Манобеи исломӣ

Забон
  1. Саҳифаи асосӣ

  2. Китоб

  3. Ошноӣ бо раҳбарони салафӣ-ваҳҳобият

Ошноӣ бо раҳбарони салафӣ-ваҳҳобият

Ошноӣ бо раҳбарони салафӣ-ваҳҳобият

ИБИНИ ТАЙМИЯ_6

  • Косимов Илёс
  • 2008
  • Аввал
download
Rate this post
Шарҳу таъриф Тахассусӣ Дидгоҳ

Яке аз усуле, ки Ислом рӯи он таъкиди фаровон дорад, асли иттиҳод ва якпорчагии мусулмонон аст. Худованди Мутаол дар Қуръони Карим мефармояд:
يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُواْ اتَّقُواْ اللّهَ حَقَّ تُقَاتِهِ وَلاَ تَمُوتُنَّ إِلاَّ وَأَنتُم مُّسْلِمُونَ. وَاعْتَصِمُواْ بِحَبْلِ اللّهِ جَمِيعًا وَلاَ تَفَرَّقُواْ وَاذْكُرُواْ نِعْمَةَ اللّهِ عَلَيْكُمْ إِذْ كُنتُمْ أَعْدَاء فَأَلَّفَ بَيْنَ قُلُوبِكُمْ فَأَصْبَحْتُم بِنِعْمَتِهِ إِخْوَانًا وَكُنتُمْ عَلَىَ شَفَا حُفْرَةٍ مِّنَ النَّارِ فَأَنقَذَكُم مِّنْهَا كَذَلِكَ يُبَيِّنُ اللّهُ لَكُمْ آيَاتِهِ لَعَلَّكُمْ تَهْتَدُونَ.
“Эй касоне, ки имон овардаед! Аз Худованд ба ҳақ битарсед ва ҷуз мусулмон намиред. Ва ҳамагӣ бо ҳам ба ресмони Худо чанг зада ва пароканда нашавед. Ҳамеша он неъмати Худо бароятонро ба ёд дошта бошед, ки вақте бо ҳам душман будед, Худо байни қалбҳоятон улфат ва ҳамдилӣ эҷод намуд ва он гоҳ ба неъмати ӯ бародароне гардидед. (Фаромӯш накунед, ки) шумо (қабл аз ин) наздик бар партгоҳи оташ қарор доштед ва он гоҳ ин Худо буд, ки шуморо наҷот бахшид. Худо ҳамин гуна бароятон нишонаҳояшро равшан мекунад, ки шояд ҳидоят ёбед!” (Сураи Оли Имрон, оятҳои 102 ва 103).
Боризтарин шакли якдастӣ ва якпорчагии мусулмононро метавон дар нахустин ҷомеаи исломӣ дар Мадинаи Мунаввара, ки ба дасти мубораки Паёмбари Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ поягузорӣ гардид, мушоҳида намуд. Дар он ҷомеа ҷоиз набуд ҳеҷ мусулмоне ба ҷону моли бародари мусулмони дигараш беҳақ таҷовуз намояд. Аслан бар асоси таълимоти Ислом мол, номус ва ҷони ҳар мусулмоне бар мусулмонони дигар мӯҳтарам аст. Дар ривояти саҳеҳе Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ фармудаанд:
كل المسلم على المسلم حرام ماله وعرضه ودمه حسب امرئ من الشر أن يحقر أخاه المسلم.
“Тамоми вуҷуди ҳар мусулмоне бар мусулмони дигар ҳаром аст: молаш, номусаш ва рехтани хунаш. Аз бУдай барои ҳар марде ҳамин кофист, ки бародари мусулмонашро таҳқир намояд”.
Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) фармудаанд:
قال رسول الله صلى الله عليه (وآله) وسلم امرت ان اقاتل الناس حتى يقولوا لا له الا الله فمن قال لا اله الا الله فقد عصم منى نفسه وماله الا بحقه وحسابه على الله رواه عمر وابن عمر عن النبي صلى الله عليه (وآله) وسلم.
“Маъмур ҳастам бо мардум биҷангам, то ин ки “Ло илоҳа иллаллоҳ” бигӯянд. Пас, ҳар ки “Ло илоҳа иллаллоҳ” гуфт, ҷону молаш аз ман дар амон аст ва ҳисобаш бо Худост”.
Бухорӣ баъд аз ривояти ин ҳадис аз Абӯҳурайра, мегӯяд: “Ин ҳадис аз Умар ва Ибни Умар низ ривоят шудааст” ва Ҳайсамӣ ин ҳадисро аз Ибни Аббос, Абўбакр, Саҳл ибни Саъд, Анас, Самура, Ҷарир, Абўмолик, Ибни Масъуд ва Нўъмон ибни Башир ривоят кардааст.
Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ фармудаанд:
“ايما رجل مسلم کفر رجلا مسلما فان کان کافرا والا هو الکافر”.
“Ҳар марди мусулмоне, ки мусулмони дигареро кофир бихонад, агар кофир бошад, мушкиле надорад, вагарна худаш кофир аст”.   (Санади ин ҳадис саҳеҳ аст).
Боз дар ҳадиси дигаре Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ фармудаанд:
اذا قال الرجل لاخيه يا كافر وهو كقتله.
“Ҳар гоҳ марде ба бародараш бигӯяд, ки: “Эй кофир!” монанди ин аст, ки ӯро кушта бошад”.
Ҳайсамӣ санади ин ҳадисро саҳеҳ дониста ва ин ҳадис аз Собит ибни Заҳҳок низ ривоят шудааст.
