Манобеи исломӣ

Забон
  1. Саҳифаи асосӣ

  2. article

  3. Таҳрим ва таҳлил ҳаққи Худо аст

Таҳрим ва таҳлил ҳаққи Худо аст

Rate this post

Ба номи Худованди бахшандаву меҳрубон

Ҳарки аз гуфтани сухани ҳақ дар мавриде, ки бояд бигуяд хомуш меистад шайтони гунг ва безабон аст. ( Абуалии Даққоқ )

Агар бинӣ, ки нобинову чоҳ аст,

Дигар хомӯш биншинӣ гуноҳ аст. (Саъдӣ)

Болотар ва беҳтар аз ин гуфтаҳо каломи Худованди таборак ва таъоло аст, дар шаъни касоне, ба вижа олимоне, ки сухани ҳақро медонанд, вале онро аз руи тарс ва ё ғаразҳои пасти нафсонӣ ва дунявӣ аз назари мардум китмон ва пинҳон медоранд. Худованд ин афродро бо шадидтарин лаҳн ва ваъид мавриди сарзаниш қарор дода мефармояд:<<Касоне, ки далоили равшан (сухани ҳақ) ва ҳидоятгари моро баъд аз оне, ки барои мардум баён намудаем (аз мардум) пинҳон мекунанд, Худо онҳоро лаънат ва нафрин мекунад, (на фақат Худо), балки ҳамаи лаънаткунандагон онҳоро лаън ва нафрин мекунанд.>>(сур,2,ояти,159)

Ояти карима хабар медиҳад: касоне оёт ва аҳкоми Худоро аз мардум мепушонанд малъун ва нафрин шуда ҳастанд. Тибқи ривоёт ва аҳодис сабаби нузули ояти муборака ҳақпушӣ, фатвофурушӣ ва таҳрифкорииуламои яҳуд аст, ки ба хотири ҷамъ намудани пулу сарват, ва ба даст овардан ва ё аз даст надодани мақому мансаб ва розӣ сохтани ҳокимони асри худ, оёти Тавротро таҳриф мекарданд ва мувофиқи майл ва хостаҳои хоҷагонашон онро шарҳу тафсир мекарданд, ва сухани ҳақ ва ҳукми Худоро аз мардум пинҳон медоштанд ва аз ин роҳгузар хиёнат дар дини Худо мекарданд.

Гарчи руи сухан дар ин ояти шарифа чуноне, ки гуфтем ба уламои яҳуд аст, вале бо иттифоқи ҷумҳури муфассирин, ин сабаби нузули хос ҳаргиз мафҳум ва маънои ояро, – ки як ҳукми куллӣ ва умумӣ дар бораи ҳамаи пинҳонкунандагони ҳақ дар тули таърих ҳаст – маҳдуд намекунад. Аҳли тафсир мегуянд: <<Ал-ибрату би умумил-лафз, ло бихусусис-сабаб>> яъне: дар фаҳм ва ҳукми оёти Қуръон лафзи оми он муътабар аст, на сабаби нузули хоси он. Ба ин манзур Худованд дар ояти муборака исме аз яҳуд ва уламои яҳуд дар миён наовардааст. Таҳдид ва мазаммате, ки дар ояти мавриди баҳс, нисбат ба китмонкунандагон ва пинҳонкунандагони ҳақ омадааст, дар Қуръон назир надорад.

Барои фаҳми ин гуфта ба қисмати охири ояти муборака таваҷҷуҳ бифармоед! <<(балки) ҳамаи лаънаткунандагон онҳоро(пинҳонкунандагони ҳақро) лаъну нафрин мекунанд…>>

Чаро Худованд (ҷ) лаънаткунандагонро – ба исми сифат зикр намудааст, на ба исми хос? Яъне чаро нагуфт: ҳама фариштаҳо ва ё ҳамаи инсонҳо лаънат мекунанд… балки гуфт: ҳамаи лаънаткунандаҳо…

