Манобеи исломӣ

Забон

М. Ҳалимов

Бухорӣ,  Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Исмоил ибни Иброҳим ибни Муғайра ибни Бардзия, Абу Абдуллоҳ Ҷуъфӣ маъруфтарин муҳаддис ва нависандаи асари муҳимми ҳадисии Алҷомеъ ас−саҳеҳ маъруф ба «Саҳеҳи Бухорӣ» мебошад.

Таърих ва маҳалли таввалуд

Бухорӣ дар рузи 31 Шавволи соли 194 ҳ.қ. дар Хартанг, яке аз деҳаҳои Бухоро ба дунё омадааст. Дар хурдсолӣ падарашро, ки ровии муътабари ҳадис буд, аз даст дод ва модараш тарбияти ӯро ба ӯҳда гирифт. Ӯ дар ҳамон даврон биноияшро аз даст дод, вале бо дуои модараш онро боз ёфт[1].

Таҳсилот

Таҳсил ва фаро гирифтани илмро аз синни даҳсолагӣ оғоз кард ва дар бистсолагӣ барои фаро гирифтани улум аз ватани худ ба сафарҳои илмии худ оғоз кард.

Сафарҳои илмӣ

Бухорӣ дар ҷустуҷӯи ҳадис ба расми бештари олимон ва муҳаддисони рӯзгор, сафарҳои дуру дароз кард ва дар шаҳрҳои Хуросон, Ҷибол, Ироқ, Миср, Шом ва Ҳиҷоз назди устодон ба фарогирии ҳадис пардохт. Ӯ ҳангоми иқомат дар Басра дар мудати 16 рӯз беш аз понздаҳ ҳазор ҳадис ҳифз кард. Дубора ба Шом ва Миср ва Ҷазира ва чаҳор бор ба Басра рафт, шаш сол дар Ҳиҷоз зиндагӣ кард ва ба Кӯфа ва Бағдод бисёр сафар кард. Ӯ сад ҳазор ҳадис бо санади саҳеҳ ва дусад ҳазор ҳадиси дигарро ҳифз карда буд[2]. Ӯ муддаӣ буд, ки назди беш аз ҳазор шайх, ҳадис шунидааст[3].

Мазҳаб

Ба ақидаи муҳаққиқон наметавон Имом Бухориро пайрави яке аз мазоҳиби чаҳоргонаи аҳли суннат ё мазҳаби машҳури дигар донист. Дар ҳақиқат ӯ маслаки фиқҳии хос дошт, ба фикри худ иҷтиҳод мекард, ҳар чанд бархе аз пайравони мазҳаб кушидаанд ӯро пайрави мазҳаби худ муаррифӣ кунанд ва Сабкӣ номи ӯро дар китоби худ дар шумори уламои шофеӣ[4] ва Қозӣ ибни Абияъло дар радифи уламои Ҳанбалӣ овардаанд[5]. Бо тавваҷӯҳ ба назариёт ва фатвоҳои фиқҳии ӯ, шайх Ҷамолиддин Қосимии Димишқӣ бо баҳрагирӣ аз унвонҳои бобҳои китоби Саҳеҳ Бухорӣ, ӯро дорои маслаки мустақил донистааст.

Эҷодиёт

1) Китоби Алҷомеъ ас−саҳеҳ;

2) Китоби Аладаб ал−муфрад;

3) Китоби Биррул−волидайн;

4) Китоби Алҳиба;

5) Китоби Ал-қироа халф−ал−имом;

6) Китоби Рафъул−ядайн фис−салот;

7) Китоби Халқу афъол ал−ибод;

8) Китоби Таърихи кабир;

9) Китоби Таърих ал−васат;

10) Китоби Таърих ас−сағир;

11) Китоби Ал-ҷомеъ ал−кабир;

12) Китоби Ало-муснад ал-кабир;

13) Китоби Тафсири кабир;

14) Китоби Ал–ашриба;

15) Китоби Ал-илал;

16) Китоби Асмоус−саҳоба;

17) Китоби Ал–ваҳдон;

18) Китоби Ал−мабсут;

19) Китоби Ал−канӣ;

20) Китоби Ал−фавоид.[6]

Аҳамияти нигоштаҳои ҳадисӣ 

Шинохти китобҳои ҳадисӣ фоидаҳои зиёдеро барои донишҷӯён ва муҳаққиқон хусусан барои доншҷӯёне, ки бо риштаи улуми ҳадис сару кор доранд, дар бар дорад. Аз он ҷо ки ҳадис ба унвони дуввумин манбаи дин баъд аз Қуръон мебошад, дорои аҳамияти фаровоне аст.

