Манобеи исломӣ

Забон

Қисмати аввал
Дар оғози сухан ва пеш аз ҳикояти достони Абӯзар, шоиста аст ишорае бикунам ба ҷойгоҳи ин саҳобии ҷалилулқадр дар ислом ва мақоми ӯ назди Паёмбари Акрам (с).

Дар Сунани Тирмизӣ аз Абдуллоҳ ибни Амр овардааст, ки гуфт: “Паёмбари Акрам (с)-ро шунидам, ки фармуд: “Осмон соя наяфканда (бар касе) ва замин ҳамл накарда касеро, ки ростгӯтар аз Абӯзар бошад.”[1]

Ва дар ҳамин китоб аз худи Абӯзар нақл мекунад, ки гуфт: Паёмбари Акрам (с) ба ман фармуд: “Осмон соя наяфканда (бар касе) ва замин барнадошта касеро, ки ростгӯтар ва бовафотар аз Абӯзар бошад; ки монанди Исо ибни Марям аст.” Он гоҳ Умар ибни Хаттоб, аз рӯи ҳасад (ба мақом ва ҷойгоҳи Абӯзар) арз кард: Оё воқеан чунин ҷойгоҳеро барои ӯ қоил ҳастед? Паёмбари Акрам (с) фармуд: “Бале, пас шумо низ барои ӯ чунон қоил бошед!”[2]

Абӯзар кист?

Ному насаби комили ӯ, Ҷундаб ибни Ҷанода ибни Убайд ибни Ҳаром ибни Ғифор ибни Малил ибни Зумра ибни Бакр ибни Абдиманот ибни Кинона ибни Хузайма ибни Мудрика ибни Илёс ибни Музар аст.[3] Ӯ, дар садри ислом, яъне замоне ки ҳанӯз Паёмбари Акрам (с) дар Макка буданд, ислом овардааст. Бар асоси нақли Усудул-ғоба, ӯ чаҳорумин нафаре аст, ки ба ислом гаравида, ва бар пояи қавле ҳам, панҷумин касе аст, ки ислом оварда.[4]

Худопарастии Абӯзар қабл аз ислом

Абӯзар, аз наводире аст, ки ҳанӯз дар даврони ҷоҳилият Худои Ягонаро парастиш мекарда. Ӯ мегуфта: “Худое ҷуз Худои Ягона нест.” Абӯзар ҳаргиз бутҳоро парастиш намекарда.[5] Аз гуфтаҳои Абӯзар ин аст, ки: “Ман, се сол пеш аз он ки назди Расули Худо (с) биравам намоз мехондам ва дар намоз ба ҳар сӯе ки Худованд ирода мекард ибодат мекардам.”[6]

Нақл шудааст, ки рӯзе Анис, бародари Абӯзар, ба дунболи вай мегашт, ногаҳон манзараи шигифтангезеро мушоҳида кард, ки бародараш, бо ҳолати хушӯъе, истода ва дар ҳоли ибодат аст; он қадр дар ин ибодат ғарқ шуда буд, ки мутаваҷҷеҳи Анис нашуд. Баъд аз тамом шудани намозаш, Анис аз ӯ пурсид: Чӣ мекунӣ? Гуфт: Намоз мехонам. Анис пурсид: Барои чӣ касе намоз мехонӣ? Абӯзар посух дод: “Барои Худо!… Намоз, ки дар пешгоҳи Манот ва бутҳои дигар дуруст нест. Ман дар табиат нишонае ёфтам, ки маро ба Худое ғайр аз худои шумо раҳбарӣ кард; Худое, ки бузург ва тавоно ва яктост.”[7]

Чигунагии мусалмон шудани Абӯзар

Достони чигунагии ислом овардани Абӯзар бисёр ҷолиб аст. Бухорӣ аз Ибни Аббос ва ӯ аз забони худи Абӯзар нақл мекунад: ман марде аз қабилаи Ғифор будам. Боре чунин хабар моро расид, ки марде дар Макка зуҳур карда, ки мепиндорад, паёмбар аст. Аз бародарам хоҳиш кардам, ки ба Макка биравад ва бо ин муддаии паёмбарӣ гуфтугӯ карда ва аз моҷаро маро огоҳ созад.

Бародарам роҳии Макка шуд ва он мардро дид ва ҳамин ки бозгашт, ман аз ӯ пурсидам: моҷаро чист? Гуфт: ба Худо савганд, мардеро дидам, ки ба некӣ даъват ва аз бадӣ наҳй мекунад. Ба ӯ гуфтам: маро (ба гунаи итминоновар) аз ин хабар сероб накардӣ. Он гоҳ асои худ ба даст гирифта ва худам шахсан ба Макка омадам.

Дар Макка, ки омадам, аз он ҷо ки ӯро намешинохтам ва намехостам дар бораи ӯ аз касе чизе бипурсам, дар масҷидул-ҳаром мондам ва аз замзам менӯшидам, ки ногаҳон Алӣ аз наздам гузашт ва гуфт: гӯӣ ин мард ғариба аст! Гуфтам: оре. Фармуд: пас, биравем ба манзил. Ман ҳам ҳамроҳи ӯ ҳаракат кардам, дар ҳоле ки аз ман чизе намепурсид ва ман ҳам ӯро аз ҳадафи омаданам ба Макка огоҳ намекардам.