Посухи ин суолро Имом Муҷоҳид ва Икрима чунин гуфтаанд: <<Муайян накардани лаънаткунандагон, ишора ба ин аст, ки ҳама чиз ва ҳамаи махлуқоти ҷаҳон, аз ҷумла тамоми ҳайвонот ва ҳатто ҳашарот, пинҳонкунандагони ҳақро лаънат мекунанд.>>

Имом Қуртубӣ дар тафсири хеш бо ин маъное, ки гузашт ҳадисеро бо исноди Ибни Моҷа аз Паёмбари Худо (с) нақл кардааст. (ниг, Маорифул-Қуръон)

Чаро Худованд нисбат ба китмонкунандагони ҳақ чунин таҳдид ва лаъну нафрини шадидро раво дидааст? Зеро ҳақпушӣ дар ниҳоят баҳақкушӣ сабаб мешавад. Ва ин амали зишт метавонад миллатҳо ва наслҳоро дар гумроҳӣ нигоҳ дорад. Оре чи хиёнате болотар аз ин аст, ки донишмандон оёт ва аҳкоми Худоро, ки амонати илоҳист, ба хотири манофеъи шахсии хеш ва ё розӣ кардани хоҷагонашон пинҳон мекунанд, ва аз ин роҳ мардумро ба залолату гумроҳӣ мекашонанд.

Ногуфта намонад, ки гоҳе сукут кардан ва хомуш истодан дар ҷое, ки бояд сухан гуфт ва ифшогарӣ ва изҳори ҳақ кард, мисдоқи китмони ҳақ ва далели сидқи пинҳон кардани ҳақиқат аз мардум мебошад.

Тарсам аз шарми ту дар рузи шумор,

Пурсадат он обу руи эътибор.

Илми Ҳақ аз ҳазрати Мо бурдаӣ,

Пас чаро бар дигарон наспурдаӣ?

Мақсад аз ин навишта чуноне, ки Аллома Иқболи Лоҳурӣ ба уламо ҳушдор медиҳад, адои амонати илоҳӣ, ва раҳонидани хеш аз хиҷолату шармандагӣ дар маҳзари Худо (ҷ) ва Расули Худо дар рузе, ки бо баррасии парвандаҳои аъмол, ҳақ аз ботил ва бандаҳои Холиқ аз бандаҳои махлуқ ҷудо мешаванд, мебошад

Ай хуш он руз, маҳаки таҷриба ояд ба миён,

Пас сиёҳруй шавад ҳар, ки дар-у ғиш бошад.

Имруз он таҳаки таҷриба ва санги озмоишу санҷиш барои ташхиси имону диёнати мусулмонон ба вижа олимон дар миён омадааст. Оре имруз бо ин имтиҳони пешомада олимони доъӣ ва ҳақгу аз олимони сокит ва ҳақпуш ва муъминони содиқ аз муъминони козиб ва бандагони Худо аз бандагони ғайри Худо (ҷ) бо сафеду сиёҳ шудани чеҳраҳо ҷудо ва фарқ мешаванд.

Имруз мехоҳам барои бо руи сафед берун омадан аз ин имтиҳони имонӣ ба андозаи

бизоати ночизе, ки дар ихтиёр дорам ҳукми Худо (ҷ) ва дини Худоро роҷеъ ба масъалаи ташвишоваре, ки манъи никоҳи хешовандони наздик аст, баён бикунам. Бинбар ахбори матбуот имрузҳо намояндагони мардумӣ дар Маҷлиси Намояндагон лоиҳаи қонуни манъи ин навъи никоҳро, ки дар таърихи қонунгузории кишварҳои дунё собиқа надорад, таҳия ва омода намуда истодаанд. Худо накунад, ки он лоиҳа рузе бо пахши тугмачаҳои сабзи сиёҳгашта ба тасвиб расида ва ба ҳукми қонун дарояд, ва мояи хиҷолату шармандагии миллати тоҷик дар тули таърих гардад. Ба вижа сабаби русиёҳӣ ва лаъну нафрин шудани гуруҳи олимоне гардад, ки метавонистанд чизе бигуянд ва ё бинависанд, вале чун шайтони гунгу безабон дар баробари ин таҷовуз ва ҷинояти динӣ дар марҳилаи феълӣ, ки марҳилаи изҳори назар ва муҳокимарониҳо аст, хомуширо ихтиёр намуданд. Ва бо ин сукути нафриновари хеш чароғаки сабзро барои тасвибкунандагони қонун равшан намуданд.