Китобҳои ҳадисӣ инъикос- кунандаи ривоётанд, монанди маъданҳои ҳомили ганҷҳои қимат.

Китобҳои ҳадисӣ зимни ошно кардани мо бо ин ганҷҳо, моро дар ҷиҳати дастёбӣ ба мизони эътибори онҳо барои муроҷеа ва мустанадсозӣ ва парҳез аз муроҷеа ба манобеи заиф ва дасти чандум, ёрӣ мерасонанд.

 Китобҳои ҳадисӣ оинаи ҳақиқии мероси  ҳадис аст, дар як калима он чӣ дар тарихи ҳадис ва давраҳои он руй дода аст, ошно мешавем.

Муаррифии китоби Саҳеҳ Бухорӣ

Бухорӣ барои таълифи ин китоб 16 сол вақт сарф кард ва аҳодиси онро аз миёни 60000 ҳадис ҷамъоварӣ намуд, ки ба ақидаи худаш ин аҳодис сиҳат ва тавсиқ доранд[7]. Тибқи таҳқиқи анҷом шуда Саҳеҳ Бухорӣ дорои 77 китоб ва 3792 боб буда ва иборат аз 7008 ҳадис аст. Аммо тибқи навиштаи Донишомаи ҷаҳони Ислом, Саҳеҳ Бухорӣ дар 98 китоб ва 3450 боб тадвин шуда ва теъдоди аҳодиси он бо ҳазфи такрориҳо ба гуфтаи ӯ ва Нававӣ ҳудуди 4000 ҳадис аст, аммо ба ақидаи Ибни Ҳаҷар 2761 ҳадис мебошад[8].

Шарҳҳои саҳеҳ Бухорӣ

То кунун 59 шарҳ (тамом ё нотамом) бар Саҳеҳ Бухорӣ навишта шудааст, ки ёздаҳ шарҳ аз онҳо чоп шудааст. Ба илова 29 тан барои он поварақӣ ва шонздаҳ тан муқаддима навиштаанд ва понздаҳ тан онро хулоса кардаанд. Аз ҷумла шарҳҳои Саҳеҳ Бухорӣ иборатанд:

1.     «Аълому сунан» шарҳи имом Абу Сулаймон Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Иброҳим ибни аттоби Албатӣ, Алхаттобӣ мутавффои 338 ҳ- қ.

2.     «Фатҳулборӣ шарҳи Саҳеҳ Бухорӣ» навиштаи Ҳофиз Шаҳобуддин ибни Ҳаҷари Асқалонӣ мутавафои 852 ҳ-қ. Уламои ҳадис онро беҳтарин шарҳи китоб донистаанд.

3.   «Умдатулқорӣ» фи шарҳил- Бухорӣ таълифи Муҳаммад ибни Аҳамади Айнӣ мутавафаои 855 ҳқ.

4.   «Иршодуссорӣ фи шарҳил – Бухорӣ» аз Аҳмад ибни Абибакри Қасталонӣ мутавффои 223 ҳ – қ.

5.    Шарҳи Абу Зайд Абдулқодир ибни Алии Фосӣ.

Саҳеҳ Бухорӣ аз дидгоҳи донишмандон:

Аз дидгоҳи аҳли суннат Саҳеҳ Бухорӣ арзиши бисёре дорад. Имомони ҳадис дар фазоили ӯ бисёр сухан гуфтаанд, баъзеҳо иддао кардаанд, ки дар илми ҳадис касе донотар аз Бухорӣ нест. Муслим гуфтааст: Ман шаҳодат медиҳам, ки монанди ӯ дар дунё вуҷуд надорад.

Уламо иттифоқ кардаанд, ки саҳеҳтарин китобе, ки навишта шудааст Саҳеҳ Бухорӣ ва Саҳеҳ Муслим аст ва низ ҷумҳури  уламо иттифоқ бар ин карданд, ки Саҳеҳ Бухорӣ саҳеҳтар аст ва низ фоидааш бештар. Ҳофиз Алии Нишопурӣ мегӯяд: Саҳеҳ Муслим саҳеҳтар аст[9]. Соҳаиби китоби Уддатулқорӣ шарҳи Саҳеҳ Бухорӣ мегӯяд: Уламои шарқ ва ғарб иттфоқ доранд, ки баъд аз китоби Худо саҳеҳтар аз Саҳеҳ Бухорӣ ва Муслим вуҷуд надорад ва баъзеҳо Саҳеҳ Муслимро бар Саҳеҳ Бухорӣ тарҷеҳ додаанд, вале ҷумҳури уламо Саҳеҳ Бухориро бар Саҳеҳ Муслим тарҷеҳ доданд ба хотири ин ки фоидаи Саҳеҳ Бухорӣ нисбат ба Саҳеҳ Муслим бештар аст[10].

