Манобеи исломӣ

Забон
  1. Саҳифаи асосӣ

  2. article

  3. Равиши омӯзиши вузӯ ба пирамард

Равиши омӯзиши вузӯ ба пирамард

Rate this post

 

Пирамарде машғули вузӯ гирифтан (таҳорату  барои намоз)  буд, аммо шеваи вузугирии дурустро намедонист.

Имом Ҳасан ва Имом Ҳусейн(а), дар он ҳангом тифлони хурдсол буданд ва вузӯ гирифтани пирамардро диданд.

Онҳо
қасд карданд, ки бояд вузӯи дурустро ба пирамард ёд диҳанд. Аммо агар
ба ӯ мегуфтанд, ки “вузӯи ту дуруст нест” илова бар ин ки сабаби ранҷиши
хотири ӯ мешуд , барои ҳамеша хотираи талхе аз вузӯ дар зеҳнаш мемонд.

Имом
Ҳасан ва Имом Ҳусейн(а) андешиданд, то ба таври ғайри мустақим ба ӯ
бифаҳмонанд. Барои ин кор нақшае кашиданд. Аввал он ду бо якдигар ба
баҳс пардохтанд ва пирамад низ суханони он дуро мешунид.

Яке аз он ду, ба дигарӣ гуфт: Вузӯи ман аз вузӯи ту комилтар аст.

Дигарӣ ҳам ба он яке гуфт: Вузӯи ман аз вузӯи ту комилтар аст.

Пас аз он ҳарду бо ҳам тавофуқ карданд, ки дар ҳузури пирамард вузӯ бигиранд ва пирамард доварӣ кунад.

Он ду тибқи қарор амал карданд ва ҳарду вузӯи дурусту комилеро дар пеши чашми пирамард гирифтанд.

Пирамард
фаҳмид, ки вузӯи дуруст чигуна аст ва мақсади онҳоро фаҳмид ва сахт
таҳти таъсири маҳаббату ҳушу фаросати онҳо қарор гирифт.

Сипас
пирамард ба он ду бузургвор гуфт: Вузӯи шумо дурусту комил аст. Ин ман
ҳастам, ки бояд дуруст вузӯ бигирам. Шумо ба ҳукми муҳаббате, ки бар
уммати ҷадди худ доред манро фаҳмондед ва кори дурустро ёд додед. Аз
шумо камоли ташаккурро дорам.

Достони ростон, саҳ. 295-296

 

Достони ростон, саҳ. 295-296

Манбаъ: сомонаи Тоҷикон