Манобеи исломӣ

    1. Саҳифаи асосӣ

    2. Китоб

    3. Аҳли Байт дар Қуръон ва ҳадис

    Аҳли Байт дар Қуръон ва ҳадис

    Аҳли Байт дар Қуръон ва ҳадис

    • Муҳаммади Райшаҳрӣ
    download

      Download

    Аҳли Байт дар Қуръон ва ҳадис
    Rate this post
    Шарҳу таъриф Тахассусӣ Дидгоҳ

    Сухане бо хонандагон

    Китобе, ки инак дар пеши рўи шумост, чакидаи садҳо китоб ва ҳазорон ҳадис аст, ки бо намуде нав, барои нахустин бор ба ҷаҳони дониши ҳадис ва маорифи исломӣ арза мегардад.

    Ин китоб ҳосили солҳо кор ва пажўҳиш ва таҳқиқ ва нахустин рисолаест, ки аз «Мавсуаи Мизон-ул-ҳикма» мустақиллан мунташир мегардад. Нигоҳе мухтасар ба феҳрести масдарҳои китоб, метавонад хонандаи онро бо бахше аз ҳаҷми густардаи кор ошно созад.

    Шоистаи таваҷҷўҳ аст, ки таълифи «Мавсуаи Мизон-ул-ҳикма», пас аз истиқболи чашмгир аз «Мизон-ул-ҳикма» аз соли (1366 ҳ.ш) бо ҳамкории ҷамъе аз фозилон дар ҳавзаи илмияи Қум оғоз шуд ва ба таъсиси «Муассисаи Фарҳангии Дор-ул-ҳадис» дар соли (1374 ҳ.ш) анҷомид. Дар ҳоли ҳозир бахши чашмгире аз ин мавсуаи бузург сомон ёфта ва интизор дорам ба фазли Худованди Мутаол дар ояндае на чандон дур, шоҳиди интишори ин маҷмўаи гаронқадр бошем. Аммо то он рўз, аз он ҷо ки баъзе аз унвонҳои ин мавсўа ба шиддат мавриди ниёзи ҷомеаи исломӣ аст ва ба таври мустақил қобили интишор мебошад, ин гуна унвонҳо ба тадриҷ мустақиллан мунташир хоҳад шуд, иншоаллоҳ.

    Аз ҳусни иттифоқ, нахустин китобе, ки дар «Маркази Таҳқиқоти Дор-ул-ҳадис» омодаи интишор гардид, перомуни шинохти аҳли байти гиромии Расули Худо (с) аст. Ман ин оғозро ба фоли нек мегирам ва ин китобро ба пешгоҳи муқаддаси Сиддиқаи Кубро, Фотима духтари Расулуллоҳ (саломуллоҳи алайҳо) тақдим медорам. Умедворам Худованди Маннон ба баракати дуои ў, ин хидмати ночизро бипазирад ва захираи олами қабр ва қиёмати мо намояд ва осори онро дар шиносоии Аҳли Байт ва таҳкими ваҳдаи калимаи ҷаҳони Ислом, бар меҳвари хонадони гиромии Расули Худо (с) беш аз чашмдошти мо муқаррар фармояд.

    Дар поён лозим медонам аз ҳамаи бародарони азизи «Маркази Таҳқиқоти Дорулҳадис», ки дар таълифи ин маҷмўаи арзишманд маро ёрӣ расонданд, ба хусус фозили гиромӣ, ҷаноби Сайидрасули Мўсавӣ, ки бештарин талошҳоро дар ин замина доштанд, сипос бигузорам. Ҷазоҳумуллоҳу ан аҳли байти набиййиҳи хайрал-ҷазои фиддорайн!

    Муҳаммади Райшаҳрӣ

    Шаъбони 1417 ҳ. қ

    • Муҳаммади Райшаҳрӣ