Манобеи исломӣ

Забон
  1. Саҳифаи асосӣ

  2. article

  3. Худшиносӣ аз манзари Мавлоно (1)

Худшиносӣ аз манзари Мавлоно (1)

Rate this post

(Бахши аввал)

Раҳи осмон дарун аст, пари ишқро биҷунбон,

Пари ишқ чун қавӣ шуд, ғами нардбон намонад.

Ту мабин ҷаҳон зи берун, ки ҷаҳон даруни дида-ст,

Чу ду дидаро бибастӣ зи ҷаҳон ҷаҳон намонад.

Аз дербоз, ёфтани посух ба пурсиши “ман кистам?”, яке аз дағдағаҳои муҳимми одамӣ будааст. Дар замонаи мо, андешмандони бисёре дар ҳавзаҳои мухталифи маърифати башарӣ – аз шохаҳои гуногуни фалсафа ҳамчун метофизик, фалсафаи зеҳн ва фалсафаи ахлоқ бигир то шохаҳои мухталифи улуми таҷрубии инсонӣ ҳамчун равоншиносӣ, улуми сиёсӣ ва улуми иҷтимоӣ – посух ба ин пурсишро сарлавҳаи талошҳои худ қарор дода ва кӯшидаанд, то “ман”-ро кашф ва таъриф кунанд.

Ҳангоме ки ин масъала аз манзари дин, ахлоқ ва ирфон баррасӣ мешавад, мавзӯи “худшиносӣ” ва “маърифати нафс” ба миён меояд; масъалае, ки аз меҳваритарин масоили низомҳои ирфонӣ шумурда мешавад. Чунон ки дар дастгоҳи ирфонии Мавлоно низ масъалаи худшиносӣ ва роҳи расидан ба “худ”-и ҳақиқӣ (яъне ҷовдонагӣ), аз масоили аслӣ аст.

Худшиносӣ дар суннати ирфонӣ

“Маърифати нафс” қарин ва ҳамдӯши “маърифати Ҳақ” муаррифӣ шудааст; зеро худшиносӣ шинохти Худоро барои онон муяссар месозад. Бар ҳамин асос низ, орифони мусалмон, аз миёни роҳҳои Худошиносӣ, роҳи шинохти Худо аз тариқи шинохти нафс ва таҳзиби онро бартар аз роҳи шинохти Худо аз тариқи осори Худо дар ҳастӣ шумурдаанд, ва метавон орифонро ҳам “худогоҳ” ва ҳам “Худоогоҳ” тавсиф кард.

Моҳияти “худ”

Мафҳуми “худ” мафҳуми печидае аст ва алорғами талошҳои фаровон дар табйини он, иттифоқи назаре дар бораи аносури шаклдиҳандаи ин мафҳум ба даст наомадааст. Ин мафҳум, ки дар миёни фалосифаи исломӣ ба “нафси нотиқа” шӯҳрат дорад, аз синхи вуҷуд ва ташкилдиҳандаи ҳақиқати инсонӣ аст.

Дар адабиёти ирфонӣ, бавижа дар мактуботи Мавлоно, ғолибан лафзи “ҷон” дар маънии “нафси нотиқа” ба кор рафтааст, ҳарчанд Мавлоно гоҳ аз “ҷон” “ҳаёт”-ро мурод мекунад ва гоҳ “ақл” ва дар бархе маворид “ишқ”-ро. Аммо метавон гуфт, аз назари Мавлоно, мафҳуми “худ” он чизест, ки ҳар одамӣ хешро аз дигарӣ бозмешиносад ва кистӣ ва чистии худро дар партави он таъриф мекунад.

Пас аз таърифи “худ”, навбати суол аз имкони худшиносӣ аз назари Мавлоност. Фаҳм ва дарки посухи Мавлоно дар ин бора, мубтанӣ бар таваҷҷӯҳ ба ҳастишиносӣ ва инсоншиносии вай аст; чаро ки аз манзари Мавлоно, бо нишондани инсон дар ҷойгоҳи муносиби хеш дар маҷмӯаи ҳастӣ аст, ки имкони маърифат ба асли одамӣ ва ҳақиқати вуҷудии ӯ таҳаққуқ хоҳад ёфт ва наметавон мутолиаи нафсро аз мутолиаи ҳастӣ ҷудо кард.

Ҳастишиносии Мавлавӣ

Маснавии мо дӯкони ваҳдат аст,

Ғайри воҳид ҳарчӣ бинӣ, он бут аст.

Мавлавиро метавон “ваҳдати вуҷудӣ” донист; истилоҳе, ки Мавлавӣ онро ба кор набурдааст, аммо дар ҳақиқат ва маънои он соҳибқадам аст. Иддаъои ориф дар ин ҳолат ва мақом (ваҳдати вуҷуд), ки навъе идрок аз ҳастист, инҳисори вуҷуд дар Ҳақ Таъоло ва нафйи вуҷуд аз ғайри Ӯст. Ориф бо расидан ба ин мақом, танҳо як вуҷуд ва балки як мавҷуди воқеиро мебинад ва дигар чизҳои ҳастиро “нестҳои ҳастнумо” мешуморад.

Нестро бинмуд ҳаст он мӯҳташам,

Ҳастро бинмуд бар шакли адам.

Дар ҳамин ҷо баҳсро феълан мутаваққиф мекунем ва дар бахши дуввуми ин мақола вориди асли мавзӯъ хоҳем шуд, яъне худшиносӣ аз назари Мавлоно. Баҳси боло дар воқеъ муқаддимаи вуруд ба баҳси баъдӣ буд.

Идома дорад

Кимиёи саодат