Манобеи исломӣ

Забон
  1. Саҳифаи асосӣ

  2. article

  3. Одоби тарбияти фарзанд аз манзари Ислом

Одоби тарбияти фарзанд аз манзари Ислом

Rate this post

 Одоби тарбияти фарзанд аз манзари Ислом

Пешгуфтор
Кӯдак ҳамон замоне ки ба дунё меояд ғаризаи илмёбии ӯ зинда аст ва аз ҷумла ғаризаҳое ки зинда дар ҳоли ҳозир ва вобаста ба илмёбӣ аст ғаризаи муҳаббатёбӣ аст.
Ҳамон тавре ки вақте кӯдак ба дунё меояд таом мехоҳад ва фитраташ пистни модарро талаб мекунад, низ фитраташ ноз мехоҳад, дасти навозиши модарро талаб мекунад; пас падар ва модарон таваҷҷӯҳ дошта бошанд ки ҳатман кӯдакро худи модар шир диҳад, кӯдакро ширхоргоҳ набарад, кӯдакро ба маҳдикӯдак (садик) насупоранд; ҳамаи волидайн инро медонанд кӯдаки як моҳаро вақте ки навозишаш кунӣ, рӯи ӯ бихандӣ, табасум кунӣ, ӯ низ механдад ва табасм мекунад, ва агар ба бар ӯ хашмгин шавӣ гиря мекунад.
Сабаби дунбол кардани ин таҳкик он аст, ки фарзанд аз ҳамин кӯдакӣ ниёзманд ба тарбияти динӣ ва исломӣ мебошад ва набояд тарбиятро фақат дар одобу муошират ва чӣ гунагии хӯрдан ва хобидан донист; балки тарбият лаҳза ба лаҳзаи умр ва ҳамаи ҷиҳатҳи зиндагиро дарбар хоҳад гирифт.
Ворид шудан ба баҳс
Фарзанди инсон натиҷаи орзӯҳои ӯ мебошад; зеро ки ӯ самараи вай ба ҳисоб меояд ки ба унвони ҷонишин дар рӯи замин боқӣ мемонад. Шоиста аст, ки ин намоянда воқеъӣ инсон, ба хусусиёт ва вежагиҳои ороста гардад, ва наметавон ба ин ҳадаф расид; магар ин ки фарзандро ба одоби некӯ тарбият намуд.
Пайғамбари акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) фармуданд: “ Фарзанди худро ниромӣ бидоред ва ононро хуб тарбият ку اکرِمُوا أولادَکُم و أحسِنوا آدابَهُم یُغفَرلَکُم؛ нед то бахшида шавед”.[1] Барои расидан ба ин ҳадаф, худи волидайн бояд аҳли таҳқиқ ва мутолиа бошанд то бар асоси таҳқиқ ва баррасиҳое ки ба даст овардаанд, ончиро ки мехоҳанд ба фарзанди худ биомӯзанд, дурустии онро бовар дошта бошанд. Мутаассифона бисёре аз иттилооте ки волидайн дорои он мебошанд бар асоси асароти муҳитӣ ва таассуботи волидайн ба онҳо расида аст ва бояд таваҷҷӯҳ дошт ки ин иттилоот мумкин аст нодуруст ва ҳамроҳ бо хато бошад. Муҳит, аввалин муамои кӯдак аст, ки тамоми расидаҳои фикрӣ ва фарҳангӣ ва омӯзишии худро ба кӯдак нишон медиҳад; зеро ки пас аз ме чор сол, вақте бо кӯдак сухан мегӯем, мулоҳиза мекунем кикӯдак, дуруст ба забоне сухан мекунад ки волидайн, атрофиён ва ба таври куллӣ муҳити тарбиятии ӯ ба ӯ асар кардааст. Пас метавон гуфт ки муҳити парваришии кӯдак, иттилооти фарҳангии худро бар зеҳн ва қалби кудакон ба таври иҷборӣ расондааст. Чунин асароте натанҳо дар мавриди забн, балки дар мавриди дигар монанди фарҳанги иқтисод ва ғайраи дин вуҷуд дорад.
Асарот ва расидаҳо ва ёдгирии мазҳабӣ, аз ошкортарин асароти муҳити парваришии кӯдак мебошад. Ба ҷиҳати ин ки, кӯдаке ки дар як хонаводаи мусулмон ба дунё омада бошад, бар асари тарбияти волидайни он хонавода, мусуслмон тарбият мешавад ва кӯдаке ки дар хонаводаи мусеҳӣ ва яҳудӣ ба дунё омада бошад, бар асари тарбияти онҳо масеҳӣ ва яҳудӣ тарбият мешавад. Ба таври хулоса метавон гуфт ки тарбияти фарзанд ва пазириши дини кӯдак аз тарафи волидайн наметавонад як дини воқеӣъ бошад; зеро волидайн, онро бар асоси таассубе ки доранд ба фарзанди худ мерасонанд. Ин мавзӯи бисёр дақиқро Пайғамбари акрас (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) чунин зебо фармуданд: “کُلُّ مُولودِ یولَدُ عَلی الفِطرۀِ حتّی یکونَ اَبَواهُ یُهَوِّدانِهِ و یُنَصِّرانِهِ؛ Ҳар кӯдаке бо фитарати тавҳид мутаваллид мешавад, локин ин волидайни ӯ ҳастанд ки кӯдакро яҳудӣ ё масеҳӣ тарбият мекунанд”.[2]

