умурро ба даст гирифтам ва пештар аз ҳама парвоз кардам ва подоши пешӣ дар фазилатҳоро бурдам. Монанди кўҳе, ки тундбодҳо онро ба ҳаракат намедароварад ва тўфонҳо онро аз ҷой намекад, касе наметавонист айбе дар ман биёбад ва суханчине ҷои айбҷўӣ дар ман намеёфт. Х ортарини афрод назди ман азиз аст, то ҳаққи ўро бар гардонам ва нерўманд назди ман паст ва нотавон аст, то ҳақро аз ў бозгирам.

2-Сабаби сукут ва канорагирӣ а з хилофат

Дар баробари хостаҳои Худо розӣ ва таслими фармони ў ҳастам. О ё гумон мекунед ман ба Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ дурўғеро раво дорам? Ба Худо савганд, ман аввалин касе ҳастам, ки ўро тасдиқ кардам ва ҳаргиз аввал касе нахоҳам буд, ки ўро такзиб кунам. Дар кори худ андешидам, дидам пеш аз байъат, паймони итоат ва пайравӣ аз суфориши Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳиро бар ўҳда дорам, ки аз ман барои дигарӣ паймон гирифт.

(Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ фармуд: Агар дар амри ҳукумат кор ба ҷангу хунрезӣ кашида шавад, сукут кун).

Тарҷ умаи Хутбаи-38

(Дар соли 37-и ҳиҷрӣ баъд аз ҷанги Сиффин ва моҷарои ҳакамият дар таърифи “шубҳа” фармуд)

Зарурати шинохти шубҳаҳо

Шубҳаро барои он шубҳа номиданд, ки ба ҳақ монандӣ дорад. Аммо нури ҳидояткунандаи дўстони Худо дар шубаҳот, яқин аст ва роҳнамои онҳо роҳи ҳидояти илоҳӣ аст. Аммо душманони Худо, даъваткунандаашон дар шубҳаҳо гумроҳӣ аст ва роҳнамои онҳо кўрӣ аст. Он касе, ки аз марг битарсад наҷот намеёбад ва он касе, ки зиндамонданро дўст дорад, барои ҳамеша дар дунё нахоҳад монд.

Тарҷ умаи Хутбаи-39

(Пас аз шунидани ҳуҷуми яке аз афсарони Муовия, Нўъмон ибни Башир ба “Айнут-тамр”, сарзамини ободи қисмати ғарбии Фурот ва кўтоҳии кўфиён, дар соли 39-и ҳирҷи дар Кўфа фармуд)

1-Сарзаниши кўфиён

Гирифтори касоне шудаам, ки вақте амр мекунам, фармон намебаранд ва вақте онҳоро фаро мехонам иҷобатам намекунанд. Эй мардум и беаслу реша! Дар ёрии Парвардигоратон барои чӣ дар интизоред? Оё дине н адоред, ки шуморо гирд оварад? Ва ё ғайрате, ки шуморо ба хашм водорад?

2-Сабаби шикаст ва нобудии кўфиён

Дар миёни шумо ба по хеста фарёд мекашам ва оҷизона аз шамо ёрӣ мехоҳам, аммо ба суханони ман гўш намедиҳед ва фармони маро итоат намекунед, то он ки паёмадҳои ногувор ошкор шуд, на бо шумо метавон интиқоми хунеро гирифт ва на бо кўмаки шумо метавон ба ҳадаф расид.

Шуморо ба ёрии бародаронатон мехонам, монанди шутуре, ки аз дард бинолад, нолаву фарёд мекашед ва ё ба монанди ҳайвоне, ки пушти он захм бошад, ҳаракате намекунед. Танҳо гурўҳи каме ба назди ман омаданд, ки онҳо низ нотавон ва музтариб буданд. “Гўё онҳоро ба сўи марг мекашонанд ва маргро бо чашмонашон менигаранд”.

