Манобеи исломӣ

Забон
Шарҳу таъриф Тахассусӣ Дидгоҳ

Чаро зулм вуҷуд дорад?

 Савол: ассалому алайкум, номаи гиромӣ зиёрат шуд умедворам дар ин талоши илмӣ мувафақ бошед.

   Марқум дошта будед (дар дунёе, ки мо зиндагӣ мекунем зулм ҳама ҷоро фаро гирифта инсон ва ҳайвон ҳар қадаре, ки аз дасташ меояд мазлумро мекубад ва ё бидуни золим баъзеҳо мазлуманд маризии кӯдакон ва монанди он. Ҳайвонеро мебинем бидуни ҳеҷ гуна гуноҳе шикори ҳайвони қавитар аз худ шуда ва дар дасти он ба бадтарин шакле ҷон медиҳад).

   Ҷавоб: муқаддиматан ва пеш аз вуруд дар баҳст бояд таваҷҷӯҳ дошт, ки низоми офариниш бар асоси иллийяту маълулийят гузошта шуда ва ҷаҳони модда бо усули таквиние истиснонопазир идора мешавад на бо авотифу эҳсосот; масалан хоссийяти оташ, сузонидан аст домани паёбаре бошад ё либоси ситамгаре. Ҳайвоноти дарранда ва мурғҳои шикорӣ гуштхоранд, ки агар нахӯранд мемиранд ва ин ҳаққро ба таҷҳизоти бадании офариниш ба онҳо дода ва масъулийяте дар ин боб надоранд, чунон, ки инсон низ бо гушти ҳайвон тағзия мекунад ва виҷдонан масъулийяте ҳис намекунад.

  Бинобар ончи гузашт, зулм ( ба маънои таҷовуз ба ҳаққи ғайр ва ё табъиз дар иҷрои муқаррарот) дар хориҷ аз ҷомеаи инсонӣ вуҷуд надорад ва номулоимотеро, ки дар ҳодисаҳо мушоҳида мешавад набояд зулм номид, балки “шар” ҳастанд, ки нисбат ба иллати пайдоиши худ, “хайр” мебошанд ва нисбат ба мавриди амали шарру иллат,  назар ба иқтизои вуҷудии худ ҳаққи амалкард дорад. Бемории кӯдаки шашмоҳа зулм нест, балки шар ва маҳрумийяте аст, ки дар асари пайдоиши асбоби мараз ба вуҷуд омада аст. Номулоимӣ ва ногуворие, ки гурба дар чанголи саг мебинад шар аст на зулм ва дар йни ҳол худи гурба ҳамон равийяро дорад дар мавриди муш иҷро мекунад ва раво мебинад.

   Оре, навъи инсон, ки фаолийяти ҳаётии худро дар шуои хостаҳои нафсонӣ ва бар асоси авотифу эҳсосот ва аз маҷрои ихтиёр анҷом медиҳад дар асари ин ки дар зиндагӣ ниёзмандиҳои бешумор ва мутанаввеъ дорад ва ба танҳоӣ наметавонад зиндагӣ намояд, ногузир зиндагии иҷтимоиро ихтиёр намуда ва табъан барои истиқомати иҷтимоъи худ як силсила муқаррароти лозимур риояро пазируфта, ки ба мӯҷиби онҳо манофеи ҳар як аз  иҷзои иҷтимоъ тибқи вазни иҷтимоие, ки дорад ҳифз шуда ва ҳуқуқи лозимур риояе барои ӯ тасбит гардида, ки ҳифзи онҳо тибқи муқаррарот, лозим ва тааддии бар онҳо ва ибтоли онҳо мамнуъ мебошад. Ҳамин тааддӣ ва таҷовуз бар ҳуқуқи вазъӣ ва қарордодӣ аст, ки зулм номида шуда ва ҷурму ҷиноят шумурда мешавад ва муҳассали он ин аст, ки касе бидуни ин ки ҳаққе дошта бошад ба ҳаққи собити каси дигаре таҷовуз намуда ибтолаш кунад.

    Аз ин баён Равшан мешавад, зулм дар хориҷ аз муҳити иҷтимоии инсон, мисдоқ надорад ва дар ҳар ҳол золим бояд ҳаққи таҷовуз надошта бошад, бинобар ин, таъсироти ногувори иллатҳои таквиние, ки офариниш бо онҳо муҷаҳҳазашон карда ва ҳақ дод, шар аст на зулм ва ҳамчунин инсоне, ки барои дифоъ аз ҳаққи муҳимтаре, ҳаққи ғайри муҳимро ибтол кунад, шар аст на зулм ва ҳамчунин қисоси муодили зулм, ки аз золим гирифта шавад барои золим шар аст на зулм.

