Манобеи исломӣ

Забон
  1. Саҳифаи асосӣ

  2. Китоб

  3. Офтоби вилоят

Офтоби вилоят

Офтоби вилоят

ОФТОБИ-ВИЛОЯТ-_3

  • Муҳаммадтақӣ Мисбоҳи Яздӣ
download
Rate this post
Шарҳу таъриф Тахассусӣ Дидгоҳ

 Имоми Замон 

Пешгуфтор

Ҷунбиши аввал, ки қалам баргирифт,

Ҳарфи нахустин зи сухан даргирифт.

Пардаи хилват чу барандохтанд,

Ҷалвати аввал ба сухан сохтанд.[1]

Сухан ягона риштаи пайванди мо, заминиён, бо осмон ва осмониён аст. Сухан аз дурахшонтарин ситораи ҷамъи Имомон, зеботарини оламиён дар ин асру замон ва товуси маҳфили биҳиштиён аст. Сухан аз вопасин абармарди осмонӣ ва фарҷомиёни захираи илоҳӣ, он Имоми ягона, меросдори хунии ҷовидона ва соҳиби интиқоми қотеона аст. Сухан аз усораи анбиё ва хулосаи авсиё, он гулчеҳраи хушманзар, пури[2] Заҳрою Ҳайдар ва он Имоми ғарибу мунтазар[3] аст. Сухан аз озарахши[4] қаҳри илоҳӣ аз осмони хашми кибриёӣ, меросдори даъвати набавӣ, савлати ҳайдарӣ, исмати фотимӣ, ҳилми ҳасанӣ, шуҷоати ҳусейнӣ, ибодати саҷҷодӣ, улуми боқирӣ, осори ҷаъфарӣ, асрори козимӣ, ҳуҷҷатҳои разавӣ, ҷуди[5] тақавӣ, таҳорати нақавӣ, ҳайбати аскарӣ ва соҳиби ғайбати илоҳӣ, мавлоно Соҳибул-асри ваз-замон (арвоҳуно фидоҳ) аст.

Сухан аз ўст, ки парвардигори ҷаҳониён аз ҷумлаи одамиён бар сарсупорӣ ба вилояташ, дар пагоҳи азал дар олами зар, мисоқи мустаҳкам ситонидааст:

أَلسَّلامُ عَلَيکَ يَا مِيثَاقَ اللهِ الَّذی أَخَذَهُ وَ وَکَّدَهُ.

 «Салом бар ту эй мисоқи илоҳӣ, ки Худо онро қатъӣ гардонида ва маҳкаму устувор сохтааст». Сухан аз ў, ки  ҳатто Раҳматал-лил-оламин, аз ҷониби Раббил-оламин, ба ишқварзӣ ба даргоҳи поки ў ва муҳиббонаш маъмур шудааст:

يا مُحَمَّد! احْبِبْهُ فإنِّی أحِبُّه و أُحبُّ مَن يُحِبّه.

«Эй Муҳамад! Ўро дўст бидор; ҳамоно ки ман ў ва дўстдоронашро дўст медорам».

Ҳамоне, ки ёварон ва пайравони мухлиси ў, маҳбубон, рафиқон ва бародарони Паёмбари раҳмат ва чакидаи олами хилқатанд:

أولئِکَ رُفَقَائِي وَ ذَوُوا وُدِّی وَ مَوَدَتِّي وَ أکرم اُمَّتِي عَلیَّ.

 «Онҳо дўстон ва маҳбубони ман ва гиромитарин мардум назди мананд».[6]

Ҳамоне, ки Алии Муртазо (алайҳис-салом) орзуманди хидматгузории ўст:

شَوْقاً الی رُوْيَتِه.

«Оҳ, чӣ қадар муштоқи дидори ў ҳастам!»[7]

وَ يَا شَوقًا إلی رُوْيَتَهَمْ فِی حَالِ ظُُهُورِ دَوْلَتِهِم.

 «Оҳ, чӣ қадар муштоқи дидорашон дар замони зуҳури давлаташон ҳастам!»[8]

Ҳамоне, ки имом Ҳусейн (алайҳис-салом) орзуманди хидматгузории ўст:

لَوْ أدْرَکتُهُ لَخَدَمْتُهُ اَيّام حَياتِی.