Абу Зайди Марвазӣ мегӯяд: Ман дар байни рукн ва мақом хоб будам, Набии Мукаррами Исломро дар хоб дидам, Паёмбар(с) ба ман гуфт: То ба кай китоби Шофеиро тадрис мекунӣ? Китоби маро тадрис намекунӣ? Гуфтам эй Расули Худо(с) китоби ту кадом аст? Гуфт: Ҷомеи Муҳаммад ибни Исмоил[11].

Заҳабӣ дар китоби Таърихул -Ислом менависад, ки Саҳеҳ Бухорӣ бузургтарин ва бо фазилаттарин китоб аст баъд аз китоби Аллоҳи Таоло[12].

Заҳабӣ ҳангоми зикри баъзе аҳодиси он мегӯяд: Агар ҳайбати Саҳеҳ Бухорӣ набуд мегуфтам ин аҳодис ҷаълӣ аст[13].

Ба гуфтаи Имомулҳарамайн агар касе қасам бихӯрад тамоми аҳодиси Саҳеҳайн (Саҳеҳ Бухорӣ ва Саҳеҳ Муслим) мутобиқ бо вақеъ ва каломи Расули Худо(с) аст, қасами ӯ дуруст аст, каффорае ба ӯ нест, зеро ҳамаи уммати исломӣ дар сиҳати онҳо иттифоқ доранд[14].

Муҳаммад Абурайя мегӯяд: Аз ин рӯ бисёри ҳофизони аҳодис онро бидуни таҳқиқ пазируфтаанд ва ҳатто гуфта шудааст, ки таслими комил дар баробари аҳодиси Саҳеҳ Бухорӣ аз усули имон ва аркони Ислом аст[15].

Бухорӣ ҳеҷ ҳадисеро дар китоби худ наёвардааст магар ин ки пеш аз навиштани ҳадис ғусл карда ва ду ракъат намоз хондааст[16].

Ибни Таймия мегӯяд: Аҳли илм иттифоқи назар бар ин доранд, ки баъд аз Қуръон саҳеҳтарин китоб Саҳеҳ Бухорӣ ва Саҳеҳ Муслм аст[17].

Алоӣ мегӯяд: Имомони ҳадис иттифоқи назар бар ин доранд, ки ҳар он чизеро Бухорӣ ва Муслим дар китобашон иснод додаанд, пас он чиз саҳеҳ аст ва набояд дар мавриди он изҳори назар шавад[18].
Манбаъ: Сомонаи  kemyaesaadat

[1]. Саҳеҳ Бухорӣ, ҷ / 2, саҳ. 376.

[2]. Ба нақл аз нависандаи Донишномаи ҷаҳони Ислом аз китоби Ибни Абияъло, ҷ / 1, саҳ. 176.

[3]. Ҳамон,  аз китоби Сифдӣ, ҷ / 2, саҳ. 207; Ибни Амор, ҷ / 2, саҳ. 134.

[4]. Сабкӣ, ҷ /2, саҳ. 212.

[5]. Ибни Абияъло, ҷ / 1, саҳ. 281.

[6]. Саҳеҳ Бухорӣ, тарҷуматулбухорӣ, саҳ. 6.

[7]. Фатҳулборӣ шарҳи Саҳеҳ Бухорӣ, ҷ / 1, саҳ. 4.

[8]. Донишномаи Ҷаҳони Ислом, ҷ / 2, саҳ. 386.

[9]. Муқадимаи Саҳеҳ Бухорӣ, саҳ. 8.

[10]. Умдат – ул – қори шарҳи Саҳеҳ Бухорӣ, ҷ / 1, саҳ. 24.

[11]. Иршод – ус- сорӣ шарҳи Саҳеҳ Бухорӣ, ҷ / 1, саҳ. 51.

[12]. Иршод – ус- сорӣ шарҳи Саҳеҳ Бухорӣ, ҷ / 1, саҳ. 5.

[13]. Китобномаи ҷаҳони Ислом, саҳ. 380.

[14]. Ба нақл за китобномаи ҷаҳони Ислом аз китоби шарҳи Саҳеҳ Муслим, нависандааш Нававӣ, ҷ / 1, саҳ. 127.

[15]. Азвоу ало суннати Муҳаммадия, саҳ. 350.

[16]. Фатҳулборӣ шарҳи Саҳеҳ Бухорӣ, ҷ / 1, саҳ. 7.

[17]. Ҷамъи байни саҳеҳайн, ҷ / 1, саҳ. 6.

[18]. Ҳамон.