Субҳ ки шуд, ба масҷидул-ҳаром баргаштам, то дар бораи Паёмбар бипурсам, вале ҳеч кас ба ман чизе дар бораи ӯ намегуфт. Сипас, боз Алӣ аз наздам гузашт ва гуфт: оё мард ҳанӯз манзилашро пайдо накарда? Арз кардам: на. Фармуд: бо ман биё. Он гоҳ пурсид: моҷаро чист? Чӣ чизе боис шуда ба ин шаҳр биёӣ? Арз кардам: агар пинҳон кунӣ, туро огоҳ хоҳам кард. Фармуд: бале, бифармо. Гуфтам: моро чунин хабар расид, ки дар ин шаҳр марде зуҳур карда, ки мепиндорад, паёмбар аст. Ман ибтидо бародарамро фиристодам, то дар бораи ӯ таҳқиқ кунад, ӯ ин корро кард, вале барои ман кофӣ набуд, бинобар ин, хостам худам шахсан бо ин мард, ки мегӯяд, паёмбар аст, мулоқот кунам.

Алӣ фармуд: ту роҳатро дуруст пайдо кардӣ, ҳаминак ман ба он сӯ хоҳам рафт, ту ба дунболам биё, ҳар ҷо ки ворид шудам, ту ҳам ворид бишав, вале ҳар гоҳ одами машкукеро дидам, дар канори деворе меистам; гӯи ин ки кафшҳоямро ислоҳ мекунам ва ту ҳам ба роҳи худ бирав. Сипас, ӯ роҳ рафт ва ман ҳам бо ӯ ҳаракат кардам, то ин ки ба манзили Паёмбар (с) ворид шуд, ман ҳам бо ӯ ворид шудам. Ба Паёмбар (с) гуфтам: ислом бар ман арза кун (ки мехоҳам мусалмон шавам). Паёмбар (с) чунон кард ва ман дар ҷо мусалмон шудам.

Он гоҳ Паёмбари Акрам (с) фармуд: эй Абӯзар! Феълан ин масъаларо пинҳон нигаҳ дор ва ба диёри худ баргард, ва ҳар гоҳ шунидӣ, ин кор (ойини ислом) ошкор гардид, пеши мо биё. Арз кардам: савганд ба зоте ки туро ба ҳақ ба паёмбарӣ фиристода, ман ин амрро ошкор хоҳам кард ва бо садои баланд ба ҳамагон эълон хоҳам намуд. Он гоҳ ба масҷидул-ҳаром омадам дар ҳоле ки Қурайш он ҷо буданд, гуфтам: эй гурӯҳи Қурайш! Ман гувоҳӣ медиҳам, ки худое ҷуз Худои Ягона нест ва Муҳаммад банда ва фиристодаи ӯст. Қурайш барошуфта шуданд ва гуфтанд: бархезед ва ба ҳисоби ин собеӣ бирасед! Бархостанд ва шурӯъ карданд ба задани ман, то бимирам. Аббос (амуи Паёмбар (с)) ба додам расид ва худро рӯи ман андохт (то аз шарри Қурайш ҳифзам кунад) ва рӯй ба онҳо овард ва гуфт: вой бар Шумо, марде аз қабилаи Ғифорро мекушед, дар ҳоле ки корвонҳои тиҷории шумо аз ин қабила рад мешавад. Ин ҷо буд, ки даст аз ман бардоштанд.

Субҳи фардои он рӯз боз ба масҷидул-ҳаром баргаштам ва ҳамон кардам, ки дирӯз карда будам ва Қурайш ин бор ҳам бо ман ҳамон карданд, ки дирӯз карда буданд, ва боз ҳам Аббос ба доди ман расид… Ин буд достони чигунагии мусалмон шудани Абӯзар.[8]

Идома дорад
Сайидюнуси Истаравшанӣ

Кимиёи саодат
————————————————————————————————————
[1] Сунани Тирмизӣ, 12/280 (Ашшомила).

[2] Ҳамон. Дар зайли ривояти мазкур мегӯяд: Ин ҳадиси ҳасани ғариб аз ин ҷиҳат аст, ки бархе онро ривоят карда ва ин изофаро ҳам кардаанд, ки он ҷаноб (с) фармуда: “Абӯзар дар замин бо зуҳди Исо ибни Марям (а) роҳ меравад.”

[3] Усудул-ғоба, 1/190 (Ашшомила).

[4] Ҳамон.

[5] Табақотул-куброи Воқидӣ, 4/201, Интишороти фарҳанг ва андеша.

[6] Ҳамон, с 198.

[7] Абӯзари Ғифории Худопараст, таълифи Абдулҳамид Ҷавдатус-саҳҳор, тарҷумаи дуктур Шариатӣ, с 36.

[8] Саҳеҳи Бухорӣ, 11/349 (Ашшомила).