Манобеи исломӣ

Забон

Аз рӯи толеъномаи Умари Хайём ҳисоб карда шудааст, ки ӯ 18 майи соли 1048 дар шаҳри Нишопур таваллуд шудааст. Нишопур яке аз шаҳрҳои асосии саньати Эрон буда, дар вилояти Хуросон ҷойгир шудааст. Солҳои кӯдаки ва наврасии Умари Хайём (1048-1066 с.) дар Нишопур гузаштааст. Умари Хайём аввал дар мадрасаи Нишопур, ки дар он вақт шӯҳрати калон дошт, машғули илм гашта ва баъдан таҳсили худро (1066-1047с.) дар Балх, Самарқанд ва Бухоро давом додааст.
Умари Хайём илмҳои дақиқ, аз ҷумла алҷабр, ҳандаса, ҳайъат, астрономия ва фалсафаро ба хуби омӯхтааст. Қуръон, таьрих, хуқуқшиносӣ ва ғайраҳоро аз бар намуда, забони арабӣ ва адабиёти арабиро хуби медонист. Маҳорати шеьрнависии баланд дошт. Умари Хайём астрология ва тибро низ омӯхта, аз нозукиҳои санъати мусиқи низ огаҳи доштааст. Ӯ асарҳои файласуфони қадими Архимед, Евклид, Аристотелро ба забони арабӣ тарҷума намудааст.
Хайём Қуръонро на фақат аз ёд медонист, балки ҳар як ояти онро эзоҳ дода метавонист.
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти ӯ дар соҳаи такмил ва ривоҷи масъалаҳои математики зоҳир мешавад. Ихтирои аввалини ӯ дар 25 солаги сурат гирифта буд. Дастоварди илмиаш «Трактат» дар бораи илми алҷабр ва алмуқабала, ки дар Самарқанд таълиф намуда буд, номи Умари Хайёмро ҳамчун олим шӯҳрат бахшид
Фаъолияти илмии Умари Хайём дар Бухоро (дар дарбори шаҳзодаи Хокон Шамс Алмулк) оғоз меёбад. Соли 1074 Умари Хайём ба дарбори шоҳ Малик, ки дар шаҳри Исфаҳон аст, даъват карда шуда буд.
Умари Хайёмро барои идора кардани обсерваторияи дарбор даъват карда буданд. Дар давоми 5 сол Умари Хайём бо ҳамроҳии олимони дарбор дар обсерватория назорат бурданд ва моҳи марти соли 1079 тақвими нав ихтироъ карданд, ки аз тақвими пешина 7 сония аниқтар буд.
Дар Исфаҳон дар дарбори шоҳ Малик Умари Хайём бо математика шуғл меварзид. Дар охири соли 1077 рисолаи илмиашро аз геометрия ба охир расонд. Соли 1080 аввалин рисолаи фалсафии Умари Хайём доир ба моҳияти умр ва ҳаёт таълиф гардид.
Соли 1092 баъди фавти шоҳ Малик лаҳзаҳои осоиштаи умри Умари Хайём ҳам ба охир расид.
Дар дарбори Турканхотун зани шоҳ Малик Умари Хайём ягон дастгирӣ намедид. Обсерватория пӯшида шуд. Пойтахти давлат аз Хуросон ба шаҳри Марв кӯчонида шуд. Умари Хайём ба Нишопур баргашт ва дар он ҷо то охири умри худ зиндагони кард. Хайём дар мадрасаи Нишопур машғули мударриси гардид. Дар он ҷо ҳам корҳои илмии худро давом дода, Рисола «Дар бораи санъати муайян кардани миқдори тилло ва нуқра дар моеъҳо»-ро навиштааст. Солҳои охири ҳаёти Умари Хайём бисёр ҳам вазнин буданд. Умари Хаём на танҳо чун олим ва файласуфи тавоно, балки ҳамчун шоири озодандеш ва дақиқбаён дар миёни мардум ва аҳли сухан шӯҳрат ёфта буд.
Бино ба маълумоти сарчашмаҳо Умари Хайём дар пиронсолагӣ ба зиёрати Маккаву Мадина мушарраф гаштааст. Баъди бозгашт аз ҳаҷ дар яке аз деҳаҳои Нишопур ҷой гирифта, то охири умр он ҷо мондааст.
Аз рӯи маълумоти маъҳазҳои адабии асрҳои миёна Умари Хайём оиладор набуда, фарзанд надоштааст. Хайём зиндагии фақирона гузаронида, чоруми декабри соли 1131 аз олам чашм мепушад.
Ҳоло марқади Умари Хайём аз зеботарин мавзеъҳо дар Нишопур ба ҳисоб рафта, зиёратгоҳи аҳли хунар ва дӯстдорону алоқамандони шеъри порси ва каломи мавзун мебошад. Дар сари қабри шоир мақбарае барҷост, ки ҳамеша гулафшону озода аст.

Осори илмии Умари Хайём
Дар ҷадвали поён, ҳамаи асарҳои машҳури илмии Умари Хайём, бо макони имрӯзаи онҳо оварда шудааст. Ҷойгиршавии осор мувофиқи соли таълифи онҳо мураттаб шудааст.

