Манобеи исломӣ

Забон
  1. Саҳифаи асосӣ

  2. article

  3. Муноҷоти Алӣ(а) бо Худо

Муноҷоти Алӣ(а) бо Худо

Rate this post

Муноҷоти Алӣ(а) бо Худо

(Дуоест маъруф ба дуои Кумайл)

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Худоё аз ту залилона дархост мекунам ба ҳаққи он раҳмати бекарон ва бениҳоятат, ки ҳамаро фаро гирифта, ба ҳаққи тавоноии беҳаддат, ки бар ҳар чиз мусаллат ва ҳама дар баробараш сархам ва хору залиланд, ба ҳаққи бузургӣ ва мақоми ҷабарутат, ки ҳамаи қудратҳо дар баробараш мағлубанд, ба ҳаққи иззат ва иқтидорат, ки ҳар тавоное аз муқовиматаш оҷиз аст, ба ҳаққи азамат ва бузургворият, ки бар тамоми нерўҳои олам бартарӣ дорад, ба ҳаққи он зоти покат, ки пас аз фано ва нобудии ҳамаи мавҷудот боқист, ба ҳаққи номҳои муборакат, ки дар ҳамаи аркони олами ҳастӣ таҷаллӣ ёфта, ба ҳаққи илми бепоёнат, ки бар тамоми олам иҳота дорад ва ба ҳаққи нури зотат, ки ҳамаи оламро равшан сохта, эй Нури ҳақиқӣ, эй Пок (аз ҳар айб), эй Сароғози оғозҳо ва эй Саранҷоми поёнҳо бибахш бароям он гуноҳонеро, ки сабаб мешавад пардаҳо дарида шавад, бибахш он гуноҳонеро, ки боис мегардад бадбахтиҳо бар сарам фуруд ояд, бибахш он гуноҳонеро, ки дарҳои неъмататро ба рўям мебандад, бибахш он гуноҳонеро, ки монеи расидани дуоҳоям ба даргоҳат мешавад, бибахш он гуноҳонеро, ки бар ман бало мефиристад!

Худоё ҳар гуноҳе, ки даст ба анҷоми он задаам ва ҳар хатое, ки аз ман сар зада, ҳамаро бибахшу биёмурз!

Худоё ман ба ёди ту ба сўят наздик мешавам ва танҳо худатро восита барои расидан ба сўят қарор медиҳам! Ба ҳаққи карам ва саховатат аз ту дархост мекунам, ки маро ба мақоми қурби (наздикии) худ наздик созӣ, шукр ва сипосатро ба ман биёмўзӣ ва ёд ва таваҷҷўҳ ба сўятро бар ман илҳом кунӣ!

Худоё аз ту залилона, бо сари хам ва бо забунӣ дархост мекунам, ки бар ман осон гирӣ, ба ҳолам раҳм кунӣ, маро ба сарнавиште, ки бароям рақам задаӣ хушнуд, розӣ ва қонеъ созӣ ва дар ҳар ҳол маро хоксор ва фурўтан қарор бидиҳӣ!

Худоё ман аз ту ҳамонанди гадое дархост мекунам, ки дар фақирӣ ва бечорагии сахте қарор гирифта ва танҳо ба даргоҳи ту арзи ҳоҷат мекунад ва шавқу иштиёқаш танҳо равона ба сўи неъматҳои бепоёнест, ки дар назди ту қарор дорад!

Худоё подшоҳӣ ва салтанати ту бисёр боазамат аст, мақомат басе баланд, тадбират дар идораи корҳо барои мо пинҳон, амрат дар ҷаҳон ҳувайдо, қаҳрат бар ҳама ғолиб ва қудратат нофиз, касе аз қаламрави ҳукуматат фирор натавонад кард!

Худоё ба ғайр аз худат касеро, ки гуноҳонамро бибахшад, бар кирдорҳои зиштам парда пўшад ва корҳои бадамро ба амалҳои нек табдил намояд намеёбам!

Худоё ҷуз ту худое нест, пок аз ҳар айбӣ, ҳамаи ситоишҳо аз барои туст! (Худоё, бо гуноҳ кардан) ба худам ситам кардам, ба нодонии худ ба ту ҷуръат намудам, (Худоё) хотирам осуда ба ин аст, ки ҳамеша маро ёд кардӣ ва бар ман лутфу эҳсон намудӣ!

