Манобеи исломӣ

Забон
  1. Саҳифаи асосӣ

  2. article

  3. Тафсири сураи Ёсин Оёти 80-83

Тафсири сураи Ёсин Оёти 80-83

Rate this post

  Тафсири сураи Ёсин  Оёти  80-83

بسم الله الرحمن الرحیم

Ояти 80

الَّذِي جَعَلَ لَكُم مِّنَ الشَّجَرِ الْأَخْضَرِ نَارًا فَإِذَا أَنتُم مِّنْهُ تُوقِدُونَ ﴿80﴾

Тарҷумаи ояти 80

80 – Ҳамон касе, ки барои шумо аз дарахти сабз оташ офарид ва шумо ба василаи он оташ меафрўзед.

Тафсир:

Растохези энергияҳо!

Дар дунболи оёти гузашта, ки перомуни қиёмату маод баҳс мекард ва ишороти пурмаънову зиндае дар он бар масъалаи имкони маод ва рафъи ҳар гуна истибъоду номумкинӣ буд, дар оёти мавриди баҳс, ки охирин оёти сураи Ёсин – ҳамон қалб Қуръон – аст, шарҳи бештару гўётаре дар бораи ҳамин масъала матраҳ мекунад ва аз се ё чаҳор тариқи ҷолиб онро дунбол менамояд.

Нахуст мефармояд:

الَّذِي جَعَلَ لَكُم مِّنَ الشَّجَرِ الْأَخْضَرِ نَارًا فَإِذَا أَنتُم مِّنْهُ تُوقِدُونَ

Он Худое, ки барои шумо аз дарахти сабз оташ офарид ва шумо ба василаи он оташ меафрўзед, қодир аст, ки бар ин устухонҳои пўсида бори дигар либоси ҳаёт бипўшонад.

Чӣ таъбири аҷибу ҷолибе, ки ҳар қадар дар он бештар диққат кунем маонӣ амиқтаре ба мо ироа медиҳад?! Асосан бисёре аз оёти Қуръон дорои чандин маъно аст, баъзе содда барои фаҳми оммаи мардум дар ҳар замон ва ҳар макон ва баъзе амиқ барои хавос ва саранҷом баъзе комилан амиқ барои зубдаҳои хавос ва ё аъсору қуруни дигар ва ояндаҳои дур.

Дар айни ҳол ин маонӣ бо ҳам мунофоте надорад ва дар они воҳид дар як таъбири пурмаъно ҷамъ аст.

Ояти боло ҳамин гуна аст: нахустин тафсире, ки бисёре аз муфассирони пешин барои он зикр кардаанд ва маънои соддаву равшане аст, ки барои умум мардум қобили фаҳм мебошад ин аст ки: дар асрҳои қадим дар миёни арабҳо ин кор роиҷ буд, ки барои оташ афрўхтан аз чўби дарахтон махсусе ба номи «марх» ва «афор», ки дар биёбонҳои Ҳиҷоз мерўида истифода мекарданд.

«Марх» (مرخ) бар вазни чарх ва «афор» (عفار) бар вазни табор, ду навъ чўби оташзана буд, ки аввалиро зер қарор медоданд ва дуввўмиро рўи он мезаданд ва монанди санги оташзана ҷараққа аз он тавлид мешуд, дар воқеъ ба ҷои гўгирди имрўза аз он истифода мекарданд.

Қуръон мегўяд: Он Худое, ки метавонад аз ин дарахтони сабз оташ берун бифиристад қудрат дорад, ки бар мурдагон либоси ҳаёт бипўшонад.

Обу оташ ду чиз мутазод аст. Касе, ки метавонад онҳоро дар канори ҳам қарор диҳад, қудрат инро низ дорад, ки ҳаётро дар канори марг ва маргро дар канори ҳаёт қарор диҳад! Офарин бар он ҳастиофарин, ки оташро дар дили об ва обро дар дил оташи нигоҳ медорад, мусалламан барои ў пўшонидани либоси зиндагӣ бар андоми инсонҳои мурда кор мушкиле нест.

Агар аз ин маъно қадам фаротар бигузорем ба тафсири дақиқтаре мерасем ва он ин ки: хосият оташафрўзӣ ба василаи чўби дарахтон, мунҳасир ба чўбҳои марху афор нест, балки ин хосият дар ҳамаи дарахтон ва тамоми аҷсоми олами вуҷуд дорад (ҳар чанд ду чўби мазбур бар асари маводду вазъи махсусашон омодагии бештаре барои ин кор доранд).

Хулоса ин ки тамоми чўбҳои дарахтон агар мўҳкам ба ҳам бихўранд ҷараққа медиҳанд, ҳатто чўби дарахтони сабз.

Ба ҳамин далел гоҳ оташсўзиҳои васеу ваҳшатноке дар дили ҷангалҳо рўи медиҳад, ки ҳеҷ инсоне омили он набудааст, балки фақат вазиши шадиди бодҳо ва тўфонҳое, ки шохаҳои дарахтонро мўҳкам ба ҳам кўфтааст ва аз миёни онҳо ҷараққае дар миёни баргҳои хушк афтодааст, сипас вазиши бод ба он оташи доманзада омили аслӣ буда аст.

Ин ҳамон ҷараққаи электристика аст, ки бар асари истикоку соиш ошкор мегардад.

Ин ҳамон оташе аст, ки дар дили тамомии зарраҳои мавҷудоти ҷаҳон нуҳуфта аст ва дар ҳангоми истикоку соиш худро нишон медиҳад ва аз дарахти сабз оташ меофаринад!

Ин тафсири васеътаре аст, ки чашмандози ҷамъи аздодро дар офариниш густардатар мекунад ва бақоро дар фано возеҳтар нишон медиҳад.

Аммо дар ин ҷо тафсири севвўме аст, ки аз он ҳам амиқтар аст ва ба кўмаки донишҳои имрўз бар он даст ёфтаем, ки мо номи онро қиёмати энергияҳо гузоридаем.

Тавзеҳ ин ки: яке аз корҳои муҳимми гиёҳон масъалаи карбонгирӣ аз ҳаво ва сохтан селлюлозаи наботӣ аст (селлюлоза ҳамон ҷирми дарахтон аст, ки аҷзои умдаи он карбон ва оксиген ва гидроген аст).

Акнун бибинем, ки ин селлюлоза чӣ гуна сохта мешавад? Ёхтаҳои дарахтону гиёҳон гази карбонро аз ҳаво гирифта ва онро таҷзия мекунанд ва оксигени онро озод сохта ва карбонро дар вуҷуд худ нигаҳмедорад ва онро бо об таркиб карда ва чўби дарахтонро аз он месозад.

Вале масъалаи муҳим ин аст, ки тибқи гувоҳии улуми табиӣ ҳар таркиби химиявӣ, ки анҷом меёбад ё бояд ҳамроҳ бо ҷазби энергияи хоссе бошад ва ё озод кардани он (диққат кунед).

Бинобар ин ҳангоме ки дарахтон ба амали карбонгирӣ машғуланд, тибқи ин қонун эҳтиёҷ ба вуҷуди як энергия доранд ва дар ин ҷо аз гармо ва нури офтоб ба унвони як энергияи фаъол истифода мекунанд.

Ба ин тартиб дар ҳангоми ташкили чўбҳои дарахтон миқдоре аз энергияи офтоб низ дар дили онҳо захира мешавад ва ҳангоме ки чўбҳоро ба истилоҳ месўзонем ҳамон энергияи захира шудаи офтоб озод мегардад, зеро бори дигар карбон бо оксигени ҳаво таркиб шуда ва гази карбонро ташкил медиҳад ва оксигену гидроген (миқдоре об) озод мегардад.

Аз ин таъбироти истилоҳӣ, ки бигузарем ба иборати бисёр содда ин нуру ҳарорати матбўъе, ки дар зимистон даруни кулбаи деҳотӣ ё сандалии зуғолсўзи ин шаҳрнишинро гарму равшан месозад, ҳамон нуру ҳарорати офтоб аст, ки дар зимни чанд сол ё даҳҳо сол дар чўби ин дарахтон захира шудааст ва он чиро дарахт дар тўли як умр оҳиста-оҳиста ва тадриҷан аз офтоб гирифтааст, акнун бе каму кост пас медиҳад! Ва ин ки мегўянд ҳамаи энергияҳо дар кураи замин ба энергияи офтоб боз мегардад яке аз чеҳраҳояш ҳамин аст.

Ин ҷост, ки ба растохези энергияҳо мерасем ва мебинем, ки нуру ҳарорате, ки дар ин фазо пароканда мешавад ва барги дарахтону чўбҳои онҳоро навозишу парвариш медиҳад, ҳаргиз нобуд нашудааст, балки тағйир чеҳра дода ва дур аз чашми мо инсонҳо дар даруни зарраҳои чўбу шоха ва барги дарахтон пинҳон шудааст ва ҳангоме ки як шўълаи оташ ба чўби хушкида мерасад, растохези онҳо шурўъ мешавад ва тамоми он чӣ аз энергияи офтоб дар дарахт пинҳон буд дар он лаҳза ҳашру нашраш зоҳир мегардад, бе он ки ҳатто ба андозаи равшаноии як шамъ дар як замон кўтоҳ аз он кам шуда бошад! (Боз ҳам диққат кунед).

