Манобеи исломӣ

    1. Саҳифаи асосӣ

    2. article

    3. 83-Сураи Мутаффифин

    83-Сураи Мутаффифин

    Rate this post

    Сураи Мутаффифин

    Ин сура дар Макка нозил шуда ва 36 оят дорад.

    Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар

    1               Вой бар камфурӯшон!

    2               Онҳо, ки вақте барои худ вазн мекунанд, ҳаққи худро ба таври комил мегиранд,

    3               Аммо ҳангоме, ки мехоҳанд барои дигарон вазн кунанд, кам мегузоранд.

    4               Оё онҳо гумон намекунанд, ки барангехта мешаванд,

    5               Дар рӯзи бузург?!

    6               Рўзе, ки мардум дар пешгоҳи Парвардигори ҷаҳониён меистанд.

    7               Чунин нест, (ки онҳо дар бораи қиёмат мепиндоранд), ба яқин номаи аъмоли бадкорон дар «Сиҷҷин» аст.

    8               Ту чӣ медонӣ «Сиҷҷин» чист?!

    9               Номае аст рақамзадашуда ва сарнавиште аст ҳатмӣ.

    10           Вой дар он рӯз ба инкоркунандагон!

    11           Ҳамонҳо, ки рӯзи ҷазоро инкор мекунанд.

    12           Танҳо касе онро инкор мекунад, ки таҷовузкору гунаҳкор аст.

    13           (Ҳамон касе, ки) вақте оятҳои мо бар ӯ хонда мешавад, мегӯяд: «Ин афсонаҳои гузаштагон аст».

    14           Чунин нест, (ки онҳо мепиндоранд), балки аъмолашон чун зангоре бар дилҳояшон нишастааст.

    15           Чунин нест, (ки онҳо мепиндоранд), балки онҳо дар он рӯз аз Парвардигорашон пинҳонанд.

    16           Сипас онҳо яқинан вориди дўзах мешаванд.

    17           Баъд ба онҳо гуфта мешавад: «Ин ҳамон чизе аст, ки онро инкор мекардед!».

    18           Чунон нест, (ки онҳо дар бораи маод мепиндоранд), балки номаи аъмоли некон дар «Иллиййин» аст.

    19           Ва ту чӣ медонӣ «Иллиййин» чист?!

    20           Номае аст рақамхўрда ва сарнавиште аст қатъӣ,

    21           Ки муқаррабон шоҳиди онанд.

    22           Ҳатман некон дар анвоъи неъматанд:

    23           Бар тахтҳои зебои биҳиштӣ такя карда ва (ба зебоиҳои биҳишт) менигаранд.

    24           Дар чеҳраҳояшон таровату нишоти неъматро мебинӣ ва мешиносӣ.

    25           Онҳо аз шароби (таҳури) зулоли дастнахўрда ва сарбастае сероб мешаванд.

    26           Мўҳре, ки бар он ниҳода шуда аз мушк аст ва дар ин (неъматҳои биҳиштӣ) рағбатдорон бояд бар якдигар пешӣ гиранд.

    27           Ин шароби (таҳур) омехта бо «Тасним» аст,

    28           Ҳамон чашмае, ки муқаррабон аз он менўшанд.

    29           Бадкорон (дар дунё) ҳамеша ба мӯъминон механдиданд,

    30           Ва ҳангоме, ки аз канорашон мегузаштанд, онҳоро бо ишора масхара мекарданд,

    31           Ва чун ба сӯи хонаводаи худ бозмегаштанд, хушҳолу хандон буданд,

    32           Ва ҳангоме, ки онҳоро медиданд, мегуфтанд: «Инҳо гумроҳонанд».

    33           Дар ҳоле, ки ҳаргиз маъмури нигаҳбонӣ ва мутакаффили онҳо (мӯъминон) набуданд.

    34           Вале имрӯз мӯъминон ба кофирон механданд,

    35           Дар ҳоле, ки бар тахтҳои оростаи биҳиштӣ нишаста ва (ба сарнавишти шуми онҳо) менигаранд.

    36           Оё (бо ин ҳол) кофирон подоши аъмоли худро гирифтанд?!