Манобеи исломӣ

Забон
  1. Саҳифаи асосӣ

  2. article

  3. Муҳаддиси бузург Абўдовуд

Муҳаддиси бузург Абўдовуд

Rate this post

Муҳаддиси бузург Абўдовуд

Абўдовуд, Сулаймон бин Ашъас бин Исҳоқ бин Башир бин Шаддод бин Амри Азди Сиистонӣ, нависандаи асари муҳими ҳадиси “Ас-сунан” маъруф ба “Сунани Абўдовуд” мебошад.

Таърих ва маҳалли тавалуд

Абўдовуд Сиистонӣ аз муҳаддисони асри сеюми ҳиҷрӣ аст, ки дар соли 202 ҳиҷрӣ дар Сиистон (воқеъ дар шарқи Эрони имрўз), ки ба сарзамини хурмо ва шинзор машҳур аст тавалуд шудааст. (Муқаддимаи ҳадис ул муҳаддисин, Тазкиратул ҳуфоз ҷ2,с591).

Таҳсилот

Абўдовуд ҳамонанди дигар муҳаддисон барои такмили маълумоти худ ба ҳавзаҳои бузурги ҳадисӣ сафарҳои илмӣ кардааст. Ӯ яке аз баргузидагони шогирдони Аҳмад бин Ҳанбал буд, ки муддате дар дарси ӯ ҳозир шуд ва масоили дақиқи фуруъ ва усулро аз ӯ омухт.

Сафарҳои илмӣ

Абўдовуд ҳамонанди дигар муҳаддисон барои фарогирии ҳадис ба шаҳрҳои бузурги ҳадисӣ аз ҷумла Хуросон, Макка, Куфа, Ҳалаб, Ҳаррон, Димишқ, Бағдод, Ҳиҷоз, Шом ва Миср сафар кард. Ӯ дар Макка аз Қаътабӣ, Сулаймон бин Ҳарф, Муслим бин Иброҳим, ва дар Куфа аз Ҳасан бин Рабеъ, Аҳмад бин Юнус ва дар Ҳалаб аз Рабеъ бин Нофеъ ва дар Ҳаррон аз Абу Ҷаъфари Нафилӣ, Аҳмад бин Аби Шуъайб ва дар Димишқ аз Сафвон бин Солеҳ ва Ҳишом бин Аммор ва дар Хуросон аз Исҳоқ бин Роҳувия ва дар Бағдод аз Аҳмад бин Саъид ва дар Миср аз Аҳмад бин Солеҳ ва ғайра ҳадис шунид. Баъзе аз муҳаққиқон бузургонеро, ки Абўдовуд аз онҳо дарс ва ё ҳадис омухтааст то 50 нафар шумурдаанд.

Таълифот

Абўдовуд илова бар Сунан, дорои 12 китоби дигар аст, ки иборатанд аз:

1) Ал масоил ул лати холафа алайҳо Аҳмад бин Ҳанбал.

2) Китоб ул муросил.

3) Китобун фир риҷол.

4) Китоб ул Қадар .

5) Иҷобатуҳу алло суолотил оҷари.

6) Рисолатун фи васфи таълифиҳи ликитоби Сунан.

7) Китоб ут тафриди фи Сунани .

8) Китоб ун носихил Қуръони ва мансухаҳу.

9) Китоб уз зуҳд.

10) Тасмиятул ихватуллазина рувия анҳумул ҳадис.

11) Китоб ул баъс.

12) Муснад ун Молик.

Ошноӣ бо сунани Абўдовуд

Сунани Абўдовуд дар миёни Сиҳоҳи ситта аз назари эътибор, баъд аз китоби саҳеҳ Бухорӣ ва саҳеҳ Муслим ба унвони севумин китоб ба шумор меравад ва мавриди қабули олимон ва муҳаддисони аҳли суннат қарор гирифта аст.