Номгуи асарҳо Мундариҷа, соли навишти он Ҷойгиршавии дастхатҳо
1. Мушкилоталҳисоб (Мушкилоти арифметика) Асари арифметики, соли 1066-1074 Ёфт нашудааст
2. Бе номгуй Асари арифметики Техрон
3. Рисола фил барахин ала масайил алҷабр вал муқобила (асар оиди ҳал намудани масъалаҳои алгебра) Асари илми алгебра, соли 1069 Париж, Лейден, Лондон, Ню-Йорк
4. Шарҳ ма ашқала мин мусодарот китоб Уклидис (Шарҳ ба мушкилоти муқаддимаи китоби Евклид) Асари илми геометрия, соли 1077 Лейден
5. Мизоналҳикам (Мизони ҳикмат) Асари илми физика, соли 1066-1074 Петербург, Бомбей, Хайдаробод
6. Мухтасар фит табиият (мухтасар оиди табиатшиноси) Асари илми табиатшиноси Ёфт нашудааст
7. Ливозим алмақина (оиди маконҳо) Асари илми табиатшиноси Ёфт нашудааст
8. Рисолат алқоун ваттаклиф (оиди моҳият) Асари фалсафави, соли 1080 Қоҳира?
9. Алҷавоб ан салас масайил (Ҷавоб ба се савол) Асари фалсафави, солҳои 1080-1091 Қоҳира?
10. Аддийа алақли фи мауду алилм алқулли (Чароғи ақл оиди илмҳои умуми) Асари фалсафави, солҳои 1080-1091 Қоҳира?
11. Рисола фил вуҷуд (асар оиди моҳият) Асари фалсафави, солҳои 1080-1091 Берлин, Пуна, Техрон
12. Зичи Маликшоҳи (ҷадвали астрономии Маликшоҳ) Ҷадвали астрономи Париж
13. Рисола фи қуллийат алвуҷуд (асар оиди моҳияти умуми) Асари фалсафави Лондон, Париж, Техрон
14. Наврӯзнома Асари таърихи, соли 1095- 1098 Берлин, Лондон

Ба ғайр аз ин рисолаҳои илмие, ки зикрашон рафт, ба Хайём асарҳои назарияи мусиқи, физика, ҷуғрофия ва ҷадвалҳои астрономии низ тааллуқ доранд. Ҳамчунин дар соҳаи тиб дастовардҳои илми ва назарии ӯро низ дар назар бояд дошт, ки қисман дар «Наврӯзнома» зикр гаштааст.
Дар таърихи адабиёти форсу тоҷик номи Умари Хайём бо инкишоф ва ривоҷи анъанаи рубоисарои сахт тавъам аст. Бо баробари таълифи осори илми, ӯ ҳамчун шоири маҳбуб ва рубоисарои беҳамто шӯҳрат ёфта, дар эҷоди жанри хурди лирики тавонотарин шоир маҳсуб мегардад.
Мавзуи рубоиёти Хайём гуногун буда, аксаран афкори фалсафи ва мушоҳидаҳои ӯро нисбати ҳаёт ва ичтимоъ дар бар мегиранд

Бар кӯзагаре парер кардам гузаре,
Аз хок ҳаменамуд ҳар дам ҳунаре,
Ман дидам, агар надид ҳар бебасаре,
Хоки падарон бар кафи ҳар кӯзагаре.

Масъалаи ишқу ошиқи ва ҳаётдӯстиву баҳравар гаштан аз неъматҳои дунё дар рубоиёти Хайём мақоми воло доранд. Хайём ҳар лаҳза ва ҳар соати умрро ганимат мешуморад ва барои хушу гуворо гузаронидани умр тақозо менамояд:

Гар як нафасат зи зиндагони гузарад,
Магзор, ки ҷуз ба шодмони гузарад.
Зинҳор, ки сармояи ин умри ҷаҳон,
Умр аст, бад-он сон гузарони, гузарад.

Рӯзе, ки гузаштааст, аз ӯ ёд макун,
Фардо, ки наёмадаст, фарёд макун.
Аз н-омадаву гузашта фарёд макун,
Ҳоли хуш бошу умр барбод макун.

Шоир якумр дар орзуи ҷомеаи хаёли ва афсонавие буд, ки дар он ҳама мардумон шодком бошанд ва гаму андух яксара аз олам бардошта гардад. Дунёи идеали, ки ӯ тасаввур мекард, танҳо аз хушбахтиву нишот иборат буда, ноадолативу бебарориҳо дар он ҷой надошт. Дар ин рубоии Хайём орзуву ормони тамоми мардумони рӯи олам таҷассум ёфтаанд:

Гар даст бар лавҳи қазо доштаме,
Бар майлу муроди хеш бингоштаме.
Гамро зи ҷаҳон яксара бардоштаме,
В-аз шодди сар бар чарх афроштаме.

Дар рӯбоиҳои Хайём маънои маҷози низ вуҷуд дорад, ки онро хонанда метавонад ба тарзи худ фаҳмад: ин муҳаббат нисбати Офаридгор ва мехри бепоён нисбати инсон аст.