Бидуни шак ин маъно дар замони нузули оят бар тўдаҳои мардум равшан набуд, вале ҳамон гуна ки гуфтем ин мавзўъ ҳеҷ мушкиле эҷод намекунад, зеро ки оёти Қуръон дорои маонӣ чанд марҳалаӣ аст, дар сатҳҳои гуногун ва барои истеъдодҳои мутафовит.

Як рўз аз ин оят чизе мефаҳмиданд ва имрўз мо чизи бештаре мефаҳмем ва шояд ояндагон аз ин ҳам фаротар раванду бештар дарк кунанд ва дар айни ҳол ҳамаи ин маонӣ саҳеҳ аст ва комилан қобили қабул ва дар маънои оят ҷамъ аст.

Нуктаҳо:

1 – Чаро дарахти сабз?

Гоҳе ба зеҳн мерасад, ки чаро Қуръон дар ин ҷо таъбир ба «дарахти сабз» кардааст? Дар ҳоле ки оташ афрўхтан бо чўби тар бисёр мушкил аст, чӣ хуб буд ба ҷои он «чўби хушк» мефармуд, то бо ин таъбир созгор бошад! Вале нуктаи ҷолиб ин ҷо аст, ки танҳо дарахтони сабз ҳастанд, ки метавонанд амали карбонгирӣ ва захираи нури офтобро анҷом диҳанд, дарахтони хушк агар садҳо сол дар маърази тобиши офтоб қарор гиранд ҳам заррае ба захираи энергияи ҳароратии онҳо афзуда намешавад, танҳо мавқее қодир бар ин кори муҳим ҳастанд, ки сабзу зинда бошанд.

Бинобар ин фақат дарахти сабз аст, ки метавонад оташгира (вақуд) барои мо бисозад ва гармову нурро ба шакли мармузе дар чўби сарду мартуби худ нигоҳ дорад, аммо ба маҳз ин ки хушкиданд амал карбонгирӣ ва захираи энергияи офтоб таътил мешавад.

Рўи ин асл таъбир боло ҳам тарсими зебое аз чеҳраи растохези энергияҳо аст ва ҳам як мўъҷизаи илмии ҷовидон аз Қуръони Маҷид!

Аз ин гузашта агар ба тафсирҳои дигар, ки дар боло ишора кардем бозгардем, таъбири «дарахти сабз» боз ҳам муносибу зебо аст, зеро чўбҳои дарахтони сабз ҳангоме, ки бо якдигар истикоку соиши сахт пайдо кунанд, ҷараққа берун медиҳанд, ҷараққае, ки метавонад мабдаи оташафрўзӣ шавад ва ин ҷо аст, ки ба азамати қудрати Худо пай мебарем, ки оташро дар дили об ва обро дар дил оташ ҳифз кардааст.

2 – Фарқ миёни оташгира ва оташзана

«Туқидун» – «تُوقِدُونَ» аз моддаи «вуқуд» – «وُقود» (бар вазни «духул» – «دُخول») ба маънои равшан шудани оташ аст ва «иқод» – «ايقاد» ба маънои оташ афрўхтан ва «вақуд» – «وَقود» (бар вазни «самуд» – «ثَمود») ба маънои ҳезуме аст, ки барои афрўхтани оташ мавриди истифода қарор мегирад.

Бинобар ин ҷумлаи «فَإِذَا أَنتُم مِّنْهُ تُوقِدُونَ» – «аз он оташ равшан мекунед», ишора ба ҳезумҳое аст, ки бо он оташ меафрўзанд ва ба таъбири дигар ишора ба оташгира аст, на оташзана.

Тавзеҳ ин ки мо дар форсӣ ҳезумро оташгира меномем ва гўгирд ё фандакро оташзана меномем ва дар луғати араб ҳезумро «вақуд» ва гўгирд ё фандакро «занд» ё «зинод» меноманд.

Бинобар ин Қуръон мегўяд: Он Худое, ки барои шумо аз дарахти сабз оташ қарор дод ва шумо бо он оташгира таҳия мекунед, (намефармояд оташзана) ҳам ў қодир аст, ки мурдагонро ба зиндагӣ бозгардонад ва ин таъбир комилан бо растохези энергияҳо мунтабиқ аст (диққат кунед).

Ба ҳар ҳол масъалаи оташ афрўхтан бо чўбҳои дарахтон гарчи як масъалаи содда дар назари мо аст, вале бо диққат маълум мешавад, ки аз аҷибтарин масъалаҳост, зеро маводде, ки дарахт аз он ташкил шудааст қисмати муҳиммаш об ва миқдоре аҷзои замин аст ва ҳеҷ кадом аз онҳо қобили сўхтан ва иштиол нест, ин чӣ қудрате аст, ки аз обу хок (ва ҳаво) ин моддаи энергиязоро, ки ҳазорон сол зиндагии инсонҳо бо он пайванди наздик доштааст офаридааст?!

Оёти 81-83

 أَوَلَيْسَ الَّذِي خَلَقَ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ بِقَادِرٍ عَلَى أَنْ يَخْلُقَ مِثْلَهُم بَلَى وَهُوَ الْخَلَّاقُ الْعَلِيمُ ﴿81﴾ إِنَّمَا أَمْرُهُ إِذَا أَرَادَ شَيْئًا أَنْ يَقُولَ لَهُ كُنْ فَيَكُونُ ﴿82﴾ فَسُبْحَانَ الَّذِي بِيَدِهِ مَلَكُوتُ كُلِّ شَيْءٍ وَإِلَيْهِ تُرْجَعُونَ ﴿83

Тарҷумаи оёти 81-83

81 – Оё касе, ки осмонҳову заминро офарид қудрат надорад, ки монанди онҳо (инсонҳои хокшуда)-ро биёфаринад? Оре, (метавонад) ва Ў Офаридгори Доно аст!

82 – Фармони ў танҳо ин аст, ки ҳар гоҳ чизеро бихоҳад ва ирода кунад, ба ў мегўяд, ки: Мавҷуд бош! Он низ било фосила мавҷуд мешавад!

83 – Пас муназзаҳ аст Худованде, ки моликияту ҳокимияти ҳама чиз дар дасти ў аст ва (шумо ҳамагӣ) ба сўи ў бозмегардед.

Тафсир:

Ў молику ҳоким бар ҳама чиз аст!

Баъд аз зикри далоили маод аз тариқи таваҷҷўҳ додан ба офариниши нахустин ва офариниши оташ аз дарахти сабз дар оёти гузашта, дар нахустин ояти мавриди баҳс ин масъаларо аз тариқи севвуме таъқиб мекунад ва он аз тариқи қудрати бепоёни Худо аст.

Мефармояд:

أَوَلَيْسَ الَّذِي خَلَقَ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ بِقَادِرٍ عَلَى أَنْ يَخْلُقَ مِثْلَهُم بَلَى وَهُوَ الْخَلَّاقُ الْعَلِيمُ

Оё касе, ки осмонҳову заминро бо он ҳама азамату аҷоиб ва низомоти шигефтангез офаридааст, тавоноӣ надорад, ки монанди ин инсонҳои хокшударо биёфаринад? (ва онҳоро ба ҳаёту зиндагии ҷадиде бозгардонад). Оре, метавонад ва ў офаринандаи огоҳу доно аст.

Ин ҷумла, ки бо истифҳоми инкорӣ шурўъ шудааст, дар ҳақиқат саволеро дар баробари виҷдонҳои бедор ва ақлҳои ҳушёр матраҳ мекунад, ки оё шумо ба ин осмони азим бо он ҳама савобиту сайёроти аҷибаш ва бо он ҳама манзумаҳо ва каҳкашонҳояш нигоҳ намекунед, ки ҳар гўшае аз он дунёи васее аст?! Касе, ки қодир бар офариниши чунин оламҳои фавқул – одда азиму муназзаме аст, чӣ гуна мумкин аст қодир ба зинда кардани мурдагон набошад?! Ва аз он ҷо ки посухи ин савол дар қалбу рўҳи ҳар инсони бедоре омода аст, дар интизори посух намемонад ва било фосила мегўяд: Оре, ў чунин қудратеро дорад ва ба дунболи он рўи ду сифати бузурги Худованд, ки дар робита бо ин масъала бояд мавриди таваҷҷўҳ қарор гирад – яъне сифати халлоқият ва илми бепоён ў – такя мекунад, ки дар ҳақиқат далеле аст бар гуфтори пешин, ки агар шакку тардиди шумо аз ноҳияи қудрати ў бар хилқату офариниш аст, ў халлоқ аст (таваҷҷўҳ дошта бошед, ки «халлоқ» сиғаи муболиға аст).

Ва агар ҷамъу ҷур кардани ин зарраҳо ниёз ба илму дониш дорад, ў аз ҳар назар оламу огоҳ аст.

Дар ин ки марҷаи замири «монанди онҳо» (مِثْلَهُم) чист, муфассирон эҳтимолоти зиёде додаанд, вале аз ҳама машҳуртар ин аст, ки ба инсонҳо боз мегардад, яъне: Офаридгори осмону замин қодир бар офариниш мисли инсонҳо мебошад.

