Манобеи исломӣ

Забон
  1. Саҳифаи асосӣ

  2. article

  3. Ҳукми инкори ҳиҷоб дар Ислом

Ҳукми инкори ҳиҷоб дар Ислом

Rate this post

Эшони Маҳмудҷон Тӯраҷонзода: “Масхара кардани ҳиҷоб, куфр аст”

Эшони Маҳмудҷон Тӯраҷонзода, аз руҳониҳои матраҳи кишвар, бо таъкид бар ин ки ҳиҷоб аз фарзҳое аст, ки дар фарз будани он тамоми мусалмонон иҷмоъ ва иттифоқ доранд, хотирнишон кард: “Аз ин сабаб ҳар кӣ фарзияти ҳиҷобро инкор кунад, пас тибқи ин фатво он шахс кофир аст.”

Ин руҳонии саршиноси тоҷик, дар посух ба суоле дар бораи ҳиҷоб ва фарзияти он, ҳамчунин ёдовар шуд: “Инчунин масхара кардани ҳиҷоб, куфр аст.”

Дар зайл, суоли суолкунанда ва машрӯҳи посухи Эшони Маҳмудҷон ба онро ба нақл аз сомонаи Оли Тӯраҷон меоварем:

Суол: Ассалому алайкум бобои эшон. Рӯзҳои ахир дар баъзе ҳафтаномаҳои кишвар ҷанг алайҳи ҳиҷоб шурӯъ шудааст. Нависандагони мақолаҳо ҳиҷобро масхара ва фарзияти онро инкор мекунанд. Бобои эшон, инкор кардани фарзияти ҳиҷоб ё масхара кардани он ҳукмаш чист?..

Посух: Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоҳ. Бародари исломӣ, хеле ҷои таъассуф аст ксоне ки аз кӯчаи улуми исломӣ гузар накардаанд ва дар кишваре зиндагӣ мекунанд, ки 99% мардумаш мусалмон аст, фарзияти ҳиҷобро зери суол баранд ва ин фаризаи илоҳӣ ва пардаи номуси мо мусалмононро масхара кунанд ва эҳсосоти мардуми мусалмонро ҷариҳадор кунанд.

Банда дар масъалаи ҳиҷоб мақолае навишта будам, ки метавонед онро дар ин сомона пайдо кунед. Дар он мақола масъалаи ҳиҷобро аз се назар мавриди баҳсу баррасӣ қарор додаем:

1. аз назари таърих;
2. аз назари Қуръон ва фиқҳи исломӣ;

3. аз назари фоидаҳои ахлоқӣ ва иҷтимоъӣ.

Бинобар ин, ҳарки баҳси муфассал хоҳад, ба ин мақола руҷуъ кунад. Дар инҷо мехоҳам ҳукми инкор кардани фарзияти ҳиҷоб ё масхара кардани онро баён кунам.

Тамоми уламои ислом иттифоқ доранд, ки ҳар ки фарзеро, ки байни мусалмонҳо бар фарзияти он иҷмоъ аст, инкор кунад пас он шахс кофир шудааст. Дар фатовои мазҳаби мо мисли Фатовои Ҳиндия ва ғайра омадааст, ки: ”Ҳарки фарзияти амалеро, ки мусалмонон бар фарз будани он иттифоқ доранд, инкор кунад мисли фарзияти намоз, закот ва ғайра, пас ӯ кофир гаштааст.”

Ҳиҷоб аз фарзҳое аст, ки дар фарз будани он тамоми мусалмонон иҷмоъ ва иттифоқ доранд. Аз ин сабаб, ҳарки фарзияти ҳиҷобро инкор кунад, пас тибқи ин фатво он шахс кофир аст. Инчунин масхара кардани ҳиҷоб куфр аст. Дар фатовои Абулайси Самарқандӣ ва дигар фатовои мазҳаби мо омадааст, ки: “Масхара кардан ба аҳкоми шариъат куфр аст.”

Ин ҳукм иҷтиҳоди ягон мулло нест, балки гирифташуда аз ояи Қуръон аст. Худованд дар Қуръон аз мунофиқин нақл мекунад, ки: “Агар онҳоро пурсанд, чаро тамасхур ва истеҳзо мекунед, посух диҳанд, ки мо бо мизоҳ ва шӯхӣ сухан рондем. Эй Паёмбар! Ба онҳо бигӯ, оё бо Худо ва оёти Худо ва расули Ӯ тамасхур мекунед? Узр наёваред, ки узратон ба куллӣ пазируфта нест, зеро шумо баъд аз имон кофир шудед.” (Ояҳои 65 ва 66 Сураи Тавба).

Аз ин ояҳои шарифа возеҳ аст, ки тамасхур кардан ба Худо ва оёти Худо ва Паёмбари Худо куфр аст. Пас, касоне, ки даъвои мусалмонӣ доранд, агар дар дилашон тарсе аз Худо бошад ва ба ин ояҳо имон дошта бошанд, аз ин тамасхур нисбат ба ҳиҷоб ва аз инкор кардани фарзияти он даст бикашанд, то худро муртакиби ин гуноҳи бузург, ки куфр аст нагардонанд.

Бинобар ин, аз фурсат истифода бурда, мехоҳам ба масъулони ҳафтаномаҳову нашрияҳо ҳукми шариъатро нисбат ба нашр кардани чунин мақолаҳо баён кунам, ки нашр кардани ин гуна мақолаҳои хилофи шаръӣ ва иғвоангез дар ҳафтаномаҳои худ ва инчунин фурӯхтан ва харидани ингуна мақолаҳо ҳаром аст.

Инчунин бояд мардуми мусалмони мо ингуна нашрияҳое, ки чунин мақолаҳои ғайри шаръӣ ва иғвоангезро нашр мекунанд, нахаранд, балки ин нашрияҳоро муқотаъа кунанд. Зеро нашр кардани чунин мақолаҳо ё харидан ва фурӯхтани чунин нашрияҳо, ёрдами дар маъсият мешавад ва ёрдамӣ дар маъсият ҳаром аст. Худованд дар Қуръон мегӯяд: “Якдигарро бар гуноҳу ситамкорӣ кӯмак накунед.”

Аммо он шиори “озодии баён”-е, ки аз ғарб ба мо талқин кардаанд, онро канор гузоред. Зеро ин шиор ба фарҳанги миллати мусалмони тоҷик, ки ба арзишҳои динӣ ва милли худ эҳтиром дорад созгор нест. Ин шиор ба фарҳанги ҳамон ғарбиён созгор аст, ки назди онҳо на Худо муқаддас асту на Паёмбар ва на номуси марду зан. Худо нигаҳбонатон бошад!

Эшони Маҳмудҷон Тӯраҷонзода

Манбаъ:Кимиёи саодат