Мегўям: (“Мутазоиб” яъне музтариб, аз тазоабатир-риҳ, яъне вазиши бод гуногун ва музтариб гашт ва зиъб (гург)-ро зиъб номиданд чун дар рафтан изтироб дорад)

Тарҷ умаи Хутбаи-40

(Онгоҳ ки шиори Хавориҷро шунид, ки мегўянд, ло ҳукма илло лиллоҳ дар соли 38-и ҳиҷрӣ дар масҷиди Кўфа фармуд)

Зарурати ҳукумат

Сухани ҳаққе аст, ки аз он иродаи ботил мешавад! Оре, дуруст аст, фармоне ба ғайр аз фармони Худо нест, вале инҳо мегўянд, зимомдорӣ ҷуз барои Худо нест. Дар ҳоле ки мардум бар раҳбаре хуб ё бад ниёзманданд, то мўъминон дар сояи ҳукумат ба кори хуб машғул ва кофирон ҳам баҳраманд шаванд ва мардум дар ҳукумат и собит зиндагӣ кунанд. Ба василаи ҳукумат байтулмол ҷамъоварӣ мешавад ва бо кўмаки он бо душманон метавон мубориза кард.

Роҳҳои амну амон ва ҳаққи заифон аз нерўмандон гирифта мешавад, некўкорон дар осоиш ва аз дасти бадкорон дар амон мебошанд. Дар баъзе ривоёт: “Аммо дар ҳукумати покон парҳезкор ба хубӣ адои вазифа мекунад, вале дар ҳукумати бадкорон, нопок аз он баҳраманд мешавад, то муддаташ тамом шавад ва маргаш бирасад.

Тарҷ умаи Хутбаи-41

(Баъд аз ҷанги Сиффин дар соли 37-и ҳиҷрӣ дар Кўфа эрод фармуд)

Парҳез аз ҳилаву найранг

Эй мардум! Вафо ҳамроҳи ростӣ аст, ки сипаре маҳкамтар ва нигаҳдортар аз он суроғ надорам. Он касе, ки аз бозгашти худ ба қиёмат огоҳ бошад, хиёнату найранг надорад. Аммо имрўз дар муҳиту замонае зиндагӣ мекунед, ки бештари мардум ҳилаву найрангро зиракӣ мепиндоранд ва инсонҳои ҷоҳил онҳоро аҳли тадбир мешуморанд.

Ч ӣ гуна фикр мекунанд? Худо бикушад онҳоро! Чӣ басо шахсе тамоми пешомадҳои ояндаро медонад ва роҳҳои макру ҳиларо мешиносад, вале амру наҳйи Парвардигор монеи ўст ва бо ин ки қудрати анҷоми онро дорад, онро ба равшанӣ раҳо месозад, аммо он касе, ки аз гуноҳу мухолифат бо дин парво надорад, аз фурсатҳо барои найрангбозӣ истифода мекунад.

Тарҷ умаи Хутбаи-42

(Баъд аз поёни ҷанги Ҷамал дар 12-уми Раҷаби соли 36-и ҳиҷрӣ И мом алайҳис-салом вориди Кўфа шуд, мардум ба истиқбол омаданд. Он ҳазрат вориди масҷиди ҷомеъ шуд, ду ракъат намоз хонд ва суханронии тўлоние эрод фармуд, ки бахше аз он ин хутба аст)

Парҳез аз орзуҳои тўлонӣ ва ҳавопараст ӣ

Эй мардум! Ҳамоно бар шумо аз ду чиз метарсам: Ҳавопарастӣ ва орзуҳои тўлонӣ. Аммо пайравӣ аз хостаҳои нафс, инсонро аз ҳақ боз медорад ва орзуҳои тўлонӣ охиратро аз ёд мебарад. Огоҳ бошед! Дунё ба шитоб пушт карда ва аз он ба ғайр аз боқимондаи каме аз зарфи обе, ки онро холӣ карда бошанд, намонда аст. Ба ҳўш бошед, ки охират ба сўи мо меояд, дунёву охират ҳар як фарзандоне доранд. Бикўшед аз фарзандони охират бошед, на дунё, чун дар рўзи қиёмат ҳар фарзанде ба сўи падару модари худ боз мегардад. Имрўз ҳангоми амал аст, на ҳисобрасӣ ва фардо рўзи ҳисобрасӣ аст, на амал.

Мегўям: (Ҳиззо ба маънои шитобон ва ҷиззо ба маънои бурида аз хубу бад, ки баъзеҳо нақл кардаанд.

