Манобеи исломӣ

Забон
  1. Саҳифаи асосӣ

  2. Китоб

  3. Шариат ва ҷомеа

Шариат ва ҷомеа

Шариат ва ҷомеа

Шариат-ва-ҷомеа-(_4

  • Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода
download
Rate this post
Шарҳу таъриф Тахассусӣ Дидгоҳ

РИСОЛАЕ, КИ  ДЎСТОН  ИНТИЗОРАШ  БУДАНД 

Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим

Инак, бо камоли қаноатмандӣ ифтихори онро дорам, ки рисолаи навбатии яке аз ходимони шинохтаи диниву сиёсӣ, бародари фозилу донишманд Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзодаро, ки бо унвони «Шариат ва ҷомеа» таҳия шудааст, барои ҷомеаи Тоҷикистон ва хонандагони гиромӣ муаррифӣ бинамоям. Ҷои ҳеҷ шакке нест, ки дар солҳои охир чӣ уламои гиромии исломӣ, чӣ муҳаққиқони соҳаҳои илмӣ ва чӣ ҳар фарди оддии мусулмон, дер боз ба миён омадани чунин як рисолаи судманд ва пурарзишеро интизор буданд.

Тавре ки муаллиф дар муаррифии китоб овардааст, вазъияти фарҳангиву арзишии ҷомеаи имрўзи мо басе бўҳронӣ буда, маҷмўи масъалаҳои печидаву ҳалталаб онро фаро гирифтаанд. Аз як сў, коста шудани фарҳангу ахлоқи воқеии исломӣ боис гашта, ки бахше аз ҷомеа, хусусан, ҷавонони азизи кишвар ба каҷравиҳои гуногуни фарҳангию ахлоқӣ гирифтор шудаанд. Аз сўи дигар, поин будани сатҳи саводи динии аксари мардум диндории моро бештар бо урфу одатҳо ва пиндорҳои хурофотӣ даромехта, расму оинҳои диниро ба як кори барои мардум пурхарҷу миёншикан табдил намудааст. Ба болои ин, гурўҳи муайяни шахсиятҳои худии бегонафарҳанг аз ин фурсат истифода намуда, ба фарҳангу арзишҳои исломӣ, ба дину муқаддасоти мардум ҳуҷум оварда, хусусан, дар ҳаққи дини мубини ислом носазогўиҳои ғайримантиқӣ ва гўшношунидро раво медоранд. То ҷое, ки тамоми мушкилоти рўзгори мардум ва хусусан, сангиниҳои урфу одатҳои хурофотиро ба дўши ислом бор карданӣ шуда, ба ҳар роҳ дар самти харобсозии фарҳанги мардум талош менамоянд.

Ин ҳама дар ҳолест, ки дини мубини ислом яке аз заминаҳои аслии ташаккули фарҳанги миллии тоҷикон буда, ин оини муқаддас маҳз барои раҳоии инсонҳо аз бидъату хурофот ва барои рушду тараққии ҳамаҷонибаи ҷомеаи башарӣ омадааст. Дар сурати дарки дурусти моҳияти ин дини бузург ва истифодаи дурусти ҷойгоҳи он дар фарҳанги асили миллии тоҷикон, омили исломӣ метавонад имрўз яке аз омилҳои аслии ваҳдати миллӣ, суботу амният, рушди маънавию ахлоқӣ ва пешрафти ҳамаҷонибаи ҷомеаи мо бошад. Вале имрўз мо бо ин саволи ҷиддӣ рўбарў ҳастем, ки он моҳияти пешқадам ва ин нақши созандаи исломро чӣ касе ба мардум мефаҳмонад? Чеҳраи тараққихоҳ ва ояндасози исломро ба мардум кӣ муаррифӣ мекунад? Оини муҳаббату адолат, мактаби тадбиру хирад, дини мўътадилу таҳаммулпазирӣ ва мазҳаби илмпарвару ҳаётбахш будани онро кӣ ба мардум нишон медиҳад? Ин суолҳои зиндаест, ки вақтҳои охир дар зеҳни бисёре аз мардуми кишвар шакл гирифта, дар матбуоти даврӣ низ пайваста матраҳ мегарданд.

Рисолае, ки Шумо дар даст доред, маҳз бо ҳамин рисолат ба миён омадааст. Аз як тараф, муаллифи гиромӣ дар ин китоб ҳукму назари дини мубини исломро дар мавриди як силсила аз масъалаҳои муҳимми имрўзаи ҷомеа мисли расму оинҳои ёдбуду азодорӣ, урфу хурофотҳои маҳаллӣ, каҷравиҳои ахлоқии ҷавонон, истеъмолу истеҳсоли маводи мухаддиру машруботи спиртӣ, тундравии ақидатӣ ва ғайра ба таври бисёр дақиқ, асоснок ва осонфаҳм баён карда, роҳҳои муассири ҳалли онҳоро пешниҳод мекунад. Аз тарафи дигар, ў решаҳо ва заминаҳои бисёре аз каҷфаҳмиҳо дар мавриди ислом ва арзишҳои исломиро, ки мутаассифона, имрўз дар ҷомеаи мо, хусусан, аз навиштаҳои гурўҳе аз зиёиён мушоҳида мешавад, ба тариқи илмиву мантиқӣ шарҳ намуда, бепоягии тасаввуроту тўҳматҳои ин муаллифон нисбати ислом ва шариати исломиро нишон додааст.

Рўшангарии муаллиф дар ин ду самт дар канори аҳамияти муҳимми илмиву назарӣ, аҳамияти бисёр бузурги амалӣ низ дорад, зеро огоҳии ҷомеа аз ҳукму назари шариати исломӣ дар ин масъалаҳои муҳим дар ҳалли онҳо низ нақши ҷиддие хоҳад дошт.

Аз мазмуни ин китоб, ки бо сабки бисёр дақиқи илмӣ ва бо такяи бевосита ба сарчашмаҳои асили исломӣ таҳия гаштааст, бори дигар маълум мегардад, ки дини мубини ислом то чӣ ҳад таълимоти мантиқиву ақлонӣ дошта, шариати ноби исломӣ то чӣ дараҷа поку беолоиш, осону сабук ва созандаву ободгар аст.

  • Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода