Манобеи исломӣ

Забон
  1. Саҳифаи асосӣ

  2. article

  3. Ҳукми зиёрати қабристон кардани занҳо

Ҳукми зиёрати қабристон кардани занҳо

Rate this post

Дар масъалаи зиёрати қабристон рафтани занҳо байни уламои ислом ихтилофи назар аст. Мазҳаби имом Аъзам зиёрати қабристон кардани занҳоро ба шарте, ки холӣ аз амалҳои мункар ва фиғону доду фарёд бошад, мустаҳаб медонанд. Далели мазҳаб ин ҳадиси саҳеҳ аст, ки Паёмбари Худо (алайҳиссалом) фармуданд: “Ман шуморо замоне аз зиёрати қабрҳо манъ намуда будам, пас ҳоло ба зиёрати қабристон равед. Зеро зиёрати қабр шуморо ба ёди охират мекашонад”. (Ривояти Муслим). Инчунин дар ҳадиси саҳеҳ омадааст, ки “Рузе ҳазрати Оиша (разияллоҳу анҳо) аз зиёрати қабристон баргаштанд. Ровӣ нақл мекунад, ки аз Эшон пурсидам, ки эй модари муъминон аз куҷо баргаштед? Гуфт: Ба зиёрати қабри бародарам Абдурраҳмон ибни Абубакр рафта будам. Ровӣ мегуяд ба Уммулмуъминин гуфтам: Оё Паёмбари Худо (алайҳиссалом) аз зиёрати қабр манъ нанамуда буданд? Гуфт: Оре, локин баъд аз он дубора зиёрати қарро рухсат доданд”. Ривояти Ҳоким. Инчунин дар ривояти Муслим омадааст, ки ҳазрати Оиша аз Паёмбари Худо (алайҳиссалом) одоби зиёрати қабрро пурсиданд, ки дар вақти зиёрати қабр намуданам чи бигуям?. Паёмбар (алайҳиссалом) дар посух гуфтанд: “ Бигу, Ассалому ало аҳлид диёр минал муъминин….” Пас агар зиёрати қабр барои занҳо номумкин мешуд, ҳеҷгоҳ Паёмбари Худо (алайҳиссалом) одоби зиёратро ба ҳазрати Оиша намеомухтанд. Хулоса зиёрати қабристон рафтани зан боке надорад. Аммо бояд, ки одоби зиёрати қабр риоя гардад ва холӣ аз мазоҳирӣ ширкиёту хурофот бошад. Дар паноҳи Аллоҳ бошед

 Эшони Нуриддинҷон

Манбаъ: Сомонаи Тӯрачон