Манобеи исломӣ

Забон
  1. Саҳифаи асосӣ

  2. article

  3. Ваҳдат ва дустӣ дар сираи Муҳаммад (с)

Ваҳдат ва дустӣ дар сираи Муҳаммад (с)

  • Навиштаи Ҳасан Содиқзода
  • Маҷмаи Ҷаҳонии Тақриби Мазоҳиби Исломӣ
Ваҳдат ва дустӣ дар сираи Муҳаммад (с)
3 (60%) 1 vote

Заминаҳои эҷоди ваҳдати исломӣ дар ҷомеа бо нигариш ба сираи Паёмбар(с) дар Мадина

Ваҳдати уммати исломӣ дар паноҳи ҳақ ва адолат ҳамвора яке аз ормонҳои динии паёмбарони тавҳидӣ қаламдод шуда ва бар ин асос яке аз меҳварҳои муҳимми даъвати Паёмбари Ислом(с) низ дар пайрезии шокилаҳои пайдоиши он будааст. Дар навиштори ҳозир, бо муруре гузаро бар роҳи ҳалҳое, ки Паёмбар(с) аз онҳо ба унвони абзори таҳаққуқи ваҳдат ва адолат дар ҷомеа
баҳра мегирифт, саъй гардида бо ба кор бастан ва тамассук ба дастуроти он муаллими ҳамешаи торих, гоме дархур ва айният бахшидан ба ваҳдати ҷомеаи исломӣ бардошта шавад.

Эҷоди ваҳдат ва ҳамбастагӣ

Вуруди Паёмбар(с) ба Мадина ҳамроҳ бо ақди қарордодҳое байни гурӯҳҳои мухталиф буд, ки ин паёмҳоро метавон яке аз боризтарин шавоҳиди бакоргирии авомили иҷтимоӣ ҷиҳати дастёбӣ ба ваҳдат дар ҷомеаи он замон донист.

Аз муҳимтарин ин паймонҳо қарордодҳое буд, ки Паёмбар(с) дар ҳамон моҳҳои вуруд ба Мадина бо қабоил ва тавоифи мавҷуд дар ин шаҳр бастанд, ки бо ин кор, ҳам ваҳдати миёни қабоили мавҷуд (яҳудиён ва ансор ва муҳоҷирони мусалмон)-ро муяссар намуд ва ҳам заминаи ташкили як ҳукумати диниро фароҳам намуданд.

Паймонро нахустин қонуни асосии мактуби ҷаҳон донистаанд, бо назар ба мафодди ин паймоннома метавон натиҷа гирифт, ки талошу кӯшиши Паёмбари Акрам(с) барои эҷоди ҳассосияти муштараки динӣ ва миллӣ яке аз шохистарин заминаҳо ва роҳи ҳалҳои Паёмбар(с) дар ҷиҳати таҳаққуқи ваҳдати исдлмӣ шумурда мешавад, пайванди ухувват ва бародарӣ дар нахустин соли вуруди Паёмбар(с) ба Мадина ва эҷоди пайванди бародарӣ байни мусалмонон яке аз муҳимтарин ибтикорот ва сротежиҳои он ҳазрат дар эҷоди ваҳдати динӣ шумурда мешвад.

Ин паймон аввалан омиле барои пешгирӣ аз ихтилофоти дерина қабоил гардид; дар сонӣ ба эҷоди пайвастагии бештар дар ҳалқаи иттиҳоди мусалмонон ба унвони нируҳои меҳварии ҷомеа афзуд. Солисан омиле коромад барои барои ҳифзи ҷомеаи навпои исломӣ буд, зеро умда касоне, ки дар ҳангоми хатар метавон ба қудрати онҳо муттакӣ буд, ҳамин гурӯҳҳо буданд.

Бархе аз таҳлилгарон низ мӯътақиданд, нахустин мазӯе, ки Паёмбар(с) барои ҷомеаи ҷадид аз он бим дошт, масъалаи ихтилофи шадиди қабилаӣ буд ва ба ҳамин хотир Паёмбари Акрам(с) аз ҳамон оғоз паймони тозае ба номи муохот – паймони бародарӣ байни муҳоҷирон ва ансор мунъақид намуд, ки бо эҷоди ин паймон аз бисёре аз садамот масун монд, бад-ин сон ин тасмими доҳиёна, ки иборат буд аз эъломи мусовоту баробарии динӣ, коромадтарин абзори улфат дар ҷомеаи он замон гашт, ки ин амр нишон аз кӯшиши Паёмбари Аъзам(с) барои пайдоиши ваҳдат ва адолати боланда бар меҳвари имон ба Худо дорад.