Дар ин ҷо ин савол пеш меояд, ки чаро нафармуд, ки: Қодир аст худи онҳоро аз нав дубора биёфаринад, балки гуфта аст: мисли онҳоро?

Дар баробари ин савол посухҳои зиёде матраҳ кардаанд ва он чӣ наздиктар ба назар мерасад ин аст, ки ҳангоме ки бадани инсон табдил ба хок шуд, сурати худро аз даст медиҳад ва дар қиёмат, ки бозмегардад ҳамон маводди пешин сурате монанди сурати аввалро ба худ мегирад, яъне модда ҳамон модда аст, вале сурат шабеҳу монанди сурати гузаштааст, зеро айни он сурат махсусан бо таваҷҷўҳ ба қайди замон имкони бозгашт надорад, бахусус ин ки медонем, ки дар растохез инсонҳо бо тамоми кайфиёти гузашта маҳшур намешаванд, масалан пирон ба сурати ҷавон ва маълулон ба сурати солим хоҳанд буд.

Ва ба таъбир дигар: бадан инсонҳо монанди хиште аст, ки аз ҳам муталошӣ мешавад ва хок онро ҷамъ мекунанд ва бори дигар ба сурати гил дароварда ва дар қолиб мерезанд ва хишти наве он мезананд, ки ин хишт навин аз як назар айни ҳамон аст ва аз як назари мисли он (моддааш ҳамон модда ва сураташ монанди он сурат аст. Диққат кунед).

Ояти баъд таъкиде аст бар он чӣ дар оёти қабл гузашт, таъкиде аст бар ин ҳақиқат, ки ҳар гуна эҷоде дар баробари хосту ирода ва қудрати ў саҳлу осон аст, эҷод осмонҳои азим ва кураи хокӣ, бо эҷод як ҳашараи кўчак барои ў яксону баробар аст, мефармояд:

إِنَّمَا أَمْرُهُ إِذَا أَرَادَ شَيْئًا أَنْ يَقُولَ لَهُ كُنْ فَيَكُونُ

Фармони ў ин аст, ки ҳар гоҳ чизеро бихоҳаду ирода кунад, ба он мегўяд, ки: Мавҷуд бош! Он ҳам мавҷуд мешавад, ҳамон гуна ки Худо хостааст.

Ҳама чиз ба як ишораву фармони ў баста аст ва касе, ки дорои чунин қудрате аст, оё ҷои ин дорад, ки дар зинда кардани мурдагон ба василаи ў, шакку тардид шавад?

Равшан аст, ки амру фармони илоҳӣ дар ин ҷо ба маънои амри лафзӣ нест, ҳам чунин ҷумлаи «кун» (бош) ҷумлае нест, ки Худованд ба сурати лафзи баён кунад, зеро на ў лафзе дорад ва на ниёзманд ба алфоз аст, балки манзур ҳамон тааллуқи хосту иродаи ў ба эҷоду ибдои чизе аст ва таъбир ба калимаи «кун» ба хотири он аст, ки аз ин таъбири кўтоҳтару кўчактар ва сареътар тасаввур намешавад.

Оре, тааллуқи хосту иродаи ў ба чизе ҳамон асту мавҷуд шудани он ҳамон аст! Ва ба таъбир дигар: ҳангоме ки Худованд чизеро ирода кунад, било фосила таҳаққуқ меёбад, ба тавре ки дар миёни иродаи ў ва вуҷуди ашё чизе фосила нест, бинобар ин таъбир ба амру қавл ва ҷумлаи «кун» ҳама тавзеҳе аст барои масъалаи халқу эҷод ва чунон ки гуфтем дар ин ҷо амри лафзӣ ва қавлу сухан ва калимаи кофу нун матраҳ нест, ҳамаи инҳо баёнгари таҳаққуқи сареи ашё баъд аз тааллуқи иродаи илоҳӣ аст, ў чӣ ҳоҷате ба алфозу калимот дорад? Ва асосан баъд аз тааллуқи машияти ў бар эҷоди чизе васотати алфоз бемаънӣ аст.

Ва боз ба таъбири равшантар дар феълҳои Худованд ду марҳала бештар вуҷуд надорад: марҳалаи ирода ва марҳалаи эҷод, ки дар ояти боло аз марҳалаи дуввўм ба унвон амру қавли ва ҷумлаи «кун» таъбир шудааст.

Ҷамъе аз муфассирони қадим пиндоштаанд, ки дар ин ҷо қавлу сухане дар кор аст ва онро яке аз асрори ношинохта медонанд, онҳо дар ҳақиқат дар печу хами лафз гирифтор шудаанд ва аз мўҳтавою маънои он бехабар мондаанд ва корҳои илоҳиро бо миқёси вуҷуди худ санҷидаанд.

Чӣ зебо мефармояд Амири Мўъминон Алӣ (а) дар яке аз хутбаҳои Наҳҷулбалоға:

يقول لما اراد لما كونه كن فيكون لا بصوت يقرع ، و لا بنداء يسمع و انما كلامه سبحانه فعل منه انشاه ، و مثله لم يكن من قبل ذلك كائنا ، و لو كان قديما لكان ثانيا

Ў ҳар чиро хосту ирода кунад ба он мегўяд, ки: Бош! Ва он бедаранг мавҷуд мешавад, аммо каломи ў на савте аст, ки дар гўшҳо нишинад ва на фарёде аст, ки шунида шавад, балки сухани Худо ҳамон феъли ў аст, ки эҷод мекунад ва пеш аз ў чизе вуҷуд надоштааст ва агар буд Худои дуввўме маҳсуб мешуд.

Аз ин гузашта агар пои лафзе дар миён ояд, ду ишкол дар баробари мо худнамоӣ хоҳад кард:

Нахуст ин ки ин лафз худаш махлуқе аз махлуқот аст ва барои эҷоди он калимаи «кун»-и дигаре лозим аст, ин сухан дар бораи «кун»-и дуввўм низ такрор мешавад ва ба сурати тасалсул пеш меравад.

Дигар ин ки ҳар хитобе мухотабе мехоҳад ва ҳангоме ки чизе мавҷуд нашудааст, чӣ гуна Худованд онро бо ҷумлаи «кун» мухотаб месозад, магар маъдум қобили хитоб аст?

Дар оёти дигаре аз Қуръон ҳамин маъно бо таъбирҳои дигар омадааст монанди ояти 117 сураи Бақара:

وَإِذَا قَضَى أَمْراً فَإِنَّمَا يَقُولُ لَهُ كُن فَيَكُونُ

Ҳангоме ки қазо ва ҳукми ў ба чизе тааллуқ гирад, танҳо ба ў мегўяд, ки: Мавҷуд бош! Он низ бедаранг мавҷуд мешавад.

 ва монанди ояти 40 сураи Наҳл:

إِنَّمَا قَوْلُنَا لِشَيْءٍ إِذَا أَرَدْنَاهُ أَن نَّقُولَ لَهُ كُن فَيَكُونُ

Сухани мо барои чизе, ки мехоҳем эҷод шавад ҳамин аст, ки мегўем: Мавҷуд бош! Бедаранг мавҷуд мешавад.

Охирин ояти мавриди баҳс, ки охирин ояти сураи Ёсин аст ба сурати як натиҷагирии куллӣ дар масъалаи мабдау маод ин баҳсро ба тарзи зебое поён медиҳад, мегўяд:

فَسُبْحَانَ الَّذِي بِيَدِهِ مَلَكُوتُ كُلِّ شَيْءٍ وَإِلَيْهِ تُرْجَعُونَ

Пас муназзаҳ аст Худованде, ки малакути ҳама чиз дар дасти қудрати ў аст ва ҳамаи шумо ба сўи ў бозмегардед.

Бо таваҷҷўҳ ба ин ки малакут аз реша мулк (бар вазни ҳукм) ба маънои ҳукумату моликият аст ва изофаи “вов” ва “то” ба он барои таъкиду муболиға мебошад, мафҳуми оят чунин мешавад: Ҳокимияту моликияти беқайду шарти ҳама чиз ба дасти қудрати Худо аст ва чунин Худованде аз ҳар гуна аҷзу нотавонӣ поку муназзаҳ ва мубарро аст ва дар ин сурат зинда кардани мурдагон ва пўшидани либоси ҳаёт бар устухонҳои пўсида ва хокҳои пароканда мушкиле барои ў эҷод нахоҳад кард, чун чунин аст ба таври яқин ҳамаи шумо ба сўи ў бозмегардед ва қиёмату маод ҳақ аст!

Нуктаҳо:

1 – Эътиқод ба қиёмат як амри фитрӣ аст

Агар инсон барои фано офарида шуда буд бояд ошиқи фано бошад ва аз марг – ҳар чанд марги ба мавқеъ – ва аз поёни умр лаззат барад, дар ҳоле ки мебинем қиёфаи марг ба маънои нестӣ барои инсон дар ҳеҷ замоне хушоянд набуда аст, бо тамоми вуҷудаш аз он мегурезад, кўшиш барои боқӣ нигаҳдоштани ҷисми мурдагон аз тариқи мумёӣ кардан ва сохтани мақобири ҷовидонӣ ҳамчун аҳроми Миср ва давидан дунболи оби ҳаёт ва иксири ҷавонӣ ва он чӣ мояи тўли умр аст, далели равшане аз ишқи сўзон инсон ба масъалаи бақо аст.

