Манобеи исломӣ

Забон
  1. Саҳифаи асосӣ

  2. Китоб

  3. Аҳкоми исломӣ

Аҳкоми исломӣ

Аҳкоми исломӣ

  • Илёс Қосимов
  • 2007
  • Аввал
download
Аҳкоми исломӣ
4 (80%) 1 vote
Шарҳу таъриф Тахассусӣ Дидгоҳ

Муқаддимаи ношир

Ҳадафи ирсоли паёмбарон ва нузули ваҳй, бозкардани дидагони инсонҳои саргардон ба сўи қиёмат буда ва маънобахшӣ ба зиндагӣ ва равшан сохтани он, бо нури ҳидояти илоҳӣ аст. Имон ба Худованди Якто ва рўзи қиёмат, бунёди ҳамаи пайвандҳои иҷтимоиро дигаргун месозад ва ҷомеаи нав фароҳам меоварад, ки дар он ному ёди офаринанда ва ҳузури ҳамешагии он дар ҳама лаҳзаҳо эҳсос мешавад. Мўъминон бо пайравӣ аз паёмбарони илоҳӣ, роҳу расми фармонбардорӣ аз Офаридгори Мутаолро меомўзанд ва бо чангзадан ба аҳкоми исломӣ ва анҷоми дастуроти илоҳӣ, таъми ширини бандагии Худоро мечашанд.

Аҳамияти шинохти аҳкоми илоҳӣ аз манобеи асили баҷомонда ва омўзиши он ба мўъминон, низоме аз мадориси илмӣ ва мазоҳиби илмиро дар ҷомеаи исломӣ ривоҷ додааст. Ҳарчанд ҳамаи омилон ба аҳкоми илоҳӣ талош доранд, амалҳояшонро онгуна баҷо оваранд, ки  матлуб ва мавриди қабули илоҳӣ аст, аммо омилони аҳли илм, ин дағдағаро бештар дар дил доранд ва дар паи ёфтани ҳақиқат, дар роҳи талошу кушиш қадам мебардоранд ва сахтиҳои онро баҷон мехаранд. Тавфиқ дар ин роҳ, марҳуни ҳақиқат талабии холисона ва бурдбории олимона аст. Китоби ҳозир ба номи “Аҳкоми исломӣ” асари нависандаи арҷманд Илёс Косимов аз донишомўхтагони Маркази Ҷаҳонии Улуми Исломӣ аст. Нависанда дар ин асар кўшида аст масоиле чанд дар мавзуи аҳкомро ба баҳси илмӣ бигзорад ва назароти мухталифро дар ин мубоҳиса саҳим гардонад. Муовинати Пажўҳиши Маркази Ҷаҳонии Улуми Исломӣ бо сипосу тақдир аз нависандаи муҳтарам ва низ дигар дастандаркорони амри омодасозӣ ва нашри ин асар, тавфиқоти беш аз пешро барои азизон аз даргоҳи илоҳӣ орзуманд аст.

  • Илёс Қосимов
  • 2007
  • Аввал