Шарқшиноси машҳур Петрушевский дар ин бора мегӯяд, фикри мусовоти мусалмонон дар ислом сарфи назар аз асл ва табор ва нисбатҳои қабилаӣ ва тоифаии эшон, муқаддимаи муҳимме буд, барои иттиҳоди иҷтимоӣ; нахуст иттиҳоди иҷтимоии аъроби Мадина ва з-он пас ҳамаи аъроби ҷомеаи ормонӣ, ки тамоми аъзои он даври меҳвари диёнати тавҳидӣ, пайванди бародарӣ бо якдигар дошта ва таклиф доранд, ки онро устувор нигаҳ доранд то Худованди Ҳаким заминаи улфат ва ваҳдати дилҳоро пойдор созад ва дар натиҷа пояҳои ваҳдат ва адолат дар ҷомеаи исломӣ маҳкам гардад.

Заминаҳои эҷоди ваҳдати исломӣ дар ҷомеа

Ончи пиромуни талоши ҳазрати Муҳаммад(с) дар бораи эҷоди ваҳдат ва бародарии динӣ гуфта шудааст, дар ин каломи зебо дар Наҳҷулбалоға омадааст, онҷо ки Имом Алӣ(р) мефармояд: Худованд ба дасти ӯ кинаҳоро дафъ, оташро хомӯш сохт, бегонагиро пайванди бародарӣ дод ва хешовандиро пароканд ва иззатҳои нораворо ба зиллат ва зиллатҳои ноҷоро ба иззат бадал кард. Оре Паёмбар бар ҳасби маъмурияте, ки дошт, рисолатҳои парвардигорашро иблоғ кард, пас Худованд ба василаи он ҳазрат шикофҳои ношӣ аз ихтилофотро пур намуд ва миёни хешовандонаш ҳамбастагӣ ва улфатро ба вуҷуд овард, он ҳам дар паи шӯълаҳои адовате, ки дар синаҳо афрӯхту шуда буд ва кинаҳои нуҳуфтае, ки дар дилҳо шарора мезад.

Нафйи нажодпарастӣ ва қавмиятгароӣ

Яке дигар аз роҳи ҳалҳое, ки Паёмбари Акрам(с) дар масири бунёнгузории ваҳдат дар уммати исломӣ ба кор мегирифт, нафйи нажодпарастӣ ва қавмиятгароӣ ва табъизҳои нораво ва нописанд дар ҷомеа буд.

Беҳтарин шоҳид дар рафъи табъизи нораво, мубориза бо бардадорӣ мебошад. Ин кор бахше аз ҳаракатҳои адолтахоҳии Паёмбар(с) дар баробари зулми он давра маҳсуб мегардад. Аз он ҷо ки Паёмбар(с) ба хубӣ медонист, ки салоҳу саодат бо зулму шақоват қобили ҷамъ нест, эшон дар қолаби фармон ё иршоду насиҳат, мусалмононро раҳнамун ба озодсозии бардагон мекард ва худ низ чунин менамуд.

Ҳазрати Муҳаммад(с) афроде монанди Зайд ибни Ҳорисаро фармондеҳи сипоҳи ислом, Билоли Ҳабаширо муаззин таъин фармуда ва аз Салмони Форсӣ таҷлил намуда ва ба ӯ мақоми волое мебахшад ва ба ин тартиб бо табъизи мавҷуд ба мубориза бармехезад.

Ҳазрати Расули Акрам(с) тафовуте байни барда ва ғайрибарда намегузошт ва худ низ дар иҷрои аҳком таъми ширини ҳақ ва адолатро ба дигарон мечашонд ва дар рафторҳои худ то онҷо пеш мерафт, ки ҳатто дар ҷамъи мусалмонон ҷойгоҳи Паёмбари Худо(с) нопайдо буд ва ҳар замон дар маҷлисе менишаст ва афроди ношинос ба соддагӣ наметавонистанд ҳазрати Расул(с)-ро дар назди мардум дарёбанд. Риояти тасовӣ ва адолат тавассути Паёмбари Акрам(с), ки дақиқан дар баробари зулму табъизҳои роиҷ қарор дошт, аз муассиртарин роҳкорҳои эҷоди ваҳдати исломӣ дар ҷомеаи осебдидаи он рӯзгор буд.

Таваҷҷӯҳ ба зарфиятҳои руҳӣ ва ахлоқии мардум

Баҳрабардории Паёмбари Аъзам(с) аз ахлоқ ва хусусиёти руҳии араби ҷоҳилӣ дар ҷиҳати аҳдофи тавҳидӣ ва бахусус таҳаққуқи ваҳдати исломӣ яке дигар аз роҳбурдҳои арзишӣ ба шумор меояд.

Руҳияи таассуб ва ҳамияти арабӣ, тааҳҳуд ва вафо ба аҳду паймон, шуҷоат ва диловарӣ ва ё меҳмоннавозӣ намоёнгари шохисаҳои иҷтимоии аъроби ҷоҳилӣ шуда буд, дар ҳамин росто, Паёмбари Акрам(с) ислоҳ ва беҳсозии арзишҳои ҳоким дар чаҳорчӯби низоми арзишии исломро яке аз калидҳои рӯйкарди иттиҳоди исломӣ медонад.