Хонандагони азиз! Бидонед, ки никоҳ ва ё издивоҷ дар шариъати муқаддаси ислом як амри муҳимми динӣ ва ибодатӣ ба шумор меравад. Дар Қуръону Суннат дар баёни аҳкоми он аз ҷониби Худо ва Расул оёт ва аҳодиси фаровоне зикр шудааст. Аҳамияти он ба андозаест, ки дар тамоми китобҳои фиқҳӣ як бахши махсусе роҷеъ ба масоил ва аҳкоми никоҳ, хос ва муқаррар карда шудааст. Яке аз масъалаҳои марбут ба он масъалаи муҳаррамот ва муҳаллалот дар амри никоҳ ва издивоҷ аст. Яъне: чӣ афроде аз нигоҳи дини мубини ислом барои мард ва зани мусулмон никоҳраво ва чӣ касоненикоҳнораво ҳастанд. Ин масъала то ҳадде нозук ва бузург аст, ки Худованд (ҷ) дар матни китоби хеш – Қуръони азимуш – шаън – афроди никоҳраво ва никоҳнораворо сароҳатан муайян намудааст.Чаро?… Зеро, чуноне ки гуфтем никоҳ як амри муҳимми динӣ аст, ва бояд донист, ки дар амри динӣ ҳаққи таҳрим ва таҳлилро фақат ва фақат Худо (ҷ) ва Расули Худо (с) дорад. Дар масъалаи афродиникоҳраво ва никоҳнораво Худо ва Расул нуқтаи таммат гузоштаанд. Дигар ҳеҷ касе дар ин масъала ҳаққи чизе каму беш ва ё изофаву илова карданро надорад. Хусусан дар масъалаи никоҳи хешовандӣ Аллоҳ ҷалла ҷалолаҳу дар сураи <<Аҳзоб>> ояти 50-ум хитоб ба Паёмбари маҳбубаш (с) бидуни парда ва кинояу маҷоз, возиҳу равшан мефармояд: <<Ай Паёмбар! Мо ҳамсарони туро, ки маҳрашонро пардохтаи барои ту ҳалол кардем, ва ҳамчунин канизонеро, ки Худованд (ҷ) ба ту бахшидааст ва (инчунин никоҳи) духтарони амак ва духтарони амма, ва духтарони тағоӣ ва духтарони холаро (низ бароят ҳалол кардем)…>>

Ончи тарҷума кардем, бахше аз ояти муборака аст, ки қисмати охири он пиромуни мавзуи баҳси мо суҳбат мекунад. Ба гумонам мавзуъ он қадр аз тарҷума возиҳу равшан аст, ки дигар ниёзе ба шарҳу тафсири лафзӣ надорад. Танҳо тафсири амалии ояти муборакаро аз суннати саҳиҳаи Паёмбари Худо (с) , ки нахустин муфассир ва мубайини оёти Қуръон ҳастанд, мехоҳам манзури шумо азизон бикунам:

Аввалан: Бо хабари Қуръон ва ривоятҳои саҳиҳ аз ҷониби муҳаддисин ва муаррихин собит гаштааст, ки Паёмбари Худо (с) бо духтараммаи худ Зайнаб бинти Ҷаҳш, ки модараш Умайма духтари Абдулмутталиб, ки бобои падарӣ барои Расули Акрам (с) аст баъд аз оне, ки шавҳараш – Зайд – уро талоқ дод издивоҷ кардаанд. Он ҳам чи издивоҷе? Издивоҷи осмонӣ ва илоҳӣ ба насси сариҳи Қуръонӣ, на издивоҷи заминӣ. Зеро Худованди таборак ва таъоло худ эшонро ба якдигар тазвиҷ карданд ва хабари онро дар Қуръони карим дар ояти 37-и сураи Аҳзоб то явмул-ҷазо эълон намуданд: <<Ҳангоме, ки Зайд уро(Зайнабро) талоқ дод, мо уро ба ҳамсарии ту даровардем…>>

