Манобеи исломӣ

Забон
  1. Саҳифаи асосӣ

  2. Китоб

  3. Шоҳнома ҷ.1

Шоҳнома ҷ.1

Шоҳнома  ҷ.1

ШОҲНОМА-111111111

  • Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ
  • 2007
download
Rate this post
Шарҳу таъриф Тахассусӣ Дидгоҳ

«Шоҳнома»-и Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ аз шумори он

осори гаронбаҳои фарҳангист, ки чун китоби халқ дар канори

ишқу ихлос ва оғўши завқу андешаи мардумон аз осеби забо-

наҳои дуду оташи ҳаводиси рўзгорон ва дандонаҳои арраи бе-

доди замонҳо то имрўз маҳфуз мондааст.

Ин китоб шореҳи сарнавишти пурмоҷарои инсони боҳу-

шу фарҳанг, мубориз ва диловар, ватанпараст, худованди

латифтарин

афкору эҳсос, номаи розу ниёз, набарду пирўзӣ,

ваҳдат ва ҳамбастагии халқҳо дар мубориза ва диловар, ва-

танпараст, худованди латифтарин афкору эҳсос, номаи розу

ниёз, набарду пирўзӣ, ваҳдат ва ҳамбастагии халқҳо дар на-

бард бо деви бедоду ситам, зулмат ва зиштиву дадманишӣ,

башардўстӣ, дастури касби хулқу атвори ҳасана, ҳамосаи аза-

мат, u1093 хирад ва заковат, нерўи бузурги халлоқи инсон, достони

ишқи безавол, таърихи суннат ва анъаноти писандидаи мар-

дум мебошад. «Шоҳнома»-и безавол асрҳост, ки миёни мар-

думон шўҳрат ва маҳбубияти хосе дошта, ҳамвора мавриди

 

таваҷҷўҳи на танҳо бошандагони Ховарзамин, балки халқҳои

тараққихоҳи дигар мамолики ҷаҳон аст. «Шоҳнома» дар ҳама

кишварҳо дўстон ва ошиқони зиёде дошта, достонҳои ҷудого-

наи он тавассути донишмандон ба забони халқҳои гуногуни

ҷаҳон тарҷума ва дастраси хонандагони ҳар диёр гардидааст.

Роҷеъ ба масоили мухталифи китоб мақолоти илмӣ, рисолот

ва шарҳу тафсири зиёде низ ба табъ расидааст, ки зикри ҳар

яке аз он бо феълан имконпазир нест.

Ин ҷо ҳамин нуктаро қаблан бояд хотирнишон сохт, ки

навиштани як таҳқиқи нисбатан муфассале барои нашри

«Шоҳнома»-и Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ба назари аввал

хеле осон ва ҳам ниҳоят душвор менамояд. Осон аз он, ки

«Шоҳнома» барои мардуми тоҷик ва ҳамаи форсизабонони

ҷаҳон як асари ба қалби ҳар як ошност, зеро ҳама достонҳои

маъруфтарини онро аз овони кўдакӣ аз забони модару модар-

калон ва падару бобоёнамон бисёрҳо шунидаем, ҳамчунин

дар китобҳои осори омиёна, яъне осори даҳонии мардум (фол-

клор) достонҳои қаҳрамонӣ ва ишқии дилчаспи онро дида ва

такрор ба такрор хондаем. Илова бар ин дар ҳама маҳалҳои

тоҷикнишин ва дигар кишварҳои ҳамҷавор маҳфилҳои шоҳ-

номахонӣ ҳам ба назм, ҳам ба наср дар тўли қарнҳо маъмул

буда, баъзе лаҳзаҳои ҷудогонаи қисса бо саҳнаҳои махсуси

ҳунарӣ намоиш дода мешавад. Дар баробари ин иншои рисо-

лае дар мавзўи «Шоҳнома»-и Ҳакими Тўс бениҳоят душвор ва

мушкил аст, зеро аз назари ҳунари суханварӣ, шеърият, луғат

ва ганҷинаҳои сухани сара, нерўи фикри болиғ ва қудрати баё-

ни фасеҳ ва умуман аз назари фасоҳат ва балоғат ва мазмуну

мундариҷа, ҳамчунин аз нуқтаи назари ҳаҷми ин бузургофа-

ридаи доҳиёнаи замони сомониён як асари беҳамто ва бемис-

лу монанд аст. Ва ба ҳамин ҷиҳатҳо ҳар як навиштае дар ин

мавзўъ ба назари хонанда, як ҷуръат ва ҷасорати нависанда

ва қувваозмоии густохонае дар пешгоҳи бузургтарин ҳамоса-

сарои мо – Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ менамояд. Ин аст, ки

мо дар навиштаи худ фақат дар як матлаб, дар мавзўи нашрҳои

комили он ба забони аслаш ва нусхаҳои асосии ин асар

ба тарзи мухтасар ва фишурда сухан мегўем. Баён кардани ин

матлаб ниҳоят зарур аст, зеро ин «Дебоча» барои нашри нави

«Шоҳнома» иншо мешавад.

Бино ба гуфтаи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ, «Шоҳно-

ма» дорои 60 ҳазор байт буда, 120 ҳазор мисраъро ташкил

медиҳад. Ба қавли муҳаққиқон адади нусхаҳои қаламии достон

хеле зиёд аст, вале аз ҷиҳати миқдори байт онҳо ниҳоят

гуногунанд. Баъзеи онҳо 40 ҳазор байт дошта бошанд, қисме

аз он нусхаҳо то 80 ҳазор байт, яъне 160 ҳазор мисраъро дар

бар мегиранд. Тамоман равшан аст, ки дар мавриди аввал

дар баъзе нусхаҳо агар достони «Шоҳнома» хеле кўтоҳ карда

шуда бошад, дар мавриди дувум гоҳе ба матни аслии он байтҳои

илҳоқӣ ба теъдоди то 20 ҳазор байт илова шудааст. Ин

аст он душвории асосие, ки дар зарфи солҳои зиёд дар марка-

зи диққати аҳли илми шоҳномашиносӣ истодааст.

Натиҷаи яке аз кўшишҳои шоҳномашиносӣ он аст, ки

соли 833 ҳиҷрӣ баробари 1429-30 милодӣ дар китобхонаи Бой-

санғурмирзо нусхаи нодири «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ба вуҷуд

оварда шуд, ки онро пояи баландтарини ҳунари ороиши ки-

тоб гуфтан мумкин аст. Ин нусха дар замони мо дар китобхо-

наи салтанатии собиқи Эрон ҷузъи «Нафоис ва захоир», таҳти

шумораи 4752 нигоҳдорӣ мешавад. Ин нусха барои касоне, ки

ба он дастрасӣ доранд, шоистаи таҳқиқи ҷиддии махсусест.

Дар ҳоли ҳозир ҳамин қадар бояд гуфт, ки донишмандо-

ни ибтидои асри ХV як матни ҷомеъе ба вуҷуд оварда буданд.

Манбаъ:сомонаи Андеша

Фармат: word  &  PDF

Барои гирифтани ин китоб  гузинаи ” ДАРЁФТ “-ро интихоб намоед.

  • Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ
  • 2007