Самароти ҳамин гуна таълимоти олии Ислом буд, ки бародарӣ, ҳамдилӣ ва якпорчагие, ки дар миёни афроди он ҷомеа вуҷуд дошт, дар миёни ҳеҷ қавми дигаре дида намешуд. Ҳатто баъд аз реҳлати Паёмбари Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ҳарчанд миёни саҳоба ихтилофҳое ба сабаби амри хилофат ва ҷонишинии Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ бапо хест, вале ҳаргиз дида нашуд, ки ин ихтилофот ба ҷое расида бошад, ки мусулмонон якдигарро аз дин хориҷгардида ва ё кофиру мушрик бихонанд. Оре, дар замони хилофати ҳазрати Алӣ гурӯҳе ба номи Хавориҷ бар асари каҷфаҳмиашон, ба ҷуз худашон ҳамаро кофир донистанд. Аммо ҳазрати Алӣ эшонро бо вуҷуди чунин афкор ва ақоиди ботил, ҳаргиз ба кофирӣ нисбат надоданд. Ва биҳамдиллоҳ зуд решаи Хавориҷ аз бех бурида шуда ва ба ҷуз андак, касе аз онҳо боқӣ намонд.
Ҳатто баъд аз ба вуҷуд омадани мазҳабҳои мухталиф дар ҷомеаи исломӣ, ҳарчанд миёни пайравони ин мазоҳиб ихтилофоте (чӣ дар усул ва чӣ дар фурӯи дин) вуҷуд дошт, вале дида нашуда, ки пайрави яке аз он мазоҳиб пайрави мазҳаби дигареро кофир ва аз дин хориҷгардида эълон намояд. Оре, касоне ва гурӯҳҳое пайдо мешуданд, ки ғайри худашонро аз дин беруншуда медонистанд, вале адади чунин афроде, нисбат ба ҷумҳури мусулмонон хеле андак ва ночиз буд.
Ва чунин нисбат надодан (яъне нисбати куфр надодан бар якдигар) ба хотири он буд, ки дар гӯши ҳамаи мусулмонон ин фармудаи машҳури Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ, ки:
من قال لا اله إلا الله فقد عصم نفسه وماله
“Ҳар касе, ки бигӯяд: “Ло илоҳа иллаллоҳ” (Маъбуде ҷуз Худо нест), ба дурустӣ ҷону молашро (аз поймол ва рехта шудан) нигаҳ доштааст” , танин мезад.
Садҳо сол мусулмонон ҳамин гуна бо ҳам зиндагии мусолиматомез доштанд, ки баногаҳ дар диёрӣ  Шом шахсе ба номи Ибни Таймия, ки иддаои илму маърифат ҳам дошт, зуҳур карда ва як дафъа ҳар мусулмонеро, ки мӯътақид ба ақоиде, ки ӯ дорад набошад, ба гумроҳӣ ва бидъат, кофиру мушрик будан муттаҳам карда ва хуну молашро мубоҳ эълон намуд. Ва аз ҳамон рӯзҳои нахустини зуҳури ин мард, уламо ва донишмандони замонаш ба мухолифати ӯ бархоста ва ақоид ва афкори беасоси ӯро бармало карданд ва дере напоид, ки сару садои ин мард хомӯш гардид.
То ин ки тақрибан сесад сол пеш дар сарзамини Арабистон, дар он ҳангом ки сарзамини мусулмонон пора пора гардида ва мавриди тӯъмаи бегонагон қарор дошт, марде ба номи Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб зуҳур карда ва аз нав афкор ва ақоиди мурдарафтаи Ибни Таймияро зинда намуд. Ў низ ба монанди Ибни Таймия ҳар мусулмонеро, ки мухолифи ақоиди ӯ бошад, мушрик ва кофир эълон намуд. Аммо ин дафъа сарнавишти Ибни Абдулваҳҳоб мисли Ибни Таймия нашуд, ки бо мурда рафтанаш, афкор ва ақоидаш низ аз байн биравад. Балки барои Ибни Абдулваҳҳоб чунин фурсате фароҳам омад, ки баъзе аз амирони қабоили арабӣ (Оли Сауд), ки ба дунболи пирӯзиҳои сиёсӣ ва сайтара бар сарзамини Арабистон буданд, ҳамфикр ва ҳамраъйи Ибни Абулваҳҳоб шуда ва барояш пешниҳоди ҳамкорӣ дар густаронидани ақоидаш намуданд. Он гоҳ бо гушоиш ёфтани кори Оли Сауд, ақоид ва афкори Ибни Абдулваҳҳоб ҳам бо зӯри шамшер шурӯъ ба густариш ёфт. ва зидди мусаломнон бархостанд ва мухолифони худоро ҳмаро мушрику кофир хонданд ва имрузоҳо ҳам  бар табли тафриқа мезаннад ва иттиҳоди мусалмонон ро аз ҳам пошидананд !
Чолибтар аз инҳо ин аст ки бо яҳуду ғарб дуст ва бародар тар ҳастнд то бо худи мусаломнон!!

Ин китоб ба эътиқодоти имоми ваҳобиҳо ибни Таймя ва мавзиъгири уламо дар муқобили ӯро баён нмуда аст .

  • Косимов Илёс
  • 2008
  • Аввал