Инчунин дар таърих ва ривоят омада, ки Паёмбари Худо (с) ба мақсади издивоҷ, аз Умми Ҳонӣ духтари бевамондаи амакашон Абутолиб низ хостгорӣ кардаанд. Вале аз сабаби узрхоҳии Умми Ҳонӣ, ки атфоли зиёде доштанд аз хостгории эшон сарфи назар карданд. (тафс,Қуртуби, сур, Аҳзоб,)

Сониян: Дар Маккаи мукаррама қабл аз биъсат ва паёмбарӣ Расули Акрам (с) нахустдухтари хеш – Зайнаб-ро ба ақди никоҳи писархолаи Зайнаб – Абулъос ибни Рабиъ – дароварданд. Ва баъд аз омадани ислом ва нубуввату пайғамбарӣ Расули Худо (с) никоҳи эшонро барқарор доштанд. Ва низ дар аҳди Макка Паёмбари Худо (с) ду духтари дигари худ – Руқайя ва Умми Кулсумро бо ду писари амаки дигарашон – Абулаҳаб – тазвиҷ карданд. Вале ин издивоҷ ба сабаби куфр ва ъиноду душмание, ки баъдан Абулаҳаб нисбати Паёмбари Худо (с) варзиданд, ба талоқ ва ҷудои анҷом ёфт. (таър, Раҳиқул-махтум)

Ва саранҷом он Ҳазрат (с) духтари охирини худ – Фотима (р) – ро ба ҳамсарии писари амакашон – Али ибни Абутолиб – дароварданд. Исботи никоҳи ҳазрати Али (р) бо Фотима (р) иҳтиёҷ ба зикри маъхаз ва мадрак надорад.

Солисан: Баъд аз Паёмбари Акрам (с) Ҳазрати Али (р) духтари худ – Зайнаб-ро ба писари бародараш – Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар – тазвиҷ карданд. Ҳамин тавр фарзандони Имом Ҳасан (р) ва Имом Ҳусайн (р) ба хотири ҳифзи насаб ва зоиъ нашудани сиёдат ва хонадони нубувват, ғолибан бо ҳамдигар издивоҷ доштаанд. Ва эшон никоҳи духтарони худро ба марде, ки аз хонадони нубувват набуд муносиб намедонистанд. Ҳатто дар ин робита дар фиқҳи исломӣ фасли махсусе бо исми: кафоат ва ҳамтои мутазаввиҷон дар китоби никоҳ зикр карда шудааст.

Ин чанд намунае аз никоҳи хешовандӣ дар хонадони Нубувват буд, ки мо онро барои исботи машруъияташ пешкаши шумо азизон гардонидем. Аз ин ҷиҳат ҳама мазоҳибӣ исломӣ – аам аз суннӣ ва шиъӣ – бо иҷмоъи хеш бар ҷавоз ва машруъияти никоҳи хешутаборӣ иттифоқи назар доранд.