Агар мо барои фано офарида шудем, ин алоқа ба бақо чӣ мафҳуме метавонад дошта бошад? Ҷуз як алоқаи музоҳим ва ҳадди ақал беҳудаву бемасраф! Фаромўш накунед, ки мо баҳси маодро баъд аз пазириши вуҷуди Худованди Ҳаким ва Доно дунбол мекунем, мо мўътақидем, ки ҳар чӣ ў дар вуҷуди мо офаридааст, рўи ҳисоб аст. Бинобар ин ишқ ба бақо низ бояд ҳисобе дошта бошад ва он ҳамоҳангӣ бо офариниш ва ҷаҳони баъд аз ин олам аст.

Ба таъбири дигар агар дастгоҳи офариниш дар вуҷуд мо ташнагиро офарид, далел бар ин аст, ки обе дар хориҷ вуҷуд дорад, ҳам чунин агар ғаризаи ҷинсӣ ва алоқа ба ҷинси мухолиф дар инсон вуҷуд дорад, нишонаи ин аст, ки ҷинси мухолифе дар хориҷ ҳаст, вагарна ҷозибаву кашиш бидуни чизе, ки ба он маҷзуб гардад бо ҳикмати офариниш созгор нест.

Аз сўи дигар ҳангоме ки таърихи башарро аз замонҳои дурдаст ва қадимитарин айём баррасӣ мекунем, нишонаҳои фаровоне бар эътиқоди росих инсон ба зиндагии пас аз марг меёбем.

Осоре, ки аз инсонҳои пешин – ҳатто инсонҳои қабл аз таърих – имрўз дар дасти мо аст, махсусан тарз дафн мурдагон, кайфияти сохтан қубур ва ҳатто дафн ашёе ҳамроҳи мурдагон, гувоҳ бар ин аст, ки дар даруни виҷдони ноогоҳи онҳо эътиқод ба зиндагии баъд аз марг нуҳуфта буда аст.

Яке аз равоншиносони маъруф мегўяд: Таҳқиқоти дақиқ нишон медиҳад, ки тавоифи нахустини башар дорои навъе мазҳаб будаанд, зеро мурдагони худро ба тарзи махсус ба хок месупурданд ва абзори корашонро дар канорашон мениҳоданд ва ба ин тариқ ақидаи худро ба вуҷуд дунёи дигар ба субут мерасонданд.

Инҳо нишон медиҳад, ки ин ақвом зиндагии пас аз маргро пазируфта буданд, ҳар чанд дар тафсири он роҳи хато мепаймуданд ва чунин мепиндоштанд, ки он зиндагӣ дуруст шабеҳи ҳамин зиндагӣ аст.

Ба ҳар ҳол ин эътиқоди қадимии решадорро наметавон содда пиндошт ва ё сирфан натиҷаи як талқину одат донист.

Аз сўи севвўм вуҷуди маҳкамаи дарунӣ ба номи виҷдон гувоҳи дигаре бар фитрӣ будани маод аст. Ҳар инсоне дар баробари анҷоми кори нек дар даруни виҷдонаш эҳсоси оромиш мекунад. Оромише, ки гоҳ бо ҳеҷ баёну қаламе қобили тавсиф нест. Ва баръакс дар баробари гуноҳон, махсусан ҷиноёти бузург, эҳсоси нороҳатӣ мекунад, то он ҷо ки бисёр дида шудадаст, ки ба худкушӣ даст мезанад ва ё худро таслими муҷозот ва чўбаи дор мекунад ва далели онро раҳоии шиканҷаи виҷдон медонад.

Бо ин ҳол инсон аз худ мепурсад, ки чӣ гуна мумкин аст олами кўчаке ҳамчун вуҷуди ман дорои чунин додгоҳу маҳкамае бошад, аммо олами бузург аз чунин виҷдону додгоҳе холӣ бошад? Ва ба ин тартиб фитрӣ будани масъалаи маод ва зиндагии пас аз марг аз туруқи гуногун бар мо равшан мешавад.

Аз роҳи ишқи умумии инсонҳо ба бақо.

Аз тариқи вуҷуди ин имон дар тўли таърихи башар.

Ва аз роҳи вуҷуди намунаи кўчаки он дар даруни ҷони инсон.

2 – Бозтоби маод дар зиндагии инсонҳо

Эътиқод ба олами пас аз марг ва бақои осори аъмоли одамӣ ва ҷовидонагии корҳои хайру шарри ў, асари бисёр нерўманде бар фикру аъсоб ва мушакҳои инсонҳо мегузорад ва ба унвони як омили муассире дар ташвиқ ба некиҳо ва мубориза бо зиштиҳо метавонад муассир шавад.

Асароте, ки имон ба зиндагии пас аз марг метавонад дар ислоҳи афроди фосиду мунҳариф ва ташвиқи афроди фидокору муҷоҳид ва эсоргар бигузорад, ба маротиб беш аз асароти додгоҳҳо ва кайфарҳои маъмулӣ аст, зеро мушаххасоти додгоҳи растохез бо додгоҳҳои маъмулӣ бисёр мутафовит аст, дар он додгоҳ на таҷдиди назар вуҷуд дорад ва на зару зўр рўи фикри нозиронаш асар мегузорад, на ироаи мадорики дурўғин дар он фоидае дорад ва на ташрифоти он ниёзманд ба тўли замон аст.

Қуръон Маҷид мегўяд:

وَاتَّقُواْ يَوْماً لاَّ تَجْزِي نَفْسٌ عَن نَّفْسٍ شَيْئاً وَلاَ يُقْبَلُ مِنْهَا شَفَاعَةٌ وَلاَ يُؤْخَذُ مِنْهَا عَدْلٌ وَلاَ هُمْ يُنصَرُونَ

Аз рўзе бипарҳезед, ки ҳеҷ кас ба ҷои дигаре ҷазо дода намешавад ва на шафоате аз ў пазируфта хоҳад шуд ва на ғаромату бадал ва на касе ба ёрии ў меояд. (Бақара – 48).

Ва низ мегўяд:

وَلَوْ أَنَّ لِكُلِّ نَفْسٍ ظَلَمَتْ مَا فِي الأَرْضِ لاَفْتَدَتْ بِهِ وَأَسَرُّواْ النَّدَامَةَ لَمَّا رَأَوُاْ الْعَذَابَ وَقُضِيَ بَيْنَهُم بِالْقِسْطِ وَهُمْ لاَ يُظْلَمُونَ

Ҳар кас аз онҳо, ки зулму ситам кардааст, агар тамомии рўи заминро дар ихтиёри дошта бошад, дар он рўз ҳамаро барои наҷоти хеш медиҳад ва ҳангоме ки азоби илоҳиро мебинанд, пушаймонии худро пинҳон медоранд, (ки мабодо расвотар шаванд) ва дар миёни онҳо ба адолат доварӣ мешавад ва ситаме бар онҳо нахоҳад рафт. (Юнус – 54).

Ва низ мехонем:

لِيَجْزِي اللّهُ كُلَّ نَفْسٍ مَّا كَسَبَتْ إِنَّ اللّهَ سَرِيعُ الْحِسَابِ

Ҳадаф ин аст, ки Худованд ҳар касро ба он чӣ анҷом додааст, ҷазо диҳад, зеро Худованд сариъ – ул – ҳисоб аст. (Иброҳим – 51).

Ба қадре ҳисоби ў сареу ва қотеъ аст, ки тибқи баъзе аз ривоёт Худованд дар як чашм ба ҳам задан ҳисоб ҳамаро мерасад!

Ба ҳамин далел дар Қуръони Маҷид сарчашмаи бисёре аз гуноҳон фаромўш кардани рўзи ҷазо зикр шудааст, дар ояти 14 сураи Саҷда мефармояд:

فَذُوقُوا بِمَا نَسِيتُمْ لِقَاءَ يَوْمِكُمْ هَذَا

Бичашед оташи дўзахро ба хотири ин ки мулоқоти имрўзро фаромўш кардед.

Ҳатто аз порае аз таъбирот истифода мешавад, ки инсон агар гумоне дар қиёмат дошта бошад низ аз анҷоми бисёре аз аъмоли хилоф худдорӣ мекунад, чунон ки дар бораи камфурўшон мефармояд:

أَلَا يَظُنُّ أُولَئِكَ أَنَّهُم مَّبْعُوثُونَ

Оё онҳо гумон намекунанд, ки барои рўзи бузурге мабъус мешаванд. (Мутаффифин – 4).

Ҳимосаҳои ҷовидонӣ, ки муҷоҳидони Ислом дар гузашта ва имрўз дар майдонҳои ҷиҳод меофаринанд ва гузашту эсор ва фидокории азиме, ки бисёре аз мардум дар заминаи дифоъ аз кишварҳои исломӣ ва ҳимоят аз маҳрумону мустазъафон нишон медиҳанд, ҳама бозтоби эътиқод ба зиндагии ҷовидони сарои дигар аст, мутолиоти донишмандон ва таҷрибиёти гуногун нишон додааст, ки ин гуна падидаҳо дар миқёси васеу густарда ҷуз аз тариқи ақидае, ки зиндагии пас аз марг дар он ҷои махсусе дорад, имконпазир нест.

