Манобеи исломӣ

Забон
  1. Саҳифаи асосӣ

  2. article

  3. Тафриқа биандоз ва ҳукумат кун!

Тафриқа биандоз ва ҳукумат кун!

Rate this post

Ин ҳикоятро дар китоби “Достони дӯстон” (таълифи Муҳаммадии Иштиҳордӣ) дидам, ки аз Имом Алӣ (с) нақл мекунад ва ҳикояти бисёр зебо ва ибратомӯз аст.

Се гови бузург, ки яке сиёҳ ва дигаре сафед ва сеюмӣ сурхранг буд, дар алафзоре бо ҳам бо камоли иттиҳод мечариданд. Дар он алафзор шере вуҷуд дошт, ки ҳаргиз қодир набуд ба он се гов осебе бирасонад (чун бо ҳам буданд), то ин ки шер нақшаи эҷоди тафриқа байни онҳоро кашид.

Нахуст ба гови сиёҳ ва сурх гуфт: касе наметавонад аз ҳоли мо дар ин алафзори хуррам огоҳ шавад магар аз ноҳияи гови сафед, зеро сафедии ранги ӯ аз дур пайдост, вале ранги ман монанди ранги шумо тира ва пинҳон аст, ва агар бигузоред ба ӯ ҳамла кунам ва ӯро бихӯрам, пас аз ӯ ин алафзор барои мо се мавҷуд боқӣ мемонад.

Гови сиёҳ ва сурх насиҳати шерро пазируфтанд ва шер ба гови сафед ҳамла кард ва ӯро дарид ва хӯрд.

Чанд рӯзи дигар, ки шер гурусна шуда буд, маҳрамона ба гови сурх гуфт: ранги ману ту ҳамсон аст, бигузор гови сиёҳро бихӯрам ва ин сарзамини пур аз алаф барои ману ту, ки ҳамранг ҳастем, боқӣ бимонад.

Гови сурх иғфол шуд ва иҷоза дод. Шер дар фурсате муносиб ба гови сиёҳ ҳамла кард ва ӯро дарди ва хӯрд.

Пас аз чанд рӯзе, шер бо камоли сароҳат ба гови сурх гуфт: туро низ хоҳам хӯрд.

Рӯзи мавъуд фаро расид. Шер ба гови сурх гуфт: ҳатман туро медарам ва мехӯрам. Гови сурх гуфт: ба ман мӯҳлат бидеҳ, то суханеро се бор баланд бигӯям, баъд маро бихӯр. Шер ба ӯ мӯҳлат дод.

Гови сурх фарёд зади: Ҳон, чарандагон! Аз хоби ғафлат бедор шавед, ман дар ҳамон рӯз, ки гови сафед хӯрда шуд, хӯрда шудам.

Яъне ҳамон ҳангом ки бар асари ҳавопарастӣ ва ғафлат, байни мо эҷоди тафриқа шуд, санги зерини суқути мо поягузорӣ гардид, ва имрӯз душман аз он истифода кард ва зарбаи ниҳоии худро бар ман ворид сохт.

Барнаёям як тана бо се нафар,

Пас, бибуррамшон нахуст аз ҳамдигар.

Ҳар якеро з-он дигар танҳо кунам,

Чунки танҳо шуд, сабилаш барканам.

(Мавлоно)

Кимиёи саодат