Манобеи исломӣ

Забон
  1. Саҳифаи асосӣ

  2. Китоб

  3. Тафсири сураи Фуқон аз тафсири Намуна

Тафсири сураи Фуқон аз тафсири Намуна

Тафсири сураи Фуқон аз тафсири Намуна

  • Оятуллоҳ Носир Макорими Шерозӣ
download
Rate this post
Шарҳу таъриф Тахассусӣ Дидгоҳ

Мўҳтавои сураи Фурқон

Ин сура ба ҳукми он, ки аз сураҳои маккӣ аст[1] бештарин такяаш бар масъалаҳои марбут ба худошиносӣ, охиратшиносӣ ва баёни паёмбарии Паёмбар (с) ва мубориза бо ширку мушрикон ва бим додан аз оқибатҳои бади куфру бутпарастӣ ва гуноҳ аст.

Ин сура дар ҳақиқат аз се бахш ташкил мешавад:

Бахши аввал, ки оғози ин сураро ташкил медиҳад, тарз тафаккур мушриконро ба шиддат рад мекунад ва баҳонаҷўиҳои онҳоро баён карда ва посух мегўяд ва онҳоро аз азоби Худо ва ҳисоби қиёмат ва муҷозотҳои дардноки дўзах бим медиҳад ва дар идомаи он қисматҳое аз саргузашти қавмҳои пешинро, ки бар асари мухолифат бо даъвати паёмбарон гирифтори сахтарин балоҳо ва ҷазоҳо шуданд, ба унвони дарси ибрат барои ин мушрикони лаҷбоз (якрав) ва ҳақситез, баён мекунад.

Бахши дуввум барои комил кардани ин гуфтугў, далелҳои тавҳиду нишонаҳои азамати Худоро дар ҷаҳони офариниш аз равшаноии офтоб гирифта то зулмату торикии шаб ва вазиши бодҳо ва боридани борон ва зинда шудани заминҳои мурда ва офариниши осмонҳову заминҳо дар шаш даврон ва офариниши хуршеду моҳ ва гардиши муназзами онҳо дар бурҷҳои осмонӣ ва монанди он сухан мегўяд.

Дар ҳақиқат бахши аввал маънои “ло илоҳа” – ро равшан мекунад ва бахши дувум ”иллаллоҳ” – ро.

Бахши севвум хулосаи бисёр комилу ҷолибе аз сифоти мўъминони ростин (ибодур – раҳмон) ва бандагони холиси Худо аст, ки дар муқоиса бо кофирони мутаассибу баҳонагир ва олудае, ки дар бахши аввал баён шуда буданд, ҷойгоҳи ҳар ду гурўҳ комилан равшан мешавад. Чунон, ки хоҳем дид ин сифот маҷмўае аст аз эътиқодот, амали солеҳ, мубориза бо шаҳватҳо (хоҳишҳои нафсонӣ), доштани огоҳии комил ва пойбандиву эҳсоси вазифа дар баробари ҷомеа аст.

Ва номи ин сура аз ояти аввали он гирифта шуда, ки аз Қуръон таъбир ба “Фурқон” (ҷудо кунандаи ҳақ аз ботил) мекунад.



[1] Баъзе аз муфассирон бар ин бовар пофишорӣ доранд, ки се оят аз ин сура (68, 69, 70) дар Мадина нозил шудааст, шояд ба ин хотир бошад, ки дар ин чанд оят сухан аз аҳкоме монанди ҳаром будани қатли нафс ва зино омадааст, дар ҳоле, ки диққат дар оятҳои қабл ва бади он ба хубӣ нишон медиҳад, ки як риштаи комилан ба ҳам пайваста ва ҳамоҳанг дар атрофи бандагони хосси Худо (ибодур-раҳмон) ва хислатҳои ононро баён мекунад, бинобар ин зоҳиран ҳамаи ин сура дар Макка нозил шудааст.

  • Оятуллоҳ Носир Макорими Шерозӣ