Тарҷ умаи Хутбаи-43

(Вақте намояндаи худ Ҷарир ибни Абдуллоҳро дар соли 36-и ҳиҷрӣ ба сўи Муовия фиристод ва Муовия ҷавоби равшан намедод, ёрони Имом гуфтанд, василаҳои ҷангро омода кун, фармуд)

1-Воқеъ нигарӣ дар бархўрд бо душман

Омода шудани ман барои ҷанг бо шомиён дар ҳоле аст, ки Ҷарирро ба рисолат ба сўи онҳо фиристодаам , б астани роҳи сулҳ ва боз доштани шомиён, аз роҳи хайр аст, агар онро интихоб кунанд.

Ман муддати мондани Ҷарирро дар Шом муайян кардам, ки агар таъхир кунад ё фиребаш доданд ва ё аз итоати ман сар боз задааст. Ақидаи ман ин аст, ки сабр намуда бо онҳо мудоро кунед, агар чӣ монеи он нестам, ки худро барои ҷанг омода созед.

2-Зарурати ҷ иҳод бо шомиён

Ман борҳо ҷанг бо Муовияро баррасӣ кардам ва пушту рўи онро санҷидам, дидам роҳе ғайр аз ҷанг ё кофир шудан нисбат ба он чӣ Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ оварда боқӣ намонда аст, чун дар гузашта касе бар ман ҳукумат мекард, ки амалҳои ў (Усмон) ҳодисаҳое офарид ва сабаби гуфтугў ва сару садоҳои фаровоне шуд, мардум он гоҳ эътироз карданд ва тағйираш доданд.

Тарҷ умаи Хутбаи-44

(Дар соли 38-и ҳиҷрӣ яке аз фармондорони Имом алайҳис-салом ба номи Мусқала ибни Ҳубайра асирони Бани Ноҷияро аз фармондеҳи лашкари он ҳазрат хариду озод кард, аммо вақте аз ў ғаромат хостанд, ба тарафи Муовия гурехт)

Таассуф аз гурехтани Мусқала

Худо рўи Мусқаларо зишт гардонад, кори бузургворонро анҷом дод, вале худ ба монанди ғаломон гурехт. Ҳанўз саногў ба мадҳи ў бар нахеста буд, ки ўро сокит кард, ҳанўз сухани ситоишгари ў ба поён нарасида буд, ки онҳоро ба заҳмат андохт. Аммо агар мардона меистод, ҳамон миқдор, ки дошт аз ў мепазируфтем ва то ҳангоми қудрат ва тавоноӣ ба ў мўҳлат медодем.

Тарҷ умаи Хутбаи-45

(Қисмате аз суханронии тўлонии Имом алайҳис-салом , ки дар рўзи иди Фитр дар Кўфа эрод фармуд)

1-Зарурати ситоиши Парвардигор

Ситоиш Худовандеро шоиста аст, ки касе аз раҳмати ў ноумед нашавад ва аз неъматҳои фаровони ў берун натавон рафт. Худованде, ки аз омурзиши ў ҳеҷ гунаҳкоре ноумед нашавад ва аз парастиши ў набояд сарпечӣ кард. Худое, ки раҳматаш қатъ намешавад ва неъматҳои ў поён намепазирад.

2-Равиши бархўрд бо дунё

Дунё хонаи орзуҳое аст, ки зуд нобуд мешавад ва кўч кардан аз ватан ҳатмӣ аст. Дунё ширину хуш манзар аст, ки зуд ба сўи талабгораш меравад ва бинандаро мефиребад. Кўшиш кунед бо беҳтарин зоду тўша аз он кўч кунед ва беш аз он чӣ шуморо кифоят мекунад ва ниёзи шумост аз он нахоҳед ва бештар аз он чӣ ниёз доред, талаб накунед.