الشَّهْرُ الْحَرَامُ بِالشَّهْرِ الْحَرَامِ وَالْحُرُمَاتُ قِصَاصٌ فَمَنِ اعْتَدَى عَلَيْكُمْ فَاعْتَدُوا عَلَيْهِ بِمِثْلِ مَا اعْتَدَى عَلَيْكُمْ وَاتَّقُوا اللَّهَ وَاعْلَمُوا أَنَّ اللَّهَ مَعَ الْمُتَّقِينَ[1

   “Моҳи ҳаром дар баробари маҳи ҳаром. (Агар душманон эҳтирми онро шикастанд ва дар он бо шумо ҷангиданд, шумо низ ҳақ доред муқобила ба мисл кунед). Ва тамоми ҳаромҳо (қобили) қисос аст. Ва (ба таври куллӣ), ҳар кас ба шумо таҷовуз кард, монанди он бар ӯ таҷовуз кунед. Ва аз Худо бипарҳезед (ва зиёдаравӣ нанамоед). Ва бидонед, худо бо парҳезгорон аст.”

 

ва ҳамчунин аст навъи мусибатҳо ва ногувориҳо, ки ба Худои Мутаол нисбат дода мешавад, чунон, ки ишора хоҳад шуд.

   Марқум дошта будед: “оқое мегуфт: вақте ҳайвони кӯчаке тавассути ҳайвони бузургтаре хӯрда мешавад такомул пайдо мекунад (яъне гушти ҳайвони заиф, ҷузъи ҳайвони қавӣ шуда комилтар мешавад) гушти гӯрба ҷузъи гушти саг шудан чӣ такомуле аст?”.

   Ин баён, назаре аст фалсафӣ ва саҳеҳ ва аз фуруи назарийяи “ҳаракати ҷавҳарӣ” мебошад, вале чун фаннӣ аст ва доманадор, ироди он дар як нома  ва ду нома имконпазир нест.

Марқум дошта будед:”мегӯянд молики ҳама чиз Худост ва ҳама милки ӯст, худаш медонад, ман ҳам медонам худаш медонад, аммо масъала ин аст, ки қурони маҷид сароҳат дорад бар ин ки Худо аслан зулм намекунад”.

   Баёни саҳеҳи матлаб ин аст, ки дар ҷаҳони офариниш ҳар чи ҳаст ва ҳар камоле, ки фарз шавад, милки тилқи Худои офаридгор аст аз ҷузъӣ то  куллӣ атийя ва бахшиши ӯст бидуни ин ки мавҷуде аз роҳи истиҳқоқ, ҳаққе ба ӯҳдаи Худо дошта бошад, ки ӯро ногузир ба бахшиш ва атийя бинамояд ва на иллате метавон фарз кард, ки дар Худои Мутаол таъсир карда ӯро ночор ба феъл ё тарк кунад ва ҳар ҳаққе фарз шавад ҷоил ва молики ҳақиқии он Худост, дар ҳамин сурат ҳар мусибат ва ногуворие, ки аз ноҳияи Худои Мутаол ба махлуқе аз махлуқот бирасад, Худованд ҳаққи онро дорад ва он махлуқ дар он бора ҳаққе алайи Худои Мутаол надорад. “ва яфъалуллоҳу мо яшоу”[2]. Пас он амр усулан зулм нахоҳад буд на ин ки зулм аст ва аз Худо мазмум нест. Мунтаҳо, ин ки неъмат ва атийяи Худованӣ раҳмате аст, ки нозил мекунад  ва неқмату мусибат, нафиристодани раҳмат аст, ки амри адамӣ бошад, чунон, ки мефармояд:

 “.مَا يَفْتَحِ اللَّهُ لِلنَّاسِ مِنْ رَحْمَةٍ فَلَا مُمْسِكَ لَهَا وَمَا يُمْسِكْ فَلَا مُرْسِلَ لَهُ مِنْ بَعْدِهِ وَهُوَ الْعَزِيزُ الْحَكِيمُ[3

   “Ҳар раҳматеро Худо ба рўи мардум кушояд, касе наметавонад пеши онро бигирад ва ҳар чиро имсок кунад, касе ғайр аз Ў қодир ба фиристодани он нест. Ва Ў Азиз ва Ҳаким аст.”