Шуҷоат ва далерии аъроб, ки реша дар вазъияти хосси он ҷомеа ва низ масоили ҷуғрофиёӣ ва табиӣ дошт, ҳеҷ гоҳ ба сурати мутлақ аз ноҳияи Паёмбари Акрам(с) матруд ва мазмум дониста нашуд, балки ин руҳияи ҷангӣ низ дар масири ислоҳ ва корбурди писандида ва саҳеҳ қарор гирифт. Аз сӯи дигар, Паёмбар(с) дар тақвият ва ислоҳи руҳияи меҳмоннавозии аъроб низ мекӯшид, ки ин роҳкорҳо ҳам сабаби ҷазби фузунтари афрод ба доираи мусалмонон мегардид.

Бад-ин тартиб, Паёмбари Акрам(с) аз ин имконоти ахлоқӣ ва руҳӣ барои падидоварии як ҳамгароии динӣ ва истеҳкоми алоқаҳои муштараки аъроб дар ҷиҳати ормонҳои уммати воҳид ба беҳтарин тадбир истифода намуд.

Одобу ахлоқи Паёмбар

Паёмбари Акрам(с) яке аз аҳдофи олии рисолати хешро комил кардани ахлоқи некӯ ва такмили фазоили илоҳӣ ва ахлоқи инсон медонист. Ахлоқи пурҷозибаи Расули Акрам(с) ҳамвора яке аз муҳимтарин абзорҳои арзишии ваҳдати динии суфуф ва фурӯ нишондани ихтилофҳо, низоъҳо ва ҷазби инсонҳи поксиришт будааст.

Ҳазрати Алӣ(р) мефармояд: Паёмбар(с) дар ҷуду бахшиш саромади мардум буд. Диле пуртавон ва синае бебок дошт. Дар посдорӣ аз паймон ва нармхӯӣ ва муоширати бузургворона бемонанд буд ва ҳар касе бо ӯ бархурд мекард, нахуст ҳайбате бузург аз ӯ медид ва чун бо вай муошират менамуд ва ӯро мешинохт, дӯстдори ӯ мешуд ва ҳаргиз пеш аз ӯ ва пас аз ӯ фарде монанди ӯ надидаем.

Дар мутуни торихӣ ва ривоӣ мехонем, ки ғайр аз мавзӯи рафторҳои ахлоқии Паёмбари Аъзам(с) муҳаббат ба он ҳазрат ва хонадони покашро метавон аз авомили муҳим дар эҷоди густариш ва истимрори ваҳдат ва адолат байни мусалмонон донист; “Бигӯ ман аз шумо ҳеҷ подоше дар баробари рисолат намехоҳам, ҷуз он ки ба хонадони поки ман муҳаббат намоед” – ва агар ба некӯӣ аз ин асл баҳрабардорӣ шавад, заҳамоти Паёмбари Гиромӣ(с) ба самар хоҳад нишаст.

Сухани охир

Таҳлил аз рӯйдодҳои торихи ислом гӯёи он аст, ки талошҳои васеъ ва роҳбурдҳои арзишии он ҳазрат барои таҳаққуқи ваҳдат, короии хоссе доштааст, тарҳи паймонномаи умумии Мадина беҳтарин роҳ барои эҷоди як ваҳдат ва илқои руҳияи ҳамбастагии динӣ буд ва дар ҳамин росто паймони вижаи муслимин аз роҳкорҳои мазҳабӣ барои руҳи бародарӣ ба ҳисоб меояд. Истифода аз ин роҳбурдҳо дар намоён сохтани пояҳои устувори ҷомеаи исломӣ ва дастёбӣ ба ваҳдат, танҳо замоне метавонист муассир бошад, ки ҳамгом бо он мубориза бо нажодпарастӣ ва қавмгароӣ фаъолона пайгирӣ шавад ва Паёмбари Ислом(с) бо ҳиммате баланд ва дар айни баҳрагирӣ аз зарфиятҳои ахлоқи фардӣ дар ин роҳ қадам гузошт. Бад-ин тартиб яке аз заруритарин роҳҳои пайрезии ваҳдати динӣ дар уммати исломӣ ҳамоҳангии иродаҳо ва тамоюлоти арзишӣ дар ҷиҳати ҳамонандсозӣ ва ислоҳи абзорҳои миллӣ ва қавмӣ ва фардӣ аст ва дар ниҳоят, ба сабре устувор ва руҳе умедвор то таҳаққуқи ваъдаи илоҳӣ ниёз аст.

Манобеъ:

1-Ҳамидуллоҳи Ҳамид, “Аввалин қонуни макуб дар ҷаҳон”.

2-Муртазо Мутаҳҳарӣ, “Хадамоти мутақобили ислом ва Эрон”.

3-“Ислом дар Эрон”.

4-“Наҳҷулбалоға”.

5-Саидмуҳаммад Биҳиштӣ, “Муҳити пайдоиши ислом”.