Манобеи исломӣ

Забон
  1. Саҳифаи асосӣ

  2. article

  3. Ҳукми сартахта ва додани таъом дар рӯзи ҷаноза

Ҳукми сартахта ва додани таъом дар рӯзи ҷаноза

Rate this post

Ҳукми шариати исломӣ дар масъалаи сартахта ва додани таъом дар рӯзи ҷаноза

Тавре ки маълум аст, дар баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ ҳанўз ҳам анъанаи сартахта ё дар рўзи вафоти шахс аз тарафи бозмондагонаш дар хонаи ў забҳ кардани чорво ва додани хўроку зиёфат ба ҳозирон одат мебошад. Ҳукми ин амал дар шариати исломӣ чист?

Мувофиқи шариати исломӣ ин амал макрўҳ ва ё макрўҳи таҳрима аст. Вале агар майит фарзандони ноболиғ дошта бошад ва харҷи таъоми сартахта пеш аз тақсими мерос аз моли ў гирифта шавад, ҳукми ин амал аз назари шариати исломӣ на танҳо макрўҳ, балки ҳаром мебошад. Мувофиқи дастури ислом, дар ин рўз беҳтар аст, дигарон, яъне ҳамсоя ва хешовандон аз ҳисоби худашон таъоме пухта барои хонаводаи мусибатзада биоваранд.

Ин дастурро Пайғамбари акрам, алайҳиссалом, дар ҳадиси машҳўри худ, ки дар китобҳои мўътабари ҳадис чун «Сунани Абудовуд», «Сунани Тирмизӣ», «Сунани Ибни Моҷа» ва «Муснади Имом Аҳмад» оварда шудааст, ба таври рўшан ба мусулмонон тавсиа намудаанд:

Матни ҳадис:

» عَنْ عَبْدِاللّهِ بْنِ جَعْفَر(رض) قَالَ: لَمَّا جَاءَ نَعْىُ جَعْفَرٍ قَالَ النَّبِىٌّ (صلی الله علیه و آله): اِصْنَعُوا ِلأَهْلِ جَعْفَرٍ طَعَاماً فَانَّهُ قَدْ جَاءَهُمْ مَا يُشْغِلُهُمْ«

Тарҷума: Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар(р) мегўяд, ки чун хабари марги Ҷаъфар(ибн Абитолиб) расид, Пайғамбари Худо, алайҳиссалом, фармуданд: Барои хонаводаи Ҷаъфар таъом омода бикунед, зеро ки ба онҳо мусибате расидааст, ки ба он машғуланд.

«Сунани Тирмизӣ», ҳадиси 919, «Сунани Абудовуд», ҳадиси 2725

ва «Сунани Ибни Моҷа», ҳадиси 1599

Назари ислом дар мавриди маъракаи сартахта, яъне дар рўзи ҷаноза забҳ намудани чорво ва додани таъом дар хонаи майитро фақеҳону муҷтаҳидони аҳли суннат ва ҷамоат, хусусан мазҳаби ҳанафӣ ба таври муфассал баррасӣ карда, дар мавриди макрўҳ ва нораво будани ин амал хулосаву фатвоҳои мушаххаси худро содир намудаанд. Барои собит шудани мавқеи қатъии уламои мўътабари аҳли суннат ва ҷамоат дар ин маврид, назару фатвоҳои баъзе аз онҳоро ба таври намуна нишон медиҳем:

1.Фақеҳи мўътабари ҳанафӣ, Аллома ибни Обидини Шомӣ (вафот 1252ҳ.қ.) дар китоби «Радд-ул-муҳтор», ки бо номи «Ҳошияи ибни Обидин» низ машҳўр аст, пас аз шарҳу баррасии васеи ин масъала, дар рўзи ҷаноза аз тарафи аҳли хонаводаи майит пухтану ба ҳозирон пешниҳод кардани таъомро макрўҳ ва бидъати қабеҳ ҳукм намудааст:

Иқтибос:

… » وَيُسْتَحَبُّ لِجِيْرَانِ أهْلِ الْمَيِّتِ وَالأَقْرِبَاءِ الأَبَاعِدِ تَهْيِئَةُ طَعَامٍ لَهُمْ يُشْبِعُهُمْ يَوْمَهُمْ وَلَيْلَتَهُمْ … وَيُكْرَهُ اِتِّخَاذُ الضِّيَافَةِ مِنَ الطَعَامِ مِنْ أهْلِ الْمَيِّتِ لأَنَّهُ شُرِعَ فِي السُرُورِ لا فِي الشُرُورِ وَهِيَ بِدْعَةٌ مُسْتَقْبحَةٌ «

Тарҷума: «… ва мустаҳаб аст, ки ҳамсояҳо ва хешу табори аҳли майит дар ин рўз барои аҳли майит ба миқдоре, ки онҳоро як шабонарўз сер дорад, таъом таҳия намоянд… ва аз тарафи худи аҳли майит ташкил кардани таъому зиёфат макрўҳ аст, зеро он (зиёфат) хоси рўзҳои хушист, на рўзҳои ғам ва ин (ташкили таъому зиёфат дар рўзи ҷаноза) бидъати зишт аст.»

