Манобеи исломӣ

Забон
  1. Саҳифаи асосӣ

  2. article

  3. Ҳадисҳо дар мавзӯи Ҳаҷ

Ҳадисҳо дар мавзӯи Ҳаҷ

  • islam-book
Rate this post

ҲАҶ ЯКЕ АЗ РУКНҲОИ ИСЛОМ АСТ

  1. Аз Абдуллоҳ ибни Умар (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар, (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфт:

بُنِيَ الْإِسْلَامُ عَلَى خَمْسٍ شَهَادَةِ أَنْ لَا إِلَهَ إِلَّا اللَّهُ وَأَنَّ مُحَمَّدًا رَسُولُ اللَّهِ وَإِقَامِ الصَّلَاةِ وَإِيتَاءِ الزَّكَاةِ وَحَجِّ البَيتِ وَصَوْمِ رَمَضَانَ

(متفق عليه)

“Ислом бар панҷ чиз бино шуда аст: Шаҳодат додан ба ин ки ғайр аз Аллоҳ Таъоло дигар ҳеҷ худое вуҷуд надорад, ва ин ки Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) банда ва фиристодаи Ӯст ва барпо доштани намоз ва додани закот ва хонаи Аллоҳ Таъолоро ҳаҷ кардан ва рӯза доштани моҳи Рамазон “. («Саҳиҳ»-и Бухорӣ; 8 ва «Саҳиҳ»-и Муслим; 16.)

ФАЗИЛАТ ВА МАНЗАЛАТИ ҲАҶҶИ МАБРУР

  1. Аз Абў Ҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар, (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфт:

مَنْ حَجَّ لِلَّهِ فَلَمْ يَرْفُثْ وَلَمْ يَفْسُقْ رَجَعَ كَيَوْمِ وَلَدَتْهُ أُمُّهُ

“Ҳар кӣ аз барои Худо ҳаҷ кунад ва бадзабонӣ накунаду гуноҳ наварзад, монанди ҳамон рӯзе мегардад, ки модараш ӯро зода аст”. («Саҳиҳ»-и Бухорӣ; 1521, 1819)

МУКОФОТИ ҲАҶҶИ МАБРУР

  1. Аз Абў Ҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар, (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфт:

وَالْحَجُّ الْمَبْرُورُ لَيْسَ لَهُ جَزَاءٌ إِلَّا الْجَنَّةُ

“Ҳаҷҷи мабрур ғайри ҷаннат дигар мукофоте надорад”. («Саҳиҳ»-и Бухорӣ; 1773 ва «Саҳиҳ»-и Муслим; 1349.)

ЗАН БОЯД БО ҲАМРОҲИИ МАҲРАМИ ХУД ҲАҶ КУНАД

  1. Аз Абў Ҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар, (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфт:

لا يحل لإمرأة تؤمن بالله واليوم الآخر تسافر مسيرة يوم وليلة إلا مع ذي محرم

“Барои зане ки ба Аллоҳ таъоло ва ба рўзи қиёмат имон дорад, ҳалол нест ки бе маҳрам ба сафаре барояд, ки масофааш як шабонарўз бошад”.(1) («Саҳиҳ»-и Бухорӣ; 1088 ва «Саҳиҳ»-и Муслим; 1338.)

ФАРЗИЯТИ ҲАҶ

  1. Аз Ибни Аббос (разияллоҳу анҳу) ривоят шудааст, ки гуфт: Аз Фазл (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Зане аз қабилаи Хасъам ба паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфт: Эй паёмбари Худо! Падарам пирамарди кўҳансол аст, бар ў ҳаҷ фарз шудааст. Вале ў бар болои шутур нишаста наметонад.

Паёмбар, (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфт: فَحُجِّي عَنْهُ

“Ба ҷои ў ҳаҷ кун”. («Саҳиҳ»-и Бухорӣ; 1853 ва «Саҳиҳ»-и Муслим; 1335.)

ФАЗИЛАТ ВА МАНЗАЛАТИ ҲАҶҶИ МАБРУР

  1. Аз Абў Ҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Касе аз паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) пурсид, ки кадом амал беҳтар аст?

Паёмбар, (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфт:

إِيمَانٌ بِاللَّهِ وَرَسُولِهِ

“Ба Худову паёмбараш имон овардан”.

Каси дигаре аз паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) пурсид, ки пас аз он кадом амал беҳтар аст?

Паёмбар, (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфт:

الْجِهَادُ فِي سَبِيلِ اللَّهِ

“Дар роҳи Худо ҷиҳод намудан”.