 

    Оре, дар сурате, ки ба касе ҳаққе эъто фармояд ибтоли он ҳақ бидуни муҷаввиз, зулм аст ва Худованд аз муназзаҳ мебошад; чунон, ки масалан ба инсон ба унвони ҳадафи вуҷуди ҳастӣ, салоҳийяти саодат ва ваъдаи биҳишт бидиҳад баъд аз он беҷиҳат гирифтори азоби абадӣ кунад, зулм аст ва Худованд муназзаҳ аз он аст, балки инсон аст, ки нофармонӣ карда худро гирифтори азоби абадӣ мекунад, чунон, ки мефармояд:

 “.إِنَّ اللَّهَ لَا يَظْلِمُ النَّاسَ شَيْئًا وَلَكِنَّ النَّاسَ أَنْفُسَهُمْ يَظْلِمُونَ”[4

   “Худованд ба мардум ҳеҷ ситаме намекунад, вале ин мардуманд, ки ба худ ситам мекунад.

 

 ва мефармояд:

فَالْيَوْمَ لَا تُظْلَمُ نَفْسٌ شَيْئًا وَلَا تُجْزَوْنَ إِلَّا مَا كُنْتُمْ تَعْمَلُونَ.”[5

   “(Ва ба онҳо гуфта мешавад:) Имрўз ба ҳеҷ кас заррае ситам намешавад ва ҷуз он чиро амал мекардед, ҷазо дода намешавед.”

 

Марқум дошта будед:”ва боз мегӯянд худи мазлум тақсиркор аст, баччаи шашмоҳа чӣ тақсире матавонад дошта бошад? Ва агар падару модараш муқассир аст пас чаро ҷаримаашро  ин бачча пас диҳад? Ва агар дар қиёмат иваз дода хоҳад шуд оё барои он кабутар, ки шикор шуда иваз ҳам ҳаст?”.

    Нисбат додани тақсир ба баччаи шашмоҳа ё ба падараш далеле қобили таваҷҷӯҳ надорад, агар чи ба насси Қуръони карим дар ояти :

وَلْيَخْشَ الَّذِينَ لَوْ تَرَكُوا مِنْ خَلْفِهِمْ ذُرِّيَّةً ضِعَافًا خَافُوا عَلَيْهِمْ فَلْيَتَّقُوا اللَّهَ وَلْيَقُولُوا قَوْلًا سَدِيدًا[6

   “Касоне, ки агар фарзанди нотавоне аз худ ба ёдгор бигузоранд, аз ояндаи онҳо метарсанд, бояд (аз ситам дар бораи ятимони мардум), битарсанд! Аз (мухолифти) Худо бипарҳезанд ва сухани устуворе бигӯянд.”

Гоҳе зулми инсон ба фарзандони худаш мунъакис шуда дар эшон зуҳур мекунад, вале дар ин сурат гирифтории кӯдак ҳамон зулми падараш аст на ҷаримаи зулми падар. Ва аммо подоши ҳайвоноти гирифтор дар рӯзи ҷазо тибқи насси Қуръони карим барои ҳайвонот низ ҳаш аст.

 “.وَمَا مِنْ دَابَّةٍ فِي الْأَرْضِ وَلَا طَائِرٍ يَطِيرُ بِجَنَاحَيْهِ إِلَّا أُمَمٌ أَمْثَالُكُمْ مَا فَرَّطْنَا فِي الْكِتَابِ مِنْ شَيْءٍ ثُمَّ إِلَى رَبِّهِمْ يُحْشَرُونَ[7

   “Ҳеҷ ҷунбандае дар замин ва ҳеҷ паррандае, ки бо ду боли худ парвоз мекунад, нест, магар ин ки умматҳое монанди шумо ҳастанд. Мо ҳеҷ чизро дар ин китоб фурўгузор накардем, сипас ҳамагӣ ба сўи Парвардигорашон маҳшур мегарданд.”

 

 вале ҷараёни тафсилии ҳашри онҳо баён нашуда ва дар баъзе аз ахбор ҳаст, ки Худованд рӯзи  қиёмат аз ҳайвони шохдор қисоси ҳайвони бешохро мегирад. Ва аз, китобу суннат дар меояд, ки дар ҷаҳони офариниш ва низоме, ки дар он ҷорӣ аст воқеае бемаслиҳат нест хоҳ мо бидонем ё надонем.

Марқум дошта будед: “хулосаи арза банда ва нороҳатиам аз ин аст:

1- Дар дунё зулм ҳаст ва аксаран қисос ҳам намешаванд.

