Манобеи исломӣ

Забон
  1. Саҳифаи асосӣ

  2. Китоб

  3. Амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар

Амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар

Дин

  • Мӯҳсини Қироатӣ
  • Илёс Қосимӣ, Мирбадеъ Ҳидоятзода
  • Лайло
download
Амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар
5 (100%) 1 vote
Шарҳу таъриф Тахассусӣ Дидгоҳ

Амр ба маъруф ва наҳй аз мункар

 

Бо як нигоҳи гузаро ба сураи муборакаи «Валъаср» мефаҳмем, ки:

Бар хилофи гумони инсон, ки фикр мекунад ҳар рӯз ба умраш афзуда мешавад, ҳар рӯз, ки мегузарад аз сармояи ӯ коста мешавад; бобоҳо дар ҳақиқат падарони хурдсол ҳастанд ва навзодҳо, ки умрашонро дар пеш доранд, бештарини сармояҳоро доро мебошанд. Ба замон савганд, ки инсон ҳар лаҳза мисли ях дар ҳоли об шудан аст, (Ба аср савганд, ки инсонҳо ҳама дар зиёнанд)[1], пас дар баробари барбод рафтани умр бояд чизе беҳтар аз умр ба даст оварем. Молу мақому унвон беҳтар аз умр нест, он чи беҳтар аз умри мост имон ва амали солеҳ аст, (магар касоне, ки имон оварда ва амали солеҳ анҷом дода бошанд).[2] Имон ва кори нек агар вусъат пайдо накунад, арзише нахоҳад дошт. Бинобар ин бояд дигаронро низ ба имон ва амали солеҳ супориш ва даъват кунем (…ва ҳамдигарро ба ҳақ супориш кунанд)[3]; албатта паймудани ин роҳ мушкилоте дар пай хоҳад дошт, яъне агар бихоҳем мардумро ба хайру маъруф даъват кунем ва аз фасоду гумроҳӣ боз дорем, эҳтимол дорад, ки бархурдҳои ногуворе пеш ояд, вале ба ҳар ҳол бояд бо ҳавсала ин роҳро бипаймоем (...ва ҳамдигарро ба сабру шикебоӣ супориш намудаанд).

Хулосаи калом ин ки ҳастӣ барои мо офарида шудааст ва ҳар рӯз, ки аз умрамон кам мешавад, агар чизе захира накунем, дар ин бозори ҳастӣ бохтаем. Беҳтарин захираҳо имону амали солеҳ ва супориш кардани дигарон ба ҳақ ва сабр аст. Супориш ба ҳақ, ҳамон амри ба маъруф аст, ки фикри ҳақ, сухани ҳақ, қонуни ҳақ, раҳбари ҳақ ва ҳукумати ҳақро дарбар мегирад; яъне бояд ҳар рӯз маъруфҳоро густариш диҳем ва аз фасоду мункарҳо пешгирӣ кунем.

Яке аз маъруфҳо барпоии намоз аст, ки биҳамдиллоҳ дар ҷомеа густариш ёфтааст. Имрӯз, ки ин калимотро менависам, даҳҳо ҳазор намози ҷамоат ҳама ҷо ба таври озод барпо мешавад.

Маъруфи дигар пешрафтҳои илмӣ, ихтироот, баранда шудан дар мусобиқоти илмӣ, дифоъ аз хоки ватан ва аз байн бурдани фитнаи душманон, вусъати китобхонаҳо  ва донишгоҳҳо ва кам шудани бесаводӣ ва афзоиши хадамоти беҳдоштӣ  ва илмию маишӣ ва ғайра аст. Аммо дар канори ҳамаи инҳо фасодҳои фаровоне низ вуҷуд дорад, ки бояд барои маҳви онҳо фикре кард.

[1] Сураи Аср, ояти 1 ва 2.

[2] Сураи Аср, ояти 3.

[3] Сураи Аср, ояти 3.

 

Ҳаққи чоп барои ношир маҳфуз аст

  • Мӯҳсини Қироатӣ
  • Илёс Қосимӣ, Мирбадеъ Ҳидоятзода
  • Лайло
  • 2006
  • Аввал