Тарҷ умаи Хутбаи-46

(Дар соли 37-и ҳиҷрӣ И мом алайҳис-салом ба сўи Шом сафарро оғоз кард, ин дуоро дар ҳоле ки по ба рикоби сафар гузошт матраҳ фармуд)

Дуои сафар

Худоё, аз сахтии сафар ва андўҳи бозгашт ва рў ба рў шудан бо манзараҳои ногувор дар хонавода ва молу фарзанд, ба ту паноҳ мебарам. Парвардигоро! Ту дар сафар ҳамроҳи мо ва дар ватан нисбат ба боз мондагони мо сарпарасту нигаҳбонӣ ва ҷамъ миёни ин дуро ҳеҷ кас, ғайр аз ту натавонад кард, чун он касе, ки сарпарасти бозмондагон аст, наметавонад ҳамроҳи мусофир бошад ва он касе, ки ҳамроҳу ҳамсафар аст, сарпарасти бозмондагони инсон наметавонад бошад. [29] (Чанд ҷумлаи аввали ин калом аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аст, ки Имом Алӣ алайҳис-салом онро бо иборатҳои расотар ба итмом расонд)

Тарҷ умаи Хутбаи-47

Дар бораи Кўфа

Хабар аз ояндаи Кўфа

Эй Кўфа! Туро менигарам, ки ба монанди чармҳои бозори Уккоз (яке аз бозорҳои араб дар ҷоҳилият) кашида мешавӣ ва зери пои ҳодисаҳо лагадкуб мешавӣ ва ҳодисаҳои фаровон туро дар бар мегирад. Ман ба хубӣ медонам, ки ситамгаре ба ту қасди бад намекунад, магар ин ки Худованд ўро ба балоҳое гирифтор мекунад ва ё кушандаеро ба ў мусаллат мегардонад.

Тарҷ умаи Хутбаи-48

(Ба ҳангоми ҳаракат барои ҷанг бо шомиён дар Нухайлаи Кўфа дар 25-уми Шавволи соли 37-и ҳиҷрӣ эрод фармуд)

Зарурати омодагии размӣ

Ситоиш шоистаи Худост, ҳар лаҳзае, ки шаб фаро расад ва пардаи торикӣ фурў афтад. Ситоиш махсуси Парвардигор аст, ҳар замоне, ки ситораҳо тулўъ ва ғуруб кунанд. Ситоиш Худовандеро сазост, ки неъматҳояш поён надорад ва бахшишҳои ўро наметавон ҷуброн кард. Пас аз ситоиши Парвардигор, пештозони лашкарро аз пеш фиристодам ва дастур додам дар канори Фурот бимонанд, то фармони ман ба онҳо бирасад, чун тасмим гирифтам аз оби Фурот бигзарам ва ба тарафи ҷамъияте аз шумо, ки дар атрофи даҷла сукунат ихтиёр кардаанд биравам ва онҳоро ҳамроҳи шумо ба ҳаракат дароварам ва аз онҳо барои кўмак барои тақвияти шумо ёрӣ талабам.

Мегўям: (Манзури Имом аз “Милтот» он ҷое аст, ки дастури таваққуф дод “канори Фурот”, ки ба канори Фурот ё дарё Милтот ҳам мегўянд. Ва Имом дар ин хутба аз оби Фурот ба нутфа таъбир карда, ки шигифт овар аст).

Тарҷ умаи Хутбаи-49

Худошиносӣ

Ситоиш Худовандеро сазост, ки аз асрори пинҳон огоҳ аст ва нишонаҳои ошкоре дар саросари ҷаҳон ба вуҷуди ў шаҳодат медиҳанд, (Худованд) ҳаргиз дар баробари чашми бинандагон зоҳир намешавад. На чашми касе, ки ўро намебинад, инкораш кунад ва на қалбе, ки ўро шинохт, метавонад мушоҳидааш кунад. Дар волоӣ ва бартарӣ бар ҳама пешӣ гирифта пас, аз ў чизе бартар нест ва он чунон ба махлуқот наздик аст, ки аз ў наздиктар чизе наметавонад бошад.

Мартабаи баланд, ўро аз махлуқоташ дур накарда ва наздикии ў бо махлуқоташ ўро бо чизе монанду баробар накарда аст. Ақлҳоро ба ҳақиқати зоти худ огоҳ накарда, вале аз маърифату шиносоии худ боз надошта аст. Пас ўст, ки ҳамаи нишонаҳои ҳастӣ бар вуҷуди ў гувоҳӣ медиҳанд ва дилҳои мункиронро бар иқрор ба вуҷудаш водошта аст. Худое, ки бартар аз гуфтори монандкунандагон ва пиндори мункирон аст.