Худоё, мавлои ман чи бисёр буд корҳои зиштам, ки (аз диди дигарон) пўшондӣ, чи бисёр балоҳои сахт буд, ки аз сарам бардоштӣ, чи бисёр лағзишҳо буд, ки аз онҳо маро нигаҳ доштӣ, чи бисёр амалҳои нописанд буд, ки аз ман дур кардӣ ва чи бисёр аст ситоишҳои некў, ки ман лоиқи он нестам, вале ту онҳоро барои ман бар забонҳои мардум мунташир сохтӣ!

Худоё ғаме бузург дар дил дорам, ҳоле бисёр нохуш, амалҳои норасо, занҷирҳои алоқа (ба дунёи фонӣ) маро дар банди худ кашида, орзуҳои дуру дарози дунёӣ аз ҳар суд ва фоидае (ки ба ҳолам бирасонам) маро боздошта, дунё ба найрангҳояш ва нафси саркаш ба ҷиноятҳояш маро фиреб доданд! Эй Худои бузург ва эй Сарвари ман ба иззат ва иқтидорат қасам, ки мабодо амали бад ва кирдори зишти ман дуои маро аз қабул шуданаш ба даргоҳат манъ кунад!

(Худоё) ба сабаби он зиштиҳои пинҳонам, ки танҳо ту аз онҳо хабар дорӣ маро расво макун ва ба иллати амалҳои бад ва ношоистае, ки дар хилват ба ҷо овардаам ва ба сабаби кўтоҳӣ, нодонӣ, зиёдии ғафлат ва хостаҳои нафсониям, ки аз худ нишон додаам зуд маро ба ҷазову уқубат магир!

Худоё ба иззат ва иқтидорат қасам, ки бо ман дар ҳама ҳол ва дар тамоми корҳо меҳрубонӣ кунӣ!

Худоё, парвардигори ман ба ғайри ту ман киро дорам то аз ў дархост кунам, ки ранҷу андўҳамро бартараф созад ва дар корҳоям назари лутф бинамояд?!

Худоё, мавлои ман ту бар ман ҳукм ва дастуре муқаррар фармудӣ ва ман дар он бо пайравӣ аз ҳавои нафс туро нофармонӣ кардам ва худро аз васвасаи душман (нафси саркаш ва шайтон), ки гуноҳонро дар назарам зебо ҷилва дода ва фиребам дод худро ҳифз накардам ва қазои осмонӣ (сарнавишт) низ мусоидат кард то он, ки ман дар ин рафтор аз баъзе ҳадду ҳудудат қадам берун ниҳодам ва дар баъзе фармонҳоят роҳи мухолифат паймудам. Дар тамоми ин умур бар ман ҳуҷҷат дорӣ, вале маро дар ончи шуда, бар ту ҳеҷ ҳуҷҷате нахоҳад буд. Дар он қазои ту буда ва озмоиш ва имтиҳонат маро пойбанд ба он карда. Бо ин ҳол ва пас аз кўтоҳӣ ва ситам бар нафси худ, Худоё узрхоҳон, пушаймон, шикастадил, бо дархости гузашт ва бахшиши ту, тавбакунон ва бо зорӣ ва бо эътироф бар гуноҳи худ боз ба даргоҳат рў овардам. Ҷои гурезе надорам, ки аз кардаҳоям ба он паноҳ бибарам, фақат як роҳ ва он ин, ки ту боз узрам бипазирӣ ва маро дар паноҳи раҳмати бепоёнат дохил кунӣ. Худоё, узрам бипазир, бар ин ҳоли парешонам раҳм кун ва аз банди гуноҳам бираҳон!

Парвардигориман бар тани заиф, пўсти нозук ва устухони бетоқатам раҳм кун! Эй Худое, ки маро офаридӣ, ёдам кардӣ, ба некӣ парваришам додӣ ва ғизоям ато намудӣ инак ба ҳамон карам ва эҳсоне, ки аз ин пеш ба ман доштӣ, гуноҳонамро бароям бибахш!