Холи зеҳн будани кӯдакон
Кӯдакр дар синини аввали зиндаги худ холӣ аз ҳар гуна дарке аст. Аммо эҳсоси ӯ комил аст. Дар мавриди холӣ будани зеҳни кӯдак аз дарк, Худои мутаол дар Қуръони карим мефармояд: “وَاللَّهُ أَخْرَجَکُم مِّن بُطُونِ أُمَّهَاتِکُمْ لَاتَعْلَمُونَ شَیًْاً؛ Худованд шуморо аз шиками модаронатон хориҷ кард дар ҳоле ки чизе намедонистед”.[3] Каломи Худованд аз холӣ будани қалб ва зеҳнт кӯдак аз ҳар гуна огоҳӣ ва дарк мебошад. Ба тадриҷ ки кӯдак рушд мекунад; иттилоот ва даркиёти муҳитӣ; ҳӯзеҳни ӯро фаро мегиранд. Зеҳн ва қалби кӯдак ҳамчун оина соф аст, ки ҳар гуна ҳаракатеро дар худ мунъакис ва захира мекунад. Дар заминаи суръати интиқоли идрокот ва ёдгириҳо ба зеҳн ва қалби кӯадк, Алӣ (алайҳиссалом) мефармоянд: “و اِنما قَلبَ الحَدَث کَالأرضِ الخالیه‌ی، ما اُلقیَ فیها مِن شیء قَبِلَتهُ؛ Қалби навҷавони наврас монанди замини холӣ аст. Ҳар тухме ки дар он афшонда шавад ба хубӣ мепазирад”.[4] Яке аз далелҳое ки собит мекунад тамоми ҳаракоти муҳитӣ метавонад дар зеҳни кӯдак сабт ва забт шавад, вуҷуди рафторҳои нохудогоҳ мебошад; зеро инсон гоҳе рафторе аз худ нишон медиҳад ки аз чӣ гунагии он рафтор огоҳии кофӣ надоранд; мисли тарс аз торикӣ.[5]

Ислом мактаби тарбият аст ва волидайнро ба тарбияти некӯи худ ва фарзандонашон тарғиб ва ташвиқ намудааст. Худованди мутаол дар Қуръони маҷид фармудааст: “ یَا أَیهَُّا الَّذِینَ ءَامَنُواْ قُواْ أَنفُسَکمُ ْوَ أَهْلِیکم نَارًا؛ Эй касоне ки имон овардаед; худ ва хонаводаи худро аз оташ нигоҳ доред”.[6] Алӣ (лайҳиссалом) тар тафсири ин ояти шарифа мефармоянд: “عَلّموا انفُسَکُم و اُهلِیکُم الخَیر و أدَّبوهُم؛ Яъне ба худ ва хонаводаи худ хубӣ биомӯзед ва ононро тарбият кунед”.[7] Бо таваҷҷӯҳ ба ояте ки мавриди мутолиа қарор гирифт, аҳамияти тарбияти фарзандон ба хубӣ ошкор мешавад. Фарзандоне ки таҳти сарпарастии волидайн қарор мегиранд; умед меравад ки агар ба хубӣ тарбият шаванд; битавонанд афроди фоиданоке барои худ ва ҷомеа вақеъ гарданд; зеро тарбияти фарзандон метавонад беҳтарин ҳадяе аз сӯи волидайн барои фарзандон баҳисоб ояд.