«Радд-ул-муҳтор ало «Дурр-ул мухтор»

ё «Ҳошияи ибни Обидин»[1], ҷилди 2, саҳ. 240

2. Донишманди бузурги ҳанафӣ Камолуддини Сивосӣ, ки бештар чун Имом Ибни Ҳумом шинохта мешавад, низ дар «Фатҳ-ул-қадир» дар мавриди қоидаҳои рўзи ҷаноза ба ҳамин мазмун фатво додааст:

Иқтибос:

»وَيُكْرَهُ اِتِّخَاذُ الضِيَافَةِ مِن الطَعَامِ مِنْ أَهْلِ الْمَيِّتِ لأَنَّهُ شُرِعَ فِي السُرُورِ لاَ فِي الشُرُورِ وَهِيَ بِدْعَةٌ مُسْتَقْبحَةٌ «

Тарҷума: « …пухтани таъом аз тарафи аҳли майит макрўҳ аст, зеро зиёфат дар вақти хушӣ машрўъ шудааст, на дар вақти ғаму мусибат, ки ин худ бидъати зиштест».

Камолуддини Сивосӣ, «Шарҳи «Фатҳ-ул-қадир», ҷилди 2, саҳ. 142

 

3. Фатвои фақеҳи шинохтаи ҳанафӣ Мулло Алӣ Қорӣ низ дар ин масъала айнан ҳамин гуна мебошад. Ў дар «Шарҳи «Ниқоя» дар ин бора чунин меорад:

 

Иқтибос:

»وَ يُكْرَهُ إِتِّخَاذُ الضِيَافَةِ مِنْ أَهْلِ المَيِّتِ لأَنَّهُ شُرِعَ فِى السُرُورِ وَلاَ فِى ضِدِّهِ وَ هِىَ بِدْعَةٌ مُسْتَقْبَحَةٌ وَ يُسْتَحَبُّ لِلأقَارِبِ وَ الْجِيرَانِ تَهْيِةُ طَعَامٍ لَهُمْ يُشْبِعُهُمْ يَوْمَهُمْ وَ لَيْلَتَهُمْ«

Тарҷума: «Ва макрўҳ аст барпо кардани зиёфат аз тарафи соҳиби мурда, зеро зиёфат дар хушӣ машрўъ шудааст ва на дар ғам, ки ин бидъати қабеҳа аст. Мустаҳаб он аст, ки хешовандон ва ҳамсояҳо барои хонаводаи мурдадор таъом омода кунанд, ки барои як шабонарўз онҳоро сер кунад…»

«Фатҳи боб-ул-иноя ли шарҳи китоб-ун-Ниқоя», ҷилди 1, саҳ. 14

(дар нусхаи чопи Душанбе, саҳ. 332)

4. Аллома Фахруддин Зайлаии Ҳанафӣ (вафот 743 ҳ.қ.) дар «Табйин-ул-ҳақоиқ» шарҳи «Канз-уд-дақоиқ» меорад:

Иқтибос:

…»وَلاَ بَأْسَ بِالْجُلُوسِ لَهَا إِلَى ثَلاَثَةِ أَيَّامٍ مِنْ غَيْرِ ارْتِكَابِ مَحْظُورٍ مِنْ فَرْشِ الْبُسُط وَالأَطْعِمَةِ مِنْ أَهْلِ الْمَيِّتِ لأَنَّهَا تُتّخذُ عِنْدَ السُرُورِ«….

Тарҷума: «Барои азодорӣ то се рўз нишастан иҷозат аст, ба шарте, ки ин амал бо корҳои номашрўъе мисли густаронидани дастурхон ва омода кардани таъом аз ҷониби хонаводаи майит ҳамроҳ набошад…»

«Табйин-ул-ҳақоиқ» шарҳи «Канз-уд-дақоиқ»

(нашри «Дор-ул-кутуб-ул исломӣ», Қоҳира) ҷилди 1, саҳ. 246

5. Дар маҷмўаи мўътабари «Фатово-ул-ҳиндия фи мазҳаб-ил-Имом-ил-Аъзам Абиҳанифа ан-Нўъмон», ки дар олами илм чун «Фатовои Оламгирӣ» низ шинохта мешавад, Шайх Низом ва ҷамъи уламои ҳанафӣ муштаракан дар ин масъала фатвои бисёр муфассале додаанд, ки аз ҷумла чунин аст:

Иқтибос:

