Манобеи исломӣ

    1. Саҳифаи асосӣ

    2. Китоб

    3. Ҳикматномаи ҷавон

    Ҳикматномаи ҷавон

    Ҳикматномаи ҷавон

    • Муҳаммадии Райшаҳрӣ
    download

      Download

    Ҳикматномаи ҷавон
    Rate this post
    Шарҳу таъриф Тахассусӣ Дидгоҳ

    Ҳикматномаи ҷавон

    Китоби Ҳикматномаи ҷавон, то он ҷо ки тавонистааст, раҳнамудҳои Қуръон ва Аҳли Байт (а)-ро ҳамроҳ бо ироаи улгуҳои айнии арзишҳои динӣ ва ахолқӣ ба ҷавонон ироа намояд. Умедворам, ки Худованди Маннон ин маҷмўаро аз ҷаззобияти лозим барои мутолиаи ҷавонони азиз, бархўрдор намояд.

    Гуфтанӣ аст он чӣ дар ин Ҳикматнома омадааст, матни муҳимтарин раҳнамудҳои Қуръон ва аҳодиси исломӣ барои ҷавонон аст, ки шарҳи онҳо ниёз ба китобҳои мустақил дар заминаҳои мухталифи ҷавонон дорад ва аз ин рў умед аст, ки ин маҷмўа на танҳо барои ҷавонон, балки барои пажўҳишгарон ва масъулони умури тарбиятӣ, муфиду корсоз бошад.

    Дар ин ҷо лозим медонам аз ҳамаи касоне, ки дар омодасозии ин Ҳикматнома бо нигоранда ҳамкорӣ доштаанд, бавижа фозили арҷманд ҷаноби Аҳмад Ғуломалӣ ва ҳамчунин ҷаноби Муҳаммади Нурӣ, ки дар таҳияи парвандаи пажўҳишӣ ҷиҳати таҳлилҳо маро ёрӣ дод, самимона сипосгузорӣ намоям. Афзун бар ин, заҳамоти устоди гаронқадр Ҳуҷҷат-ул-ислом вал-муслимин ҷаноби ҷаноби Маҳдии Маҳрезиро, ки бо тарҷумаи зебои худ, фаҳми оёту ривоёти ин маҷмўаро барои порсизабонон муяссар сохт, арҷ ниҳам ва аз Худованди Мутаол масъалат дорам, ки подоши дархўри фазли худ ба ҳамаи онон иноят фармояд.

    • Муҳаммадии Райшаҳрӣ