Дар ин мавзуъ агар бихоҳем аз таърихи бузургони салаф оморгирӣ намоем ва ё аз суханони имомон ва фуқаҳои мазҳаби исломӣ иқтибос биорем, шояд навиштаи мо – ба қавли Мавлоно – ҳафтод ман коғаз шавад. Пас аз гуфтаҳои боло натиҷагирӣ мешавад, ки машруъияти никоҳи хешовандӣ ҳам бо насси сариҳи Қуръонӣ, ва ҳам бо суннати саҳиҳи Набавӣ, ва ҳам бо иҷмоъи уммати Муҳаммадӣ собит гаштааст. Дар шариъати муқаддаси ислом ҳар қазияи машруъе ва ё ҳар ҳалол ва ҳароме бо чунин далоили қатъӣ собит гашта бошад, пас ҳукми он табдил ва тағйирнопазир аст. Ҳаққи таҳрим ва таҳлил ва ё ҳалол ва ҳаром кардани чунин амреро барои мардум на шайху муллое, ва на ҳокиму подшоҳе ва на шурову ҳайати ҳокимае – ба шарте мусалмон бошанд – надорад. Балки дастдарозӣ дар ин амр як навъ таҷовузе ба ҳаққи Худо (ҷ) аст. Зеро аз назари шариъати муқаддаси ислом ҳалол ва ҳаром намудани ашъё барои мардум танҳо ва танҳо ҳаққи Худо (ҷ) ва Расули Худо аст. Худованд (ҷ) дар Қуръони карим бандагонашро аз чунин густохӣ сароҳатан манъ намудааст: <<Ай муъминон! Чизҳои покизаеро, ки Худованд (ҷ) барои шумо ҳалол кардааст (бар худ ва ё бар дигарон) ҳаром накунед! Ва аз ҳад (ва андозаи худ) таҷовуз нанамоед! Зеро Худованд (ҷ) таҷовузкунандагонро дуст намедорад>>(сур, Моида, оят,87)

Муфассирини киром мефармоянд: яке аз сабабҳои нузули ояти муборака рафтори нодурусти саҳобии Паёмбари Худо – Усмон ибни Маъзун – буд. Эшон ба василаи савганд никоҳ ва омезиши ҷинсӣ бо ҳамсарашро бар худ ҳаром гардониданд. Худованд бо фиристодани ояти гузашта муъминонро аз чунин рафтори нодуруст манъ намуданд.

Хонандагони азизи мо бояд бидонанд, ки таҳрим ва ё ҳаром гардонидани ашъё ду навъ мешавад:

Яке таҳрими ҳалол бар нафси худ. Яъне мусулмоне як шайъ ва ё амреро, ки дар шариъат ҳалол аст, ба василаи қасам хурдан бар худ ҳаром мегардонад. Мисли қазияи Усмон ибни Мазъун, ки боло зикр намудем. Ва ё назири он, шахсе гушт ва ё нон ва амсоли онро ба василаи қасам бар худ ҳаром мегардонад. Ҳукми чунин таҳриме дар шариъат мамнуъ ва мазмум аст. Агар ба қасди ибодат ва қурбат карда бошад. Дар чунин мавриде агар савганд ба номи Худо (ҷ) хурда бошад лозим аст, ки он қасами худро бишканад. Ва аз он неъмати ҳалоли қасамхурда, истифода барад. Ва баъдан каффорати қасамро адо намояд. Вале агар таҳрими у муваққатан ба мақсади табобат ва маслиҳати дигаре бошад, пас он мубоҳ ва ҷоиз аст. Чуноне, ки Ҳазрати Умар (р) соле, ки гушт дар Мадинаи мунаввара қимат ва гарон шуд савганд хурданд: ки то гушт арзону фаровон барои ҳамаи мардум нашавад, онро намехуранд.

Навъи дуввум – таҳрими ҳалол бар дигарон аст. Мисли он, ки муфтӣ ва ё шуро ва ҳайати ҳокимае як чизеро, ки Худованд (ҷ) ҳалол кардааст, бо судури фатво ва ё бо баровардани қарор ва қонуне, бар мардуми мусулмон ҳаром ва мамнуъ мегардонад. Ин навъи таҳрим,ҳаром ва гуноҳи бузург буда, ҷоиз шуморидан ва гуноҳ надонистани онкуфр ва хориҷ шудан аз доираи ислом аст. Зеро он ба маънои дастдарозӣ кардан ба ҳаққи Худо (ҷ) ва қонун баровардан дар муқобили қонуни Худо мебошад.

Паёмбари Акрам (с) дар ҳадиси саҳиҳе мефармояд: <<Ҳар чиро Худованд (ҷ) дар Қуръон ҳалол намуда, пас он ҳалол аст, ва ҳар чиро дар он ҳаром карда, пас он ҳаром аст.>> (рив, Ҳоким ва Баззор) Таҳрим ва ҳаром гардонидан дар луғат ба маънои: манъ кардан ва боздоштан аст. Пас баровардани қонун барои манъи никоҳи хешовандӣ ба маънои таҳрим намудани он бар мардуми мусулмон аст. Ва он ҳамон чизест, ки Худованд аз он наҳй намудааст.

