Манобеи исломӣ

    1. Саҳифаи асосӣ

    2. Китоб

    3. Сесад нуктаи мудириятӣ дар Қуръон

    Сесад нуктаи мудириятӣ дар Қуръон

    • Мустафо Мӯъминӣ
    • Мирзоӣ
    • Маърифат
    download

      Download

    Сесад нуктаи мудириятӣ дар Қуръон
    5 (100%) 1 vote
    Шарҳу таъриф Тахассусӣ Дидгоҳ

     

    Сесад нуктаи мудириятӣ дар Қуръон бар асоси тафсири “Нур”-и устод Муҳсин Қироатӣ

     

    Қуръони Карим, китобе аст, ки аз сӯи Парвардигори олам, холиқ ва парваришдиҳандаи тамоми мавҷудот аз ҷумла инсон, нозил гардида баёнкунандаи ниёзҳои зиндагии башарӣ барои рушд, таолӣ ва такомул аст, чунонки фармуд: [1]<تِبْيَانًا لِكُلِّ شَيْءٍ>

    Дар ин пажӯҳиш талош бар ин аст то бо муроҷиа ба тафсири Қуръон Карим, ки воситаи иртибот миёни зеҳнҳои хастаи мо ва оятҳои нуронии Қуръон Карим аст, дастурҳо ва роҳнамоиҳои он, ки нигоҳе ба мавзӯи илмҳои мудириятӣ дорад, кашф гарданд.

    Ҳадаф аз ҷамъоварии ин нуктаҳо, навиштани китоби коромаду осонфаҳм барои ҳамаи алоқамандон ба илмҳои мудирияти исломӣ будааст. Аз ин рӯ аз  тафсири »Нур«-и  устод Муҳсин Қироатӣ истифода шуд, ки яке аз равонтарин тафсирҳои Қуръони Карим аст ва дар нигориши он ба тафсирҳои машҳур муроҷиа шуда ва ҷомеияти хубе дорад.

    Саволи мо аз Қуръони Карим ин аст, ки “Чигуна мудирият кунем”? Албатта посухҳое, ки дарёфт гардид, чун ба як китоби тафсирӣ нисбат дода шудааст, мумкин аст ноқис буда ва тамоми ниёзҳои мудиронро посухгӯ набошад, вале бузургон гуфтаанд:

    Оби дарёро агар натавон кашид,

    Ҳам ба қадри ташнагӣ бояд чашид.

    Ин китоб аз ду бахш ташкил ёфта аст, ки бахши аввал нуктаҳои мудириятии Қуръонро бар асоси давраи 12 ҷилдии тафсири Нур истихроҷ ва дар қолаби 300 нуктаи мудириятӣ ироа кардааст ва дар бахши дувум мавзӯъҳои бахши аввалро дар қолаби 6 унвони куллии мудириятӣ тақсимбандӣ ва баён намудааст.

    Муаллиф

    ______________________________________

    [1] . Наҳл, 89.

     

     

     

     

     

     

    • Мустафо Мӯъминӣ
    • Мирзоӣ
    • Маърифат
    • 2015
    • Аввал