Манобеи исломӣ

Забон
  1. Саҳифаи асосӣ

  2. article

  3. Ҳадисҳо дар васфи Ҳазрати Ҳусайн (а)

Ҳадисҳо дар васфи Ҳазрати Ҳусайн (а)

Ҳадисҳо дар васфи Ҳазрати Ҳусайн (а)
3 (60%) 8 votes

1- Шабоҳат ва монандии Имом Ҳусайн ба Паёмбари гиромии Ислом
قال علي(ع): كان جسد الحسين شبه جسد رسول الله صلّى الله عليه و آله.
Имом Алӣ(а) фармуданд: “Ҷасад ва андоми (Имом) Ҳусайн ба монанди ҷасади Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) буд”.
Китобҳо: “Саҳеҳи Тирмизӣ ҷ.5.саҳ.660.р.3779. ”Муснад”-и Аҳмад ҷ.1.саҳ.108.р.854. ”Мўъҷам-ул-кабир”-и Табаронӣ ҷ.3.саҳ.125-155.р.2845-2879. “Маҷмаъ-уз-завоид” ҷ.9.с.185. ”Сияру аълом-ун-нубало” ҷ.3.саҳ.280. Ҳайсамӣ санади ин ҳадисро саҳеҳ гуфтааст.

2- Ҳар кӣ Имом Ҳусайнро дўст дорад Худо ўро дўст хоҳад дошт
قال النبي صلى الله عليه وآله وسلم: اللهم اني أحبه فأحبه.
Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дар бораи Имом Ҳусайн фармуданд: “Худоё ман ўро дўст дорам пас ту низ ўро дўст бидор”.
Ровиён: Абўҳурайра. 2)Барроъ.
Китобҳо: ”Фазоил-ус-саҳоба”-и Аҳмад ҷ.2.с.784.р.1398. ”Мустадрак”-и Ҳоким ҷ.3. с.196.р.4823. 3)”Маърифати улум-ил-ҳадис”-и Ҳоким ҷ.1.с.89. 4)”Таърихи Ибни Касир ҷ.1.саҳ.143. ”Сияру аълом-ун-нубало”-и Заҳабӣ ҷ.3.саҳ.315. Ҳоким ва Заҳабӣ санади ин ҳадисро саҳеҳ гуфтаанд.

قال رسول الله صلى الله عليه وآله: حسين مني وانا من حسين أحب الله من أحب حسينا.
Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуданд: “Ҳусайн аз ман аст ва ман аз Ҳусайн ҳастам. Худованд дўст медорад ҳар касеро, ки Ҳусайнро дўст дошта бошад”.
Китобҳо: ”Адаб-ул-муфрад”-и Бухорӣ ҷ.1.с.133.р.364. Саҳеҳи Тирмизӣ ҷ.5.с.658. р.3775. ”Муснад”-и Аҳмад ҷ.4.с.172 ва “Фазоил-ус-саҳоба” ҷ.2.с.772.р.1361. ”Сунан”-и Ибни Моҷа ҷ.1.с.51.р.144. ”Саҳеҳи Ибни Ҳаббон ҷ.15.с.428.р.6972. ”Мусаннаф”-и Ибни Абўшайба ҷ.3.с.380.р.32196. ”Мўъҷам-ул-кабир” ҷ.3.с.33.р.2586-2589.ҷ.22.с.274.р.701-702. ”Мустадрак”-и Ҳоким ҷ.3.саҳ.194.р.4820. ”Сияру аълом-ун-нубало”-и Заҳабӣ ҷ.3.саҳ.283. ”Таҳзиб-ут-таҳзиб”-и Ибни Ҳаҷар ҷ.2.саҳ.299. ”Маҷмаъ-уз-завоид”-и Ҳайсамӣ ҷ.9.саҳ.181. ”Мисбоҳ-уз-зуҷоҷа”-и Канонӣ ҷ.2.саҳ.21. Тирмизӣ, Ҳоким, Канонӣ, Заҳабӣ ва Ҳайсамӣ санади ин ҳадисро саҳеҳ гуфтаанд.

قال رسول الله صلى الله عليه وآله وسلم للحسين ثم من أحب هذا فقد أحبني.
Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ишора ба Имом Ҳусайн фармуданд: “Ҳар кӣ инро дўст бидорад ҳатман маро дўст доштааст”.
Китобҳо: ”Мўъҷам-ул-кабир”-и Табаронӣ ҷ.3.с.47.р.2643. ”Маҷмаъ-уз-завоид”-и Ҳайсамӣ ҷ.9.саҳ.186.

عن جابر قال: من سرَّه أن ينظرَ إلى رجل من أهل الجنَّة فلْينظر إلى الحسين إبن عليّ و إنّي سمعتُ رسول الله صلّى الله عليه و آله بقوله.
Ҷобир ибни Абдуллоҳ мегўяд: “Ҳар кӣ хушҳол бишавад аз нигоҳ кардан ба касе, ки аҳли биҳишт аст, нигоҳ кунад ба Ҳусайн ибни Алӣ ва ман инро аз Паёмбари гиромии Ислом (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) шунидам”.
Китобҳо: “Муснад”-и Абў Яъло ҷ.3.с.397.р.1874. Саҳеҳи Ибни Ҳаббон ҷ.15.с.421. р.6966. ”Мўъҷам-ул-кабир” ҷ.3.с.95.р.2769. ”Сияру аълом-ун-нубало”-и Заҳабӣ ҷ.3.с.290. “Маҷмаъ-уз-завоид” ҷ.9.с.187. Ҳайсамӣ санади ин ҳадисро саҳеҳ гуфтааст. Дар бораи Имом Ҳасан низ ба ҳамин маъно ҳадис ривоят шудааст.

3- Назари Имом Ҳусайн дар бораи хилофат
عن حسين إبن عليّ قال: صعدتُ على عمر و هو على المنبر فقلْتُ: أنزل عن منبر أبي و إذهب إلى منبر أبيك. فقال من علَّمك هذا؟ قلتُ: ما علَّمنيه أحدٌ. فقال منبر أبيك و لم يكن لأَبي منبر فإنَّما أنبتَ ما ترى في رؤوسنا الله ثمَّ أنتم.
Имом Ҳусайн мефармоянд: Ман ба назди Умар рафтам дар ҳоле ки ў бар минбар нишаста буд ва гуфтам: Аз минбари падари ман поин биё ва ба минбари падари худат бирав. Ў ба ман гуфт: Чӣ касе ин суханро ба ту ёд дод? Ман гуфтам: Ҳеҷ кас ба ман ин суханро ёд надод (ва ин сухани худам аст). Ў гуфт: Дуруст аст, ин минбари падари туст ва падари ман минбар надошт ва он чиро, ки бар сари мо мебинӣ онро Худованд руёнид сипас шумо (Аҳли Байт) (ҳар иззате, ки мо дорем аз Худованд ва аз шумо Аҳли Байт аст).
Китобҳо: ”Маърифат-ус-сиқот”-и Ақилӣ ҷ.1.саҳ.301,р.310. “Исоба”-и Ибни Ҳаҷар ҷ.1.саҳ.333. ”Сияру аълом-ун-нубало”-и Заҳабӣ ҷ.3.саҳ.285. Таърихи Ибни Асокир ҷ.14. с.176. “Канз-ул-уммол” ҷ.13.саҳ.654,р.37662. ”Савоиқ-ул-муҳриқа”-и Ибни Ҳаҷар ҷ.2.с.515. Ибни Ҳаҷар ва Заҳабӣ санади ин ҳадисро саҳеҳ гуфтаанд.

4- Имом Ҳусайн бисту панҷ мартаба пиёда ҳаҷ намуда
عن عبد الله إبن عبيد قال: حجَّ الحسين إبن عليّ خمساً و عشرين حجّة ماشياً و نجائبه تقاد معه.
Абдуллоҳ ибни Убайд мегўяд: “(Имом) Ҳусайн ибни Алӣ бисту панҷ мартаба пиёда ҳаҷ намуд дар ҳоле ки ҳам сафаронаш асб ва маркабҳои хуб доштанд”.
Ровиён: Абдуллоҳ ибни Убайд. Мусъаб ибни Абдуллоҳ.
Китобҳо: ”Мўъҷам-ул-кабир” ҷ.3.с.115,р.2844. “Мусаннаф”-и Ибни Абўшайба ҷ.4.с.541. “Усд-ул-ғоба”-и Ибни Асир ҷ.2.с.20. “Ал-Мухтор”-и Ибни Асир. Таърихи Ибни Асокир ҷ.14.с.180 бо се санад. Таърихи Ибни Касир ҷ.8.с.226. “Сияру аълом-ун-нубало”-и Заҳабӣ ҷ.3.с.287. “Маҷмаъ-уз-завоид” ҷ.9.саҳ.201. “Таҳзиб-ул-камол”-и Маззӣ ҷ.6.с.406.

5- Сафари Имом Ҳусайн ба Карбало бо дастури Паёмбар
وكتب عبد الله بن جعفر بن أبي طالب إليه كتابا يحذره أهل الكوفة ويناشده الله أن يشخص إليهم فكتب إليه الحسين إني رأيت رؤيا ورأيت فيها رسول الله صلى الله عليه وسلم وأمرني بأمر أنا ماض له ولست بمخبرها أحدا حتى ألاقي عملي.
Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар номае ба Имом Ҳусайн навишт ва хост он ҳазратро аз сафар ба Карбало барҳазар кунад. Имом Ҳусайн алайҳи салом дар ҷавоб навиштанд:
“Ба дурустӣ, ки ман Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва салламро дар хоб дидам ва дар он хоб Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам маро ба анҷоми коре амр фармуданд, ки ман барои анҷоми он озими сафар ҳастам. Ва ман он хобро ба касе бозгў намекунам то ин ки он амалро мулоқот кунам ва анҷом бидиҳам”.
Китобҳо: ”Таърихи Ибни Асокир ҷ.14.саҳ.209. ”Таърих-ул-ислом”-и Заҳабӣ ҷ.5.с.9. ”Таҳзиб-ул-камол”-и Маззӣ ҷ.6.саҳ.418.

6- Хабар додани фариштаҳо аз шаҳодати Имом Ҳусайн
1) Ҳадис :Умми Салама мегўяд: “Ҳасан ва Ҳусайн дар назди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) дар хонаи ман бозӣ мекарданд Ҷабраил нозил шуд ва гуфт: Эй Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ба дурустӣ, ки умматат ин фарзандат (Ҳусайн)-ро баъд аз ту ба қатл мерасонанд. Пас аз он Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам), Ҳусайнро ба синаи худ часпонданд ва гиря карданд, сипас хитоб ба ман фармуданд: Ин хок амонат аст дар назди ту ва он хокро (хоки Карбалоро) бў карданд ва фармуданд: Бўи Карбалост ва боз фармуданд: Эй Умми Салама ҳар вақт ин хок табдил ба хун шуд, бидон, ки писарам Ҳусайн кушта шудааст. Ман он хокро дар шиша гузоштам, сипас ба он нигоҳ мекардам ва мегуфтам: Ба дурустӣ, ки он рўзе, ки ин хок табдил ба хун мешавад, рўзи бузурге хоҳад буд”.
Ровӣ: Умми Салама.
Китобҳо: “Захоир”-и Табарӣ ҷ.1.саҳ.47б. “Маҷмаъ-уз-завоид” ҷ.9. саҳ.189. “Хасоис-ул-кубро”-и Суютӣ ҷ.2.саҳ.125. “Мавоҳиб-уд-диния”-и Байҳақӣ ҷ.2.саҳ.195.

2) “Замоне, ки Имом Алӣ дар вақти рафтан ба Сиффин аз Карбало мегузаштанд фарёд заданд, ки сабр кун эй Абоабдуллоҳ! (сабр кун эй Ҳусайн) сабр кун эй Абоабдуллоҳ! (ва он қадар гиря карданд, ки замин аз ашки чашми он ҳазрат тар шуд). Ман пурсидам, ки чӣ шуд? Фармуданд: Рўзе ба назди Паёмбари гиромии Ислом (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) дохил шудам дар ҳоле ки он ҳазрат гиря мекарданд, пурсидам: Чӣ шуд эй Расули Худо оё касе шуморо ба ғазаб овард? Чаро ашк мерезед ва гиря мекунед? Паёмбари гиромии Ислом фармуданд: Ҳамин ҳозир Ҷабраил аз назди ман рафт ва ба ман хабар дод, ки Ҳусайн дар соҳили дарё кушта мешавад. Барои ман аз хоки Карбало оварду дод ва ман наметавонам худдорӣ кунам аз ин ки чашмонам ашк нарезад ва гиря накунам”.
Ровиён: Абдуллоҳ ибни Наҷӣ аз падараш. Омири Шаабӣ.
Китобҳо: “Муснад”-и Аҳмад ҷ.2.с.61-62. “Мўъҷам-ул-кабир”-и Табаронӣ ҷ.2.с.105, р.2811-2823-2824-2826. “Табақот”-и Ибни Саъд. “Муснад”-и Абўяъло. “Тазкира”-и Ибни Ҷавзӣ с.142. “Маҷмаъ-уз-завоид” ҷ.9.саҳ.187. Таърихи Ибни Касир ҷ.8.саҳ.199. “Ҷомеъ-ус-сағир”-и Суютӣ ҷ.1.саҳ.13. “Хасоис”-и Суютӣ ҷ.2.саҳ.126. “Ҷамъ-ул-ҷамовеъ”-и Суютӣ ҷ.6.саҳ.223. “Савоиқ-ул-муҳриқа”-и Ибни Ҳаҷар саҳ.115. Ҳайсамӣ санади ин ҳадисро саҳеҳ гуфтааст. Ва ин ахбор дар ҳадди тавотур аст.

3) عن أمِّ سلمة قالتْ: كان جبرئيل عند النَّبيّ صلّى الله عليه و آله و الحسينُ معي فبكى فتركتُه فدنا من النَّبيّ صلّى الله عليه و آله فقال جبرئيل: أَ تحبُّه يا محمَّد (صلّى الله عليه و آله)؟ قال: نعم.قال: إنَّ أُمَّتَكَ ستقتله و إن شئْتَ أريْتُكَ من تربة الأرض الّتي يقتل بها فأراه إذا الأرض يُقالُ لها كربلا فبكى النَّبيُّ صلّى الله عليه و آله و سلَّم.
Умми Салама мегўяд: “Ҷабраил дар назди Паёмбари гиромии Ислом (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) буд ва (Имом) Ҳусайн бо ҳамроҳи ман. Ногаҳон Ҳусайн гиря кард. Ман ўро раҳо кардам ва ба назди Паёмбари гиромии Ислом (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) рафт ва Ҷабраил фармуд: Эй Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам), Ҳусайнро дўст медорӣ? Фармуданд: Оре. Ҷабраил фармуд: Ба дурустӣ, ки ба зудӣ умматат ўро мекушанд. Агар мехоҳӣ хоки он сарзаминеро, ки дар он кушта мешавад ба ту нишон диҳам. Пас онро нишон дод ва он, сарзамине буд, ки ба он Карбало гуфта мешуд ва Паёмбари гиромии Ислом (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) бо шунидани ин хабар шурўъ карданд ба гиря кардан”.
Ровиён: Имом Алӣ. Умми салама. Ибни Аббос. Оиша. Асмо. Анас. Зайнаб бинти Ҷаҳш. Абўтафил. Абўимома. Абўҳарсама. Наҷии Ҳазрамӣ.
Ин воқеа дар хонаи Умми Салама борҳо рўх додааст, ки аз Умми салама бо беш аз даҳ санад ривоят шудааст. Ҳамчунин хабар диҳандаи ин воқеа ба Паёмбари гиромии Ислом (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) танҳо Ҷабраил набудааст. Ду мартаба фариштаи борон, бори дигар ҳафт фаришта ва як гурўҳ аз фариштаҳо, як фаришта баъд аз изн гирифтан аз Худованд ва худи Ҷабраил борҳо ин воқеаро ба он ҳазрат ёдовари мекардаанд ва дар ҳамаи ин маротиб он ҳазрат бо бетобӣ гиря мекарданд ва дар баъзеи онҳо хоки он сарзаминро мебўиданд ва мебўсиданд, ки барои огоҳӣ метавонед ба китобҳои зер муроҷиа бикунед.
Китобҳо: ”Ал-Оҳод вал-масонӣ” Аҳмад Ибни Амр ҷ.1с..310.р.429. Саҳеҳи Ибни Ҳаббон ҷ.15.с.142.р.6742. 3)”Муснад”-и Аҳмад ҷ.1.с.88-230.р.648-13820.ҷ2.с.132.р.13820. ҷ.3.саҳ.242-265.р.13563.ҷ.6.саҳ.294.р.26567. “Фазоил-ус-саҳоба”-и Аҳмад ҷ.2.саҳ.770.р.1357. “Мўъҷам-ул-кабир”-и Табаронӣ ҷ.2.с.106,р.2813 то 2821.ҷ3.с.106-109.р.2811-2813-2814-2817-2819-2821-2824-2826.ҷ.8.с.285.р.8096.ҷ.23.с.289-308.р.367-697.ҷ.24.с.54.р.151. ”Муснад”-и Абўяъло ҷ.1.с.298.р.363.ҷ.6.с.129.р.3402. “Мусаннаф”-и Ибни Абўшайба ҷ.7.с.478.р.37367. “Мўъҷам-ул-авсат”-и Табаронӣ ҷ.6.с.249.р.6316. ”Далоил-ул-набувва”-и Абўнаим ҷ.3. с.202. 10)”Мустадрак”-и Ҳоким ҷ.3.с.176-179,ҷ.4.с.440.р.8202. “Тарҳ-ут-тасриб”-и Ҳофиз Ироқӣ ҷ.1.с.41-42. “Маҷмаъ-уз-завоид” ҷ.9.с.187 то 191. “Муснад”-и Баззор ҷ.3.с.101.р.884. “Табақот”-и Ибни Саъд ҷ.5.с.91.ҷ.7.саҳ.80. “Сияру аълом-ун-нубало”-и Заҳабӣ ҷ.3.с.288 то 290. “Таҳзиб-ут-таҳзиб”-и Ибни Ҳаҷар ҷ.2.с.301.6.с.408. ”Таҳзиб-ул-камол”-и Маззӣ ҷ.2.с.300.ҷ.6.с.407-409. ”Мухтасари Тазкира”-и Қуртубӣ саҳ.119.

7- Интиқомгирандаи хуни Имом Ҳусайн Худованд аст
عن إبن عبّاس قال: أوحى الله عزَّ و جلَّ إلى محمَّد صلّى الله عليه و آله إني قتلتُ بيحيى إبن زكريّا سبعين ألفاً و إنّي قاتل بإبن إبنتك (بالحسين) سبعين ألفاً و سبعين الفاً.
Ибни Аббос мегўяд: “Худованди мутаол ба Паёмбари гиромии Ислом (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ваҳй фармуд, ки ман ба интиқоми хуни Яҳё ибни Закариё ҳафтод ҳазор нафарро ба қатл расонидам. Ба интиқоми хун ва кушта шудани писари духтари ту (Ҳусайн) ду баробари ин ададро ба қатл мерасонам”.
Ровӣ : Ибни Аббос бо чандин санад.
Китобҳо: “Мустадрак”-и Ҳоким ҷ.2.с.319-648,р.3146-4152.ҷ.3.с.195.р.4822. “Таърихи Бағдод” ҷ.1.с.142. “Таҳзиб-ут-таҳзиб”-и Ибни Ҳаҷар ҷ.2.с.503. 4)”Тафсири Қуртубӣ ҷ.10.с.219. Сияру аълом-ун-нубало” ҷ.4.саҳ.342. ”Таҳзиб-ул-камол” ҷ.6.с.431. Ҳоким ва Заҳабӣ санади ин ҳадисро саҳеҳ гуфтаанд.

8- Воқеаҳое, ки баъд аз шаҳодати Имом Ҳусайн(a) дар олам рух дод
1) Ҳузури Паёмбари гиромии Ислом (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) дар воқеаи Карбало
عن سَلَمي قالتْ: دخلتُ أمَّ سلمة و هي تبكي فقلْتُ: ما تبكيكِ؟ قالتْ: رأيتُ رسول الله صلّى الله عليه و آله تعني في المنام و على رأسه و لحيته التُّراب فقلْتُ ما لك يا رسول الله؟ قال: شهدتُ قتل الحسينِ آنفاً.
Саламӣ мегўяд: Ба назди Умми Салама дохил шудам дар ҳоле ки ў гиря мекард, гуфтам: Чаро гиря мекунӣ? Гуфт: Паёмбари гиромии Ислом (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам)-ро дар хобам дидам дар ҳоле ки сар ва риши он ҳазрат хоку ғуборолуд буд. Пурсидам, ки эй Расули Худо ба шумо чӣ шудааст? Фармуданд: Чанд лаҳза қабл шоҳиди кушта шудани Ҳусайн будам”.
Ровиён: Саламӣ. 2)Шаҳр ибни Ҳўшаб. Салмон.
Китобҳо: Саҳеҳи Тирмизӣ ҷ.5.саҳ.323-657.р.3771-3860. “Таърихи кабир”-и Бухорӣ ҷ.3.саҳ.324,р.1098. “Мўъҷам-ул-кабир”-и Табаронӣ ҷ.23.саҳ.373.р.884. “Мустадрак”-и Ҳоким ҷ.4.с.19.р.6764. “Усд-ул-ғоба”-и Ибни Асир ҷ.2.с.22. “Асмо-ур-риҷол”-и Заҳабӣ ҷ.2.с.141. “Сияру аълом-ун-нубало”-и Заҳабӣ ҷ.3.саҳ.316. ”Таърих-ул-ислом”-и Заҳабӣ ҷ.5.с.17. Таърихи Ибни Асокир ҷ.14.саҳ.238. “Таҳзиб-ут-таҳзиб”-и Ибни Ҳаҷар ҷ.2.саҳ.307. Таърихи Ибни Касир ҷ.8.саҳ.200. Санади ин ҳадис саҳеҳ аст.

2) عن إبن عبّاس قال: رأيتُ رسول الله صلّى الله عليه و آله في النَّوم نصف النَّهار أشعث أغبر و بيده قارورة فيها دم قلْتُ يا رسول الله ما هذا؟ قال: هذا دم الحسين و أصحابه.
Ибни Аббос мегўяд: “Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам)-ро нисфирўзӣ дар хоб дидам дар ҳоле ки ошуфтаву парешон ва ғуборолуд буданд. Дар дасти он ҳазрат шишае буд, ки хун дошт. Ман гуфтам: Ин чист, эй Расули Худо? Фармуданд: Ин хуни Ҳусайн ва ёронаш аст”.
Китобҳо: “Муснад”-и Аҳмад ҷ.1с.283.р.2553 ва “Фазоил-ус-саҳоба”-и Аҳмад ҷ.2. с.779-781.р.1381-1389. “Мўъҷам-ул-кабир”-и Табаронӣ ҷ.2.с.110.р.2822. “Таърих-ул-ислом”-и Заҳабӣ ҷ.5.с.17. ”Сияру аълом-ун-нубало” ҷ.3.с.315. “Мустадрак”-и Ҳоким ҷ.4. с.439.р.8201. “Ал-Истиоб”-и Ибни Абдулбар ҷ.1.саҳ.144. “Таърихи Бағдод” ҷ.1.саҳ.142. Таърихи Ибни Асокир ҷ.4.саҳ.340. “Усд-ул-ғоба”-и Ибни Асир ҷ.2.саҳ.22. Таърихи Ибни Касир ҷ.8.саҳ.200. “Маҷмаъ-уз-завоид”-и Ҳайсамӣ ҷ.9.саҳ.193-194. Ҳоким, Заҳабӣ, ва Ҳайсамӣ санади ин ҳадисро саҳеҳ гуфтаанд.

9- Гиря ва навҳаи ҷинниён барои шаҳодати Имом Ҳусайн
عن أمِّ سلمة تقول: سمعتُ الجنًّ يبكين على الحسين و تنوح عليه.
Умми Салама мегўяд: “Вақте ки (Имом) Ҳусайнро ба шаҳодат расонданд ман шунидам, ки ҷинҳо барои он ҳазрат гиря, ва навҳаву зорӣ мекарданд”.
Ровиён: Умми Салама. Зуҳрӣ. Умми Ҷобир. Муҳаммад ибни Алӣ. Абўхаббоб. Ибод ибни Суҳайб. Маҳаммади Масқулӣ. Бинти Абдураҳмон. Ҳабиб ибни Абўсобит. Аммор ибни Абўаммор. Салмон.
Китобҳо: “Мўъҷам-ул-кабир”-и Табаронӣ ҷ.3.с.121р.2862 то 2867. ”Фазоил-ус-саҳоба”-и Аҳмад ҷ.2.с.776.р.1373. ”Ал-Оҳод вал-масонӣ” ҷ1.с.308.р.425. ”Таърих-ул-ислом”-и Заҳабӣ ҷ.5.с.17. “Сияр-ул-аълом-ун-нубало”-и Заҳабӣ ҷ.3.с.316 бо се санад. “Комил”-и Ибни Асир ҷ.3.саҳ.301. “Маҷмаъ-уз-завоид” ҷ.9.саҳ.199. Таърихи Ибни Касир ҷ.8.саҳ.200-219. Таърихи Ибни Асокир ҷ.4.саҳ.344. Ҳайсамӣ ва Заҳабӣ санади ин ҳадисро саҳеҳ гуфтаанд.

عن ميمونة قالتْ: سمعتُ الجن تنوح على الحسين إبن عليّ.
Маймуна мегўяд: “Ман шунидам, ки ҷинҳо барои Ҳусайн фарёду зорӣ мекарданд”. (гиря ва азодори мекарданд).
Китобҳо: “Мўъҷам-ул-кабир”-и Табаронӣ ҷ.3.саҳ.121,р.2868. “Маҷмаъ-уз-завоид”-и Ҳайсамӣ ҷ.9.саҳ.199. Ҳайсамӣ санади ин ҳадисро саҳеҳ гуфтааст.

عن أُمِّ سلمة قالتْ: ما سمعتُ نوح الجِنّ منذ قبض رسول الله صلّى الله عليه و آله إلاَّ الليلة و ما أرى إبني إلاَّ قبض تعنى الحسين.
Умми Салама мегўяд: Аз вақте, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) аз дунё рафтанд, гиря ва навҳаи ҷинҳоро нашунида будам магар ҳамин шаб ва ин навҳа ба ин хотир аст, ки писарам Ҳусайн кушта шуд”.
Китобҳо: “Мўъҷам-ул-кабир”-и Табаронӣ.ҷ.3.с.121,р.2869. “Маҷмаъ-уз-завоид” ҷ.9. с.199-200.

عن أبي جناب قال: أتيت كربلاء فقلت لرجل من أشراف العرب بها بلغني أنكم تسمعون نوح الجن قال: ما تلقى حرا ولا عبدا إلا أخبرك أنه سمع ذلك. قلت: فأخبرني ما سمعت أنت. قال سمعتهم يقولون:
مسح الرسول جبينه فله بريق في الخدود بواه من عليا قريش جده خبر الجدود.
Абўҷаноб мегўяд: “(Баъд аз кушта шудани Имом Ҳусайн) Ба Карбало омадам ва ба марде, ки аз бузургони араб буд гуфтам: Ба ман хабар расид, ки шумо навҳаи Ҷинро мешунавед? Он мард гуфт: Ҳеҷ озода ва ғуломеро намебинӣ магар ин ки ба ту хабар медиҳад, ки ў нувҳа ва гиряи Ҷинниёнро шунидааст. Ба ў гуфтам, ки ба ман хабар бидеҳ, ки ту чӣ шунидӣ? Гуфт: Шунидам, ки онҳо мегуфтанд:
Китобҳо: ”Мўъҷам-ул-кабир”-и Табаронӣ ҷ.3.саҳ.121.р.2865-2866. Таърихи Ибни Асокир ҷ.14.саҳ.241. ”Таърих-ул-ислом”-и Заҳабӣ ҷ.5.саҳ.17. “Сияру аълом-ун-нубало”-и Заҳабӣ ҷ.3.саҳ.316. “Таҳзиб-ут-таҳзиб”-и Маззӣ ҷ.6.саҳ.441. “Маҷмаъ-уз-завоид”-и Ҳайсамӣ ҷ.9.саҳ.199. Таърихи Ибни Касир ҷ.8.саҳ.200.

قال إبن سيرين: لم تبك السَّماء على أحدٍ بعد يحيى إبن زكريّا إلاّ على الحسين و بكائهاحمرتها.
Ибни Сирин мегўяд: “Осмон баъд аз Яҳё ибни Закариё барои ҳеҷ касе гиря накард ба ғайр аз (Имом) Ҳусайн ва нишонаи гиря кардани осмон сурх шудани он аст”.
Ровиён: Ибни Сайрин. Иброҳим.
Китобҳо: Таърихи Ибни Асокир ҷ.14.саҳ.225. “Сияру аълом-ун-нубало”-и Заҳабӣ ҷ.3.саҳ.312. Санади ин ҳадис саҳеҳ аст.

لم تكن في السَّماء حمرةٌ حتَّى قُتِلَ الحسينُ إبن عليّ.
“То замони ба шаҳодат расидани (Имом) Ҳусайн сурхие дар осмон (қабл аз тулўъ ва баъд аз ғуруб) вуҷуд надошт”. (Ин сурхиҳо баъд аз ба шаҳодат расидани Имом Ҳусайн пайдо шуд).
Ровиён: Ибни Сайрин. Асвад ибни Қисаҳ. Исо ибни Ҳориси Киндӣ. Умми Ҳаким. Ҷалил ибни Зиёд.
Китобҳо: “Мўъҷам-ул-кабир”-и Табаронӣ ҷ.3.с.114,р.2840. “Тафсири Табарӣ ҷ.25.саҳ.124.р.24072. 3)”Маҷмаъ-уз-завоид” ҷ.9.саҳ.197. “Таърих-ул-ислом” ҷ.4.саҳ.348. Сияру аълом-ун-нубало Заҳабӣ ҷ.3.саҳ.312. Таърихи Ибни Касир ҷ.8.саҳ.171. Таърихи Ибни Асокир ҷ.14. саҳ.228. “Хасоис-ул- кубро”-и Суютӣ ҷ.2.саҳ.127. Санади ин ҳадис саҳеҳ аст.

قال إبن سيرين: لمّاقُتِلَ الحسين أظلمت الدّنيا ثلاثة أيّام ثمَّ ظهرتْ هذه الحمرة في السَّماءِ
Ибни Сирин ва Умми Ҳайён мегўянд: “Вақте ки (Имом) Ҳусайн кушта шуданд дунё се рўз торик ва зулмонӣ шуд ва баъд аз он ин сурхӣ дар осмон пайдо шуд”.
Китобҳо: Таърихи Ибни Асокир ҷ.14.саҳ.229. “Таҳзиб-ул-камол” ҷ.6.саҳ.434. ”Таърих-ул-ислом”-и Заҳабӣ ҷ.5.саҳ.15. ””Назму дурар-ус-симтайн”-и Зарандӣ саҳ.221.

قُتِلَ الحسين إبن عليّ و أنا يومئذٍ جويرية فمكثتْ سماءُ أيّاماً مثل العلقم-عليلة.
“Рўзе, ки (Имом) Ҳусайн кушта шуданд ман дар Ҷувайрия будам ва осмон чандин рўз ба монанди абри сиёҳ боқӣ монд”.
Китобҳо: “Мўъҷам-ул-кабир”-и Табаронӣ. “Маҷмаъ-уз-завоид”-и Ҳайсамӣ ҷ.9.саҳ.197. Ҳайсамӣ санади ин хабарро саҳеҳ гуфтааст.

إنَّ السَّماء مكثتْ بعد قتل الحسينِ سبعة أيّام و إذا صلَّينا العصر نظرنا إلى الشَّمس على أطراف الحيطان كأنَّها ملاحف مُعَصْفر و نظرنا إلى الكواكب ضربت البعضها بعضاً.
“Ба дурустӣ, ки баъд аз кушта шудани (Имом) Ҳусайн осмон ҳафт рўз торик боқӣ монд ва вақте ки дар он рўз намози асрро хондем нигоҳ мекардем ба хуршед,ки бар канораҳои деворҳо тира метобид ва дар он рўз нигоҳ мекардем ба ситораҳо, ки гўё бо якдигар даргир буданд ва ба якдигар мезаданд”.
Ровӣ: Исо ибни Ҳориси Киндӣ.
Китобҳо:”Мўъҷам-ул-кабир”-и Табаронӣ р.2839. Таърихи Ибни Асокир ҷ.14.с.242. “Сияру аълом-ун-нубало”-и Заҳабӣ ҷ.3.саҳ.312. “Таърих-ул-ислом”-и Заҳабӣ ҷ.5.с.15. ”Маҷмаъ-уз-завоид”-и Ҳайсамӣ ҷ.9.с.197.

لمّا قُتِلَ الحسين إبن عليّ إنكسفت الشَّمس كسفةً حتّى بدت الكواكبُ نصف النَّهار حتّى ظننّا أنَّها هي.
“Вақте ки (Имом) Ҳусайн кушта шуданд хуршед гирифт ва нураш аз байн рафт то ин ки ситораҳо дар нисфи рўз ошкор шуданд, мо гумон кардем, ки он хуршед аст”.
Китобҳо: “Мўъҷам-ул-кабир”-и Табаронӣ. “Маҷмаъ-уз-завоид” ҷ.9.саҳ.197. Ҳайсамӣ санади ин ҳадисро саҳеҳ гуфтааст.

لمّا قُتِلَ الحسينُ مطرة السَّماءُ دماً فأصبحنا و كلّ شيءٍ لنا ملئ دماً.
“Вақте ки (Имом) Ҳусайн кушта шуданд аз осмон хун борид ва мо шабро ба субҳ расондем дар ҳоле ки ҳама чиз пур аз хун шуда буд”.
Китобҳо: “Ас-Сиқот”-и Ибни Ҳаббон ҷ.5.с.487.р.5862. Таърихи Ибни Асокир ҷ.14.с.227. 3)”Таърих-ул-ислом”-и Заҳабӣ ҷ.4.саҳ.349.

عن مروان مولى هند قال: حدَّثني بوّاب عبيْد الله إبن زياد أنَّه لمّا جِئَ برأس الحسينِ بين يديه رأيتُ حيطان دار الأَمارة تسايل دماً.
Марвон ғуломи Ҳинд мегўяд: “Дарбони (нигаҳбон) Убайдуллоҳ ибни Зиёд ба ман хабар дод, ки вақте сари мубораки (Имом) Ҳусайнро ба назди Ибни Зиёд оварданд дидам, ки аз деворҳои до-рул-имора (аз деворҳои қасри ибни Зиёд) хун ҷорӣ мешуд”.
Китобҳо: Таърихи Ибни Асокир ҷ.14.саҳ.339. “Таҳзиб-ул-камол” ҷ.6.саҳ.434. “Захоир”-и Табарӣ саҳ.145.

عن إبن شهاب قال: ما رُفِع بالشّام حَجَرٌ يوم قتل الحسين إلاّ عن دم.
Ибни Шаҳоби Зуҳрӣ мегўяд: “Дар рўзе, ки (Имом) Ҳусайн кушта шуданд ҳеҷ санге дар Шом бардошта намешуд магар ин ки зери он санг хун буд”.
Китобҳо: “Мўъҷам-ул-кабир”-и Табаронӣ ҷ.3.саҳ.113.р.2835. “Маҷмаъ-уз-завоид” ҷ.9.саҳ.196, Ҳайсамӣ санади ин ҳадисро саҳеҳ гуфтааст.

عن إبن شهاب قال: لمّا قُتِلَ الحسين إبن عليّ لم يُرْفَع حجر ببيت المقدَّس إلاّ وُجِدَ تحتَه دم عبيط.
Ибни Шаҳоби Зуҳрӣ мегўяд: “Замоне, ки (Имом) Ҳусайн кушта шуд ҳеҷ санге дар Байтулмуқаддас бардошта нашуд магар ин ки зери он хун вуҷуд дошт”.
Китобҳо: “Мўъҷам-ул-кабир”-и Табаронӣ ҷ.3.саҳ.113.р.2834-2856. “Таҳзиб-ут-таҳзиб”-и Ибни Ҳаҷар ҷ.2.саҳ.353. Таърихи Заҳабӣ ҷ.2.саҳ.348. “Сияру аълом-ун-нубало”-и Заҳабӣ ҷ.3.с.314. “Маҷмаъ-уз-завоид” ҷ.9.с.196. “Ақд-ул-фарид” ҷ.2.с.220. “Хасоис-ул-кубро”-и Суютӣ ҷ.2.с.126. Заҳабӣ ва Ҳайсамӣ санади ин ҳадисро саҳеҳ гуфтаанд.

عن أبي قبيل قال: لمّا قُتِلَ الحسين إبن عليّ إحتزّوا رأسه و قعدوافي أوَّل مرحلة يشربون النَّبيذ و يتحيّون برأس فخرج عليهم قلمٌ من الحديد من حائط فكتب بسطر دم: أ ترجوا أُمَّةٌ قتلتْ حسيناً شفاعة جدِّه يوم الحساب فهربوا و تركوا الرَّأس ثمَّ رجعوا.
Абўқубайл мегўяд: Вақте ки (Имом) Ҳусайнро ба шаҳодат расонданд сари мубораки он ҳазратро буриданд ва дар марҳалаи аввал нишастанд ва шурўъ карданд ба шароб хўрдан ва ба сар мегуфтанд: Зинда бишав! Ногаҳон қалами оҳанин аз девор бар онҳо хориҷ шуд ва бо хатти хунин навишт: “Оё уммате, ки Ҳусайнро куштанд умед ва орзу доранд, ки дар қиёмат ба шафоати бобо ва ҷадди Ҳусайн ноил бишаванд”. Пас онҳо ҳама сари он ҳазратро гузошта фарор карданд ва сипас ду бора баргаштанд”.
Китобҳо: “Мўъҷам-ул-кабир”-и Табаронӣ ҷ.3.саҳ.123.р.2873. “Маҷмаъ-уз-завоид” ҷ.9.с.199. 3)Таърихи Ибни Асокир ҷ.14.саҳ.342.. ”Таҳзиб-ул-камол” ҷ.6.саҳ.443. Таърихи Ибни Касир ҷ.8.саҳ.20. “Хасоис”-и Суютӣ ҷ.2.саҳ.127.

قال إبن سيرين: وجد حجر قبل مبعث النَّبيّ صلّى الله عليه و آله بخمس مائة سنة في أرض الرُّوم مكتبٌ عليه بالسريانيّة فنقوله إلى العربيّة إذاً هو:
أ ترجوا أمَّةٌ قتلتْ حسيناً شفاعة جدِّه يوم الحساب.
Ибни Сирин мегўяд: Панҷсад сол қабл аз беъсати Паёмбари гиромии Ислом (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) дар сарзамини Рум санге пайдо шуд ва бар он санг бо забони сирёнӣ навишта шуда буд ва ман онро ба арабӣ мегўям: “Оё уммате, ки Ҳусайнро кушт умеди шафоати ҷад ва бобои Ҳусайнро дар рўзи қиёмат дорад?”.
Китобҳо: ”Мўъҷам-ул-кабир”-и Табаронӣ ҷ.4.саҳ.124.р.2874. 2)”Маҷмаъ-уз-завоид” ҷ.9.саҳ.199. Таърихи Ибни Касир ҷ.8.саҳ.20. Таърихи Ибни Асокир ҷ.14.саҳ.342.

قال إبن عيينة: حدَّثَتْني جدَّتي قالتْ: رأيتُ الورس عاد رماداً و لقد رأيتُ اللحم كأنَّ فيه النّار حين قُتِلَ الحسين.
Ибни Уяйна мегўяд: Бибиям ба ман хабар дод, ки ҳангоме ки (Имом) Ҳусайн ба шаҳодат расиданд ман гиёҳҳоро дидам, ки табдил ба хокистар шуда буданд ва гуштро дидам, ки гўё дар вай оташ буд”.
Ровиён: Ибни Айина. Зайд ибни Абўзайд. Абўҳафса.
Китобҳо: “Мўъҷам-ул-кабир”-и Табаронӣ ҷ.3.с.119.р.2858. Таърихи Заҳабӣ ҷ.2.с.348. “Сияру аълом-ун-нубало”-и Заҳабӣ ҷ.3.саҳ.313. “Таҳзиб-ут-таҳзиб”-и Ибни Ҳаҷар ҷ.2.саҳ.353. “Маҷмаъ-уз-завоид” ҷ.9.саҳ.197. Ҳайсамӣ санади ин ҳадисро саҳеҳ гуфтааст.

أصابوا إبلاً في عسكر الحسين يوم قتل فنحروهاوطبخوهافصارتْ مثل العلقم (إذا هي دم).
“Рўзе, ки (Имом) Ҳусайн кушта шуданд (душманон) ба шутуре бархўрданд, ки шутури лашкари он ҳазрат буд ва онро кушта пухтанд, ки табдил ба хун шуд”.
Ровиён: Ҷамил ибни Марра. Абўзанад.
Китобҳо: Таърихи Заҳабӣ ҷ.2.с.348. “Сияру аълом-ун-нубало”-и Заҳабӣ ҷ.3.с.313. “Таҳзиб-ут-таҳзиб”-и Ибни Ҳаҷар ҷ.2.саҳ.353. Таърихи Ибни Асокир ҷ.4.саҳ.340. Маҷмаъ-уз-завоид”-и Ҳайсамӣ ҷ.9.саҳ.196. “Хасоис”-и Суютӣ ҷ.2.саҳ.126. Ҳайсамӣ санади ин хабарро саҳеҳ гуфтааст.

عن الأعمش قال: جرى رجل من بني أسد على قبر الحسين إبن عليّ فأصاب أهل ذلك البيت خبل و جنون و جُذام و مرض و قَفْر.
Аъмаш мегўяд: “Марде аз Бани Асад ба қабри (Имом) Ҳусайн бе эҳтироми кард ва аҳли он хона ба харобӣ ва фасод, девонагӣ ва песӣ, беморӣ ва фақр дучор шуданд”.
Китобҳо: ”Мўъҷам-ул-кабир”-и Табаронӣ р.2860. Таърихи Ибни Асокир ҷ.4.саҳ.235. Таърихи Ибни Касир ҷ.8.саҳ.203. “Маҷмаъ-уз-завоид” ҷ.9. саҳ.197. Ҳайсамӣ санади ин ҳадисро саҳеҳ гуфтааст.

قال حجّاج يوماً: من كان له بلاءٌ فلْيقم فقام قومٌ يذكرون خدمتهم لبني أُميَّة و قام سنان إبن أنس و قال: أنا قاتل الحسين ثمَّ رجع إلى منزله فاعتقلَ لسانه و ذهب عقله فكان يأكل و يحدث في مكانه.
“Рўзе Ҳаҷҷоҷ гуфт: Ҳар кӣ хизмате карда бошад бархезад. Гурўҳе баланд шуданд ва хидматеро, ки аз барои бани Умайя карда буданд ёдовар мешуданд, Санон ибни Анас баланд шуд ва гуфт: Ман кушандаи Ҳусайн ҳастам. Сипас ба хонааш баргашт ва забонаш гунг шуд, ақлашро аз даст дод ва чунон шуд, ки дар як ҷо таом мехўрд ва дар ҳамон ҷо рафъи ҳоҷат мекард”.
Китоб: Таърихи Ибни Асокир ҷ.4.саҳ.340.

Ҳадис: Яъқуб ибни Сулаймон мегўяд: Дар хона ва ҷое будам ва намози хуфтанро хондем, баъд шурўъ кардем ба сухан гуфтан, дар бораи кушта шудани (Имом) Ҳусайн, марде гуфт: Ҳеҷ касе нест, ки душманони (Имом) Ҳусайнро ёрӣ карда бошад магар ин ки қабл аз он ки бимирад балое ба ў расида (ва ё ба ҳолати баде мурдааст). Шайхи бузурге дар онҷо буд, ки гуфт: Ман аз касоне ҳастам, ки дар кушта шудани ў ширкат доштам ва дар Карбало ҳузур доштам, то ба ҳол ба ман ҳеҷ балое нарасида, ки аз он озоре дида бошам. Дар ҳомон ҳол чароғ хомўш шуд. Он пирамард баланд шуд, ки чароғро дуруст кунад ва дар ҳамон ҳол ўро оташ фаро гирифт. Ва ў бо шитоб ба тарафи об рафт ва худро ба чоҳи об андохт. Оташ боз ҳам шўълавар шуд ва ў табдил ба зуғол шуд. (ба монанди чубе шуд, ки баъд аз оташ гирифтан сиёҳ мешавад).
Китобҳо: “Таҳзиб-ут-таҳзиб”-и Ибни Ҳаҷар ҷ.2.с.353. Таърихи Ибни Асокир ҷ.4. с.340. “Сияру аълом-ун-нубало”-и Заҳабӣ ҷ.3.саҳ.314.

قال أبورجاء: إنَّ جاراً من يلهجيم جائنا من الكوفة فقال: ألم تروا إلى الفاسق إبن الفاسق إنَّ الله قتله يعني الحسين إبن عليّ فرماه الله بكوكبين من السَّماء في عينيه فذهب بصره.
Абўраҷоа мегўяд: “Ҳамсояе аз Ялҳаҷим аз Кўфа ба назди мо омад ва гуфт: Оё надидед ва нигоҳ намекунед ба ин фосиқ писари фосиқ, ки Худо ўро кушт ва мақсадаш Имом Ҳусейн буданд пас Худои бузург ўро ба василаи ду ситора аз осмон ба чашмонаш зад ва ў нобино шуд”.

Китобҳо: “Мўъҷам-ул-кабир”-и Табаронӣ р.2830. ”Фазоил-ус-саҳоба”-и Аҳмад ҷ.2. с.586.р.972. Таърихи Ибни Асокир ҷ.4.саҳ.340. “Таҳзиб-ут-таҳзиб”-и Ибни Ҳаҷар ҷ.2.с.353. “Сияру аълом-ун-нубало”-и Заҳабӣ ҷ.3.саҳ.313. “Маҷмаъ-уз-завоид” ҷ.9.саҳ.199. “Таърих-ул-ислом”-и Заҳабӣ ҷ.5.саҳ.16. Ҳайсамӣ санади ин хабарро саҳеҳ гуфтааст.

Ҳадис: Амора ибни Умайр мегўяд: “Замоне, ки сари буридаи Убайдуллоҳ ибни Зиёд ва асҳобашро оварданд, ман дар масҷиди Раҳба будам ва ба назди онҳо рафтам, ки мегуфтанд: Омад, омад. Ногаҳон море пайдо шуд, ки дохил ба сарҳои бурида мешуд то ин ки дохили бинии Ибни Зиёд шуд ва хеле дар онҷо монд ва сипас берун омад ва рафту ғоиб шуд. Боз дубора мардум гуфтанд: Омад, омад. Боз баъд аз ғоиб шудан баргашт ва ҳамон кори авваларо такрор кард ва ду ё се мартаба ин корро такрор кард”.
Китобҳо: Саҳеҳи Тирмизӣ ҷ.13.саҳ.196. “Мўъҷам-ул-кабир”-и Табаронӣ. “Сияру аълом-ун-нубало”-и Заҳабӣ ҷ.3.саҳ.315. “Усд-ул-ғоба”-и Ибни Асир ҷ.2.саҳ.22.

عن منهال إبن عمرو قال: أنا و الله رأيتُ رأس الحسين حين حُمِل و أنا بدمشق و بين يدي رأس رجل يقرءُ سورة الكهف حتّى بلغ قوله تعالى: أم حسبتَ أنَّ أصحاب الكهف و الرَّقيم كانوا من آياتنا عجباً‘‘ فأنْطق اللهُ الرَّأس بلسان ذرب فقال: أعجب من أصحاب الكهف قتلي و حملي.
Минҳол мегўяд: “Ба Худо савганд ман дидам вақте ки сари (мубораки Имом) Ҳусайнро болои найзаҳо бардошта давр мезанонданд, пешо-пеши сари (мубораки Имом) Ҳусайн марде сураи Каҳфро мехонд то ин ки ба инҷо расид “Оё ту гумон кардӣ, ки асҳоби Каҳф ва Рақим аз оёти аҷиби мо буданд” дар ин ҳангом Худованд сари (мубораки Имом) Ҳусайнро ба сухан гуфтан даровард ва бо забони гўё фармуд: Куштани ман ва бардоштани сари ман болои найзаҳо ва гардиш додани он аз қиссаи асҳоби Каҳф аҷибтар ва тааҷҷубовартар аст”.
Китобҳо: “Хасоис-ул- кубро”-и Суютӣ ҷ.2.саҳ.127.

عن محمّد إبن عمرو إبن حسن قال: كنّا مع الحسين بنهر كربلاء و نظر إلى شمر إبن ذي الجوشن فقال: صدق اللهُ و رسوله قال رسول الله صلى الله عليه وآله وسلم: كأنّي أنظرُ إلى كلب أبقع يلغ في دماء أهل بيتي و كان شمرُ أبرص.
Муҳаммад ибни Амр мегўяд: “Дар назди оби ҷории Карбало бо ҳамроҳи (Имом) Ҳусайн будем ва он ҳазрат вақте “Шимрро диданд фармуданд: Худо ва Паёмбараш рост гуфтанд, Паёмбари гиромии Ислом (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) фармуданд: Гўё ман нигоҳ мекунам ба саги песе, ки ба хуни Аҳли Байтам ғалтида (хуни Аҳли Байтамро мерезад) ва Шимр марази песӣ дошт”.
Китобҳо: “Хасоис-ул-кубро”-и Суютӣ ҷ.2.саҳ.125.