Эй Худои ман, сарварам, мавлоҷонам оё бовар кунам, ки маро дар оташ месўзонӣ ҳол он, ки ба тавҳид ва яктоият гаравидаам, дилам ба нури маърифатат равшан гардида, забонам ба ёдат гўё шуда, дар ботинам муҳаббатат устувор гардида ва баъд аз он, ки содиқона ва сархамона ба мақоми парвардигорият эътироф кардаам? Аз ту ин кор дур аст. Ту гиромитар аз он ҳастӣ, ки худ парваришдодаатро аз назар биандозӣ, ё касеро, ки ба худ наздик кардаӣ дур кунӣ, ё шахсеро, ки ҷо додаӣ биронӣ, ё касеро, ки нигаҳ доштаӣ ва мавриди меҳрубоният қарор додаӣ ба дасти бало бисупорӣ. Эй кош Худоҷон, сарварам, мавлои ман бидонистаме, ки оё оташи қаҳратро фуруд меоварӣ бар он рухсорҳо, ки дар пешгоҳи азаматат сар ба саҷдаи бандагӣ ниҳодаанд, ё бар он забонҳо, ки аз рўи ростӣ сухангў ба тавҳиди ту ва ҳамду сипосгўятанд, ё ба он дилҳо, ки содиқона ба худоии ту эътироф доранд, ё бар он ҷонҳо, ки аз илму маърифати ту, дар пешгоҳи бузургият сархам ва сарфуруданд, ё бар он аъзое, ки муштоқона ба маконҳои ибодат ва ҷойгоҳи тоатат мешитобанд ва бо эътиқоди комил, аз даргоҳат бахшиш металабанд?! Ҳеҷ кас ба ту ин гумон намебарад ва чунин хабаре аз ту, эй Худои бофазлу карам ба мо – бандагон – нарасида.

(Худоё) ту худ бетоқатиямро бар андак ранҷу азоби дунё медонӣ бо он, ки ранҷу алами дунё андак, замонаш кам, давомаш ночиз, муддаташ кўтоҳ аст. Онгоҳ ман чигуна тоқат орам ва азоби олами охират ва дардҳои сахти онро таҳаммул кунам, ки муддати он азоб тўлонӣ, зист дар он ҳамешагӣ ва ҳеҷ бар аҳли азоб дар он ҷо осоние нест, чун азоб бархоста аз қаҳру ғазаб ва интиқоми туст ва ҳеҷ кас аз аҳли осмону замин тобу тоқати онро надорад?! Пас, эй Сарварам ман бандаи нотавон, залил, ҳақир, фақир ва дармондаи ту чигуна тоби он азоб дорам?!