Миллати мусулмони тоҷик зиёда аз 1300 сол аст, ки бо ислом ва аҳкоми Қуръон аз гаҳвора то гур зиндагӣ карда ва мекунад. Ба вижа дар масъалаи никоҳ аксари мардуми тоҷик мултазим ва пойбанд ба ислом буда ва мебошанд. Имруз шояд 99% дар сад аз 99,4% дар сади мардуми мусулмони тоҷик бо ақди никоҳи исломӣ зиндагии оилавии худро ташкил намуда ва мекунанд. Ҳатто онҳое, ки дар масъалаи намозу руза, арақу зино мултазим ва пойбанд ба амру наҳйи ислом нестанд, ҳатман дар масъалаи никоҳ муқайяд ба ислом ва расму оини исломӣ ҳастанд. Аз ин ҷиҳат бидуни ақди никоҳи исломӣ издивоҷ намекунанд, ва ҳатто ба ақди никоҳи идораҳои давлатӣ (ЗАГС) иктифо ва эътимод намекунанд. На танҳо дар замони мо, балки дар даврони ҳукумати Шуравӣ аксари атеистҳои тоҷик, ки мубаллиғони мазҳаби бехудоӣ буданд, бо ақди никоҳи исломӣ, – пинҳонӣ – ба зиндагии оилави худ қадам мегузоштанд. Аз ин ҷиҳат депутатҳои муҳтарам қабл аз он, ки мехоҳанд тугмачаҳоро пахш намоянд, хуб андеша бикунанд, ки дар чи амри бузург ва хатарноки динӣ ва таърихие, доранд иқдом мекунанд. Онҳо набояд қонунеро, ки бо дину ойин ва суннату анъанаҳои қадимии ин миллат мухолифат дошта бошад, қабул намоянд. Чунин қонуне дар байни мардуми мусулмон ҳеҷ гоҳ мақбулият, ва эҳтирому ҳурмат ва умри дароз нахоҳад дошт. Зеро бузургон гуфтаанд: <<Ҳар гоҳ бихоҳед нисбати фармони шумо нофармонӣ шавад, пас раиятро (мардумро) ба коре амр намоед, ки иҷроиши он барояшон имконнопазир ва ё ғайри қобили қабул бошад>>

Бинобар ин, қонунгузорони кишвар набояд бо баровардани қонунҳои зиддидинӣ мардуми мусулмонро маҷбур ба қонуншиканӣ намуда, онҳоро байни обу оташ қарор бидиҳанд. Яъне набояд мардумро дар ҳолате қарор бидиҳанд, ки Худо (ҷ) ва дини Худо (ҷ) мегуяд: бикун!Аммо қонун мегуяд: накун! Ва ё баръакс. Дар ҳоле ки Паёмбари Худо фармудаанд: <<Мусулмон дар маъсият ва нофармонии Худо (ҷ) аз ҳеҷ касе итоъат намекунад.>> (рив, Аҳмад)

Баҳонаҳо ва оморҳое, ки барои ташвиқ ва таҷвизи қонуни манъи никоҳи хешовандӣ дар телевизион ва матбуот зикр мешавад, ғолибан иғроқ ва муболиғаомез аст. Ифроту зиёдаравӣ дар ин амр то ҷоест, ки дар яке аз ҳафтаномаҳо хонда будам, ки аз ҳар сад никоҳи хешовандӣ танҳо 25-30 фарзанди солим ба дунё меояд. Яъне 70-75 фоизи он ноқисул – хилқа ва маъюб таваллуд мешавад.

