Манобеи исломӣ

Забон
  1. Саҳифаи асосӣ

  2. Китоб

  3. Миёни обу оташ

Миёни обу оташ

Миёни обу оташ

Turfjon miyfni otashu ob

  • Ҳоҷӣ Акбар Тӯрадчонзода
download
Rate this post
Шарҳу таъриф Тахассусӣ Дидгоҳ

Тобистони соли 1991 пас аз саркубии кудатои нофарҷоми коммунистӣ (ГКЧП 19-21 август) фазои сиёсию иҷтимоии Иттиҳоди Шуравӣ ба кулли тағйир ёфт. Агарчанде ки то ин таърих сиёсати бозсозии М. С. Горбачёв дар роҳи озодиҳои сиёсӣ, динӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ ҷомеаи шӯравиро тағйир дода буд, вале баъд аз шикасти ин кудато ба раҳбарии дастгоҳҳои муҳими давлатӣ, ба вижа КГБ ва ВУД, омадани шахсиятҳои озодихоҳу демократ, раванди истиқлолталабӣ ва озодихоҳиро дар ҷумҳуриҳои шӯравии собиқ тезонд.

Пуштибонии раҳбари Ҳизби Коммунист ва давлати Тоҷикистон аз ГКЧП ва сарони он нерӯҳои озодихоҳи мардумиро дар Ҷумҳурӣ ба таҳрик оварда, боиси баргузор шудани гирдиҳамоии 29-30 августи 1991 гардид. Сарони Ҳизби Коммунист талаби гирдиҳамомадагонро баҳона карда аз тариқи Шӯрои Олӣ, ки дар он аксарияти мутлақро доштанд, Қаҳҳор Маҳкамовро аз мақоми Раиси Ҷумҳур барканор карданд. Онҳо истеъфои чанд рӯз пеши Қ.Махкамовро аз вазифаи Муншии аввали Ҳизби Коммунистӣ «дар ин рӯзҳои сахт хиёнат ба ҳизб» дониста, бо барканорӣ аз мансаби Президентӣ, вайро сахт ҷазо доданд

Бо эъломи истиқлоли кишвар дар таърихи 9-сентябри соли 1991 ва барканории Қ.Махкамов масъалаи интихоботи Раиси Ҷумҳур мавзӯи муҳими сиёсии рӯз гардид.

Гурӯҳи зиёде аз дӯстон, мухлисон ва тарафдорон, аз ҷумла Раҳбарияти Ҳизби Наҳзати Исломӣ ва ҷамъи бузурге аз шахсиятҳои бонуфузи аҳли тасаввуф, эшонҳо, машоиху уламои ислом дар минтақаҳои гуногуни Ҷумҳурӣ номзадии бандаро ба мақоми Раиси Ҷумҳурӣ (Президентӣ) пешниҳод карда буданд. Рӯйхат бо имзои пешниҳодкунандагон аз манотиқи гуногуни ҷумхурӣ ба Комисиюни Марказии  Интихобот  ироа  шуда буд.

Як рӯз пеш аз интиҳои муҳлати номнависии номзадхо ба Раёсати Ҷумҳурӣ ва Муовини Раиси Ҷумҳур, ки мусодиф ба яке аз ҷаласаҳои навбатии Шуроӣ Олӣ буд, Холмурод Шарипов, раиси Комисиюни Марказии Интихобот, аз ман пурсиданд:

– Пешниҳодҳо, рӯйхати имзокунандаҳо, барои номнавис шудани Шумо ба мо расидааст. Агар номзадии худро ба Раёсати Ҷумҳур тасдиқ карданӣ бошед, бояд ба Комиссияи Марказии Интихобот дар ин бора ариза нависед.  …..

 

  • Ҳоҷӣ Акбар Тӯрадчонзода