Тарҷ умаи Хутбаи-50

(Баъд аз поёни ҷанги Сиффин ва моҷарои ҳакамият дар соли 38-и ҳиҷрӣ дар Кўфа эрод фармуд)

Сабаби пайдоиши фитнаҳо

Ба дурустӣ, ки оғози падид омадани фитнаҳо, ҳавопарастӣ ва бидъатгузорӣ дар аҳкоми осмонӣ аст. Навовариҳое, ки Қуръон бо он мухолиф аст ва гурўҳе бо ин ду гумроҳии ёд шуда, бар гурўҳи дигар султа ва вилоят ёбанд ва агар ботил бо ҳақ махлут намешуд ва толибони ҳақ махфӣ намемонд ва агар ҳақ аз ботил ҷудо ва холис мешуд, забони душманон қатъ мегардид ва танҳо онҳое, ки шомили лутфу раҳмати Парвардигор ҳастанд, наҷот хоҳанд ёфт.


[1] – Достони офариниши инсон ба гунаи мустақил ва ҳадафдор матраҳ шуда, ки такомул ва пайдоиши тадриҷӣ ва қонунмандро қабул дорад, аммо табаддули анвоъ ва назарияҳои “Дорвинизм” ва бозсозишудаи онро қабул надорад. Назарияҳое, ки имрўз ҳам аз дарсҳои донишгоҳҳои муҳимми дунё ҳазф шуда аст ва бо инқилобе, ки дар илми хромосома шиносӣ падид омада, бештар ба умқи сухани Имом алайҳис-салом ошно шудаанд).

[2] – Монанди ояти 15-и сураи Нисо “Занони бадкораро дар хонаҳо зиндонӣ кунед, то бимиранд” ин ҳукм бардошта шуда ва талоқу сангсор кардан ҷои онро гирифтааст.

[3] – Монанди дастури намоз ба сўи Байтулмуқаддас, ки баъдан ба сўи Каъба баргардонда шуд, сураи Бақара-144.

[4] -“Ибни Хашшоб мегўяд: Ба Худо қасам ин хутбаро дар китобҳое хондам, ки 200 сол пеш аз таваллуди Саййид Разӣ (ҷамъоварандаи Наҳҷ-ул-балоға) навишта шуда буд. Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға”-и Ибни Абил Ҳадид ҷ.1. с.206. Шарҳи ҳоли Ибни Хашшоб: Ў Абдуллоҳ ибни Аҳмад аст, ки Заҳабӣ дар бораи ў мегўяд: Ў адиб буд ва дар наҳв, луғат, шеър, ҳадис ва фароиз олим буд. Самаонӣ гуфта, ки дорои маърифати комил буд ва дар соли 567 дар гузаштааст. “Мухтасари Таърихи Ибни Дабисӣ”-и Заҳабӣ саҳ.209.р.756.

[5] -Манзури Имом Саъд ибни Абиваққос аст.

[6] -Абдураҳмон ибни Авф шавҳар хоҳари Усмон аст.

[7] – Талҳа ва Зубайр, ки мардумро барои ҷ анг бо Имом Алайҳис-салом ба Басра кашонданд.

[8] -Нокисин (асҳоби Ҷ амал) монанди: Талҳа ва Зубайр.

[9] -Мориқин (Хавориҷ) ба раҳбари Ҳурқус писари Зуҳайр, ки ба Зусадия машҳур буд ва ҷангӣ наҳравонро падид овард.

[10] -Қоситин, Муовия ва ёрони ў ки ҷангӣ Сиффинро бар Имом таҳмил карданд.

[11] -“Ин хутбаро дар китобҳои ҳадисӣ бо санадҳои саҳеҳ аз Имом Ҳусайн алайҳис-салом як нафар ва аз Ибни Аббос як чанд нафар ривоят кардаанд, ки ибораданд аз: Имоми Боқир алайҳис-салом ҳам аз Имом Ҳусайн ва ҳам аз Ибни Аббос, Алӣ ибни Абдуллоҳ писари Ибни Аббос, Ато ибни Абирубоҳ ва Акрама бо чандин санад ҳар кадом аз Ибни Аббос ривоят кардаанд: “Илал-уш-шароеъ”-и Шайх Садуқ ҷ.1.с.150, бо санади саҳеҳ. “Маон и -ул-ахбор”-и Садуқ саҳ.361, бо ду санади саҳеҳ. “Амолӣ”-и Шайх Тўсӣ саҳ.372, бо ду санад. “Ат-Тароиф”-и И б ни Товўс саҳ. 417-420, бо се санад. “Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға”-и Қутб уд дини Ровандӣ ҷ.1.с.131-133 бо санади саҳеҳ. Баҳор-ул-анвор ҷ.29. саҳ.497-505 бо як чанд санд  ин ҳадисро ривоят кардаанд.