Аз сирри нухуфтаат хабар хоҳам кард,
В-онро ба ду ҳарф мухтасар хоҳам кард.
Бо ишки ту дар хок фуру хоҳам шуд
В-аз мехри ту сар зи хок бар хоҳам кард.

Инсон ба Каҳкашон шабоҳат дорад, имкониятҳои ӯ ба мисли сипехр бепоён аст:

Моем, ки асли шодиву кони гамем,
Сармояи додему ниҳоди ситамем,
Пастеву баландему камолему камем,
Оинаи зангхурдаву ҷоми Ҷамем.

Дар ниҳояти сухан гуфтанием, ки тамоми рубоиёти Умари Хайём нишони ифтихор нисбати қувваи бузурги инсон ва муборизаи ӯ алайҳи беадалотиҳост:

Гар бар фалакам даст буди чун Яздон.
Бардоштаме ман ин фалакро зи миён,
В-аз нав фалаке дигар чунон сохтаме,
К-озода ба коми дил расиди осон.

Ҷаҳони Умари Хайём
Умари Хайём. Бале, маҳз ҳамин тавр ӯро дар тамоми ҷаҳон мешиносанд. Номи пурраи ӯ Ғиёсиддин Абдулфатҳ Умари Хайём ибни Иброҳими Нишопури буда, симои ӯ бо қиссаҳои зиёд шӯҳратманд шудааст. Таърихи ҳаёти ӯ то замони ҳозира муаммо ва пурасрор аст.
Ки буд ӯ пеш аз ҳама? Шоир? Ситорашинос? Математик? Файласуф? Ё мумкин ҳам ин ва ҳам вай?
Таърих шоҳиди зинда аст, ки дар тамоми фаъолияти инсони нобигаҳое ҳастанд, ки саҳми худро гузоштаанд. Чунин шахсиятҳо зиннатдиҳандаҳои тамоми авлоди инсони ҳастанд, яке аз волотарин дастовардҳо ва фонди тиллоии инсон ба ҳисоб мераванд. Оё мумкин аст, ки Хайёмро ба ин қабил баробар кунем? Якинан…
Саволе ба миён меояд: кадом ҳудуди истеъдоди ҳаматарафаи ӯ ҷаззобтар аст? Барои ҷовид мондани ӯ дар таърих чи сабаб шуд? Ибни Сино ҳамчун донишманд, файласуф ва табиб, Леонардо да Винчи аз бисер чиҳат қобилиятнок, хусусан дар соҳаи санъати тасвири… Ин мисолҳо беҳудуданд…. Маҳз кадом маҳорати Хайёмро ба ҷои аввал гузошта метавонем?
Дар шуури инсонҳо Хайём – ин пеш аз ҳама шоири нотакрор аст. Мачмуаи шеърҳои ӯ ба бисер забонҳои дуне тарҷума шудаанд ва маҳз аз рубоиҳои ӯ дар тамоми ҷаҳон Хайёмро мешиносанд. Вақте ки Хайёмро кас мутолиа мекунад, шахс намедонад, ки аз паи кадом фикри навишташуда раҳсипор шавад, ё танҳо аз зебогии ин чор мисраъ баҳра барад. Бо кадом нозукиаш ин рубоёти Хайём диққати касро ҷалб мекунад? Бо мухтасариаш? Бо хоксори? Ё мумкин бо фикри фишурдашудаи файласуфи? Ҳар кас бояд ба ин савол худаш ҷавоб ёбад. Чунки ҳар шахс қобилияти хусусии идроки қабули шеърро дорад. Барои ҳамин дар ҳар гуна синну сол мо мазмуни рубоёти Хайёмро гуё аз нав ба худ мекушоем.
Хайёмро ҳамчун шахсият ва шоир танҳо дар қаринаи давраи худ фаҳмида метавонанд, ки он давра давраи пурҷушу хуруш, бераҳм ва макру ҳиял буд. Умари Хайёмро мо наметавонем хеле одди қабул намоем. Гарчанде ки ӯ дар он замон таваллуд ёфта бошад ҳам, ӯ ғуломи замони худ нашуд. Хайём аз он замон озод шуд, лекин фарзанди асрҳои 11- 12 монд.
Умари Хайём. Ин ном дар оянда низ ҳамаро ба вачх меорад. Олами Хайём дар рубоёти ӯ пурра акс ёфтааст, чи хеле ки дар асарҳои илмии ӯ қариб ҳамаи мушкилоти ин илмҳо ҳалли худро ёфтаанд, дар чормисраи ӯ низ тамоми ҳачми нозукиҳои ҳаёти инсони ҷой гирифтаанд, ки ин сабаби миллионҳо хонанда доштани Хайём аст. Ҳар хонандае, ки Хайёмро мутолиа мекунад, гуё бо ӯ ҳамшарик мешавад ва пурра дарк мекунад ҳиссиётҳои Хайёмро дар вақти навишти ин рубои…

Манбаъ: literatura.tarena.tj