Манобеи исломӣ

Забон
  1. Саҳифаи асосӣ

  2. Китоб

  3. Мёни обу оташ

Мёни обу оташ

Мёни обу оташ

miyanoi obu atash2_4

download
Rate this post
Шарҳу таъриф Тахассусӣ Дидгоҳ

Алҳамду лиллоҳи раббил оламин, валоқибату лил муттақин, вассалоту вассалому ало Расулиҳи Муҳаммадин хотамил анбиёи вал мурсалин ва олиҳи ва саҳбиҳи аҷмаъин. Ассалому алейкум, хонандаи гиромӣ!

Ин сатрҳоро рӯи қоғаз меораму дар рӯ ба рӯям чеҳраҳои нуронии Шуморо тасаввур мекунам. Оре, расо шаш сол мешавад, ки мо ҳамдигаро надидем. Дар ин муддат рӯзҳои зиёде сипарӣ шуданд, тифлҳои нав дар хонадони Шумоён, ҳамватанони азиз, ба дунё омаданд ва аз эҳтимол дур нест, ки дар сӯҳбатҳои хосу ом номи инҷонибро низ бархе ба некӣ ё бо ҳасрат ва шояд бархе надониста ба бадӣ зикр карда бошанд.

Солҳои 1992-1997 дар Тоҷикистон ва хориҷ аз он ҳазорон мақола ва даҳҳо китоб роҷеъ ба воқеаҳои Ватани мо ва нақши банда дар он ҳаводис иншо ва нашр шуд. Бисёр китобнависон ва мақоланависҳо бо дастур ё таҳрики марказҳои зиддиисломии хориҷию дохилӣ дидаю дониста ва қасдан ҳақиқати таърихи ин воқеъаҳоро, ки, алҳамдулиллоҳ шоҳидони бешумораш дар қайди ҳаёт ҳастанд, таҳриф намуда ва хостаанд \”обро лой намуда моҳӣ бигиранд\”. Ба вижа иддае аз афроди дасисаҷӯ ва ба ном сиёсатпеша дар ин кори номатлуб, ба хусус дар тӯҳмату буҳтон бофтан дар ҳакқи шахси банда, \”ҳиссаи арзандае\” гузоштаанд, ки ман аз таҳлили навиштаҳояшон худдорӣ карда онҳоро ба Худои Бузург месупорам.

Манбаъ:turajon.org/library