Каси дигаре аз паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) пурсид, ки пас аз он кадом амал беҳтар аст?

Паёмбар, (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфт: حَجٌّ مَبْرُورٌ

“Ҳаҷҷи мабрур “.(«Саҳиҳ»-и Бухорӣ; 26, 1519 ва «Саҳиҳ»-и Муслим; 83.)

КАСЕ, КИ БАР Ў ҲАҶ ФАРЗ ШАВАД, БОЯД ФАВРАН БА ТЕЗӢ ҲАҶ КУНАД

  1. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфт:

مَنْ أَرَادَ الْحَجَّ فَلْيَتَعَجَّلْ فَإِنَّهُ قَدْ يَمْرَضُ الْمَرِيضُ وَتَضِلُّ الضَّالَّةُ وَتَعْرِضُ الْحَاجَةُ

«Ҳар касе иродаи ҳаҷ кардан дошта бошад, ҳарчи зудтар барои адои он шитоб намояд, зеро мумкин аст беморие рух бидиҳад ё чизе гум шавад ё ягон ҳоҷати дигаре падид ояд». («Муснад»-и Аҳмад; 1737 ва «Сунан»-и Ибни Моҷа; 2883.)

ФАЗИЛАТИ ПАСИҲАМ АНҶОМ ДОДАНИ ҲАҶҶУ УМРА

  1. Аз Абдуллоҳ ибни Масъуд (разияллоҳу анҳу ривоят шудааст, ки гуфт: Паёмбар, (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфт:

تَابِعُوا بَيْنَ الْحَجِّ وَالْعُمْرَةِ فَإِنَّهُمَا يَنْفِيَانِ الْفَقْرَ وَالذُّنُوبَ كَمَا يَنْفِي الْكِيرُ خَبَثَ الْحَدِيدِ وَالذَّهَبِ وَالْفِضَّةِ

«Миёни ҳаҷ ва умра мутобиат бикунад, (яъне, ин дуро пасиҳам анҷом бидиҳед), зеро ҳардуи он камбағалӣ ва гуноҳро ончунон аз кас дур месозанд, ки дамаи оташ ғаждии оҳану тиллову нуқраро дур менамояд».

(«Муснад»-и Аҳмад ва «Сунан»-и Тирмизӣ ва «Сунан»-и Насоӣ ва «Мўъҷамул кабир»-и Табаронӣ «Муснад»-и Абў Яъло.)

ФАЗИЛАТ ВА МАНЗАЛАТИ ТАЛБИЯ ВА ҚУРБОНӢ

  1. Аз паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) пурсиданд, ки «Дар ҳаҷ кадом амалҳо беҳтаранд?» Паёмбар(саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ҷавоб гуфт: الْعَجُّ وَالثَّجُّ

«Бо садои баланд талбия (лаббайка) гуфтан ва қурбонӣ кардан».

(«Сунан»-и Тирмизӣ: 827.)

Аз Абухурайра (р) ривоят шуда,ки гуфт: Расули худо (с) барои мо хутба хонда ва фармуд : Эй мардум! Хамоно Худованд Хачро бар шумо фарз гардонида, пас хач кунед. Марде гуфт: оё хар сол, ё расули Худо? Он хазрат (с) сукут фармуд,то ин ки се бор онро такрор намуд.Расули Худо (с) фармуд: Агар бале мегуфтам вочиб мешуд ва онро анчом дода наметавонистед. Баъд фармуд: Маро дар бораи он чи аз шумо тарк намудам,тарк кунед ва бигзоред.Зеро касоне ки пеш аз шумо буданд ба воситаи саволи зиёд ва ихтилофашон бар паёмбаронашон халок шуданд,пас хар гох шуморо ба чизе амр кардам, он чиро ки аз он битавонед,анчом дихед ва чун шуморо аз коре манъ кардам, онро тарк кунед.

ВА низ аз Абухурайра (р) ривоят аст, ки аз паёмбар (с) пурсида шуд, кадом амал бехтар аст? Фармуд; имон ба Худо ва расулаш.

Гуфта шуд: Боз кадом? Фармуд: Чиход фисабилиллох. Гуфта шуд: Боз кадом? Фармуд: Хаччи макбул.

Хамчунон аз Абухурайра (р) ривоят шуда, ки гуфт: аз расули Худо (с) шунидам

,ки мефармуд: касе ки хач кунад ва фахшгуи накарда ва фиск нанамояд, монанди

рузе ки модараш уро зоида буд( бегунох) боз мегардад.

 

* *************************************

(1). Яъне 82 км ва дар қавли дигар 120 км.