Абўдовуд дунболи ин буд, ки аҳодисеро ҷамъоварӣ кунад, ки барои истинбот ва истидлоли фуқаҳо ба кор меомад. Барои ҳамин китоби ӯ ба гирдоварии ривоёти фиқҳӣ ихтисос дорад ва гуфта шудааст, ки ӯ нахустин касе аст, ки ба ҷои навиштани Муснад ё Ҷомеъ ба навиштани китоби Сунан рӯй овард. Сунани Абўдовуд дорои 5274 (бо такрор) ҳадис аст, ки дар қолаби 35 китоб ва 1871 боб навишта шуда аст.

Яке аз ровиёни сунан ба номи Абубакр гуяд: ”Аз Абўдовуд шунидам, ки гуфт: Ман аз Расули Худо (с) 500,000 (панҷсад ҳазор) ҳадис навиштаам, аммо аз байни онон шуморае, ки дар Сунан гирдоварӣ кардам интихоб намудам. Ман дар Сунани худ 4800 (чор ҳазору ҳаштсад) ҳадис ҷамъ кардам, ки ин ривоёт саҳеҳ ё шабеҳ ба саҳеҳ ва ё наздик ба саҳеҳ аст. Агар дар ҳадисе ваҳн шадиде буд ба баёни он пардохтаам ва дар бораи ривоёте, ки чизе нагуфтаам ин даста ривоёт “солеҳ”аст ва яке аз дигаре саҳеҳтар аст.”

Бинобар нақле аз Суютӣ, Сунани Абўдовудро чунин баён мекунанд: ”Бар асоси ривояти Абубакр ибни Досса, дорои 4800 ривоят аст, аммо китоби Сунан дар чопҳои охир дорои 5274 ривоят аст.

Шарҳҳои Сунан

Дар муқаддимаи Шарҳи Айнӣ омада аст, ки ба китоби Сунан 16 шарҳ ва таълиқ нигошта шудааст. Ҳамчунан дар муқаддимаи Сунан номи ин китобҳо омадааст, ки баъзе аз онҳо ба унвони шарҳ баъзе ба унвони таълиқ ва ҳошия ва бархе низ ба унвони талхис (хулоса)омада аст. Муҳимтарин шарҳҳои Сунан Абўдовуд иборатанд аз:

1) ”Шарҳи Сунани Абўдовуд”аз Бадриддини Айнӣ (м .855 ҳ,қ.)

2) ”Маолимус Сунан“ аз Абу Сулаймон Аҳмад ибни Муҳамад ибни Иброҳим Хаттобӣ (м. 388ҳ,қ.)

3) ”Ал муҷатабо” аз Закиӣддини Абдулазим ибни Абдулқавӣ Мунзарӣ, (м.654ҳ,қ.) ки мухтасаре аз Сунани Абўдовуд аст.

4) ”Авнул маъбуд фи шарҳи сунани Абўдовуд” аз Ҷалолуддини Суютӣ (м. 911ҳ,қ.)

5) ”Фатҳул вадуд алло Сунани Абўдовуд” аз Абул Ҳасани Санади (м. 1138ҳ,қ.)

6) Базлул маҷҳуд фи ҳалли Абўдовуд аз Шайх Халил Аҳмад Саҳо Нафурӣ.

Сунани Абўдовуд аз дидгоҳи донишмандон

Олимон ва бузургони аҳли суннат аз Абўдовуд ба бузургӣ ёд кардаанд. Ҳамчунин ин соҳиби ин Сунан баъд аз Бухорӣ ва Муслим бузургтарин муҳаддис шинохта шудааст. Мусо ибни Ҳорун мегуяд: ”Абўдовуд дар дунё барои ҳадис офарида шудааст”. Бинобарин инҷо ҷо дорад, ки чанд гуфторе аз донишмандонро ёдовар шавем.

Ибни Ҳабон мегуяд: ”Абўдовуд яке аз имомони дунё дар заминаҳои фиқҳ, илми ҳифзи ҳадис ва ибодат аст. Ӯ ҳадисро гирд овард ва аз суннат дифоъ намуд.

Ибни Исҳоқ Соғонӣ муътақид аст, ки “ҳадис чунон барои Абўдовуд нарм шудааст, ки оҳан барои ҳазрати Довуди пайғамбар(а) нарм шуда буд. Ҳамчунин ибни Аъробӣ яке аз ровиёни сунан ва шогирди Абўдовуд мегӯяд: агар касе барои дастёбӣ ба илм китобе ҷуз Қуръон ва сунани Абўдовудро надошта бошад ба чизе ниёз нахоҳад дошт.

Нававӣ муътақид аст: ҳар касе, ки ба фиқҳ ва ғайри он сару кор дорад сазовор аст, ки Сунани Абўдовудро мутолеъа кунад, зеро бештари аҳодиси аҳком, ки ба онҳо ниёз хоҳад дошт дар он омадааст ба хусус ононе, ки дастрасӣ ба ин аҳодис дар ин китоби осмонӣ ва аҳодисе ба сурати хулоса омадааст ва муаллиф дорои завқ будааст ва ривоётро пироста аст.?

Ҳокими Нишопурӣ мегӯяд: аз Зубайр бин Абдуллоҳ бин Мусо аз Муҳаммад бин Мухалад шунидам, ки мегуфт: ”Абўдовуд сад ҳазор ҳадисро пай гирифт ва ҳангоме, ки китоби Сунанро навишт ва онро бар мардум арза кард китобаш барои асҳоби ҳадис ба манзалаи Қуръон шуд, ки аз он пайравӣ мекарданд ва ба он мухолифат намекарданд ва тамоми муосиронаш ба пешгомӣ ва ҳифзи ӯ эътироф кардаанд.

Ҳофиз Закариёи Соҷӣ гуфта аст: ”китоби Худо асли Ислом ва китоби Аби Довуд аҳди Ислом аст. Шояд мақсади Соҷӣ он аст, ки дар китоби Сунани Абўдовуд аҳкоми исломӣ омадааст ва амал ба он ба манзалаи паймон бо Ислом аст. Бо вуҷуди ин ки бисёре аз уламои аҳли суннат Сунани Абўдовудро баъд аз Қуръони Карим беҳтарин китоб муаррифӣ кардаанд баъзе аз бузургони ҳадис ва аҳли суннат ба хусус Суютӣ дар Тадрибур-ровӣ навиштааст: бар асоси ончи аз Абўдовуд нақл шуда аст эҳтимол дорад мақсад аз “солеҳ” солеҳ аз ҷиҳати эътибор бошад на аз ҷиҳати эҳтиҷоҷ, чунки дар ин сурат ин даста аз ривоёт дорои ҳадиси заъиф хоҳад шуд.ва Муҳаммад Носириддини Албонӣ дар китоби мавсум ба Заъифу сунани Абўдовуд дар маҷмӯъ 1127 ҳадис аз аҳодиси ин сунанро тазъиф кардааст. вай дар ин китоб ривоёти заъифро ба ҳамон тартиби сунани Абўдовуд аз назари китоб ё боби фиқҳӣ гирд овардааст. Бинобар ин аз назари донишмандон ҷазме бар сиҳҳати ҳамаи ривоёти сунани Абўдовуд вуҷуд надорад, балки дар канори аҳодиси саҳеҳ ривоёти ҳасан ва заъифро низ дар он вуҷуд дорад ба хусус он ки дар асри Абўдовуд истилоҳоте ба унвони ”ҳадиси ҳасан ривоҷ надошт.

Таърих ва маҳалли вафот

Имом Абўдовуди Сиистонӣ дар 16 шаволи соли 275 ҳ.қ. дар синни 73 солагӣ дар Басра вафот кард.

Манобеи таҳқиқ:

Таърихи Мадинату Димишқ

Бидоят ва ниҳоя

Муқаддимаи сунани Абўдовуд

Муқаддимаи сунан,муҳақиқ,Абу Мунзир Холид ибни Иброҳими мисри

Сунани Абўдовуд

Тазкиратул ҳуфоз

Шарҳи аби Довуд

Кашфуззунун

Тадрибуррови

Алҳадис вал муҳаддисун

Муқадимаи Инҷозул вуҷуд биззавоиди аби Довуд ало кутубул хамса

Манбаъ: http://tojikon.org/