Манобеи исломӣ

Забон
  1. Саҳифаи асосӣ

  2. article

  3. Муҳаддис ва фақеҳ

Муҳаддис ва фақеҳ

  • Мудири сомонаи Кимиёи саодат
  • Кимиёи саодат
Rate this post

Шайх Ҳабиб Алӣ Ҷефрӣ, донишманди муосири исломӣ, дар сафҳаи худ дар шабакаи иҷтимои Фейсбук, ин достони ҷолиберо нақл карда, ки марде ба назди Аъмаш омад ва аз ӯ масъалаи шаръиеро пурсид, дар ҳоле ки Имом Абӯҳанифа он ҷо ҳузур дошт.

Аъмаш (ки зоҳиран посухи ин масъаларо пеши худ наёфт) хитоб ба Имом гуфт: эй Нӯъмон! Назаратро дар бораи ин масъала бигӯ.

Имом Абӯҳанифа посухи масъаларо гуфт.

Аъмаш пурсид: аз куҷо посухи ин масъаларо пайдо кардӣ?

Имом Абӯҳанифа фармуд: аз лобалои ҳамон ҳадисе, ки ту худат бароямон нақл карда будӣ.

Аъмаш гуфт: бале, мо (муҳаддисон) доруфурӯшем ва шумо (фуқаҳо) табибон ва пизишконед!

(Манбаъ: китоби “Насиҳати аҳли ҳадис”, таълифи Хатиби Бағдодӣ)

* * *

Нукта дар ин достон ин ҷост, ки муҳаддис мисли доруфурӯшеро монад, ки медонад, чӣ гуна дору бисозад, аммо замоне доруро барои бемор суфориш мекунад, ки табиб ва пизишк таҷвиз карда бошад, дар ҳоле ки фақеҳ мисли табибе аст, ки доруро барои мариз таҷвиз ва дармони муносиберо барои ӯ ташхис мекунад.

Муҳаддис санади ривоятҳо ва туруқи онҳоро мавриди таҷзия ва таҳлили худ қарор дода ва ҳукм ба сиҳҳату суқми онҳо мекунад, вале ӯ аҳкомро аз он истинбот намекунад ва агар бихоҳад ба мардум фатво ҳам диҳад, фатвояш бар мабнои истинбот ва иҷтиҳоди фуқаҳост (ҳатто агар ин фатво бар асоси ҳадисе бошад, ки худи ин муҳаддис нақл кардааст)

Албатта, аз ин қоъида гурӯҳе мустасно ҳастанд, ва онҳо касонеанд, ки байни ҳадиспажӯҳӣ ва илми фиқҳ ҷамъ кардаанд, яъне ҳам фақеҳ ҳастанд ва ҳам ҳадиспажӯҳ, ва чунин афроде дар байни фуқаҳо ва муҳаддисон ангуштшуморанд, мисли Имом Молик, Имом Шофеъӣ, Имом Суфён ибни Уяйна, Ибни Ҷарир ва Имом Нававӣ.

(Поёни ёддошти Шайх Ҳабиб Алӣ Ҷефрӣ)

Роқими сутур дар такмили ин достон ва натиҷагирии ҷаноби Шайх Ҳабиб гӯям: баъзе аз нопухтаҳо иддаъо мекунанд, ки дар донистани масоили шаръӣ, беҳтар аст руҷӯъ кунем ба манобеи ҳадисӣ ва ривоӣ ва мустақиман аз худи ҳадис посухи масъаларо биёбем ва дигар ниёзе нест ба қавли фуқаҳо ва кутуби фиқҳӣ ва фатвоҳои онҳо руҷӯъ намоем.