[12] – И шора ба ҳадиси саҳеҳ аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам , ки фармуданд: Аҳли Байти ман байни шумо монанди киштии Нўҳ ҳастанд, ҳар бар он савор шуд наҷот ёфт ва ҳар ки аз он дурӣ ҷўст, ҳалок шуд)

[13] -З и мом дорие, ки Абусуфён ба он ҳазрат пешниҳод кард .

[14] -Чун Оиша бар шутуре ба номи Аскар савор буд, он ҷангро Ҷамал ( ш утур) номиданд .

[15] -Мунаҷҷимон бо расад кардан, дарёфтанд, ки дуртарин нуқтаи замин аз муаддал-ун-наҳор, минтақаи Убуллаҳ (маркази шаҳрии Басра) аст. Шарҳи Наҳҷ-ул-балрға”-и Ибни Абилҳадид ҷ.1.с.468.

[16] -Онҳое, ки пас аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ аз хонадони он ҳазрат ҷудо шуданд, ҳалолро ҳаром ва ҳаромро ҳалол мекарданд ва ба худ иҷоза медоданд, ки бо қиёс ва раъйи худ аҳкоми динро ба дилхоҳашон тағйир диҳанд. Фақат Умар дар ҳукумати даҳ солаи худ 94 ҳалолро ҳаром эълом кард ва дар бораи ҳаҷҷи таматтўъ ва мутъа гуфт: То дирўз он ду ҳалол буд ва ман имрўз онҳоро ҳаром эълом мекунам. Тафсири Фахри Розӣ аз уламои аҳли суннат ҷ.10.саҳ.54.

[17] – Сабаби бархўди тунди Имом алайҳис-салом ин буд, ки ҳар фитнае, ки дар ҳукумати Имом алайҳис-салом падид меомад, решаҳои он ба Ашъас бар мегашт. Ў кофире буд, ки баъд аз асорат ва таслими зоҳирӣ бо хоҳари Абўбакр “Умми Фарва” издивоҷ кард)

[18] -Даъваткунандагон Талҳа ва Зубайр ва Оиша мебошанд.

[19] -Буср аз фармондеҳони хунрези Муовия буд, ки ба касе раҳм намекард. Ба корвони ҳоҷиёни хонаи Худо ҳамла кард ва ҳар ҷо шиаёни Имом Алӣ алайҳис-саломро меёфт мекушт. Ба шаҳри Яман ҳамла кард ва кўдакони Ибни Аббосро сар бурид ва саранҷом девона шуду мурд.

[20] -Қабилаи Бани Фарос ба диловарӣ ва ҷуръат машҳур будаанд.

[21] -Он шахс Марвон аст, ки Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ўро аз Мадина ҳамроҳи падараш берун кард, вале Усмон ўро ба Мадина баргардонд ва домоди ў шуд ва дар гумроҳӣ ва кушта шудани Усмон нақш дошт.

[22] -Дар соли 35-и ҳиҷрӣ мухолифони Усмон ба якдигар нома навиштанд ва бар холи кардани Усмон аз мақоми хилофат тавофуқ карданд. Аз Миср ду ҳузор нафар бо сардории Абўҳарби Ғофиқӣ ва аз Кўфа ду ҳазор нафар ба раҳбарии Молики Аштар ва Зайд ибни Савҳон ва аз Басра гурўҳи зиёде бо раҳбарии Ҳирқис ибни Зуҳайр ба Мадина омаданд. Аввал дар атрофи шаҳр ҷамъ шуданд ва баъд дар масҷиди Мадина ва баъд хонаи Усмонро муҳосира карданд ва баъд аз дурўғгўӣ ва аҳдшикании Усмон ўро куштанд.

