Манобеи исломӣ

Забон
  1. Саҳифаи асосӣ

  2. Китоб

  3. Шоҳнома ҷ.6

Шоҳнома ҷ.6

Шоҳнома  ҷ.6

ШОҲНОМА-6

  • Абулқосим Фирдавсӣ
  • 2009
download
Rate this post
Шарҳу таъриф Тахассусӣ Дидгоҳ

«Шоҳнома» дорои 60 ҳазор байт буда, 120 ҳазор мисраъро ташкилмедиҳад.

Ба қавли муҳаққиқон адади нусхаҳои қаламии достонхеле зиёд аст, вале аз ҷиҳати миқдори байт онҳо ниҳоятгуногунанд.

Баъзеи онҳо 40 ҳазор байт дошта бошанд, қисмеаз он нусхаҳо то 80 ҳазор байт, яъне 160 ҳазор мисраъро дарбар мегиранд.

Тамоман равшан аст, ки дар мавриди аввал дар баъзе нусхаҳо агар достони «Шоҳнома» хеле кўтоҳ кардашуда бошад, дар мавриди дувум гоҳе ба матни аслии он байтҳои

илҳоқӣ ба теъдоди то 20 ҳазор байт илова шудааст.

Инаст он душвории асосие, ки дар зарфи солҳои зиёд дар марка-

зи диққати аҳли илми шоҳномашиносӣ истодааст.

Натиҷаи яке аз кўшишҳои шоҳномашиносӣ он аст, ки

соли 833 ҳиҷрӣ баробари 1429-30 милодӣ дар китобхонаи Бой-

санғурмирзо нусхаи нодири «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ба вуҷуд

оварда шуд, ки онро пояи баландтарини ҳунари ороиши ки-

тоб гуфтан мумкин аст. Ин нусха дар замони мо дар китобхо-

наи салтанатии собиқи Эрон ҷузъи «Нафоис ва захоир», таҳтишумораи 4752 нигоҳдорӣ мешавад.

Ин нусха барои касоне, ки ба он дастрасӣ доранд, шоистаи таҳқиқи ҷиддии махсусест.

Дар ҳоли ҳозир ҳамин қадар бояд гуфт, ки донишмандо-ни ибтидои асри ХV як матни ҷомеъе ба вуҷуд оварда буданд.

 

Фармати китоб :  WORD & PDF

Манбаъ:сомонаи Андеша

Барои гирифтани ин китоб аз самти рост  гузинаи ” ДАРЁФТ “-ро интихоб намоед.

  • Абулқосим Фирдавсӣ
  • 2009