Манобеи исломӣ

    1. Саҳифаи асосӣ

    2. Китоб

    3. Инсон ва имон

    Инсон ва имон

    • Муртазо Мутаҳҳарӣ
    • Гуруҳӣ
    • Маърифат
    download

      Download

    Инсон ва имон
    5 (100%) 1 vote
    Шарҳу таъриф Тахассусӣ Дидгоҳ

    Ислом мактаби ҷомеъ ва ҳамаҷониба

    Ислом, ки бар чунин ҷаҳонбинӣ бунёд шудааст мактаби ҷомеъ ва воқеъгарост. Дар Ислом ба ҳамаи ҷавониби ниёзҳои инсонӣ -чи аз дунёӣ ва чи охиратӣ, ҷисмӣ ё рӯҳӣ, ақлӣ ё эҳсосӣ ва отифӣ, фардӣ ё иҷтимоӣ- таваҷҷуҳ шудааст.

    Маҷмуаи таълимоти исломӣ аз як лиҳоз се бахшро ташкил медиҳад:

    А. Усули ақоид, яъне чизҳое, ки вазифаи ҳар фард, кушиш дар бораи таҳсили ақида дар бораи онҳост. Коре, ки дар ин замина бар уҳдаи инсон аст аз навъи кори таҳқиқӣ ва илмӣ аст.

    Б. Ахлоқиёт, яъне хислатҳое, ки вазифаи як фарди мусалмон ин аст, ки хештанро ба он хислатҳо ва хубиҳо биёрояд ва аз зидди онҳо хештанро дур нигаҳ дорад. Коре, ки дар ин замина бар уҳдаи инсон аст аз навъи муроқибати нафас ва худсозӣ аст.

    В. Аҳком, яъне дастурҳое, ки марбут ба фаолиятҳои хориҷӣ ва айнии инсон аст, чи аз фаъолиятҳои маъошӣ ва маодӣ, дунявӣ ва ухравӣ, фардӣ ва иҷтимоӣ.[1]

    Ислом дар бораи усули ақоид, ки вазифаи ҳар фард, таҳсил ақидаи саҳеҳ дар бораи онҳост, тақлиду пайравӣ ва тааббудро кофӣ намедонад, балки лозим медонад, ки ҳар фарде мустақилан ва озодона сиҳҳати он ақоидро ба даст оварад. Аз назари Ислом ибодат мунҳасир ба ибодатҳои баданӣ монанди намозу руза ё ибодатҳои молӣ мисли закот нест; навъе дигар ҳам ҳаст ва он ибодати фикрӣ аст. Тафаккур ё ибодати фикрӣ агар дар масири бедории инсон қарор гирад аз солҳо ибодати баданӣ бартар ва болотар аст.

    [1] Усули ақоиди исломӣ бар асоси ривоятҳо панҷ асл аст: тавҳид, адл, набувват, имомат, маод.

     

    • Муртазо Мутаҳҳарӣ
    • Гуруҳӣ
    • Маърифат
    • 2015