Сарбозе, ки мантиқаш ин аст:

قُلْ هَلْ تَرَبَّصُونَ بِنَا إِلاَّ إِحْدَى الْحُسْنَيَيْنِ

Бигў шумо душманон дар бораи мо чӣ меандешед? Ҷуз расидан ба яке аз ду хайру саодат ва ифтихор (ё пирўзӣ бар шумо ва ё расидан ба ифтихори шаҳодат). (Тавба – 52).

Қатъан сарбози шикастнопазире аст.

Чеҳраи марг, ки барои бисёре аз мардуми ҷаҳон ваҳшатангез аст ва ҳатто аз номи он ва ҳар чизе, ки онро ба ёд оварад мегурезанд, барои ақидамандон ба зиндагии пас аз марг марг на танҳо нозебо нест, балки даричае аст ба ҷаҳони бузурге, шикастани қафас ва озод шудани рўҳи инсон, кушода шудани дарҳои зиндони тан ва расидан ба озодӣ мутлақ аст.

Усулан масъалаи маод баъд аз мабдаъ, хатти фосили фарҳанги худопарастон ва моддиюн аст, зеро ду дидгоҳи гуногун дар ин ҷо вуҷуд дорад:

Дидгоҳе, ки маргро фаною нобудии мутлақ мебинад ва бо тамоми вуҷудаш аз он мегурезад, зеро ҳама чиз бо он поён мегирад.

Ва дидгоҳе, ки маргро як таваллуди дубора ва қадам ниҳодан ба олами васеу паҳновар ва равшан ва пар кушодан дар осмони бекарон мешумурад.

Табиӣ аст, ки тарафдорони ин мактаб на танҳо аз маргу шаҳодат дар роҳи ҳадаф тарсу ваҳшате ба худ роҳ намедиҳанд, балки бо илҳом гирифтан аз мактаби Амири Мўъминон Алӣ (а), ки мефармояд:

و الله لابن ابى طالب آنس بالموت من الطفل بثدى امه

Ба Худо савганд фарзанди Абўтолиб алоқааш ба марг бештар аст аз кўдак ширхор ба пистони модар, аз марг дар роҳи ҳадаф истиқбол мекунанд.

Ва ба ҳамин далел ҳангоме ки зарбаи шамшери ҷинояткори рўзгор Абдураҳмон ибни Мулҷам бар мағзи муборакаш фурў нишаст, фармуд:

فزت و رب الكعبه

Ба Худои Каъба қасам, ки пирўзу растагор ва роҳат шудам.

Кўтоҳи сухан ин ки имон ба маод аз инсони тарсую беҳадаф, одами шуҷоу бошаҳомат ва ҳадафдоре меофарад, ки зиндагияш пур аз ҳимосаҳову эсорҳо ва покию тақво аст.

3 – Далоили ақлии маод

Гузашта аз далоили нақлии фаровоне, ки барои маод дар Қуръони Маҷид омадааст ва шомили садҳо оят дар ин замина мешавад, далоили ақлии равшане низ бар ин амр вуҷуд дорад, ки ба таври фишурда дар ин ҷо қисмате аз он ёдоварӣ мешавад:

а) Бурҳони ҳикмат

Агар зиндагии ин ҷаҳонро бидуни ҷаҳони дигар дар назар бигирем пучу бемаънӣ хоҳад буд, дуруст монанди ин ки зиндагии даврони ҷаниниро бидуни зиндагии ин дунё фарз кунем.

Агар қонуни хилқат ин буд, ки тамоми ҷанинҳо дар лаҳзаи таваллуд хафа мешуданду мемурданд, чӣ қадар даврони ҷанинӣ бемафҳум ҷилва мекард? Ҳамчунин агар зиндагии ин ҷаҳон бурида аз ҷаҳони дигар тасаввур шавад, ин сардаргумӣ вуҷуд хоҳад дошт.

Зеро чӣ лузуме дорад, ки мо ҳафтод сол ё камтару бештар дар ин дунё дар миёни мушкилот дасту по занем? Муддате хому бетаҷриба бошем ва то хомӣ пухта шавад, умр тамом аст! Муддате ба дунболи таҳсили илму дониш бошем ва ҳангоме ки аз назари маълумот ба ҷое расидем барфи пирӣ бар сари мо нишаста! Тоза барои чӣ зиндагӣ мекунем? Хўрдани миқдоре таому ва пўшидани чанд даст либос ва хобидану бедор шуданҳои мукаррар ва идома додани ин барномаи хаста кунандаи такрорӣ даҳҳо сол?! Оё ба ростӣ ин осмон густарда, ин замин паҳновар ва ин ҳама муқаддамоту муаххарот ва ин ҳама устодону мураббиён ва ин ҳама китобхонаҳои бузург ва ин резакориҳое, ки дар офариниши мо ва дигар мавҷудот ба кор рафтааст, ҳама барои ҳамон хўрдану нўшидан ва пўшидану зиндагӣ моддӣ аст? Ин ҷо аст, ки онҳое, ки маодро қабул надоранд, эътироф ба пучии ин зиндагӣ мекунанд ва гурўҳе аз онҳо иқдом ба худкушӣ ва наҷот аз ин зиндагӣ пучу бемаъниро муҷоз ва ё мояи ифтихор мешумуранд! Чӣ гуна мумкин аст, ки касе ба Худованд ва ҳикмати бепоён ў имон дошта бошад ва зиндагии ин ҷаҳонро бе он ки муқаддимае барои зиндагии ҷовидони ҷаҳони дигар бошад, қобили таваҷҷўҳ бишумурад?

Қуръони Маҷид мегўяд:

أَفَحَسِبْتُمْ أَنَّمَا خَلَقْنَاكُمْ عَبَثًا وَأَنَّكُمْ إِلَيْنَا لَا تُرْجَعُونَ

Оё гумони кардед, ки беҳуда офарида шудаед ва ба сўи мо бознамегардид? (Мўъминун – 115).

Яъне агар бозгашт ба сўи Худо набуд, зиндагии ин ҷаҳон абасу беҳуда буд.

Оре, дар сурате зиндагии ин дунё мафҳуму маъно пайдо мекунад ва бо ҳикмати худовандӣ созгор мешавад, ки ин ҷаҳонро мазраае барои ҷаҳони дигар ва гузаргоҳе барои он олами васеъ ва донишгоҳе барои ҷаҳони дигар ва тиҷоратхонае барои он саро бидонем, ҳамон гуна ки Амири Мўъминон Алӣ (а) дар калимоти пурмўҳтавояш фармуд:

ان الدنيا دار صدق لمن صدقها ، و دار عافية لمن فهم عنها ، و دار غنى لمن تزو منها ، و دار موعظة لمن اتعظ بها ، مسجد احباء الله ، و مصلى ملائكة الله ، و مهبط وحى الله ، و متجر اولياء الله

Ин дунё ҷойгоҳи сидқу ростӣ аст, барои он кас, ки бо он ба ростӣ рафтор кунад ва хонаи тандурустӣ аст, барои он кас, ки аз он чизе бифаҳмад ва сарои бениёзӣ аст, барои он кас, ки аз он тўша баргирад ва маҳалли андарз аст, барои он кас, ки аз он андарз гирад, масҷиди дўстони Худо аст, намозгоҳи фариштагони Парвардгор ва маҳалли нузули ваҳйи илоҳӣ ва тиҷоратхонаи авлиё Ҳақ аст.

Кўтоҳи сухан ин ки мутолиаву баррасии вазъи ин ҷаҳон ба хубӣ гувоҳӣ медиҳад бар ин ки олами дигаре пушти сари он аст:

وَلَقَدْ عَلِمْتُمُ النَّشْأَةَ الْأُولَى فَلَوْلَا تَذكَّرُونَ

Шумо нашъаи аввал ва офариниш худро дар ин дунё дидед, чаро мутазаккир намешавед, ки аз паи он ҷаҳони дигаре ҳаст? (Воқиа – 62).

б) Бурҳони адолат

Диққат дар низоми ҳастӣ ва қавонини офариниш нишон медиҳад, ки ҳама чизи он ҳисобшуда аст. Дар созмони тани мо он чунон низоми одилонае ҳукмфармо аст, ки ҳар гоҳ камтарин тағйиру номавзуние рух диҳад, сабаби беморӣ ё марг мешавад. Ҳаракоти қалби мо, гардиши хуни мо, пардаҳои чашми мо ва ҷузъ – ҷузъи ҳуҷайраҳои тани мо машмули ҳамон низоми дақиқу одилонае аст, ки дар кулли олам ҳукумат мекунад.

Осмонҳову замин ба василаи адолат барпо аст.

Оё инсон метавонад як вуславу дарбеҳи ноҷур дар ин олами паҳновар бошад?! Дуруст аст, ки Худованд ба инсон озодии иродаву ихтиёр додааст, то ўро биёзмояд ва дар сояи он масири такомулро тай кунад, вале агар инсон аз озодӣ суиистифода кард, чӣ мешавад? Агар золимону ситамгарон, гумроҳону гумроҳ кунандагон бо суиистифода аз ин мавҳибати илоҳӣ ба роҳи худ идома диҳанд, адли Худованд чӣ иқтизо мекунад.

