Манобеи исломӣ

Забон
  1. Саҳифаи асосӣ

  2. Китоб

  3. Паёмбари Ислом Муҳаммад (с)-ро бишнос

Паёмбари Ислом Муҳаммад (с)-ро бишнос

Паёмбари Ислом  Муҳаммад (с)-ро  бишнос

Payambarat ro bishnas 022

  • Одили Шиддӣ Аҳмади Мазид
  • 2012
download
Паёмбари Ислом Муҳаммад (с)-ро бишнос
2.5 (50%) 4 votes
Шарҳу таъриф Тахассусӣ Дидгоҳ

Дар шинохти паёмбари ислом (с)

Муддати чанд соли охир аз сирати набавӣ ва рӯзгори хулафои рошидин рисолаҳои зиёде навишта ва ё аз забонҳои дигар ба забони тоҷикӣ баргардонида шуда ба табъ расидаанд.

Вале силсилаи рисолаҳои кӯтоҳу пурмуҳтавои Одили Шидди ва Аҳмади Мазид дар бораи паёмбари ислом ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) ва хулафои рошидин, ки ба табъу нашри онҳо интишроти “Паёми ошно” тасмим гирифтааст, аз чанд ваҷҳ беҳтар ва афзалтар ҳастанд.

Аввалан, дар нисбати мухтасар ва аз мазмуну маъноҳои туфайли ва хурофоти дур будан, дувум бар асоси санад ва далелҳоӣ таърихи нигошта шудан ва савум забони сода ва оммафаҳм доштан.

Ва китобе, ки акнун дар дасти хонандаи муҳтарам қарор дорад, на танҳо мухтасари зиндагинома ва ақволу рафтор, одобу ахлоқи паёмбари исломро дар бар мегирад балки бо доштани ҳуҷҷатҳои собит аз Қуръон, ҳадис, сират, ривояти асҳоб метавонад як дастури илова ва такмили барои дарки зиндагиномаи барои таърихи башарият ибратомузи паёмбари акрам (с) бошад.

Муаллиф бо сабки соддабаёнӣ тамоми ҷузъиёти ҳаёти паёмбари исломро бидуни иғроқ ва таъасуб, беолоиш бар рангмолиҳои аз доираи таърих ва воқеъияти аз асл берун ва маддоҳона, бар асоси ҳуҷҷатҳои қавӣ ба таври хеле кӯтоҳу мухтасар болои сафҳа овардааст.

Махсусан фаслҳои ахлоқи паёмбар (с), сабру таҳаммул дар ранҷу машаққат, масъалаи ҳиҷрат, ҳикмати ҳиҷрат, усулҳои таълимии паёмбар (с) бар асҳоб ва уммат, тарзи муносибат ва муоширати паёмбар (с) бо мардум, махсусан бо занону тифлон, меҳрубони ва шафқати ӯ бо ҳоҷатмандон ва мустазъафон дар шинохти ростини ислом ва паёмбари бузургвори ӯ барои хонанда ва ислоҳи ахлоқ ва рафтори ҷомеъа, махсусан ҷавонон дастури хуби зиндагӣ хоҳад буд.

                                                   Саидаҳмади   Қаландар,

                                               Узви Академияи Муколама   

  • Одили Шиддӣ Аҳмади Мазид
  • 2012