Манобеи исломӣ

Забон
  1. Саҳифаи асосӣ

  2. article

  3. Фарқи Ибни Сино бо Ибни Рушд дар мувоҷеҳа бо фалсафаи Арасту

Фарқи Ибни Сино бо Ибни Рушд дар мувоҷеҳа бо фалсафаи Арасту

Rate this post

Фарқи Ибни Сино бо Ибни Рушд дар мувоҷеҳа бо фалсафаи Арасту

Имрӯзҳо мусодиф аст бо даргузашти файласуфи шаҳири исломӣ Ибни Рушд. Ӯ зодаи соли 1126 дар шаҳри Курдубои Испониёст ва 10 декабри 1198 дар Марокаш чашм аз дунё бастааст. Дар Ғарб ӯ бо номи Averroes машҳур аст.

Эътибор ва шӯҳрати Ибни Рушд бештар аз ин ҷиҳат аст, ки ӯ ғарбиёнро бо фалсафаи Арасту ошно карда. Ӯ дар шарҳи фалсафаи Арасту, худро дар муқобили Ибни Сино қарор медиҳад. Ибни Рушд бо мутолеаи осори Арасту ва Ибни Сино, иддаъо мекунад, ки файласуфи эронӣ умқи фалсафаи Арастуро нафаҳмида ва шарҳи дурусте аз он ироа накардааст. Оё ин иддаъои Ибни Рушд дуруст аст? Дар ин навиштор, мехоҳам дар ин бора андаке баҳс бикунам.

Дар бораи ин изҳори назари Ибни Рушд, аз сӯйи файласуфони муосир назароти мухталифе ироа шудааст. Барои мисол, Иброҳими Динонӣ, файласуфи муосири эронӣ, дар китобаш “Дурахшиши Ибни Рушд дар ҳикмати Машшоъ”, нимнигоҳе ба ин мавзӯъ доштааст. Ӯ, пас аз интишори ҳамин китоб, дар мусоҳибае мегӯяд:

“Китоберо, ки ман навиштам, ба як маънӣ дифоъ аз Ибни Синост… Фаҳми фалсафӣ муҳим аст ва ҳатто касе наметавонад аз як матни тарҷумашуда фаҳми фалсафии беҳтаре дошта бошад. Фаҳми фалсафӣ ғайр аз ин ҳарфҳост, ба хусус дар масоили ҳермунутикӣ, ки имрӯз матраҳ мешавад. Маъно дар лафзи танҳо матраҳ нест. Ҳунари хонанда аст, ки битавонад маъноро истихроҷ кунад. Уфуқи фикрии муаллифро бояд дарк кард…

Ман ҳанӯз ҳам бовар надорам, ки Ибни Рушд беҳтар аз Ибни Сино Арастуро мефаҳмида… Албатта дар як ҷойҳое ҳақ бо Ибни Рушд аст, аммо на ин ки Ибни Сино нафаҳмидааст. Ибни Рушд мегӯяд, ки Ибни Сино Арастуро нафаҳмидааст. Посухе, ки ман медиҳам ин аст, ки Ибни Сино фаҳмидааст, вале нахоста арастуӣ боқӣ бимонад. Фарқ аст байни нафаҳмидан ва арастуӣ боқӣ мондан. Ибни Сино Арастуро хуб фаҳмида мисли Ибни Рушд ва шояд ҳам беҳтар, аммо Ибни Сино намехоста, ки арастуӣ бошад…

Ман мехоҳам бигӯям, ки Ибни Рушд мавзеъгириҳое дар бораи Арасту карда ва арастушиносон ҳам мегӯянд дуруст аст. Вале Ибни Сино аз Арасту убур карда ва майле надорад, ки дар Арасту боқӣ бимонад. Аммо Ибни Рушд дар Арасту мутаваққиф мешавад ва дар он мемонад ва дар фаҳм мӯътақид аст, ки фаҳми кулли ҳастӣ, фаҳми арастуӣ аст… Ибни Рушд тамоми талошаш ин буд, ки бидонад, ки Арасту чӣ мегуфтааст.”

Ва ин суханони ҷаноби Иброҳими Динонӣ дуруст аст. Фарқи Ибни Сино ва Ибни Рушд дар ин масъала дақиқан ҳамин аст, ки Ибни Сино пас аз фаҳми комили фалсафаи Арасту, дар порае аз масоили фалсафӣ, ки Арасту матраҳ карда, бо ӯ мухолиф буда ва назар ва дидгоҳе дигар дорад. Аммо ишкол дар ин аст, ки дар гузашта фалосифа масоилро на мисли имрӯза матраҳ мекарданд. Чунин набуд, ки масалан, як файласуф аввал биёяд ва назари он дигариро биёварад ва сипас ба нақди он пардохта ва дар поён назаре, ки худаш дуруст мешуморад матраҳ бикунад. Ғолибан чунин буд, ба хусус фалосифаи исломӣ чунин буданд. Воқеан, дар осори Ибни Сино хеле сахт аст, ки шумо битавонед назари дигаронро аз назари худи вай ҷудо бикунед ва бидонед, ки кадоминаш назари худи ӯст ва кадоминаш назари Арасту аст. Ва ҳатто дар мавориде, Ибни Сино чизеро, ки ҳосили талоши фикрии худаш аст, аз рӯи тавозуъ, ба Арасту нисбат додааст.

Ибни Сино ҳаргиз худро дар Арасту мутаваққиф накард, балки фалсафаи мустақилли худашро дошт. Бар хилофи Ибни Рушд, ки комилан пойбанд ба Арасту аст ва фаротар аз дидгоҳҳои вай пой нагузоштааст. Аз ҳамин рӯст, ки касе ки бихоҳад бо Арасту ва фалсафаи вай ошно бишавад, аз осори Ибни Рушд беҳтар бо фалсафаи Арасту ошно мешавад, то Ибни Сино. Ва аммо дар осори Ибни Сино назароти фалсафаии Арасту бо дидгоҳҳои худи вай тақрибан омехта аст ва бисёр сахт аст, ки битавонед ҷудо кунед. Ва шояд ҳамин ҷиҳат будааст, ки Ибни Рушд мӯътақид шудааст, Ибни Сино Арастуро нафаҳмида.
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Кимиёи саодат