Манобеи исломӣ

    1. Саҳифаи асосӣ

    2. Китоб

    3. Зиндагии пешвои нӯҳум ҳазрати Имом Муҳаммади Тақӣ

    Зиндагии пешвои нӯҳум ҳазрати Имом Муҳаммади Тақӣ

    Зиндагии пешвои нӯҳум ҳазрати Имом Муҳаммади Тақӣ

    • Ҳайати таҳририяи муассисаи Дар роҳи ҳақ
    download

      Download

    Зиндагии пешвои нӯҳум ҳазрати Имом Муҳаммади Тақӣ
    Rate this post
    Шарҳу таъриф Тахассусӣ Дидгоҳ

    Нигариши кӯтоҳе
    ба зиндагии чаҳордаҳ маъсум

    Қисмати ёздаҳум
    Зиндагии пешвои нӯҳум ҳазрати Имом Муҳаммади Тақӣ (а)

    Бисмиллоҳир-Раҳмонир-Раҳим

    قَالَ رَسُول الله – صلّی الله عليه وَ آله-:
    اِنِّي تَارِكٌ فِيكُمُ الثَّقَلَيْنِ: كِتَابَ الله،ِ وَعِتْرَتِي اَهْلَ بَيْتِي،
    مَا اِنْ تَمَسَّكْتُمْ بِهِمَا لَنْ تَضِلُّوا اَبَدًا،
    وَانَّهُمَا لَنْ يَفْتَرِقَا حَتیّ يرِدَا
    عَلَيَّ الْحَوْضَ.

    Расули Худо(с) фармудаанд:

    Ман ду чизи гаронбаҳоеро дар миёни шумо аз худ боқӣ мегузорам: яке Китоби Худованд ва дигаре Итратам, Аҳли байтам. Агар ба ин ду чанг занед, ҳаргиз гумроҳ нахоҳед шуд. Ин ду ҳеҷ вақт аз якдигар ҷудоӣ надоранд, то он гоҳ ки бар ҳавзи Кавсар бар ман ворид шаванд.(Саҳеҳи Муслим, ҷилди 7, саҳ. 122; Сунани Дорамӣ, ҷилди 2, саҳ. 432; Муснади Аҳмад, ҷилди 3, саҳ. 14, 17, 26, 59, ҷилди 4, саҳ. 366, 371, ҷилди 5, саҳ. 182, Мустадраки Ҳоким, ҷилди 3, саҳ. 109, 148, 533 ва …)

    Аҳли Байт алайҳимуссалом мероси гаронбаҳое аз худ боқӣ гузоштаанд, ки пайравонашон онро аз хатари нобудӣ ҳифз намудаанд. Ин намунаи фарогири як мактабе аст, ки шохаҳои мухталифи маърифати исломиро дар бар дошта ва тавониста аст ашхоси зиёди тавонмандеро барои сероб шудан аз ин чашмаи ҷӯшон, парвариш ва тақдими уммати исломӣ намояд.

    Ин донишмандон бо пайравӣ аз Аҳли Байти Паёмбар(с) дар мақоми посухгӯӣ ба дасисаҳо ва шубҳаҳои воридшуда аз сӯи мазҳабҳо ва ҷараён-ҳои фикрии дохил ва хориҷи ҷомеаи исломӣ баромада, дар давоми қарнҳои гузашта пеш-ниҳодкунандаи матинтарин посухҳо ва роҳи ҳалҳо барои ин шубҳаҳо буда ва ҳастанд.

     

    • Ҳайати таҳририяи муассисаи Дар роҳи ҳақ