Манобеи исломӣ

Забон
  1. Саҳифаи асосӣ

  2. article

  3. Ҷойгоҳи Об дар дини Ислом

Ҷойгоҳи Об дар дини Ислом

  • Сомонаи Тоҷикон
Rate this post

Дар дини муқаддаси Ислом аҳамияти зиёде ба “об” дода шуда вадар Қуръони Карим об баъд аз инсон боарзиштарин офаридаи илоҳӣ ба ҳисоб омадааст. Беш аз 100 ояти Қуръони Карим дар бораи табиъат вуҷуд дорад ва Худованди Мутаол инсонро ба андеша дар бораи об даъват карда ва шукру сипосгузорӣ нисбат ба ин неъмати бузургро ёдовар шудааст.
Худованди Мутаол дар бораи аҳамияту арзиши об дар Қуръон фармудааст:
وَجَعَلْنَا مِنَ الْمَاء كُلَّ شَيْءٍ حَيٍّ
“Ва ҳар чизи зиндаеро аз об офаридем”. Сураи Анбиё, ояти 30.
Тавзеҳ инки ин ояти шарифа далолат бар офариниши ҳамаи мавҷудоти зиндаро аз об дорад.
Ҳамчунин бисёре аз оятҳои Қуръони Карим таваҷҷӯҳи инсонро ба вазифаи муҳимми борон яъне додани ҳаёту зиндагӣ ба замини мурда ҷалб мекунад. Яке аз асароти муҳимму бузурги об дар замин, ки инсон аз манфиатҳои он баҳра мебарад зинда кардани замини мурда аст, ки дар зиёда аз 10 ояти Қуръони Карим бар он ишора рафтааст.
Дар сураи Фурқон Худованди Мутаол мефармояд:
وَهُوَ الَّذِي أَرْسَلَ الرِّيَاحَ بُشْرًا بَيْنَ يَدَيْ رَحْمَتِهِ وَأَنزَلْنَا مِنَ السَّمَاءِ مَاءً طَهُورًا ﴿۴۸﴾لِنُحْيِيَ بِهِ بَلْدَةً مَّيْتًا وَنُسْقِيَهُ مِمَّا خَلَقْنَا أَنْعَامًا وَأَنَاسِيَّ كَثِيرًا ﴿۴۹﴾
“Ва ӯ касе аст, ки бодҳоро барои башорат (шодмонии шумо) пеш аз раҳмати хиш фиристод. Ва обе поккунанда аз осмон нозил кардем то ба сабаби он замини мурдаро зинда созем ва офаридаҳои худамон, ҷаҳорпоён ва инсонҳои бисёреро аз он сероб гардонем”. Сураи Фурқон, ояти 48-49.
Дар ҷои дигаре аз Қуръони Карим инчунин мехонем, ки Худованди Мутаол мефармояд:
وَاللّهُ أَنزَلَ مِنَ السَّمَاءِ مَاءً فَأَحْيَا بِهِ الأَرْضَ بَعْدَ مَوْتِهَا
“Худованд аз осмон об фиристод ва ба василаи он заминро пас аз марг зинда кард”. Сураи Наҳл, ояти 65.
Об фақат барои ҳаёт бахшидан ба замин набуда, балки вазифаи поккардонидан ва покизагии инсронро ҳам уҳдадор буда ва инсонро аз ҷиҳати зоҳиру ботин покиза карда ва вайро омода месозад то бо покизагӣ ва оромиши қалб ба ибодати Худованд машғул шавад. Лозим аст, ки инсон қабл аз ҳозир шудан ба даргоҳи Худо зоҳиру ботинаш оростагии комил дошта бошад ва дар дини муқаддаси Ислом таҳорату покизагӣ пеш аз анҷоми воҷиботи динӣ ба хусус намоз аз заруриёт мебошад.
Сухани охир инки неъмтаҳои илоҳӣ амонатҳое ҳастанд, ки Худованди Мутаол барои рушду пешрафт дар ихтиёри мо инсонҳо қарор додааст. Дар ин сурат баҳрабардорӣ ва бакоргирӣ ва истифода аз неъматҳои беҳисоби илоҳӣ бояд ба шакле бошад, ки дар ҷиҳати анҷоми дастуроти илоҳӣ ва саодати инсон бошад.
Tojikon.org