Хонандагони азиз! Ҳар кадоми шумо метавонед сидқу кизби ин рақамро ва ё дурустию нодурустии ин хабарро ба танҳоӣ муайян намоед. Зеро дар маҳалли зисти шумо ва дар байни хешу ақрабо ва ёру дустони шумо, агар таҳқиқ намоед, ҳатман оилаҳои хешу табори наздик пайдо мешаванд. Сипас шумо худатон онҳоро оморгирӣ намоед. Ва бубинед, ки чанд фоиз ва ё чанд нафари эшон фарзандҳои маъюб ва маслуқ доранд? Ва ҳоло он, ки омилҳо ва сабабҳои маъюбшавии навзодҳо бисёр аст. То ҷое, ки ин ҷониб маълумот дорад, омилҳои он: ирсӣ, нашъамандӣ, майзадагӣ, сигоркашӣ ва истифодаи доруҳои зидди ҳамл дар айёми ҳомиладорӣ… ва ғайра мебошад. Оре гоҳо иттифоқан никоҳи хешутаборӣ низ сабаби заиф ва ё маъюб таваллуд шудани фарзанд мешавад. Чуноне, ки дар баъзе ривоятҳои заифа омадааст (ниг, Иҳёул-улуми Ғаззолӣ.) Вале он бинобар хабари шабакаҳои илмӣ – телевизионӣ фоизи хеле кам – тақрибан 4-5 фоизро ташкил мекунад. Дар ҳоле, ки шумораи навзодҳои маъюб аз таъсири нашъа, шароб, ва сигор ба маротиб бештару зоидтар мебошад аз маъюбҳое, ки аз никоҳӣ хешутаборӣ ба дунё меоянд. Агар намояндагони парлумон воқеъан дар фикри насли солим ва солиҳ барои миллати тоҷик бошанд, пас қабл аз қонуни манъи никоҳи хешутаборӣ хуб мешуд барои манъи фуруш ва истеъмоли бе ҳадду марзи шаробу сигор низ қонуне қабул мекарданд. Ногуфта намонад, дар аксар кишварҳои ғарбӣ – масиҳӣ бо вуҷуде, ки арақ ва сигор дар дини эшон ҳалол аст, вале фуруш ва истеъмоли он ба ҷойҳои махсус ва ба афроди синну соли махсус – боло аз 18 сол – маҳдуд карда шудааст. Пас хуб мешуд, қонунгузорони мо ҳам дар ин амр тақлид ба ғарбиҳо намуда, барои фуруш ва истеъмоли ин ду заҳри қаттоли иҷтимоӣ ҳадду марзе муайян мекарданд. Ҳамон тавре, ки бар зидди маводи мухаддир бо тақлиди эшон қонунҳои сахти ҷиноӣ қабул намудаанд. Зеро зарарҳои фардию иҷтимоие, ки шаробу сигор дорад, агарчи беш аз зарари маводи мухаддир набошад ҳам, кам нест.

Агар никоҳи хешовандони наздик бо он фоизе, ки мубаллиғони қонуни манъ, мегуянд наслро носолим ва маъюбу маслуқ мекард, бояд аз мардуми араб насли солиме дар дунё боқӣ намемонд. Зеро ҳеҷ миллати мусулмоне мисли арабҳо дар никоҳи хешовандони наздик ифрот ва зиёдаравӣ надорад. Аксари никоҳҳои эшон то имруз тибқи урф ва анъанаҳои миллии қабл аз исломӣ аз хешовандони наздикашон аст.

Бинобар ахбори ҳафтаномаҳои руз сухани охир ва ҳалкунандаро дар қабул шудан ва нашудани қонуни манъи никоҳи хешутаборӣ мутахассисони соҳаи тиб аз вазорати тандурустӣ мегуфтаанд. Умедвор ҳастем, эшон бо дарк ва эҳсоси масъулияти таърихие, ки бар душ доранд, дар тасмимгириҳои хеш мунсифона қазоват мекунанд. Дар қазоват ва ҳукм кардан, на танҳо бар омори маъюбҳое, ки ба дармонгоҳҳои эшон муроҷиат кардаанд, иктифо ва эътимод бикунанд. Зеро чуноне, ки мегуянд: назди табиб фақат касоне мераванд, ки ранҷуру беморанд. На онҳое, ки тандурусту солиманд. Бинобар ин барои дақиқ шудани омор хуб мешуд, ки мутахассисини ин соҳа суроғи оилаҳое, ки хешу табори наздиканд, вале фарзандҳои солим доранд, низ бираванд. Ва омори онҳоро комилан бигиранд. Ва инчунин шумораи фарзандҳои маъюберо, ки аз волидайни бегона таваллуд шудааст, низ дар ҳисоб бигиранд. Баъд аз он руи ин масъала одилона қазоват ва доварӣ намоянд.