Худоё, парвардигори ман, сарвар ва мавлоям аз кадомин сахтиҳои корҳоям ба сўят шикоят кунам ва аз кадом як ба даргоҳат бинолам ва гиря кунам?! Аз дарднокии азоби охиратбинолам ё аз тўли муддати он балои сахт?! Агар маро ҳамроҳ бо душманонат ба азобҳои гуногуне мубтало гардонӣ ва бо аҳли азобат ҳамроҳ кунӣ ва аз ҷамъи дўстон ва наздиконат ҷудо созӣ, дар он ҳол фаразан, ки бар оташи азоби ту эй Худои ман, сарварам, мавлоҷон ва парвардигорам сабр кунам, лекин чигуна бар фироқ ва ҷудоӣ аз ту сабр тавонам кард?! Фаразан, ки бар ҳарорати оташат шикебо бошам, вале чигуна аз лутфу карамат чашм тавонам пўшид ё чигуна дар оташи дўзах ором гирам ҳол он, ки умедам гузашт ва бахшиши туст?! Ба иззат ва иқтидорат эй Сарвар ва мавлоям савганд, ки агар маро бо забони гўё (дар дўзах гузорӣ), ман дар миёни дўзахиён монанди додхоҳон нола мезанам ва монанди зорикунандагон басе фарёд ба сўят баланд мекунам ва монанди азизгумкардагон дод мезанам ва ба садои баланд туро мехонам, ки эй Ёвари аҳли имон, эй Он зоте, ки орзуи охирини аҳли ирфон ва орифон ҳастӣ, эй Фарёдраси бенавоён ва эй Дўстдоштаи дилҳои ростгўён! Эй Якто худои оламиён, эй Худои пок ва эй Зоте, ки тамоми сипосҳо аз барои туст оё дар бораи ту гумон метавон кард, ки ту бишнавӣ дар оташ фарёди бандаи мусулмонеро, ки ба нофармонӣ дар дўзах зиндонӣ шуда ва сахтии азобатро ба кайфари гуноҳ мечашад ва миёни табақоти ҷаҳаннам ба ҷурму исёни худ маҳбус гардида ва фарёду нолааш бо чашми интизор ва умедворӣ ба раҳмати бепоёнат ба сўи ту баланд аст ва ба забони аҳли тавҳид туро мехонад ва даст ба домани парвардигорият зада?! Боз чигуна дар оташи азоб хоҳад монд дар сурате, ки ба ҳилми пешинаи ту чашм дўхта, ё чигуна оташ ба ў азоб расонад ва ҳол он, ки ба фазлу карамат умедвор аст, ё чигуна шарораҳои оташ ўро бисўзонад бо он, ки ту Худои карим нолаашро мешунавӣ ва мебинӣ маконашро, ё чигуна шўълаҳои дўзах ўро иҳота кунад бо он, ки нотавонӣ ва бетоқатияшро медонӣ, ё чигуна дар табақоти оташ ба худ печида ва парешон бимонад бо он, ки ту ба ростии (дуои) ў огоҳӣ, ё чигуна маъмурони дўзах ўро заҷр кунанд бо он, ки бо садои “Ё раб, Ё раб” туро мехонад, ё чигуна ба фазли ту умеди озодӣ аз оташи дўзах дошта бошад ва ту ўро ба дўзах вогузорӣ?! Ҳаргиз, ҳаргиз аз ту чунин набудааст ва нисбат ба ту ин гумон намеравад ва ба рафторат бо яктопарастон, ки ҳама эҳсон ва бахшиш буда, ин муомила шабоҳат надорад. Ман бо боварии комил медонам, ки агар ту бар онҳое, ки худоии туро инкор мекунанд ҳукм ба оташи қаҳрат накарда ва фармони ҳамешагии азоби дўзахро ба онҳое, ки бо ту якравӣ мекунанд надода будӣ, бешак тамоми оташи дўзахро сард ва солим мекардӣ ва ҳеҷ касро дар он макон ҷо намедодӣ. Лекин ту эй Худое, ки номҳоят мубораканд қасам ёд кардаӣ, ки дўзахро аз ҷамии кофирони инсу ҷин пур гардонӣ ва ҳамеша боқӣ гузорӣ якравонро дар он азоб. Ту сазовори ситоиши беҳаддӣ, ки бо вуҷуди он, ки хешро сано (ситоиш) гуфтӣ ва ба ҳама неъмат додӣ дар китоби худ фармудӣ: “Оё (дар охират) аҳли имон бо фосиқон яксон хоҳанд буд? Ҳаргиз яксон нестанд.”

Худоё, сарварам ман аз ту ба ҳаққи мақоми қадр (ва қудрати азалият), ки муқаддароти олам ба он кардӣ ва ба мақоми қазои ҳатмият, ки ҳамаро ба он ҳукм кардӣ ва ғолиб омадӣ маро дар ҳамин шаб ва ҳамин соат бибахшӣ ва аз ман даргузарӣ. Ҳар ҷурму ҷинояте ва ҳар гуноҳе, ки кардаам ва ҳар кори зиште пинҳон доштаам ва ҳар амале ошкор ё пинҳон ба нодониям анҷом додаам ва ҳар бадкорие, ки фариштагони покро маъмури навиштани он намудаӣ ва он фариштагонро ҳамроҳ бо як яки аъзои баданам шоҳиди амалҳоям гардондаӣ ва аз болои он фариштагон ту худ муроқиби ман ва шоҳид ва нозир бар он амалҳои ман, ки ҳатто аз чашми фариштагон ҳам ба фазлу марҳаматат махфӣ нигоҳ доштӣ, будаӣ ҳамаро бибахшу биёмурз! Ва низ дархост мекунам, ки маро насибе фаровон ато намоӣ аз ҳар хайре, ки мефиристӣ ва ҳар эҳсоне, ки меафзоӣ ва ҳар некўие, ки мунташир месозӣ ва ҳар ризқу рўзие, ки мегустаронӣ ва ҳар гуноҳе, ки мебахшӣ ва ҳар хатое, ки бар он парда мекашӣ, эй Парвардигор, эй Парвардигор, эй Парвардигор, эй Худо, эй сарвари ман, эй мавлои ман, эй Касе, ки зимоми ихтиёрам ба дасти ўст, эй Огоҳ аз ҳоли зор ва нотавонам, эй Огоҳ аз бенавоӣ ва вазъи парешонам, эй Огоҳ ба эҳтиёҷам ва бечизиям!