Дуруст аст, ки гурўҳе аз бадкорон дар ин дунё муҷозот мешаванд ва ба кайфари аъмол худ – ё ақаллан қисмате аз он – мерасанд, аммо мусалламан чунон нест, ки ҳамаи муҷримон ҳамаи кайфари худро бибинанд ва ҳамаи покону некон ба подоши аъмоли худ дар ин ҷаҳон бирасанд, оё мумкин аст ин ду гурўҳ дар каффаи адолати Парвардгор яксон бошанд? Ба гуфта Қуръон Маҷид:

أَفَنَجْعَلُ الْمُسْلِمِينَ كَالْمُجْرِمِينَ * مَا لَكُمْ كَيْفَ تَحْكُمُونَ

Оё касонеро, ки дар баробари қонуни Худо ба ҳаққу адолат таслиманд, монанди муҷримон қарор диҳем, чӣ гуна ҳукм мекунед? (Қалам – 35 ва 36).

Ва дар ҷои дигар мефармояд:

أَمْ نَجْعَلُ الْمُتَّقِينَ كَالْفُجَّارِ

Оё мумкин аст, ки парҳезгоронро монанди фоҷирон қарор диҳем? (Сод – 28).

Ба ҳар ҳол тафовути инсонҳо дар итоати фармони Ҳақ ҷои шакку тардид нест, ҳамон гуна ки кифоят накардани додгоҳи мукофоти ин ҷаҳон ва маҳкамаи виҷдон ва аксуламалҳои гуноҳон барои барқарории адолат низ ба танҳоӣ кофӣ ба назари намерасад, бинобар ин бояд қабул кард, ки барои иҷрои адолати илоҳӣ лозим аст, ки маҳкама ва додгоҳи адли омме бошад, ки сари сўзан кори неку бад дар он ҷо ҳисоб шавад, вагарна асли адолат таъмин нахоҳад шуд.

Бинобар ин бояд пазируфт, ки қабул адли Худо баробар аст бо қабул вуҷуди маоду растохез, Қуръони Маҷид мегўяд:

وَنَضَعُ الْمَوَازِينَ الْقِسْطَ لِيَوْمِ الْقِيَامَةِ

Мо тарозуҳои адолатро дар рўзи қиёмат барпо мекунем. (Анбиё – 47).

Ва низ мефармояд:

وَقُضِيَ بَيْنَهُم بِالْقِسْطِ وَهُمْ لاَ يُظْلَمُونَ

Дар рўзи қиёмат дар миёни онҳо ба адолат ҳукм мешавад ва зулму ситаме бар онҳо нахоҳад шуд. (Юнус – 54).

в) Бурҳони ҳадаф

Бар хилофи пиндори моддиюн, дар ҷаҳонбинии илоҳӣ, барои офариниш инсон ҳадафе буда аст, ки дар таъбироти фалсафӣ аз он ба такомул ва дар забони Қуръону ҳадис гоҳе аз он ба қурб ба Худо ва ё ибодату бандагӣ таъбир шудааст:

وَمَا خَلَقْتُ الْجِنَّ وَالْإِنسَ إِلَّا لِيَعْبُدُونِ

Ман ҷинну инсро наёфаридам, магар ба ин манзур, ки маро парастиш кунанд (ва дар сояи ибодату бандагӣ комил шаванд ва ба ҳарими қурби ман роҳ ёбанд). (Зориёт – 56).

Оё агар марг поёни ҳама чиз бошад, ин ҳадафи бузург таъмин мегардад? Бидуни шак посухи ин савол манфӣ аст.

Бояд ҷаҳоне баъд аз ин ҷаҳон бошад ва хатти такомули инсон дар он идома ёбад ва маҳсули ин мазрааро дар он ҷо дарав кунад ва ҳатто чунон ки дар ҷои дигар гуфтаем, дар ҷаҳон дигар низ ин сайр идома ёбад, то ҳадафи ниҳоӣ таъмин шуда бошад.

Хулосаи ин ки таъмини ҳадафи офариниш бидуни пазириши маод мумкин нест ва агар иртиботи ин зиндагиро аз ҷаҳони пас аз марг қатъ кунем, ҳама чиз шакли муаммо ба худ мегирад ва посухе барои чароҳо нахоҳем дошт.

г) Бурҳони нафйи ихтилоф

бешак ҳамаи мо аз ихтилофоте, ки дар миёни мактабҳову мазҳабҳо дар ин ҷаҳон вуҷуд дорад ранҷ мебарем ва ҳама орзу мекунем, ки рўзе ин ихтилофот барчида шавад, дар ҳоле ки ҳамаи қароин нишон медиҳад, ки ин ихтилофот дар табиати зиндагии ин дунё ҳулул карда ва ҳатто аз далоиле истифода мешавад, ки баъд аз қиёми ҳазрати Маҳдӣ (а), он барпо кунандаи ҳукумати воҳиди ҷаҳонӣ ҳар чанд бисёре аз ихтилофот ҳал хоҳад шуд, вале боз ихтилофи мактабҳо ба куллӣ барчида намешавад ва ба гуфта Қуръони Маҷид дар ояти 14 сураи Моида яҳуду насоро то доманаи қиёмат ба ихтилофоташон боқӣ хоҳанд монд:

فَأَغْرَيْنَا بَيْنَهُمُ الْعَدَاوَةَ وَالْبَغْضَاء إِلَى يَوْمِ الْقِيَامَةِ

Вале Худованде, ки ҳама чизро ба сўи ваҳдат мебарад, саранҷом ба ихтилофот поён хоҳад дод ва чун бо вуҷуди пардаҳои захими олами модда ин амр ба таври комил дар ин дунё имконпазир нест, медонем, ки дар ҷаҳони дигаре, ки олами бурузу зуҳур аст, саранҷом ин масъала амалӣ хоҳад шуд ва ҳақоиқ он чунон офтобӣ мегардад, ки ихтилофи мактабу ақида ба куллӣ барчида мешавад.

Ҷолиб ин ки дар оёти мутааддиде аз Қуръони Маҷид рўи ин масъалаи такя шудааст, дар як ҷо мефармояд:

 فالله يحكم بينهم ي ва م القيامة فيما كان ва ا فيه يختلف ва ن:

Худованд дар рўзи қиёмат дар миёни онҳо доварӣ мекунад, дар он чӣ бо ҳам ихтилоф доштанд. (Бақара – 113).

Ва дар ҷои дигар мефармояд:

وَأَقْسَمُواْ بِاللّهِ جَهْدَ أَيْمَانِهِمْ لاَ يَبْعَثُ اللّهُ مَن يَمُوتُ بَلَى وَعْدًا عَلَيْهِ حَقًّا وَلكِنَّ أَكْثَرَ النَّاسِ لاَ يَعْلَمُونَ * لِيُبَيِّنَ لَهُمُ الَّذِي يَخْتَلِفُونَ فِيهِ وَلِيَعْلَمَ الَّذِينَ كَفَرُواْ أَنَّهُمْ كَانُواْ كَاذِبِينَ

Онҳо савганди муаккад ёд карданд, ки Худованд касонеро, ки мемиранд ҳаргиз зинда намекунад, вале чунин нест, ин ваъдаи қатъии Худост, (ки ҳамаи онҳоро зинда кунад), вале аксари мардум намедонанд. Ҳадаф ин аст, ки он чиро дар он ихтилоф доштанд барои онҳо равшан созад, то касоне, ки мункир шуданд бидонанд, ки дурўғ мегуфтанд. (Наҳл – 38-39).

4 – Қуръон ва масъалаи маод

Баъд аз масъалаи тавҳид, ки асоситарин масъала дар таълимоти анбиё аст, масъалаи маод бо хусусиёту осори тарбиятӣ ва фарҳангияш дар дараҷаи аввал қарор дорад, лизо маод дар баҳсҳои қуръонӣ бештарин оётро баъд аз тавҳиду худошиносӣ ба худ ихтисос додааст.

Мабоҳиси қуръонии маод гоҳ ба сурати истидлолҳои мантиқӣ аст ва гоҳ ба сурати баҳсҳои хитобӣ ва талқиноти муассиру кўбанда, ки гоҳ аз шунидани он мў бар бадани инсон рост мешавад ва лаҳни содиқонаи калом чунон аст, ки ҳамчун истидлолот дар аъмоқи ҷону рўҳи инсон нуфуз мекунад.

Дар бахши аввал, яъне истидлолоти мантиқӣ, Қуръон бештар рўи мавзўъ имкони маод такя мекунад, зеро мункирон ғолибан онро маҳол мепиндоштанд ва мўътақид буданд, ки маод он ҳам ба сурати маоди ҷисмонӣ, ки мусталзими бозгашти аҷсоми пўсида ва хокшуда ба ҳаёт ва зиндагӣ навин аст, имконпазир нест.

Дар ин бахш, Қуръон аз туруқи комилан гуногун ва мутанаввеъ ворид мешавад. Туруқе, ки ҳама ба як ҷо хатм мегардад ва он масъалаи имкони ақлии маод аст.