Ин пиндор, агар нагӯям ношӣ аз як навъ ҷаҳолат аст, лоақал метавон иддаъо кард, ки қатъан ношӣ аз адами огоҳӣ ва беиттилоъӣ аст. Дар посух ба ин навъ иддаъо бояд гуфт: дуруст аст, ки ҳадисҳое, ки дар кутуби ривоӣ омада, айни гуфтор ва ё рафтор ва ё тақрири ҳазрати Паёмбар (с) аст, вале дарки гуфтори он ҳазрат (с) барои ҳар касе, ҳатто барои худи муҳадис, ба ин осонӣ ва роҳатӣ нест. Ҳазрати Паёмбар (с) дар бораи суханони худ фармудаанд:

أعطيت جوامع الكلم

“Худо ба ман калимоти ҷомеъа додааст. (Ривояти Муслим)

Яъне, Худо ба ман қудрате додааст, ки бо як сухани кӯтоҳ ва мухтасар, як дунё матлаб метавонам бигӯям. Суханони Паёмбар (с)-ро ҳама метавонанд бихонанд ва бишнаванд, вале оё ҳама метавонанд, ба умқи суханони Паёмбар (с) он чунон ки бояд, бирасанд? Ҳаргиз чунин набуд ва ҳоло ҳам чунин нест. Худи Паёмбар (с) ҳам ба ин нукта таваҷҷӯҳ доштанд, аз ин рӯст, ки фармудаанд:

نَضَّرَ اللَّهُ امْرَأً سَمِعَ مِنَّا حَدِيثًا فَحَفِظَهُ حَتَّى يُبَلِّغَهُ غَيْرَهُ فَإِنَّهُ رُبَّ حَامِلِ فِقْهٍ لَيْسَ بِفَقِيهٍ وَرُبَّ حَامِلِ فِقْهٍ إِلَى مَنْ هُوَ أَفْقَهُ

“Худо хуррам созад чеҳраи он бандаеро, ки аз мо ҳадисе бишнавад ва забт кунад, онгоҳ ин ҳадисро бирасонад ба касоне дигар. Чун ки басо ҳомил (бардоранда)-и як дониш (фиқҳ), ки худ фақеҳ нест ва чи басо бардорандаи як дониш (фиқҳ), ки онро ба фақеҳтар аз худ мунтақил мекунад. (Ривояти Имом Аҳмад)

Дар ривояти дигар матлабро расотар мефармоянд:

نضر الله عبدا سمع مقالتي فوعاها ثم أداها إلى من لم يسمعها فرب حامل فقه لا فقه له و رب حامل فقه إلى من هو أفقه

“Худо хуррам созад чеҳраи он бандаеро, ки аз мо сухане бишнавад ва забт кунад, сипас бирасонад ба касоне, ки онро нашунидаанд. Чун чи басо ҳомили фиқҳ, ки худ фаҳме надорад ва чи басо ҳомили фиқҳ, ки онро ба фақеҳтар аз худ мунтақил мекунад. (Алмустадрак би таъолиқиз Заҳабӣ, 1, 162)

Яъне суханоне, ки аз ман мешунавед, забт ва нигаҳдорӣ кунед ва ба наслҳои оянда бирасонед, ки чи басо наслҳои оянда ва хеле дур, маънои суханони маро беҳтар аз шумо бифаҳманд. Нуктаи ҷолиб дар ин фармудаи ҳазрати Паёмбар (с), таъбир ба “фиқҳ” аст. “Фиқҳ”, яъне фаҳми амиқ. Мефармоянд, басо мардуме, ки фиқҳеро ҳамл мекунанд, яъне ҷумлаеро, ки аз ман шунидаанд ҳифз доранд, вале ба умқи он, фаҳм надоранд ва нақл мекунанд барои касе, ки аз худи онҳо фақеҳтар аст, яъне нақл мекунанд барои касе, ки аз онҳо амиқтар аст ва умқи фикраш бештар аст, вақте барояш нақл мешавад, чизҳое мефаҳмад, ки худи ин ноқилон намефаҳмиданд.

Ин аст, ки мо мебинем, суханони Паёмбар (с) дар ҳар риштае, дақиқан қарн ба қарн умқи бештаре барои он кашф шудааст. Дар қарни аввал ва дуюм ҳаргиз ба андозаи қарни сеюм наметавонистанд ба умқи матлаби Паёмбар (с) бирасанд ва дар қарни сеюм ба андозаи қарни чаҳорум ва дар қарни чаҳорум ба андозаи қарни панҷум ва ҳоказо…

Кимиёи саодат