…» وَيُكْرَهُ الْجُلُوسُ عَلى بَابِ الدَارِ وَمَا يُصْنَعُ فِي بِلاَدِ الْعَجَمِ مِنْ فَرْشِ الْبُسُط … وَلاَ يُبَاحُ اِتِّخَاذُ الضِّيَافَةِ عِنْدَ ثَلاَثَةِ أَيَّامٍ كَذَا فِي التَتَارْخَانِيَةَ«

Тарҷума: «… (дар се рўзи азодорӣ) бар дари хонаҳо нишастан ва чуноне, ки дар диёри Аҷам расм шудааст, дастурхон оростан макрўҳ мебошад… ва баргузории зиёфат то се рўз мубоҳ нест, ҳамчунон ки дар китоби «Тоторхония» омадааст»

«Фатовои Оламгирӣ», ҷилди 1, саҳ. 167

6. Фақеҳи бузургвори ҳанафӣ Муҳаммад ибни Абдусаттори Хоразмӣ, машҳўр ба Аллома Кардарӣ дар «Фатовои Баззозия» мефармояд: «Аз тарафи аҳли майит то се рўз омода кардани таъом ва хўрдани он макрўҳ аст, зеро ки зиёфат фақат дар вақти хушӣ машрўъ аст…»

«Фатовои Баззозия», китоби «Ал-ҳазар вал-ибоҳа»,

ҷилди 4, саҳ. 81

 

7. Аллома Кўҳистонӣ (вафот 956 ҳ.қ.) дар «Ҷомеъ-ур-румуз» дар ин масъала чунин фатво додааст: «Омода кардани зиёфат ва хўрданаш дар ин рўзҳо макрўҳ аст».

«Ҷомеъ-ур-румуз», китоби «Кароҳият», саҳ. 443

8. Дар «Фатовои Қозихон», ки маҷмўаи фатвоҳои фақеҳу муҷтаҳиди номвари мазҳаби ҳанафӣ Ҳасан ибни Мансур, маъруф ба Қозихони Узҷандии Фарғонӣ мебошад, дар ин масъала чунин фатво омадааст: «Дар рўзҳои мусибат зиёфат макрўҳ аст, зеро ки ин рўзҳо рўзҳои ғаму таассуфанд. Дар ин рўзҳо анҷоми чизе, ки дар ҳолатҳои хурсандӣ мекунанд, муносиб нест…»

«Фатовои Қозихон», ҷилди 3, саҳ. 405

Барои ошноии бештар бо ҳукми ин масъала дар мазҳаби ҳанафӣ ва мазҳабҳои дигари аҳли суннат ва ҷамоат метавон ба китобҳои фиқҳие чун «Фатҳ-ул-қадир»-и Имом Ибни Ҳумом, (ҷилди 1, саҳ. 473; ҷилди 2, саҳ. 142), «Ал-фатово-ил-кубро-ил фиқҳия»-и Аллома Ибни Ҳаҷари Ҳайтамии Шофеъӣ (ҷилди 2, саҳ.7), «Ал-мадхал»-и Ибн-ул-Ҳоҷии Моликӣ (ҷилди 3, саҳ.275), «Ал-муғнӣ»-и Ибни Қуддомаи Ҳанбалӣ (ҷилди 2, саҳ 413) ва ғайра муроҷиат намуд, ки дар ҳамаи онҳо низ дар рўзи ҷаноза дар хонаи майит пухтани таъом ва оростани зиёфат макрўҳ ва ғайришаръӣ эълон шудааст. Хоса дар «Маҳмуд-ул-фатово»-и Аллома Муфтӣ Худоназар ё маҷмўаи фатвоҳои «Дор-ул-улум»-и Зоҳидони Ирон, ки яке аз марказҳои муҳимми муосири аҳли суннат ва ҷамоат ва мазҳаби ҳанафӣ мебошад, боби ҷудогонае ба ин масъала бахшида шудааст, ки мазмуни тамоми баҳсҳои он низ бар макрўҳ ва нораво будани ин амал дар шариати исломӣ далолат мекунанд.

Хулоса, назари ҳамаи фақеҳони мўътабари аҳли суннат ва ҷамоат, хоса мазҳаби ҳанафӣ чунин аст, ки дар рўзи вафот аз тарафи наздикони майит дар хонаи ў забҳ кардани чорво ва омода намудану ба ҳозирон додани таъом макрўҳ ва бар хилофи ҳукми шариати исломӣ мебошад. Аз ин рў, касоне, ки ба пиндори худ ин маросимро ҳамчун як маросим ва вазифаи динӣ ба ҷо меоранд, бояд бидонанд, ки бар хилофи фармудаи шариат амал мекунанд ва низ онҳое, ки ин анъанаро ба шариати исломӣ нисбат доданӣ мешаванд, бидонанд, ки дар ин масъала нисбати шариати исломӣ тўҳмати ошкоро намудаанд.

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода

Манбаъ: Шариат ва ҷомеа

——————————————————–
1- Дар ин маврид ниг.: «Радд-ул-мутор», ҷилди 1, саҳ. 2.