Гоҳ зиндагии нахустинро дар назари инсон муҷассам мекунад ва дар як иборати кўтоҳ ва гўёву равшан мегўяд:

كَمَا بَدَأَكُمْ تَعُودُونَ

Ҳамон гуна ки шуморо аз оғоз офарид бозмегардед. (Аъроф – 29).

Гоҳ зиндагӣ ва марги гиёҳон ва растохези онҳоро, ки ҳама сол бо чашм мебинем, муҷассам карда ва дар поёни он мегўяд: Растохези шумо низ ҳамин гуна аст:

وَنَزَّلْنَا مِنَ السَّمَاءِ مَاءً مُّبَارَكًا فَأَنبَتْنَا بِهِ جَنَّاتٍ وَحَبَّ الْحَصِيدِ… وَأَحْيَيْنَا بِهِ بَلْدَةً مَّيْتًا كَذَلِكَ الْخُرُوجُ

Мо аз осмон оби пурбаракате фиристодем ва ба василаи он боғҳои сарсабз рўёнидем ва донаҳои дарав шуда… Ва ба василаи он сарзамини мурдаеро зинда кардем, растохези ) шумо (низ) ҳамин гуна аст. (Қоф – 9 то 11).

Дар ҷои дигар мегўяд:

وَاللَّهُ الَّذِي أَرْسَلَ الرِّيَاحَ فَتُثِيرُ سَحَابًا فَسُقْنَاهُ إِلَى بَلَدٍ مَّيِّتٍ فَأَحْيَيْنَا بِهِ الْأَرْضَ بَعْدَ مَوْتِهَا كَذَلِكَ النُّشُورُ

Худованд ҳамон зоте аст, ки бодҳоро фиристод, то абрҳоро ба ҳаракат дароваранд, пас онро ба сўи сарзамини мурда рондем ва ба василаи он заминро баъд аз маргаш ҳаёт бахшидем, растохез низ чунин аст! (Фотир – 9).

Гоҳ масъалаи қудрати Худовандро дар офариниши осмонҳо ва замин матраҳ карда мегўяд:

أَوَلَمْ يَرَوْا أَنَّ اللَّهَ الَّذِي خَلَقَ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ وَلَمْ يَعْيَ بِخَلْقِهِنَّ بِقَادِرٍ عَلَى أَنْ يُحْيِيَ الْمَوْتَى بَلَى إِنَّهُ عَلَى كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ

Оё намедонанд Худованде, ки осмонҳову заминро офарид ва аз офариниши онҳо хаста нашуд, қодир аст, ки мурдагонро зинда кунад? Оре, ў бар ҳар чиз тавоност. (Аҳқоф – 33).

Ва гоҳ растохези энергияҳо ва берун паридани оташ аз даруни дарахти сабзро ба унвони намунае аз қудрати ў ва қарор гирифтани оташ дар дил об, матраҳ карда, мегўяд:

الَّذِي جَعَلَ لَكُم مِّنَ الشَّجَرِ الْأَخْضَرِ نَارًا

Он Худое мурдагонро либоси ҳаёт мепўшонад, ки аз дарахти сабз барои шумо оташ офарид! (Ёсин – 80).

Гоҳ зиндагии ҷаниниро дар назари инсон муҷассам сохта мегўяд:

يَا أَيُّهَا النَّاسُ إِن كُنتُمْ فِي رَيْبٍ مِّنَ الْبَعْثِ فَإِنَّا خَلَقْنَاكُم مِّن تُرَابٍ ثُمَّ مِن نُّطْفَةٍ ثُمَّ مِنْ عَلَقَةٍ ثُمَّ مِن مُّضْغَةٍ مُّخَلَّقَةٍ وَغَيْرِ مُخَلَّقَةٍ لِّنُبَيِّنَ لَكُمْ وَنُقِرُّ فِي الْأَرْحَامِ مَا نَشَاءُ إِلَى أَجَلٍ مُّسَمًّى ثُمَّ نُخْرِجُكُمْ طِفْلًا

Эй мардум! Агар дар растохез шакку тардид доред фаромўш накунед, ки мо шуморо аз хок офаридем, сипас аз нутфа ва баъд аз алақа (хуни баста шуда), сипас аз музға (пораи гўште ҳамчун гўшти ҷавида шуда), ки баъзе дорои шаклу хилқат аст ва баъзе бешакл, ҳадаф ин аст, ки мо барои шумо равшан созем, (ки бар ҳар чиз қодирем) ва ҷанинҳоеро, ки бихоҳем то муддати муайяне дар раҳими модарон нигоҳ медорем, сипас шуморо ба сурати тифле ба олами дунё мефиристем. (Ҳаҷ – 5).

Ва билохира гоҳ шабаҳи растохезро дар хобҳои тўлонӣ – хобҳое, ки бародари марг аст, балки аз ҷиҳоте худи марг бошад – монанди хоб сесаду нўҳ солаи Асҳоби Каҳф нишон медиҳад ва баъд аз шарҳи ҷолибу зебое перомуни хобу бедории онҳо мефармояд:

وَكَذَلِكَ أَعْثَرْنَا عَلَيْهِمْ لِيَعْلَمُوا أَنَّ وَعْدَ اللَّهِ حَقٌّ وَأَنَّ السَّاعَةَ لَا رَيْبَ فِيهَا

Ин чунин мардумро мутаваҷҷеҳи ҳоли онҳо кардем, то бидонанд, ки ваъдаи растохези Худованд ҳақ аст ва дар қиёми қиёмат шакке нест. (Каҳф – 21).

Ин шаш роҳи гуногун аст, ки дар лобалои оёти Қуръон барои баёни имкони маод матраҳ шудааст.

Илова бар ин достони мурғони чаҳоргонаи Иброҳим (Бақара – 260) ва саргузашти Узайр (Бақара – 259) ва достони куштаи аз Бани Исроил (Бақара – 73), ки ҳар кадом як намунаи таърихӣ барои ин масъала аст, шавоҳиду далоили дигаре аст, ки Қуръон дар ин замина зикр мекунад.

Кўтоҳи сухан ин ки тарсиме, ки Қуръони Маҷид аз маод ва чеҳраҳои он ва муқаддамоту натоиҷи он дорад ва далоили гўёе, ки дар ин замина матраҳ кардааст, ба қадре зиндаву қонеъ кунанда аст, ки ҳар кас камтарин баҳрае аз виҷдони бедор дошта бошад, таҳти таъсири амиқи он қарор мегирад.

Ба гуфтаи баъзе: ҳудуди як ҳазору дусад оят аз Қуръон перомуни маод баҳс мекунад, ки агар онҳо ҷамъоварӣ ва тафсири шавад, худ китоби қатуре хоҳад шуд ва мо умедворем баъд аз поёни нигориши ин тафсир ҳангоме ки ба хости Худо ба баҳс тафсири мавзўӣ мепардозем, ин маҷмўаро дар дастраси алоқамандон қарор диҳем.

5 – Маоди ҷисмонӣ

Манзур аз маоди ҷисмонӣ ин нест, ки танҳо ҷисм дар ҷаҳони дигар бозгашт мекунад, балки ҳадаф ин аст, ки рўҳу ҷисм ҳамроҳ мабъус мешавад ва ба таъбири дигар бозгашти рўҳ яқинӣ ва мусаллам аст ва гуфтугў дар бораи бозгашти ҷисм аст.

Ҷамъе аз файласуфони пешин танҳо ба маоди рўҳонӣ мўътақид буданд ва ҷисмро маркабе медонистанд, ки танҳо дар ин ҷаҳон бо инсон аст ва баъд аз марг аз он бениёз мешавад, онро раҳо месозад ва ба олами арвоҳ мешитобад.

Вале ақида уламои бузурги Ислом ин аст, ки маод дар ҳар ду ҷанбаи рўҳонӣ ва ҷисмонӣ сурат мегирад, дар ин ҷо баъзе муқайяд ба хусуси ҷисми собиқ нестанд ва мегўянд: Худованд ҷисмеро дар ихтиёри рўҳ мегузорад ва чун шахсияти инсон ба рўҳи ў аст, ин ҷисм ҷисми ў маҳсуб мешавад! Дар ҳоле ки муҳаққиқин мўътақиданд, ки ҳамон ҷисме, ки хоку муталошӣ гаштааст, ба фармони Худо ҷамъоварӣ мешавад ва либоси ҳаёти навине бар он мепўшонад ва ин ақидае аст, ки аз мутуни оёти Қуръони Маҷид гирифта шудааст.

Шоҳидҳои маоди ҷисмонӣ дар Қуръони Маҷид он қадар зиёд аст, ки ба таври яқин метавон гуфт, ки онҳое, ки маодро мунҳасир дар рўҳонӣ медонанд камтарин мутолиае дар оёти фаровони маод накардаанд, вагарна ҷисмонӣ будани маод дар оёти Қуръон ба қадре равшан аст, ки ҷои ҳеҷ гуна шакку тардид нест.

