Манобеи исломӣ

    1. Саҳифаи асосӣ

    2. Китоб

    3. Имон ва куфр

    Имон ва куфр

    • Мутаҳҳарӣ
    • Гуруҳӣ
    • Ирфон
    download

      Download

    Имон ва куфр
    5 (100%) 2 votes
    Шарҳу таъриф Тахассусӣ Дидгоҳ

    Фитнаҳои қарни бисту якум
    Дар рӯзгори мо ҳодисаҳои печидае рух медиҳад, ки пас аз гузашти солҳо чеҳраи воқеии худро нишон медиҳад.
    Дар қарни бистум барномаи ҳокимони ғарб зарба задан ба қудрату тавони мусулмонон ва таҷзияи кишварҳои исломӣ буд. Саранҷом ҳукумати усмонӣ ба чанд кишвари майдаи вобаста ва фармонбар тақсим шуд. Ишғолгарон аз шимол ва ҷануб Эронро ишғол карданд.
    Қарни бисту якум бо ҳодисаи ёздаҳи сентябри 2001 оғоз шуд. Ҳамагон ҳатто сиёсатмадорон дар ин фикр фурӯ рафта буданд, ки чигуна дар кишваре, ки ҳама чиз ба диққат пайгирӣ мешавад беш аз се ҳазор нафар ва ду бурҷро дар як ҳамла аз байн бибаранд. Ҳанӯз иллати ин ҳодиса маълум нашудааст.
    Афроди боҳуш, ки ҳаводиси ҷаҳонро пайгирӣ мекунанд аз натоиҷи он ҳодиса метавонанд омилонро бишиносанд ва ангезаҳоро бифаҳманд. Гӯё бори дигар меросхори истеъмор бо унвони мубориза бо тероризм, ҳокимият ва ҳузурашро дар Афғонистон, Покистон, Ироқ, Сурия ва Яман мустаҳкам кард.
    Дар кишваре, ки дин мавриди алоқаи мардум ва унсури расмӣ бошад аз ҳамон дин зидди он беҳтар аз ҳар омиле метавон баҳра гирифт. Падидаи зишти такфир беҳтарин намунаи он аст, ки ба унвони мубориза бо куфр ва нашри тавҳид дар пайи зарба задан ба дину диндорӣ аст ва ошкоро бо кӯмакҳои душманон оташи ҷангро дар кишварҳои исломӣ равшан мекунад. Зану мард ва кучаку бузургро аз дами теғ мегузаронанд ва зерсохтҳоро нобуд мекунанд. Мутаассифона ҳамаи ин авомили вайронгар ба номи Ислом анҷом мегирад.
    Аз оғози қарни бисту якум гуруҳҳое бо парчами дин ба номи Алқоида, Толибон ва ахиран Доиш (ояндаро Худо медонад) ба вуҷуд омадаанд, ки хостаҳои душманонро иҷро мекунанд. Гӯё Худо меъёри тавҳид ва куфрро ба дасти онон супорида аст, то ҳар гуруҳеро бихоҳанд мусулмон ё кофир ва муртад эълом кунанд. Инҳо намунаи дигаре аз Хавориҷ ҳастанд, ки дар замони ҳазрати Алӣ(а) ва пас аз вай зуҳур карда фоҷеаҳоеро ба вуҷуд оварданд.
    Мутаассифона пайваста мағзҳои хушк ва ҷоҳил дар ҳар замон бузургони Исломро такфир мекардаанд. Ифтихори шарқ ва мутафаккири бузурги Ислом Абӯалӣ Сино низ аз дасти ин афрод дар амон набуда ва ин ду байтро суруда аст:

    Куфре чу мане газофу осон набувад
    Маҳкамтар аз имони ман имон набувад
    Дар даҳр чу ман якеву он ҳам кофир
    Пас дар ҳама даҳр як мусулмон набувад

    Вазифаи донишмандони дилсӯз, боинсоф ва душманшинос аст, ки барои дармони ин дард ва пешгирӣ аз гирифтор шудани умум ва берун рафтан аз ин вазъият роҳи ҳалле бияндешанд ва ҳар кадом дар ҳадди тавон вазифаи худро анҷом диҳанд.
    Дар ин рисолаи кутоҳ таърихчаи падидаи такфир ва пояҳои фикрӣ ва каломии ин гуруҳ баён мешавад, то қадаме барои тавҳиди калима ва бародарии исломӣ бардошта шавад. Иншоаллоҳ.

    • Мутаҳҳарӣ
    • Гуруҳӣ
    • Ирфон
    • 2013
    • якум