Пеш аз он, ки охирсухани хешро бигуям, мехоҳам тааҷҷуб ва ҳайрати худро аз матраҳ шудани ин қазия аз ҷониби баъзе намояндагони Маҷлиси Намояндагон, иброз намоям:

Магар дар шароити феълӣ дар ҷомиъаи мо проблема ва мушкилае муҳимтар ва заруритар аз масъалаи манъи никоҳи хешовандӣ набудааст, ки зеҳну фикри намояндагони муҳтарамро машғули худ бисозад? Магар ҳалли ин қазия гиреҳҳеро аз мушкилоти иқтисодӣ, иҷтимоъӣ ва… ва… боз мекунад, ки таъҷилан бояд онро қабул намуд? Ва ё магар қабули ин қонун барои тараққиёту пешрафт ва суботу оромиши кишвар нақши муассир дорад, ки ҳатман бояд онро барраси карда ва пазируфт?

Охирсухан.

Дар охирсухан мехоҳам чанд масъалае аз масоили шаръиро, ки марбут ба баҳси мо аст, ба хонандагони азиз тазаккур бидиҳам:

1. Дар шариъати муқаддаси ислом писар ва духтари мусалмон вақте, ки болиғ бошанд ихтиёр ва озодии комил дар интихоби ҳамсар доранд. Ҳеҷ касе, ҳатто волидайн ҳаққи маҷбур кардани онҳоро дар интихоби ҳамсар надорад.

2. Интихоби ҳамсар аз хешовандони наздик амри воҷиб ва зарурию ҳатмӣ набуда, балки он як амри мубоҳ ва ҷоиз аст. Ончуноне, ки интихоби ҳамсар аз бегонагон низ як амали мубоҳ ва ҷоиз аст.

3. Ҳар чизе, зарари маҳз бошад, ва ё зиёнаш бештар аз нафъу фоидааш бошад, Худованд (ҷ) онро бар бандагонаш ҳаром кардааст. Ва ҳар чизе нафъи холис бошад, ва ё манфиъаташ бештар аз зарараш бошад Худованди ҳаким (ҷ) онро барои бандагонаш ҳалол кардааст. Ин қоидаест, барои ташхиси ҳалол ва ҳаром дар шариъати муқаддаси ислом.

4. Фоидаи никоҳ аз хешовандони наздик ҳифзи насаб ва нажод аз нестӣ ва нобудӣ ва устувору пойдор нигоҳ доштани қаробату хеши байни хешовандон… ва ғайра мебошад.

5. Фоидаи никоҳ аз бегонагон иҷоди насаби тоза ва нав аз номи худ ва касб намудани хешовандони ҷадид аз тариқи никоҳ… ва ғайра мебошад.

6. Ҳамон тавре, ки гуфтем: дар дини мубини ислом интихоби ҳамсар аз ҳарду тоифа – хешовандон ва бегонагон – ҷоиз ва мубоҳ аст. Вале дар афзалият уламои ислом никоҳи бегонагонро афзал ва беҳтар аз никоҳи хешовандони наздик гуфтаанд.

7. Аз назари ислом, давлат ва ҳукумат метавонад аз тариқи дастгоҳҳои таблиғотие, ки дар ихтиёр дорад никоҳи ғайри хешовандиро дар байни мардум таблиғ ва ташвиқ бикунад. Вале ҳақ надорад бо содир кардани қарор ва қонуне онро дар сатҳи ҷомеъа барои кулли мусалмонон таҳрим ва мамнуъ бикунад.

08-05-2013

Эшони Маҳмудҷон

Манбаъ: сомонаи Тураҷон