Ҳамин оёте, ки дар охири сураи Ёсин хондем ба равшанӣ баёнгари ин ҳақиқат аст, чаро ки марди араби биёбонӣ тааҷҷубаш аз ин буд, ки ин устухони пўсидаро ки дар даст дорад чӣ касе метавонад зинда кунад? Ва Қуръон бо сароҳат дар посухи ў мегўяд:

قُلْ يُحْيِيهَا الَّذِي أَنشَأَهَا أَوَّلَ مَرَّةٍ

Бигў ҳамин устухони пўсидаро Худое, ки рўзи нахуст онро ибдоу эҷод кард, зинда мекунад.

Тамоми тааҷҷубт мушрикон ва мухолифати онҳо дар масъалаи маод бар сари ҳамин матлаб буд, ки чӣ гуна вақте ки мо хок шудем ва хокҳои мо дар замин гум шуд, дубора либоси ҳаёт бар тан мекунем? (Саҷда – 10):

وَقَالُوا أَئِذَا ضَلَلْنَا فِي الْأَرْضِ أَئِنَّا لَفِي خَلْقٍ جَدِيدٍ

Онҳо мегуфтанд:

أَيَعِدُكُمْ أَنَّكُمْ إِذَا مِتُّمْ وَكُنتُمْ تُرَابًا وَعِظَامًا أَنَّكُم مُّخْرَجُونَ

Чӣ гуна ин мард ба шумо ваъда медиҳад, ки вақте мурдеду хок шудед бори дигар ба зиндагӣ бозмегардед. (Мўъминун – 35).

Онҳо ба қадре аз ин масъала тааҷҷуб мекарданд, ки изҳори онро нишонаи ҷунун ва ё дурўғ бар Худо мепиндоштанд:

وَقَالَ الَّذِينَ كَفَرُوا هَلْ نَدُلُّكُمْ عَلَى رَجُلٍ يُنَبِّئُكُمْ إِذَا مُزِّقْتُمْ كُلَّ مُمَزَّقٍ إِنَّكُمْ لَفِي خَلْقٍ جَدِيدٍ * أَفْتَرَى عَلَى اللَّهِ كَذِبًا أَم بِهِ جِنَّةٌ بَلِ الَّذِينَ لَا يُؤْمِنُونَ بِالْآخِرَةِ فِي الْعَذَابِ وَالضَّلَالِ الْبَعِيدِ

Кофирон гуфтанд: Мардеро ба шумо нишон диҳем, ки ба шумо хабар медиҳад, ки ҳангоме ки комилан хоку пароканда шудед, бори дигар офариниши ҷадиде меёбед. (Сабо оят 7 ва 8).

Ба ҳамин далел умуман истидлолоти Қуръон дар бораи имкони маод бар меҳвари ҳамин маоди ҷисмонӣ давр мезанад ва баёноти шашгонае, ки дар фасли қабл гузашт, ҳама шоҳиду гувоҳи ин муддао аст.

Илова бар ин Қуръон кироран хотирнишон мекунад, ки шумо дар қиёмат аз қабрҳо хориҷ мешавед, (Ёсин – 51 ва Қамар 7), қабрҳо марбут ба маоди ҷисмонӣ аст.

Достони мурғҳои чаҳоргонаи Иброҳим ва ҳамчунин достони Узайр ва зинда шудани ў баъд аз марг ва моҷарои мақтули Бани Исроил, ки дар баҳсҳои гузашта ба он ишора кардем ҳамаи бо сароҳат аз маод ҷисмонӣ сухан мегўяд.

Тавсифҳои зиёде, ки Қуръони Маҷид аз бахшишҳои моддӣ ва маънавии биҳишт кардааст, ҳама нишон медиҳад, ки маод ҳам дар марҳалаи ҷисм ва ҳам дар марҳалаи рўҳ таҳаққуқ мепазирад, вагарна ҳур ва қасрҳо ва навъҳои таомҳои биҳиштӣ ва лаззатҳои моддӣ дар канори бахшишҳои маънавӣ маъно надорад.

Ба ҳар ҳол мумкин нест, ки касе камтарин огоҳӣ аз мантиқу фарҳанги Қуръон дошта бошад ва маоди ҷисмониро инкор кунад ва ба таъбири дигар инкори маод ҷисмонӣ аз назари Қуръон баробар аст бо инкори асли маод! Илова бар ин далоили нақлӣ, шавоҳиди ақлӣ низ дар ин замина вуҷуд дорад, ки агар бихоҳем вориди он шавем сухан ба дарозо мекашад.

Албатта эътиқод ба маоди ҷисмонӣ порае аз саволоту ишколоте бармеангезад, монанди шубҳаи «окилу маъкул», ки муҳаққиқони исломӣ ба он посух гуфтаанд ва мо шарҳи ҷомеу фишурдае дар ҳамин замина дар зайли ояти 260 сураи Бақара овардаем.

6 – Биҳишт ва дўзах

Бисёре чунин мепиндоранд, ки олами пас аз марг комилан шабеҳи ин ҷаҳон аст, мунтаҳо дар шакли комилтару ҷолибтаре.

Вале қароини зиёде дар даст дорем, ки нишон медиҳад, ки фосилаи зиёде аз назари кайфияту каммият миёни ин ҷаҳон ва он ҷаҳон аст, ҳатто ин ки агар ин фосиларо ба тафовути миёни олами кўчаки ҷанин бо ин дунёи васеъ ташбеҳ мекунем, боз муқоисаи комиле ба назар намерасад.

Тибқи сареҳи баъзе аз ривоёт дар он ҷо чизҳое аст, ки чашме надидаву гўше нашунидааст ва ҳатто аз фикри инсоне хутур накардааст. Қуръони Маҷид мегўяд:

فَلَا تَعْلَمُ نَفْسٌ مَّا أُخْفِيَ لَهُم مِّن قُرَّةِ أَعْيُنٍ

Ҳеҷ инсоне намедонад чӣ чизҳое, ки мояи равшании чашм аст барои ў пинҳон нигаҳдошта шудааст. (Ссаҷда 17).

Низомҳои ҳоким бар он ҷаҳон низ бо он чӣ дар ин олам ҳоким аст, комилан тафовут дорад, дар ин ҷо афрод ба унвони шуҳуд дар додгоҳ ҳозир мешаванд, вале дар он ҷо дасту по ва ҳатто пўсти тан шаҳодат медиҳад.

 الْيَوْمَ نَخْتِمُ عَلَى أَفْوَاهِهِمْ وَتُكَلِّمُنَا أَيْدِيهِمْ وَتَشْهَدُ أَرْجُلُهُمْ بِمَا كَانُوا يَكْسِبُونَ

Имрўз бар даҳони онҳо мўҳр мениҳем ва дастҳояшон бо мо сухан мегўянд ва поҳояшон ба корҳоеро, ки анҷом медоданд шаҳодат медиҳанд.(Ёсин – 65).

وَقَالُوا لِجُلُودِهِمْ لِمَ شَهِدتُّمْ عَلَيْنَا قَالُوا أَنطَقَنَا اللَّهُ الَّذِي أَنطَقَ كُلَّ شَيْءٍ

Онҳо ба пўстҳои танашон мегўянд: «Чаро бар зидди мо гувоҳӣ додед?!». Онҳо ҷавоб медиҳанд: «Ҳамон Худое, ки ҳар мавҷудеро ба нутқ даровардааст, моро гўё сохтааст. (Фуссилат – 21).

Ба ҳар ҳол он чӣ дар бораи ҷаҳони дигар гуфта шавад, танҳо шабаҳе аз дур дар назари мо муҷассам мекунад ва асосан алифбои мо ва фарҳанги фикрии мо дар ин ҷаҳон қодир ба тавсифи ҳақиқии он нест ва аз ин ҷо ба бисёре аз саволот дар заминаи биҳишту дўзах ва чигунагии неъматҳо ва азобҳояш посух дода хоҳад шуд.

Ҳамин қадар медонем, ки биҳишт маркази анвои бахшишҳои илоҳӣ, ҳам моддӣ ва ҳам маънавӣ аст ва дўзах маркази шадидтарин азобҳо дар ҳар ду ҷиҳат (моддӣ ва маънавӣ) аст.

Аммо дар мавриди ҷузъиёти ин ду Қуръон ишороте дорад, ки мо ба он мўъмин ҳастем, аммо тафсили онро то касе набинад намедонад!

Илова бар ҳамаи инҳо баҳсҳои гуногуни дигаре зайли оёти муносиб махсусан дар сураҳои авохири Қуръон ба хости Худо дар мавриди хусусиёти маод хоҳад омад.

Парвардгоро! Дар он рўзи пурхавфу хатар, дар он растохези бузургу додгоҳи адл, моро ба лутфат амнияту оромиш бахш! Худовандо! Агар доварӣ бар меъёри аъмол бошад, даст мо холӣ аст, бо тарозуи фазлу карам ҳасаноти ночизи моро бисанҷ ва бо раҳмату ғуфронат бар бадиҳо мо парда бияфкан.

Бор Илоҳо! Он чунон кун, ки саранҷоми кор ҳам ту аз мо хушнуд бошӣ ва ҳам мо дар пешгоҳат растагор бошем

Омин ё Рабб – ал – оламин.

Бар гирифта аз тафсири Намуна,  Оятуллоҳ Носир Макорими Шерозӣ

Баргардонанда: Абдулҳаким Камолӣ