Манобеи исломӣ

Забон
  1. Саҳифаи асосӣ

  2. Китоб

  3. Воқеаи Ошўро ва посух ба шубаҳот

Воқеаи Ошўро ва посух ба шубаҳот

Воқеаи Ошўро ва посух ба шубаҳот

  • Алӣ Асғари Ризронӣ
download
Rate this post
Шарҳу таъриф Тахассусӣ Дидгоҳ

Воқеаи Ошўро, ҳаракат ва саргузашти таърихие аст, ки ҳамаи озодагону аҳли хирад ва инсофро зери таъсир қарор дода ва ҳамаи мавҷудоти оламро ба гиря водоштааст.

Ин саргузашти талх, ки барои зинданигаҳдории Исломи нобе, ки Расули Гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ барои башарият ба амонат гузошта буданд ва инсонҳои худхоҳ ва ҳавопараст мехостанд онро бозичае қарор диҳанд ва асаре аз он боқӣ нагузоранд, аз ҷониби сайиди шаҳидон Имом Ҳусайн алайҳис-салом анҷом гирифт. Расули Худо, сарвари башар борҳо ин воқеаи талхро ёдоварӣ карданд ва барои Имом Ҳусайн алайҳис-салом дар ҳоли ҳаёти худ ашк рестанд ва ҳам чунин баъд аз ҳаёти худ низ бинобар ҳадиси саҳеҳ, ки дар матни китоб хоҳад омад, дар сарзамини Карбало ҳозир шуданд ва хуни он ҳазрат ва ёронашонро ба осмон бурданд ва нигарону ғамгин буданд.

Баъд аз шаҳодати он ҳазрат замину осмон ва ҷинниён, бинобар ахбори саҳеҳ ва мусаллам, ба мазлумияти он ҳазрат гиря карданд ва Мадинаву аҳли онро гиряву нола фаро гирифт. Ва ин ҳаракати бузурги Имом алайҳис-саломро борҳо Расули Гиромии Ислом салавотуллоҳи алайҳи ва олиҳ ва Имом Алӣ алайҳис-салом ба уммати исломӣ бозгў кардаанд ва ҳаргиз он ҳазратро аз ин ҳаракат барҳазар надоштаанд, ки ин худ далолат мекунад ба лозим будани ин ҳаракати Имом Ҳусайн алайҳис-салом ҷиҳати ҳифзи Исломи ноб. Бинобар ин, уммати исломӣ бояд қадри ин шахсияти бузург ва ҳаракати бо арзиши он ҳазратро бидонад ва пайрави он ҳазрат дар ин гуна мавоқеъ буда, аз ин ҳаракати бо баракат ва пур арзиш дарси ибрат бигирад.

Вале имрўз уммати исломӣ ба ҷои пайравӣ аз ҳақ ва зинданигаҳдории роҳи бо арзиши чунин шахсияте, саъй доранд ёду хотири ин ҳаракати Имом Ҳусайнро аз саҳнаи рўзгор хомўш кунанд ва баъзеҳо низ ҳатто бар он ҳазрат ҷиҳати чунин ҳаракате, таън низ мезананд.

Оё мо бештар бо ҳақ ошно ва пайрави он ҳастем ва ё Расули гиромӣ саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ, ки борҳо бар он ҳазрат гиря карданд ва ҳатто дар олами барзах низ пайгири ин ҳаракат буданд. Оё замину осмон, ки бар он ҳазрат гиря карданд ва ривоёташ наздик ба тавотур аст (ва инсони бо хираду инсоф ҳаргиз наметавонад ҳақиқати онро инкор кунад), кори саҳеҳе анҷом доданд ва ё ин ки он ҳаракат, амали мункар ва нописанде буд ва онҳо Худоро дар ин воқеа нофармонӣ карданд? Чаро мо аз ақли худ, ки Худованд ба фармуданаи Имом Мўсои Козим алайҳис-салом онро “ҳуҷҷати ботинии худ дар инсонҳо қарор дода”, истифода намекунем, вале бар акс аз ҳавою ҳавасамон пайравӣ мекунем ва бо гўш додан ба сухани инсонҳои бехирад ва кўтоҳандеш, мехоҳем барои худамон дину қонун дуруст кунем? Чӣ қадар ақлу андеша ва тафаккур дар пешгоҳи Худованд қобили аҳҳамият аст, ки дар Қуръони Карим фаровон бар он таъкид фармуда, то ҷое, ки мефармояд:

“انّ شَرَّ الدَّواب عِنْدَ الله الصُمّ البُكْمُ الذَّينَ لاَ يَعْقِلُون”.

“Дар ҳақиқат бадтарини халқи Худо кару гунгҳое ҳастанд, ки ақлашонро ба кор намегиранд“. Сураи Анфол-22.

Ва боз мефармояд:

“وَيجْعَلُ الرِّجْسَ عَلَى الذَّينَ لاَ يَعْقِلُون”

Худо палидиро дар он касоне қарор медиҳад, ки ақлашонро ба кор намегиранд. Сураи Юнус-100.

Бинобар ин оёт, агар мо аҳли андеша бошем ва равиши шахсиятҳои вораста дар бораи воқеаи Ошўро ва ҳаракати Имом Ҳусайн алайҳис-саломро мавриди баррасӣ қарор диҳем, бар худамон лозим хоҳем донист, ки бояд чунин ҳаракат ва соҳиби онро гиромӣ бидорем. Вале пайравони ҳавову ҳавас ба ҷиҳати ин ки лозимаи гиромидошти ҳаракати Имом Ҳусайн алайҳис-салом ошкор ва зоҳир кардани зишткориҳои шахсияти пасти Язиду язидиён мешавад, ин ҳаракати бузурги Имомро мехоҳанд аз саҳнаи рўзгор маҳв кунанд то ёде аз он набошад.

  • Алӣ Асғари Ризронӣ