Манобеи исломӣ

Забон
  1. Саҳифаи асосӣ

  2. Китоб

  3. Ақоиди Ислом дар Қуръони Карим-1

Ақоиди Ислом дар Қуръони Карим-1

Aqaed-Islam-Dar-Qoran-Tajik1-copy

  • Аллома Сайид Муртазо Аскарӣ
  • Маҳистони Асадӣ
  • Маҷмаи ҷаҳонии Аҳлибайт(а)
download
Ақоиди Ислом дар Қуръони Карим-1
4 (80%) 1 vote
Шарҳу таъриф Тахассусӣ Дидгоҳ

   Қуръони азим ақоиди Исломро чунон содда ва равон баён мекунад, ки ҳар кас забони арабро бидонад ва ба синни булуғи ақлӣ расида ва мухотаби фармудаи “Ё аййуҳан нос, – Эй мардумон” бошад, каломи Худоро пас аз ин хитоб ба хубӣ дарк мекунад.

Вале афсӯс, ки донишмандон дар тафсири Қуръон ба фалсафаи файласуфон, ирфони сӯфиён, каломи мутакаллимон, ривоятҳои исроилӣ ва дигар ривоёти баррасинашудаи ба Расули Худо (с) нисбатдодашуда эътимод карда ва оятҳои Қуръонро ба кӯмаки онҳо тафсир ва таъвил намудаанд. Онҳо бо ин кори худ аз “Ақоиди Ислом” тилисм, муаммо ва чистонҳое сохтаанд, ки ғайр аз доноён ба равиши илмии уламо дар фунуни балоғат, мантиқ, калом, фалсафа ва монанди инҳо ҳеҷ касро ёрои фаҳми он нест. Ин равишҳо боис гардид то мусулмонон ба тафриқа гароянд ва ба гурӯҳҳои мӯътазила, ашоира, мурҷиа ва ҳоказо тақсим гарданд.

Дар ин баррасиҳо ҳамчунин ақоиди Исломро силсилаи баҳампайваста ёфтам, ки бархе аз он роҳкушои бархеи дигар аст. Дар маҷмӯъ ин ақоид пайкараи ягона ва муттаҳидеро мемонад, ки ҳар бахши он бахши дигарро комил мекунад. Замоне ки донишмандон дар таълифоти худ бархе аз бахшҳоро ҷудо аз ҳам меоваранд, ҳикмати ақоиди Ислом аз пажуҳандагонаш норавшан ва зери парда мемонад.

Хулоса он ки силсилаи ақоиди Исломро дар ин китоб ҳамон гуна, ки дар Қуръони карим ёфтаам, тартиб додам. Маҷмӯаи ҳамоҳанг ва ҳамгун, ки ҳар бахше бахши дигарро пура намуда мавзӯи пешин роҳкушои мавзӯи бахши оянда мегардад. Бо ин равиш ва услуб аст, ки ақоиди Ислом ва ҳикмати он дониста мешавад. Аз ҳамин сабаб ҷамъбандӣ ва фарогирии баҳси охир пеш аз ҷамъбандӣ ва фарогирии матолиби омада дар баҳсҳои пешин имконпазир нест… .

 

Сайид Муртазо Аскарӣ


  • Аллома Сайид Муртазо Аскарӣ
  • Маҳистони Асадӣ
  • Маҷмаи ҷаҳонии Аҳлибайт(а)
  • 2006
  • аввал