2-Мабодо ин кор дар охират низ бошад ва барои онҳо (хайвонон), ки мазлум мешаванд дар рӯзи ҷазо подоше набошад. Чаро зулм мешавад дар ҳоле, ки зулм аз аввал, кори ғалате аст”.

   Аммо ин ки фармудаед: “аксаран дар зулм қисос намешавад”, аксари он чи зулм номидаед, шар аст на зулм. ва қисос дар зулм аст на дар мутлақи шар ва дар мавриди шурур (шаррҳо) маслиҳатҳо ва ҳикматҳо аст, роҷеъ ба низоми офариниш умуман ё хусусан  ва дар мавориде, ки ҳақиқатан зулм аст ва ҳаққе поймол мешавад агар қисосе дар дунё ҳаст фабиҳо ва агар дар дунё нашуд тибқи ваъдаҳои сареҳи Худовандӣ дар охират хоҳад буд :

وَلَوْ أَنَّ قُرْآنًا سُيِّرَتْ بِهِ الْجِبَالُ أَوْ قُطِّعَتْ بِهِ الْأَرْضُ أَوْ كُلِّمَ بِهِ الْمَوْتَى بَلْ لِلَّهِ الْأَمْرُ جَمِيعًا أَفَلَمْ يَيْأَسِ الَّذِينَ آمَنُوا أَنْ لَوْ يَشَاءُ اللَّهُ لَهَدَى النَّاسَ جَمِيعًا وَلَا يَزَالُ الَّذِينَ كَفَرُوا تُصِيبُهُمْ بِمَا صَنَعُوا قَارِعَةٌ أَوْ تَحُلُّ قَرِيبًا مِنْ دَارِهِمْ حَتَّى يَأْتِيَ وَعْدُ اللَّهِ إِنَّ اللَّهَ لَا يُخْلِفُ الْمِيعَادَ[8

   “Агар ба василаи Қуръон, кўҳҳо ба ҳаракат дароянд ё заминҳо қитъа-қитъа шаванд ё ба василаи он бо мурдагон сухан гуфта шавад, (боз ҳам имон нахоҳанд овард). Вале ҳамаи корҳо дар ихтиёри Худост. Оё онҳо, ки имон овардаанд, намедонанд, ки агар Худо бихоҳад, ҳамаи мардумро (маҷбурӣ) ҳидоят мекунад?! (Аммо ҳидояти маҷбурӣ суде надорад). Ва пайваста балаҳои кўбандае бар кофирон, ба хотири аъмолашон ворид мешавад ва ё ба наздикии хонаи онҳо фуруд меояд, то ваъдаи (ниҳоии) Худо фаро расад. Ба яқин, Худованд дар ваъдаи худ тахаллуф намекунад.”

   Ва аммо ин ки барои ҳайвоноти мазлум дар рӯзи ҷазо подоше ҳаст ё на? Худованд охиратро

 “… مَالِكِ يَوْمِ الدِّينِ[9

  (Худованде, ки) Молики рӯзи ҷазост.

 

 ва рӯзи ҷазо номида ва ҳашри ҳайвонотро сариҳан тазаккур дода  ва лозимаи он подош мебошад, вале чигунагии ҳукмеро, ки  хоҳад фармуд барои мо баён нафармуда аст ҳамин қадар фармуда аст, ки

“..الْيَوْمَ تُجْزَى كُلُّ نَفْسٍ بِمَا كَسَبَتْ لَا ظُلْمَ الْيَوْمَ إِنَّ اللَّهَ سَرِيعُ الْحِسَابِ[10

   “Имрўз ҳар кас дар баробари коре, ки анҷом додааст, подош дода мешавад. Имрўз ҳеҷ зулме нест. Худованд сареул-ҳисоб аст.


[1] -Сураи Бақара, ояти 194.

[2] – Сураи Иброҳим, ояти 27.

[3] – Сураи Фотир, ояти 2.

[4] -Сураи Юнус, ояти 44.

[5] – Сураи Ёсин, ояти 54.

[6] – Сураи Нисо, ояти 9.

[7] – Сураи Анъом, ояти 38.

[8] -Сураи Раъд, ояти 31.

[9] -Сураи Ҳамд, ояти 4.

[10] – Сураи Ғофир, ояти 17.

Баргирифта аз китоби “Ислом ва инсони муосир “, навиштаи  Сайид Муҳаммад Ҳусайн Таботабоӣ

Баргардон: Муҳаммади Раҳимӣ