Манобеи исломӣ

Забон
  1. Саҳифаи асосӣ

  2. article

  3. Фарқи ҳадиси қудсӣ бо Қуръон

Фарқи ҳадиси қудсӣ бо Қуръон

Rate this post

Ҳадиси қудсӣ чист? Фарқи он бо Қуръон чист?

Ба номи Худо
(1)   Қудс; яъне покӣ ва ҳадиси қудсӣ аз он назар, ки ба зоти поки Худованд нисбат дода мешавад, ҳадиси қудсӣст.
Албатта ваҳйи мунзил нест, ки Расули Худо(с) аз қавли     Худованд барои саҳоба боз гӯяд. Яъне оёт ва сураи Қуръон нест ва ҳадис ҳам нест, ки аз забони Паёмбар(с) бошад,  балке ба воситаи Ҷабраил ба воситаи илҳом ва ё илқои зеҳн, дарёфт шудааст. Услубаш ва равиши он ҳам бо Қуръон фарқ дорад. Дар ҳадиси қудсӣ гоҳе аз олами қудс ва нури аз Рабубияти илоҳӣ дида мешавад.
Қуръонро Ҷабраил ба лафз ва маъно аз лавҳи маҳфуз дарёфт дошта ва ба Паёмбар(с) ваҳй намуд ва он, насл баъд аз насл, ба мо расида аст.

Баъзе тафовутҳои Қуръони Карим бо ҳадиси қудсӣ:
1.    Қуръон муъҷиза аст ва ҳадиси қудсӣ чунин неаст.
2.    Қуръон аз тағйир, табдил ва таҳриф масун ва маҳфуз аст ва ҳадиси қудсӣ чунин вижагие надорад.
3.    Даст задан ба  Қуръон барои касонеки таҳорат надоранд ҳаром аст, дар ҳоле, ки дар ҳадиси қудсӣ чунин нест.
4.    Мункири ҳадиси қудсӣ кофир шуморида намешавад.
5.    Бо ҳадиси қудсӣ наметавон намоз хонд.(яъне баҷои сураҳои Қуръон)
6.    Дар нақли аз Қуръон мегӯянд, “қолаллоҳу таборака ва таъоло“ ва дар ҳадиси қудсӣ бузургони аз уламо мегӯфтанд, “Қола Расулулуллоҳ фӣ мо ярви ан раббиҳ”.

(2)    Ҳадис дар истилоҳи уламои аҳли суннат:
1.    Суюти: Ҳадис яъне феъл, қавл ва тақрири Паёмбар(с), саҳобиён ва тобеин ва… ва гуфта шудааст, ки ҳадис бар ончи аз Расулуллоҳ(с) нақл шудааст итлоқ мешавад.(6)
2.    Ибни Ҳаҷҷар: Дар истилоҳи шаръ, гузориши ҳар он чиро, ки ба Паёмбар мансубаст, ҳадис гуянд ва ин гуё дар баробари Қуръон аст, ки “қадим” аст(7)
3.    Муҳаммад Абузаҳу: мақсуд аз ҳадис дар нигоҳи муҳаддисон, суханон, рафтор, тақрир, сифоти халқӣ ва хулқӣ, сира, ҷангҳо ва бархе аз ахбори Паёмбар(с) пеш аз беъсат, ҳамчун таҳнаси ишонро дар ғори ҳироро дар бар мегирад.(8)
4.    Бархе аз муҳақиқини аҳли суннат мегӯянд: Ҳадис дар оғоз фақат ба қавли Расули Худо(с) итлоқ мешудааст ва пас аз вафоти он бузургвор, маънояш вусат ёфт ва акнун ба ончи аз Паёмбар(с) нақл шудааст итлоқ шудааст: қавл, феъл ва тақрири(Паёмбар(с) мебинад асҳобро ки як кореро анҷом медиҳад аммо Паёмбар(с) ба онҳо чизе намегӯяд  ,ба ин мегӯянд тақрир Паёмбар(с).

Манбаъ: Сомонмӣ Ёсин