«Агар ўро дарк кунам, тамоми айёми умрамро ба ў хидмат хоҳам кард!»[9]

Ҳамоне, ки Имом Саҷҷод (алайҳис-салом) тавфиқи сарпарастӣ, муҳаббат, итоат ва ризояти ўро аз Худованд металабад ва шаҳодат дар пешгоҳи ўро орзу мекунад:

وَاجْعَلْنِی مِنْ خِيار مَوَاليه و شِيعتِهِ اَشَدِّهِم لَه حبًّا و اَطْوَعِهِم لَهُ طَوْعًا و انْفَذِهِم لِأَمره  و أسرِعِهِمْ  إلی مَرْضَاتِهِ وَ أقبلهم لِقَوْمِهِ وَ أقومِهم بِأَمرِه وَارِزُقنِی الشَّهَادَة بينَ يَديهِ حتَّی أَلقَاکَ وَ اَنْتَ عَنِّی رَاضٍ.

 «Ва маро аз беҳтарини  вилоятпазирон ва пайравони ў қарор деҳ ва дар шумораи дўстдортарин ва фармонбардортарин ва пазиротарини эшон ворид гардон ва барои касби ризояташ, кўшотарин ва дар муқобили гуфтораш,  қабулкунандатарин ва дар фармонҳояш,  устувортарини  пайравонаш қарор деҳ ва шаҳодат дар рикоби ҳазратро  рўзиям фармо то туро дар ҳоле мулоқот кунам, ки аз ман розӣ бошӣ».

Ҳамоне, ки Имом Муҳамади Боқир  (алайҳис-салом) падар ва модари хешро ҷонфидои ў мехонад:

بِأَبِی أنتَ وَ اُمِّی… السَّابِعُ مِنْ بَعدِی.

 «Падар ва модарам ба фидои касе, ки ҳафтумин Имом пас аз ман аст».[10]

Ҳамоне ки Имом Содиқ (алайҳис-салом) аз дуриаш ҳамчун модари доғдида мегиряд ва ин гуна месарояд:

سَيَّدِی! غَيبَتُکَ نَفَتْ رُقادِی و ضِيقتْ علی مِهَادِی وَ أبْتَزَّت مِنِّی راحة فؤادیِ.

«Эй мавлои ман! Ғайбати ту оромишро аз ман дур кардааст, хобу истироҳатро бар ман душвор сохта ва осоишро аз қалби ман бурдааст».[11]

Ҳамоне, ки Имом Мўсои Козим (алайҳис-салом) ёварони мухлисашро меситояд ва эшонро аз хонадони исмат ва покӣ муаррифӣ менамояд:

اولئک مِنّا وَ نَحنُ مِنهُمْ… فَطُوبی لَهُمْ ثُمَّ طُوبی لَهُمْ وَ هُمْ وَاللهِ مَعَنَا فِی دَرَجَاتِنَا يَوْمَ القِيَامَة.

«Инҳо аз моанд ва мо аз онҳоем…, пас хушо ба ҳоли эшон ва боз хушо ба ҳоли эшон! Ва ба Худо савганд, ки эшон рўзи қиёмат бо мо ҳамдараҷа ва ҳамрутбаанд».[12]

Ҳамоне, ки Имом Ризо (алайҳис-салом) ўро меросдори нуронияти олами қудсу покӣ муаррифӣ мефармояд:

بِاَبِی وَ أَمِّی… عَلَيهِ جَمرة النَّورِ يَتَوَقَّدُ مِنْ شعَاعِ ضِيَاعِ القُدْسِ.

«Падар ва модарам  фидои касе, ки …порае аз нур, шуои нуронияти олами қудсупокӣ, бар чеҳра дорад!»[13]

Ҳамоне, ки падари  бузургвораш Имом Ҳасани Аскарӣ (алайҳис-салом) ўро шабеҳтарин инсон ба Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) муаррифӣ фармудааст:

أشبَهُ النَّاس بِرَسُولِ اللهِ خَلْقا  وَ خُلْقا

«Ў шабеҳтарин инсон ба Расуллулоҳ салалалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам), аз назари офариниш  ва хулқу хўй аст».[14]

Ва ҳамоне, ки хештанро чунин муаррифӣ мефармояд:

اِنِّی أمانٌ لِاَهْلِ الْاَرض… بِیَ يَدْفَعُ اللهُ عَزَّ وَ جَلَّ البَلاءَ عَنْ اَهْلِی و شِيعَتِی…

«Ҳамоно, ки ман барои аҳли замин, амну амонам (воситаи амну амонии аҳли замин ҳастам). Ба василаи ман Худованд балоро аз аҳлам ва пайравонам дур мекунад».[15]

…Ва акнун ин навиштор, талоше барои наздикӣ ба соҳати қудси он ягонаи даврон, арҷмандтарин сармояи ҳақпўён ва Худоҷўён, чашмаи ҷўшон ва нерўи муҷоҳидон, соқии меҳрубони орифон ва вилоиён, киштии наҷоти тўфонзадагон ва ғарқгаштагон, нури ҳидоят ва ҳидоятёфтагон, сарпараст ва кушоишбахши умури мўъминон… ва дар маҷмўъ, роҳёфти мақоми муҳаббат, маърифат ва вилоят Мавлоно Соҳиб-ул-асри ваз-замон (арвоҳуно фидоҳ) аст.

Ин гуфтор, натиҷаи ковиш дар маҷмўаи суханрониҳои ҳазрати устод Муҳаммадтақӣ Мисбоҳи Яздӣ аст, ки дар мавзўи маҳдавият ба таври пароканда, дар тўли  солҳои гузашта баён шуда ва акнун дар  шакли 14 мавзўи аслӣ, тавассути ҳуҷҷат-ул-ислом оқои Ҳайдарӣ анҷом ёфтааст. Ин суханрониҳо бар асоси ҳифзи чорчўб  ва сайри мантиқӣ буда ва то ҳадди имкон аз изофот парҳез шудааст.

Умед аст, ки ин талоши ночиз дар соҳати қудсии[16]  он Имоми раҳмат, фарҷомини соқии базми муҳаббат, меросдори майхонаи маърифат ва чашонандаи шароби ноби вилоят, мақбул[17] афтад ва дуои саҳаргоҳи  ҳазратро роҳнамои мо ва тамоми хонандагони арҷманд гардонад ва чанд қатрае аз дарёи муҳаббат, маърифат  ва вилояташро сармояи саодати дунё ва охиратамон қарор диҳад.

Ало ё айюҳассоқӣ зи май пур соз ҷомамро,

Ки аз ҷонам фурў резад ҳавои нангу номамро.

Аз он май рез дар ҷомам, ки ҷонамро фидо созад,

Бурун созад зи ҳастӣ ҳастаи найрангу домамро.

Аз он май деҳ, ки ҷонамро зи қайди худ раҳо созад,

Ба худ гирад зимомамро, фурў резад мақомамро.

…Ту эй пайки сабукборони дарёи адам аз ман,

Ба дарёдори он водӣ расон мадҳу саломамро.

Ба соғар хатм кардам ин адам андар адам нома,

Ба пири савмаа баргў бубин ҳусни хитомамро.

 

Маркази интишороти муассисаи омўзишӣ ва пажўҳишии Имом Хумайнӣ(р)

 

 



[1] Низомии Ганҷавӣ, «Махзан-ул-асрор».
[2] Пур: писар.
[3] Яъне дигарон дар интизори ўянд.
[4] Озарахш: раъду барқ.
[5] Ҷуд: саховат, бахшиш.
[6] Муҳамадтақии Маҷлисӣ, «Биҳор-ул-анвор».
[7] Нўъмонӣ, «Ал-ғайба».
[8] «Усули кофӣ», Кулайнӣ.
[9] «Усули кофӣ», Кулайнӣ.
[10] Нўъмонӣ «Ал-ғайбаҳ».
[11] Шайх Садуқ, «Камол-уд-дин ва тамом-ун-неъмаҳ».
[12] Шайх Садуқ,«Камол-уд-дин ва тамом-ун-неъмаҳ».
[13] Ҳамон.
[14] Ҳамон.
[15] Ҷаводи Қайюмии Исфаҳонӣ, «Саҳифат-ул-Маҳдӣ».
[16] Соҳати қудс – боргоҳи пок.
[17] Мақбул – қабулшуда.
  • Муҳаммадтақӣ Мисбоҳи Яздӣ