Ҳазрати имом Содиқ (алайҳиссалом) мефаормоянд: “Беҳтарин мероси падарон барои фарзандон, адаб аст на молу сарват! Зеро сарват аз байн меравад ва адаб пойдор мемонад”.[8] Кӯдаке ки дар хонавода бо имон ва равшании қалб тарбият шуда бошад, дорои арзиши волое аст; зеро зиндагии инсон бар пояи тарбияти саҳеҳ устувор аст ва агар кӯдаке некӯ тарбият шавад; бидуи шак метавонад фарди солеҳ ва шоиста барои ҷомеа воқеъ гардад. Табияти хуби фарзанд, бидуни шак дорои аҷри ухравӣ низ барои волидайн мебошад; зеро асари фарзанди солеҳ пас аз марги волидайн; ҳамвора ба онҳо мерасад ва Худованди мутаол онҳоро ба хотири тарбияти фарзанди солеҳ; мавриди икром қарор медиҳад. Пайғамбари акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) фармуданд: “ Ҳар кас духтар дошта бошад ва ӯро хуб тарбият кунад бахубӣ ӯро дониш омӯзад ва аз нехматҳое ки Худованд ба ӯ ато фармуда, зиёд баҳраманд созад, он духтар монеъ ва сипари падар дар баробари оташи дузах хоҳад буд”.[9] Муносибтарин ва маъруфтарин табақабандии мароҳили тарбиятии кӯдак, тавасути имом Содиқ (алайҳиссалом) баён шудааст. Он бузургавор ба таври ишоравор дар ин ривоят, тамоми масоили рушди ҷисмӣ, равонӣ, отифӣ ва шахсиятиро мавриди таваҷҷӯҳ қарор додаанд. Имоми Содиқ (алайҳиссалом) мефармоянд: “ Кӯдаки худро раҳо кун то ҳафт сол бозӣ кунад, сипас ӯро ба муддати ҳафт сол тарбият кун, ва ба муддати ҳафт соли дигар мушовир ва мулозими худ қарор бидеҳ; агар дар ин амр муваффақ гаштӣ чӣ беҳтар, ва дар ғайри ин сурат ҳеҷ хайр ва самаре дар ӯ нахоҳад буд”.[10] Дар ин ривоят имом Содиқ (алайҳиссалом) мароҳили тарбияти кӯдакро то расидан б марҳилаи ҷавонӣ ба се марҳилаи ҳафтсола табақабандӣ мекунанд. Ҳар кадом аз ин мароҳил дорои вежагии хоссе мебошад ки бар асоси раҳнамудҳое аз сӯи он бузургавор тавсия гирдидааст. Бо огоҳӣ аз ин раҳнамудҳои арзишманд, метавон интизор дошт ки волидайн ва мураббиён битавонанд он чунон ки шоистааст, фарзанде тарбият кунанд ки фарди лоиқ барои худ ва ҷомеа ва хонавода бошанд.[11]
Манбаъ:tasnimtj
—————————————————–
[1] . Мизонулҳикма, ҷ 1, саҳ. 103.
[2] . ал-Ҳадис, ҷ 2, саҳ. 377.
[3] . Сураи Наҳл, 78.
[4] . Туҳафулуқул, саҳ. 67.
[5] . Тарбияти фарзанд аз дидгоҳи мактаби Ислом, саҳ. 61 ва 62.
[6] . Сураи Таҳрим, 6.
[7] . Мизонулҳикма, ҷ 1, саҳ. 103.
[8] . Ҳамон, саҳ. 101.
[9] . Ҳамон, саҳ. 101.
[10] . Ҳамон, саҳ. 105.
[11] . Тарбияти фарзанд аз дидгоҳи мактаби Ислом, саҳ. 72 ва 74.