Эй Парвардигор, эй Рабби ман, эй Парвардигор, эй Рабб аз ту дархост мекунам ба ҳаққи ҳақиқатат ва ба зоти муқаддасат ва бузургтарин сифатҳо ва номҳои муборакат, ки вақтҳои маро дар шабу рўз ба ёди худ обод гардонӣ ва пайваста ба хидмати бандагият бигузаронӣ ва амалҳоямро қабули даргоҳат фармоӣ то кирдор ва гуфторам ҳама як ҷиҳат ва холис барои ту бошад ва аҳволам то абад ба хидмат ва тоатат сарф гардад! Эй Сарварам, эй Касе, ки тамоми эътимод ва таваккулам бар ўст ва шикоят аз аҳволи парешонам ба ҳазрати ўст!

Эй Парвардигори ман (лутфе кун) ва ба аъзои баданам барои анҷоми бандагият қувват бибахш ва диламро азми устувор бидеҳ ва вуҷудамро ба тарсу хашяти сахт (аз ту) бунён соз ва пайваста ба хидмат барои худат нигаҳ дор то он, ки ман дар майдони тоатат бар ҳамаи пешиниён пешдастӣ кунам ва аз ҳамаи шитобандагон ба сўи даргоҳат зудтар оям ва ошиқона бо муштоқонат ба мақоми қурби (наздикии) ту биштобам ва монанди аҳли ихлос ба ту наздик гардам ва битарсам аз ту монанди тарсидани яқинкунандагон ва бо аҳли имон дар ҷивори раҳматат ҳамнишин бошам!

Худоё ҳар, ки ба ман бадие ирода кунад, ту худ ҷазояш бидеҳ ва ҳар, ки ба ман макр варзад, ту худ макраш деҳ ва ба ман (ба лутфу раҳматат) насиби беҳтарини бандагонатро ато кун ва мақоми наздиктарини бандагонатро каромат фармо, ки ҳеҷ кас ҷуз ба фазлу раҳматат ин мақом нахоҳад ёфт ва боз ҷуду саховатат аз ман дареғ мадор! Бузургӣ ва меҳрубонӣ кун ва маро ба раҳмати бекаронат аз шарри ду олам нигаҳ бидор ва забонамро ба зикри худ гўё соз ва диламро аз ишқу муҳаббатат бетоб гардон ва бар ман миннат гузор ва дуоям мустаҷоб фармо ва аз лағзишам бигзар ва хатоям бибахш, ки ту худ ба бандагон дастури ибодат додӣ ва амр ба дуо фармудӣ ва иҷобати дуоро замонат кардӣ! Инак ман бо дуо рў ба сўи ту овардам ва дасти ҳоҷат ба даргоҳи ту дароз кардам, пас ба иззат ва иқтидорат қасам, ки дуоям мустаҷоб гардон ва маро ба орзуям (ки висоли туст) бирасон ва умедамро ба фазлу карамат ноумед магардон ва аз шарри душманонам аз ҷинну инс кифоят фармо!

Эй Касе, ки аз бандагонат зуд розӣ мешавӣ бибахш бар бандае, ки ба ҷуз дуову тазаррў ба даргоҳат чизе надорад, ки ту ҳар чи бихоҳӣ мекунӣ!

Эй Касе, ки номат давои дардмандон ва ёдат шифои беморон ва тоатат бениёзист аз ҳар чи дар ҷаҳон раҳм кун ба касе, ки сармояаш умед ба туст ва аслиҳааш гиря!

Эй Бахшандаи комилтарини неъмат, эй Дафъкунандаи ҳар балову мусибат, эй Нури дилҳои ваҳшатзада дар зулумоти фироқ, эй донои бемуаллим дуруд фирист бар Муҳаммад(с) ва хонадони Муҳаммад(с) ва бо ман он кун, ки лоиқи ҳазрати туст ва дуруд ва раҳмати Худо бар Расули гиромияш ва Имомони бобаракат аз аҳли байташ ва салому таҳийяти бисёр бар он бузургворон!

Манбаъ:Сомонаи kemyaesaadat