[23] -Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға”-и Ибни Абилҳадид ҷ.2.саҳ.128.

[24] – Қараз, дарахте аст, ки барги онро хушк карда бо он пўстро даббоғӣ мекарданд.

[25] -Ин сухани Ҷоҳизро дар “Эъҷоз-ул-Қуръон”-и Боқӣлонӣ саҳ.149 ва “Наҳҷ-ул-балоға” бо таҳқиқи Муҳаммад Абду ва “Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға”-и Ибни Абилҳадид ҷ.2.с.175 низ, метавон мулоҳиза кард).

[26] -Зиқор маҳалле аст дар наздикии шаҳри Басра миёни Кўфа ва Восит, ки дар  гузашта ҷанги мусулмонон бо Эрон низ, он ҷо сурат гирифт. Ибни Аббос мегўяд 15-рўз дар он ҷо мондем ва Имом ба мо хабар дод, ки аз Кўфа 6560 нафар ба кўмаки мо меоянд. Вақте сипоҳи Кўфа расид, онҳоро шумориш кардам дидам дуруст аст. Бе ихтиёр гуфтам “Худо бузург аст”, рост гуфт Худованд ва Расулаш “Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға”-и Ибни Абилҳадид ҷ 2.с.187”.

[27] – Зарбул масале аст, шахсе ба номи Қусайр писари Саъд аз мушовирони махсуси Ҷузайма буд ва ўро аз издивоҷ бо маликаи ҷазираи “Зебо” манъ кард, вале ба сухани вай гўш накард ва саранҷом бо дасти он зан кушта шуд, ки Қусайр баъд аз он мегуфт: Эй кош сухани маро гўш мекард. Таърихи Табарӣ.

[28] – Ин шеър аз “Дурайд ибни Самма аст, ки бародаре ба номи Абдуллоҳ дошт бо ду тоифа, дар гузаргоҳи пур печу хам ҷанг карданд ва ғаниматҳои фаровоне ба даст оварданд. Дурайд ба бародараш мегуфт: Зуд аз ин сарзамин биравем, чун тоифаи Ғатафон дар паи мост, вале бародараш қабул накард ва дар он ҷо монд, то он ки савораҳои ғатафонӣ ҳуҷум оварданд ва бародари Дурайд кушта шуд ва ў дар ҳоле, ки захмӣ буд бо таассуф шеъри болоро мехонд. Аз он баъд ҳар ҷо фурсатҳоро аз даст медоданд ин шеърро мехонданд.

[29] – Ҳарсама ибни Салим мегўяд: Дар сафари Шом ҳамроҳи Имом ба сарзамини Карбало расидем, намоз бо ҷамоат хонда шуд ва баъд аз намоз Имом алайҳис-салом миқдоре аз хоки Карбалоро бўиду фармуд:

  واها لك يا تربة لَيحشرن منك قوم يدخلون الجنة بغير حساب” (Оҳ эй замини Карбало! Мардоне аз ту рўзи қиёмат меоянд, ки бе ҳисобу китоб вориди биҳишт мешаванд). Баъд аз ҷанги Сиффин ин хабари ғайбии Имомро ба ҳамсарам Ҷурдоъ бо тааҷҷуб расондам, ў гуфт: Амиралмўминин ғайр аз ҳақ сухане намегўяд. Рўзгор сипари шуд, то лашкари ибни Зиёд ба тарафи Карбало мерафт ман ҳам бо онҳо ба Карбало расидам, ки сухани И мом ба ёдам омад. Зуд худро ба Имом Ҳусайн алайҳис-салом расонда ва хабари ғайбии Имом Алӣ алайҳис-саломро ба он ҳазрат гуфтам, фармуд: Ба ёрии мо омадӣ ва ё ба ҷанги бо мо? Гуфтам: Ҳеҷ кадом, фармуд: Пас дур шав, чун ҳар кас кушта шудани моро бингарад ва моро ёрӣ накунад дар ҷаҳаннам хоҳад буд. Шарҳи Наҳҷ-ул-балоғаи Ибни Абилҳадид ҷ.3.с.169. Ва Вақъатус-сиффин”-и Ибни Музоҳим саҳ.140, бо санади саҳеҳ.

Манбаъ:  Сомонаи  balaghah.net