Манобеи исломӣ

Забон

Устод Абдулбосит Муҳаммад Абдуссамад дар соли 1927 дар Миср дар наздикиҳои Қоҳира ба дунё омад.

Ӯ дар сини даҳ солаги Қуръонро ҳифз ва аз худ намуд  ва то чаҳордаҳ солагӣ қиротаҳои чаҳордагонаро омухт ва азбар намуд. Ва дар сини шонздаҳ солагӣ ба унвони қории мумтоз шинохта шуд ва ин амр таъачубби дигаронро барангехт.

Устодони Абудулбосит дар садо марҳуми Шайх Муҳаммадрафъат ва дар илми қироат Муҳаммад Салим  Ҳимодаҳ мебошад. Абдулбосит дар сини 24 солаги расман иҷозати тиловат дар радиёи мисро дарёфт кард ва ҳафтае як мартаба дар радииё қироат мекард ва мақоми “Шайхул Қурро” ро баъди Шай Муҳаммад Банно ба худаш ихтисос дод . Абдулбосит ба бисёри кишварҳо сафар када ва бо садои зебои худаш дар маҷлисҳои зиёде дигаронро мустафид гардонда аст ва аз садои зебои ӯ чандин нафар мусалмон шуда аст . Дар филми ” Муҳаммад расулуллоҳ ” бо коргардонии  Мустафо Иқод ба чои Билоли Ҳабаши муаззини Паёмбар (с) азон мегуяд . Марҳум устод Абудлбосит чаҳор фарзанд дошт бо номҳои Ҷамол ,  Муҳаммад, Ториқ ва Холид ,ки ” Ториқ ”  ба унвони ҷонишини Абудлбосит шинохта шуд .Абудлбосит (рҳ) дар соли 1988 даъвати ҳаққ ро лабайк гуфт ва ба дори боқи шифтот руҳаш шод бод .